ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Ба канали "Ruzgor CINEMA" обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои хеш рӯзгори Шуморо рангин месозем. Ба канали мо обуна шуданро фаромӯш насозед!

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД: «МАН БА САҲНА БАРМЕГАРДАМ» (+ Видео)

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед, овозхони пуртарафдори тоҷик бо берун омадан аз дарвозаи зиндони занонаи шаҳри Норак заминро бӯса намуда, гуфт ба пасаш назар нахоҳад кард, ки мабодо боз ба қафас барнагардад.

Ӯ барои ин рӯз омодагии махсус дида, куртаи сиёҳ ва рӯймоли сафедашро (либоси махсуси занони маҳбус), ки тӯли якуним соли ахир дар бараш буд, ба куртаи зебои идонаи сурхи пурнақш иваз намуд. Ӯ мегӯяд ҳарчанд дар зиндон бо шароити хуби буду бош таъмин буд ва дар ин муддат ҳунарҳои зиёдеро аз бар кард, вале ҳамеша дар ёди озодӣ ва модараш, овозхони саршиноси тоҷик Сураё Қосимова месӯхту эҳсосашро дар шакли тарона рӯйи қоғаз меовард.

Аммо ӯ ин таронаҳоро замзама намекард, зеро ба гуфтаи худаш, барои берун омадани садояш, ҳамон ғаму андӯҳе, ки дар дилаш буд, монеъа эҷод мекард. Вале ҳеҷ гоҳ ёди саҳнаву мухлисонаш ӯро тарк намекард.

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

— Ҳатман ба саҳна бармегардам ва дар консерти нахустинам матнҳоеро, ки дар зиндон эҷод шудаанд, ба риштаи оҳанг даровардаву хоҳам хонд. Ин танҳо кори вақт аст. Аммо аввалин коре, ки мекунам, аз модари азизам бахшиш мепурсам»,- афзуд Фарзонаи Хуршед.

Билохира лаҳзаҳои нафаси озод кашидан берун аз панҷараҳои маҳбас, рӯзи 23-юми август барояш даррасид. Ӯ ашк мерехт, ашки шодӣ…

Ӯро дар беруни зиндон хоҳари бузургаш, ситораи мусиқии муосири тоҷик Шабнами Сураё интизор буд. Чунин ба назар мерасид, ки дар баробари Фарзона ӯ низ хеле ҳаяҷонзада буд. Ӯ танҳо ба раисҷумҳур барои авфи маҳбусон дар пешорӯйи 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар изҳори сипос кард ва баробари берун омадани Фарзона ба шаҳри Кӯлоб раҳсипор шуданд.

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Дар баробари Фарзона 112 нафар маҳбусон аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак ба озодӣ баромаданд. Дар ин миён 12 нафарашро шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои Русия, Украина, Латвияву Узбакистон ташкил медоданд.

Боиси зикр аст, ки дар баробари модарони худ, панҷ тифл низ ба озодӣ баромаданд, ки дар ин муассисаи ислоҳӣ ба дунё омадаанд. Яке аз онҳо Меҳроҷиддини яксола буд, ки модараш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳарчанд қариб ҳамаи ин занону духтарон мегӯянд, ки хоҳиши дигарбора ба зиндон баргаштанро надоранд, аммо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳбусони қаблан ба озодӣ баромада бо такрори ҷиноят аз нав аз озодӣ маҳрум мешаванд.

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Барои аввалин бор ба маҳбусони озодшуда Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон халтаҳои махсусеро ҳадя кард, ки дар он лавозимоти зарурии беҳдорӣ ва аз ҳама муҳим маълумотномаҳои ташкилоту марказҳое мавҷуд буд, ки барои мутобиқ шудан ба зиндагии пас аз маҳбас кӯмак мерасонанд.

Гуфтанист, овозхони ҷавон тоҷик Фарзонаи Хуршед моҳи феврали соли 2010 барои кӯмак дар фирори дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиев аз толори додгоҳ, тибқи моддаи 36-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд.

Фирӯз БАРОТОВ, Шаҳлои ГУЛХОҶА, TojNews

Filed under: Хабар,

8 комментариев

  1. мичгона:

    Все будет хорошо. Все в жизни ошибаются, главное не повторить туже ошибку во второй раз. Твой поступок Фарзона еще раз доказывает как мы женщины жертвуем всем ради мужчин, большинство которых не стоят этого. Нужно любить тех кто достоин любви.

  2. beha:

    Бромади Соз бхон

  3. beha:

    Апаи ФАрзона Илтимос да

  4. я:

    ура!!ура!!ура!!!

  5. Мунис:

    Я рад за вас что вы снова будите на Стене ! вы для меня как Апачон 985 87 99 92 !munis_939393@mail.ru

  6. Шербача:

    Ай замин бусирданда бра хаму камандира буса кен

Ответить на я Отменить ответ

Гулдухтарон …

Ahmad Zahir banner concert
ruzgor.tj

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

mesto-reklama

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Бехуда хорам мекуни

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к еще 315 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

«Ruzgor CINEMA» Ба канали мо дар Ютуб обуна шуданро фаромӯш накунед.

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

mesto-reklama 1

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

Манижа Давлат - Manija Davlat 2012

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

banner_kino_tajmusic

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

the-message

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

Farhad Darya - Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!