ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАГАР НОЗИЯ ВА МУҲАММАДРАФӢ БА ЗИЁРАТИ МАЗОРИ ПАДАР НАМЕОЯНД?

Мухаммадрафи & Нозия

Мухаммадрафи & Нозия

Cалом. Ман яке аз мухлисони ҳақиқии Кароматуллои Қурбон ҳастам. Фикр мекунам мисли ӯ сарояндаи мумтозу асили эстрадӣ дигар нест. Ӯ яктову беҳамто буд. Савту навояш дилпазиру мақбули дилҳо буду ҳаст.

Шахсан ман наметавонам касеро ба ӯ баробар намоям. Ҳар гоҳе ба сари манзилгоҳи пайвандонам биравам, ҳатман марқади ин хунёгари шаҳирро низ зиёрат менамоям ва ба ҳаққаш дуову фотиҳа мекунам. Аммо гирду атрофи марқади ӯро тоза намебинаму дилам пурхун мешавад.

Магар наздикони Кароматулло ба зиёрати манзили охирати ӯ намеоянд? Охир ӯ арзандаи қадрдониҳои зиёде буд, вале аҷали беамон нагузошт, ки ӯ имрӯз дар байни мо ғазалхон бошаду ҷашни панҷоҳсолагии хешро бо шукӯҳу шаҳомати хосае таҷлил намояд. Афсӯс сад афсӯси чунин ҷавонмарди ҷавонмарг. Сад дареғ, ки ӯ дигар наметавонад базму маҳфилҳои моро бо таронаҳои беназираш гарму хонаи диламонро мунаввар созад.

Хонандаи шумо, сокини пойтахт

Аз идора: Бале, Кароматуллои Қурбон дар олами ҳунар воқеан ҳам, аз худ нақше гузошт ногусастанӣ . Кароматулло як нафар ҳунарманди асилу нодир ва нотакрори эстрадаи тоҷик буд. Ӯ ҳунарманде буд, ки ҳеҷ гоҳ хато намехонд ва ҳеҷ гоҳ матни хомро интихоб намекард. Баробари як ҳунарманди соҳиби овози нотакрор будан, оҳанг низ эҷод мекард. Мо барои марги ӯ афсӯси бисёр мехӯрем, вале ҳамеша худро тасалло медиҳем, ки пайвандони ҳунармандаш пайраву пайгири падар буда, номи ӯро зинда медоранд. Мо баъди занги телефонии хоҳари азизамон, ки худро мухлиси ашаддии ин ҳунарманди асил муаррифӣ карданд, ба пайвандони Кароматуллои Қурбон занг зада чунин посух гирифтем…

Муҳаммадрафии Кароматулло:

– Хоҳари азиз, аз ихлосмандии шумо нисбати ҳунари падари бузургворам сипосгузорем, вале ин гуфтаҳои шумо дар хусуси марқади падари шодравонам ягон асосе надоранд. Мо, фарзандон, хешу таборон ва мухлисони ҳақиқии он кас ҳамеша ба зиёрати мадфани падарам рафта гирду атрофи онро тозаву озода менамоем. Дар рӯзҳои иду айём, зодрӯз, рӯзи аз дунё рафтанашон ҳамеша рафта дар ҳаққи падар дуову фотиҳа мекунем.

Шумо агар мухлиси ҳақиқӣ мебудед, чунин овозаи беасосро ҳеҷ гоҳ пайгирӣ намекардед. Мадфани падар мисли худи он кас бароямон муқаддасу азиз аст. Мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки он ноободу беаҳамият монад. Мо аз мухлисони воқеии падарам, ки гоҳо аз худ дарак надода, барои покизагии атрофи марқад кӯшиш мекунанд, миннатдорем, зеро падарам барои кулли мардум азизу писандида буданд, вале афсӯс, ки хеле барвақт ин олами ҳастиро тарк гуфтанд.

Қурбони ту, эй падари қурбонгашта,

Ободии ин ҷаҳони вайронгашта,

Пайдои ту моем дар ин дунё, лек

Ту дар дили хок рафта, пинҳон гашта.

«Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

3 комментария

  1. Салом! Додар хохарони азиз агар бемалол бошад хама клипхои Кароматуллои Курбонро ба хамин сайт фурсонетон! РАХМАТ.

  2. Салом апаи Нозия ман мухлиси ашадии шумо. Мехохам тарики интернет бо хам общатся кунем. Овози форам, симои зеботон маро мафтун мекунад. Шумо маро дидаед. 17.07.2011 соати 21/25. номи ман Заррина

  3. Каландаров Ильхом:

    Саломи худро аз номи худам ва аз номи ш . Москва ба хамай овозконхой Душанбе мерасонам.Хусусан ба акай Муҳаммадрафии Кароматулло ки шумо низ хам сарояндаи хуб хастет ва ман мухлиси Падаратон будам ва то холо хастам Худованд шуморо низ нигох бон бошад саломат бошед ))))

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!