ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ГУГУШИ ТОҶИК КИСТ — МАНИЖА, ШАБНАМ, НОЗИЯ, МЕҲРИНИГОР?

Гугуши точик кист?

Гугуши точик кист?

Замоне садои дилошӯби Манижа Давлатова тавонист диққати тамоми Шарқ ва хусусан форсизабононро ба санъати кишвари мо ва тавассути ин ба худи Тоҷикистон ҷалб намояд. 

Ба туфайли кадом хислатҳояш Манижа тавонист дили миллионҳоро тасхир намояд? Дар навбати аввал, албатта, тавассути садои фораму дилнишин ва таронаҳои марғуб. Симои зебои ӯ, ҷаззобияти занонаи ӯ ҳам дар ин кор саҳми худро гузошт. Ва боз санъати симоофаринаш, яъне дар саҳна офаридани образи мувофиқи матну навои тарона. Вай аз интихоби таронаҳои пурдард сар намепечид ва ҳангоми иҷрои онҳо аз симою садои ӯ воқеан дард эҳсос мешуд. Ҳангоми сароидани сурудҳои ба шодӣ омехтааш ҳам эҳсосоти ӯ табиӣ ба назар мерасид. Манижа нафаре буд, ки воқеан метавонист барои форсзабонон Гугуш ё Лайлои нав шавад. Аммо ӯ саҳнаро тарк гуфт.

Ба дараҷаи наздик ба Манижа аз байни сарояндаҳо танҳо Шабнами Сурайё тавонист машҳур шавад. Ба ин комёбӣ вай ҳам ба туфайли садою симои зебо, рақсҳои марғуб ва интихоби таронаҳои хубу то андозае кори продюсерҳо тавонист ноил шавад.

Лекин суруди Шабнам ғолибан дискотекагӣ ва тӯёна асту ӯ ҳам аксаран дар саҳна ба рақсу шодӣ машғул аст. Ин камбудӣ нест, албатта. Зиёда аз ин, Ш. Сурайё бо ин тарз тавонистааст сарояндаи дӯстдоштатарини ҷавонон дар кишвар шавад. Вале шояд ба як равия майл кардани Шабнам сафи ҳаводорони ӯро андаке танг карда бошад.

Ҳоло чандин сарояндаи ҷавони дигар давои пештозиро дар саҳнаи тоҷик карда, ба сатҳҳои баланди маъруфият дар байни мардум расидаанд. Аз ин зумра шояд беш аз ҳама Нозияи Кароматулло лоиқи қайд бошад, ки бо консерти чанде пеш барпокардааш тавонистааст зинаи нави шӯҳратро фатҳ намояд. Вале ба гумон аст, ӯ тавонад ба он дараҷае, ки Манижа тавассути истеъдоду зебоии худододаш ва дардфаҳмии табииаш расид, наздик шавад.

Пас магар ягон нафаре нест, ки ситорааш тавонад мисли Гугушу Лайло дар олами санъати эстрадии форсӣ дурахшон шавад? Охир аз байни эрониҳою афғонҳо ба сабабҳои гуногун вақтҳои охир ситораи ҳунарпешазане зуҳур накардааст ва ин шансест барои санъаткордухтарони тоҷик барои ишғол кардани ҷои холимонда. (Ҳадафи ман зану духтарҳо мебошанд, чунки тавре гуфтам, маҳз ҷойгоҳи ситорае аз занҳо дар олами мусиқии форсзабон холӣ аст, мардҳоямон бо Муину Фарҳоди Дарё ба гумон аст, рақобат карда тавонанд.) Нест духтари истеъдодманде, ки дар ҷодаи санъат тавонад, тавре Аҳмад Зоҳир Афғонистонро ва Гугушу Муин Эронро машҳуру маҳбуби мо гардонда буданд, Тоҷикистонро диёри орзуҳои ҳамзабононамон гардонад?

Фикр мекунам, ҳаст. Вай садои нотакрор дорад, ки имкониятҳои ин садо хеле васеъ мебошанд. Ин садо метавонад ҳар эҳсосро – аз дарду ғаму хаёлмандии чуқур то шодию фараҳи беканор ифода созад, касро ба қаъри уқёнуси ғам ворид карда, боз ба баландиҳои самои хушҳолӣ бардорад. Вай духтари қадрас шудаасту ҳусни духтаронааш, самимияти табассумаш ва ҳаракатҳои саҳназебаш дар баробари овози бемислаш мухлисони худро пайдо карда истодааст. (Воқеан, нафаре аз журналистони забондон боре мусоҳибаи ӯро дар телевизион шунида, аз озоду зебо ба тоҷикӣ ҳарф задани ин духтарак ҳам изҳори қаноатмандӣ карда буд – аз ин ҷиҳат ҳам ӯ метавонад муаррифгари Тоҷикистону тоҷикистониён бошад.)

Ҳамаи ин суханҳо дар бораи сарояндаи ҷавону хушсалиқа Меҳринигори Рустам буданд, ки фикр мекунем, дар сурате ба ӯ ёрӣ расонанд ва худаш ҳам меҳнат намояд, метавонад дар олами мусиқии эстрадии Шарқ хеле маъруф шавад ва шояд ҳатто ба пояи Гугуш расад. Чаро не?

Танҳо дар хотир доштан лозим, ки барои Гугуш шоирони суруднавис (маҳз, суруднавис!) ва оҳангсозони беҳтарин эҷод мекарданд. Дар муваффақияти Манижа ҳам саҳми оҳангсозони моҳире мисли Зикриоллоҳ Ҳакимов кам набуд. Ва барои нишон додани маҳорату малакаҳои Меҳринигор ҳам заҳмати беҳтаринҳо лозим аст.

Он қаламбадастоне, ки бисёр аз номукаммалии матнҳои суруду таронаҳо шиква мекунанд, имконияти хубе доранд барои намоиш додани он, ки матни суруди дилошӯб, ба ҳамагон наздику фаҳмо ва дар баробари ин босифат чӣ гуна бояд бошад. Ва оҳангсозоне, ки маҳорати худро нишон додану муаррифӣ кардан мехоҳанд, метавонанд ба қатораи Меҳринигор вагон ё ҳатто локомотиви худро пайваст кунанд. Фикр мекунем, ки ин духтари боистеъдод аз таронаҳои хуби пешкашкарда рӯ намегардонад. Ва агар продюсери касбие ёфт мешуд, ки ба ҳамкорӣ бо ӯ Меҳринигор розӣ шавад, шояд шӯҳрати ӯ боз зудтар оламгир мешуд.

Ин буданд андешаҳои мо дар бораи як нафар сарояндаи боистеъдоди тоҷик ва як паҳлӯи ҳаёти эстрадаи тоҷик. Боқӣ, то вохӯрии оянда…

«Мушфиқӣ»

Filed under: Хабар,

11 комментариев

  1. Daler:

    Ba poyai balandi san»at chun Gugushu Lajlo rasidani Manizhavu( agar davom medod ham) Shabnamu Noziya nomumkin ast, baroi on ki ovoz , iste»dod, muhit, pushtobon( sponsor)… ba darajai volo nest. Vale hushbahtona Mehrinigori Rustam iste»dodi hub dorad .Dar simoi Mehrinigor man yak hofizai hubro mebinam va hub mebud u bo shoironu rohbaladoni boiste»dod hamkori kunad.

  2. МУХЛИС:

    Салом ба хама… Гуфтахои бародарам Далерро метавон сад дар сад кабул кард. Чунки хакикат хамин аст. Ва нисбати Шабнам гуфтани хастам на ба мисли ин ду ситора Гугушу Лайло, балки ба мисли Сурайё Косимова расиданаш гайри мумкин аст, харчанде ки худ духтари ин бонуи хунар аст. Манижа хам бад набуд, аммо бо кадом сабабхое (шояд сабабе хам вучуд надошта бошад) аз санъат дур шуд… Шояд хуб бошад, бад бошад худаш медонаду ……… Нозия низ бо консерти охиронаш тавонист як кам ном пайдо кунаду фикр мекунам ин ном пайдокуни муваккати бошад… Чунки мешавад, дар ояндаи наздик боз кадом як хунарманди дигар косерт барпо кунаду муваффак шаваду…Пас Нозия чи мешуда бошад???
    Мехринигор харчанде ки хурд бошад, фикр мекунам, ба кадом як куллахои санъату хунар расида бошад…Барои ин чор ситораи хунар тамоми бурдборихои санъатро хохонам…Дар охир хаминро гуфтани хастам, ки шумо хонандаву бинанда худ казоват кунед…

  3. Овораи диёр:

    Салом ба хамаи хонандаву шунавандаи ин сомона… Бенихоят аз шумо сипосгузорам барои чунин як кори бисёр хам арзанда…Зинда бошед ва тамоми бурдборихоро ба тамоми кормандони ТАРОНАХОИ БЕХТАРИН орзумандам. Бадан барои ин бародаре, ки ин матлабро навиштааст, ташаккури намуда, сарбаландии эшонро хохонам. Кош чунин навиштахо дар дигар мавзухои санъати точик бисёртар эчод мекардеду хонанда халоват мебурд. Сад дар сад ба гуфтахоятон мувоффикам бародари ё ин ки хохари азиз»»» Бо умеде, ки дар ояндаи наздик боз ягон матлаби хуб бихонем…
    Дуогуи Шумо Овораи диёр…

  4. Shoira:

    Шабнам, Нозия,Манижа,мехрона так держать вы все Молодцы спасибо за песни

  5. Мухлиси Чонии Манижаи Д.:

    Чи хеле ки мегуянд аввал салом баъд калом.
    Салом ба хама. Ман гуфтаниям ки агар Манижа Давлатова сарояндагиро давом медод албатта Гугуши номдор мешуд. Лекин чи хеле ки гуфтаанд одами машхур душмани зиёд дорад. Апаи Манижа хам душмани зиёд дошт. Ба мисли гапхои кухна мегуянд ки бо фармони Шабнами Сурайё Манижа аз сахна озод шуд ва баъд аз чанде пас (агар 1 сол гуем хато намекунем) Манижа консерти худро дар Афгонистон гузаронду баъд аз 1 сол панчвакта шудяъне намоз хон шуду сахнаро ТАРК ГУФТ!

  6. Мухлиси ганда калони апачони Манижа Давлатова:

    Гапро дароз накада ба Манижа Давлатова-зеби сахнаи точик унвони «Гугуши точик»-ро аз назари шахсии хеш додани хастам. Ва ба апаи Манижа гуфтани хастам, ки зеби сахнаи точик буд, хаст ва мемонад. Ба У эхтиромона бо самими калб гуфтанихастам, ки тезтар ба сахна баромада чи хел будани «Сахнаи точик»-ро ба тамоми мардуми Олам нишон дихад. Ба у ахсант офаринхои беохирро баён менамоям!!!!

  7. Shoira:

    Шабнам лучший всех

    • makhan:

      Хохари апаи руякта ранги цвети клавиатураи ма сиёх карди. Шоирахола хм тоже мне мухлис хмхм хахаха

  8. Ягонтои инхо ба Гугуш баромада наметавонанд бахс накунед!

  9. Кароматулло okf1988@mail.ru:

    Салом ба хамаи точикон барои чи хиси бегонапарастии зиёд доред охир ягонбор аз ягон каналхои телевизионии форсизабонон дидаед ки ягонтои худашонро нисбати дигар милат паст задаанд ин танхо хоси мост бегонапарасти Гугуш барои ман чун сарояндаи форсизабон махкул аст аммо хечгох ман уро чун сарояндахои худамон дуст намедорам чунки хиси милли доштан даркор бародарон сарояндахоеки мо дорем на Эрон дорад на Афгонистон агар мохам дастгири худ бошему бегонапараст не хама морохам мешиносад ба чои чун мисли Гугуш неву чун мисли Нигина Раупова ё дигархо ки хеле макбуланд номгузори кардан даркор тамом боки сарбаланд бошед гами моро мо донему бас дили сухтаро хамватан медонаду бас дигархо бо хар назар менигаранд

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!