ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ГУГУШ: КӮДАКИИ ФАҚИРОНА, ШӮҲРАТ, ҲИҶРАТ ВА ТАРОНАҲОИ ҶОВИДОНА

Гугуш

Гугуш

5 майи соли 1950 (аз рӯи маълумоти дигар – 7 феврали соли 1951) дар кӯчаи Саричашмаи Теҳрон, дар маҳаллаи фақирон духтаре ба дунё омад, ки ба ӯ Фоиқа ном гузоштанд.

Фоиқа Оташин – ин гуна буд номи пурраи ин духтар, ки бо лақаби Гугуш дар ҷаҳон маъруфу машҳур гашт. Волидони ӯ – падараш Собир ва модараш Насрин – ба Эрон аз ҳудуди Шӯравии собиқ, аз Озарбойҷони имрӯза муҳоҷир шуда буданд ва миллаташон ҳам озарӣ буд. Падару модари Гугуш ҳанӯз замони хурд будани ӯ аз ҳам ҷудо шуданд. Духтари дусола дар тарбияи падар монд. Оқои Собир, акробат ва раққос, бисёр вақт ӯро ҳамроҳи худ ба саҳна мебароварду Гугуш таронаҳои гуногун месароид.

Садою услуби ӯ мухлисони худро пайдо кард. Оҳиста-оҳиста шӯҳрати ҳунари ӯ паҳн гашта, ба гӯши навкарони шоҳ расиду Гугушро ба дарбори Паҳлавиён даъват намуданд. Аз он замон ӯ сарояндаи дарборӣ гардиду инчунин дар консертҳои расмӣ ҳунарнамоӣ мекард.

Гугуш

Гугуш

Таронаи аввалине, ки ба ӯ шӯҳрати умумихалқӣ овард, «Қиссаи вафо» маҳсуб мешавад, ки махсус барояш оҳангсоз Парвиз Мақсадӣ ба шеъри Ҷаннати Атоӣ эҷод карда буд. Ин ҳодиса соли 1966 рух дода, оғози фаъолияти пуршӯҳрати эҷодии сароянда гардид. Вале пеш аз ин ҳам ӯро дар Эрон хурду калон мешинохтанду ҳунари гуногунпаҳлӯяш мухлисони худро дошт.

Аз синни 7-солагӣ Гугуш дар филмҳо нақш офаридааст. Теъдоди филмҳое, ки бо иштироки ӯ дар солҳои 1960-1970-ум наворбардорӣ шудаанд, аз даҳто зиёд аст.

Соли 1970 Гугуш овозхони маъруфтарин дар Эрон дониста шуд ва соли 1971 дар озмуне, ки дар шаҳри Канни Фаронса баргузор гардид, ӯ барои иҷрои таронаи фаронсавӣ сазовори шоҳҷоиза гардид. Шӯҳрати ӯ дар саросари дунё паҳн мегардид – Гугуш ба забонҳои форсӣ, англисӣ, испанӣ, италянӣ ва арманӣ низ суруд мехонд, бо чандин нафар аз ситораҳои мусиқии ҷаҳонӣ дуэт сароидааст.

Гугуш

Гугуш

Баъди ғалабаи инқилоби Эрон дар соли 1979 ба Гугуш фаъолияти актёрию сарояндагиро дар ватан манъ карданд. Танҳо соли 2000 ӯ ба Америкаи Шимолӣ ҳиҷрат карда, боз ба фаъолияти эҷодӣ шурӯъ намуд. Ду сол пас таронаи ӯ бо номи «Ғариби ошно» аз ҷониби «Би-Би-Си» таронаи маъруфтарини Шарқи Миёна дониста шуд. Гугуш чаҳор маротиба оиладор шудаасту бо номи Комбиз писаре дорад.

Шавҳари нахустинаш Маҳмуд Қурбонӣ буд. Вай промоутери соҳаи мусиқӣ буд ва дар солҳои шастум ба маъруф шудани Гугуш саҳм гузоштааст. Соли 1968 онҳо оила барпо карданд. Аз ин издивоҷ писаре бо номи Комбиз таваллуд шуд, ки ҳоло дар Лос-Анҷелес зиста, низ дар соҳаи мусиқӣ фаъолият мебарад. М.Қурбонӣ дар оила нисбати Гугуш хушунатро раво медид, ба ғайр аз ин ба чандин коре даст зад, ки худи ӯ ва ҳамсарашро ба мушкилоту ташвиш дучор намуд. Ин буд, ки ниҳоят дар соли 1973 Қурбонӣ ва Гугуш аз ҳам ҷудо шуданд.

Дар соли 1974 Гугуш бо актёри машҳури эронӣ Беҳрӯз Вассофӣ хонадор шуд. Вале дар ин издивоҷ ҳам сарояндаи машҳур бахт наёфт. Оилаи онҳо 14 моҳ пас вайрон шуд.

Гугуш

Гугуш

Дар охири солҳои 70-ум Гугуш Ҳумоюн Местақиро вохӯрд, ки ҳамзисти беникоҳи ӯ гашт. Баъди инқилоби соли 1979 маҳз барои он, ки беникоҳ бо мард зиндагӣ мекард, Гугушро ба 3 моҳи зиндон маҳкум намуданд – ин амал дар Ҷумҳурии Исломӣ ҷиноят маҳсуб меёбад. Якчанд моҳ пас Гугуш аз Ҳумоюн ҳам ҷудо шуд ва бо гузашти чанд соли дигар Местақӣ дар оқибати бемории саратон вафот кард.

Сипас Гугуш бо Масъуд Кимиёӣ оила барпо намуд. Ин ҳодиса дар соли 1991 рӯй дод. Мегӯянд, ки чанде пас аз тарки Эрон кардан Гугуш аз ин ҳамсараш ҳам ҷудоиро ихтиёр намуд.

Алҳол сарояндаи маъруф дар Лос-Анҷелеси Штатҳои Муттаҳидаи Америка қарор дорад. Вай 10 сол боз онҷо фаъолият мекунаду дар саросари ҷаҳон консертҳо барпо менамояд. Яке аз консертҳои охирини ӯ 23-юми моҳи марти соли 2010 дар Шайх Рашид Ҳолли Маркази Ҷаҳонии Савдои шаҳри Дубай баргузор гардида, ҳазорон мухлисони ӯро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, аз Тоҷикистон ҷамъ оварда буд – шӯҳрати Гугуши 60-сола ҳоло ҳам ба назар безавол менамояд.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Ирон,

One Response

  1. Аввало Салом Баъд Калом ! Салом ба хама ба хама мухлисои сахифаи tajmusic.com яъне ба ТаРОНАхои БеХТАРИН Гуфтаниям ки Гугуш дар чодаи санъат хеле хуб фаъолият дорад сурудхои хело хуб мехонад ман хам яке аз мухлисони Хонум Гугуш буда гуфтаниям ки барои чи ГУГУШ дар Los Angelos-и давлати ИМА карор дорад барои он ки давлати Эрон давлати исломи fайр аз сарояндахои исломихон дигар хамаро аз Эрон пеш кардаанд Холо кариб 65 % хофизхои эрон Дар los Angelos анд! Ман мухлиси ашшади гугуш хастам ва аз Таронахои Бехтарин мехохам ки дар бораи сарондагон зуд-зуд маколлаву хикоя бароранд. Ман кариб тамоми сурудхои Гугуш ва дигар сарондагони Эрон дорам агар лозим бошад мархамат сомонаи ман: azimov-h.ru
    Почтаи элк: hadyatullo.97@bk.ru
    azimov_hadyatullo@inbox.ru

    {{™ХУШ БОШЕД ТАРОНАХОИ БЕХТАРИНŁ™}}
    Боз ба диккати хамаи мухлисони Филми ва бозии Assassin`s Creed(Вероучение Убийц) расонида мешавад ки бозии Ассассин дар мохи ноябри 2011 мебарояд: assassinscreed.com!!!!!

    KHUSH BIMONED! MUKHLIS HO!!!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!