ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ИСМАТУЛЛО ХОЛОВ: «ҲЕҶ ГОҲ ШӮҲРАТХОҲ НАБУДАМ»

Исматулло Холов

Исматулло Холов

Номи ҳунарпешаи чирадаст Исматуло Холов ҳанӯз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта маълуму машҳур гашта буд. Ӯро нахустин маротиба ба мухлисонаш суруди «Бибисанамҷон» шиносонд.

Пас аз фурӯпошии ансамбли «Суғдиён» дар шӯъбаи фаҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба сифати роҳбари бадеии хонаи маданият, шӯъбаи фарҳанг, Маркази фарҳангу фароғатии ҷавонон – «Ориёно» гурӯҳи созию овозии «Садои Шарқ» фаъолият намуд. Исматулло аз соли 2005 –ум инҷониб ҳамчун соҳибкори инфиродӣ оид ба фурӯши асбобҳои мусиқии барқӣ фаъолият намуда истодааст.

Барои саҳм доштанаш дар тарғиби санъати касбӣ бо унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Сӯҳбати сарироҳие доштем, ки ҳоло мӯҳтавои онро пешкаши шумо мегардонем.

— Акаи Исматулло, дирӯз аз радиои мошини кирокаш суруди «Бибисанамҷон» — и шуморо гӯш кардам. Хеле самимӣ, гуворо буд. Садоятон ширин аст. Қариб сӣ сол пеш аз ин суруди «Бибисанамҷон» -ро месароидед. Хаёл намудам, ки ин сурудро ҳамин ҳоло, чанд рӯз пеш сароидаед. Ин қадар ширин, форам…

— Муболиға кардед, бародар (механдад). Хайр агар писандатон омада бошад, ташаккур. «Бибисанамҷон» суруди халқист, ҳама сурудҳои халқӣ ҳамин гуна ҷаззобанд.

— То солҳои навадум ансамбли «Садои Шарқ» ҳам овозадор буд. Сабаб чӣ буд, ки аз он ҷо ҳам рафтед?

— Бо сабабҳои ба ҳама маълум мардум аз ҳама чиз то андозае дилмонда шуда буданд. Ҳаштоду панҷ фоизи навозандаҳои ин гурӯҳ тотору русу яҳудӣ буданд. Ҳама ба Ватани худ рахти сафар бастанд. Дигар касе намонд. Ба фикри шумо ман бояд чӣ кор ҳам мекардам? Мехоҳам бароятон воқеаи рухдодаеро нақл кунам, ки ба худам дахл дорад.

Шояд шумо бовар накунед? Боре аз рӯ ба рӯйи бинои чойхонаи «Роҳат» гузашта истода, аз духтари обфурӯше об харидам. Вай маро шинохту гуфт»: Шумо акаи Исматуллоед? Ман тасдиқ кардам. Гуфт: Бо ин гуна ҳунар ва овози худододатон аз баҳри суруду мусиқӣ гузаштанатон танҳо ҷиноят аст. Ба ҷавоби ӯ танҳо табассуме кардаму халос.

— Рост гуфтааст ҳамон духтарак. Аксарият имрӯз, хоса дар байни ҷавонон шӯҳратхоҳ шудаанд…

— Ҳеҷ гоҳ шӯҳратхоҳ набудам ва имрӯз ҳам ин тавр нестам. Хайр, албатта, агар андаке маҳорату истеъдодро Худованд бар ман дода бошад, аз даргоҳаш сипосгузорам. Оқиле фармудааст:

Зи заҳри чашм захми халқ гумномӣ фусун дорад,

Бурун тоз аз дари шӯҳрат, ки шӯҳрат бӯйи хун дорад.

— Пас, чаро имрӯз аксарият даъвои бузургманишӣ мекунанд? Мехоҳанд соҳиби пояи баланди касби худ бошанд?

— Медонед, инсон бояд ҳамеша аз худ норозӣ бошад. Кӯшиш намояд, ки дар муқоиса бо дигарон кору бор, самараи меҳнаташ чашмрас бошад. Дар баробари ин, бояд маънои онро надошта бошад, ки аз худ равем. Заволи ҳунар ҳам дар худдонамист.

— Имрӯз дар байни ҷавонони сароянда ду фарзанди шумо ҳам маҳорати худро намоиш медиҳанд. Назари худатон ҳамчун ҳунарпешаи касбӣ дар бораи онҳо чӣ гуна аст?

— Ҳафт сол боз бо онҳо машғулам. Барояшон тайи ин солҳо оҳангҳои зиёде навиштам. Нигора ва Суруш аллакай ҳадди худро медонанд. Агар кӯшиш намоянд, албатта, ба ҷое хоҳанд расид. Тӯли ҳамин солҳо худам барои мухлисонам суруде эҷод накардам, бинобар ин, аз онҳо узр мепурсам.

— Чӣ, бо ҳамин фаъолиятатонро қатъ карданиед?

— Не, кӣ гуфт? Аз мухлисонам сипосгузорам, ки ҳамеша маро ба хотир меоранд. Намакшиносам, ҳеҷ гоҳ ман ҳам онҳоро фаромӯш накардаам. Ба наздикӣ ба як ғазале оҳанг бастам, ки матлааш ин аст:

Шиква аз нодориҳо кам кун, ки нодорат кунад,

Носипосӣ оқибат бар ғам гирифторат кунад.

Дар аксари давлатҳои хориҷӣ будам, бо тарзи зиндагӣ ва таомули ин халқиятҳо ошно гаштам. Ростӣ, ҳеҷ кадом аз онҳоро бо Тоҷикистон натавонистам муқоиса кунам. Ватан ватан аст, дар домони меҳрпарвари он будан ҳаловати дигар дорад.

Мусоҳиб Ҳотами Ҳомид, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Аслонбек:

    Нигора Холова
    Ман шуморо бо зодрузатон табрик намуда, ба шумо аз даргохи Худованд тани сихат, умри дароз, толеъи бемахдуд , сарбаланди Саъдиёна , ишки поки хиндуёна мехохам.
    Зи ишки ту мекунам ёд,
    Хам афсусу хамки фарёд,
    Фаромушро наметонам,
    Ки инро ман намехохам.
    Апаи Нигора ин шеър танхо барои шумо, Мо мухлисони шумо наинки симои шуморо хатто суханхоятонро фаромуш намекунем сурудхои шумо барои ошикон фонуси мухаббат аст.
    Ба акаи Суруш хели хавас мекунам, ки чунин хохари зебо хушсимо ва хушовоз дорад.
    Бо камоли эхтиром , мухлиси ашаддийи шумо Аслонбек С_С_С_С-А

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!