ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САРВИНОЗ ЮСУФӢ: «ИШҚ ХИЁНАТРО НАМЕПАРАСТАД»

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

Корвони зиндагӣ ҳамеша равон аст ба пеш ва кӯлбори он лабрези орзуву умеди мо инсонҳост. Вале оё метавон танҳо бо орзу ба қуллае расида? Албатта, не! Сарвинози Юсуфиро низ кӯлбораш пур аз орзуву ормонҳои баландпарвоз аст.

Аммо ӯ мисли дигарон танҳо побанди орзуҳо нест. Ӯ хуб дарк намудааст, ки барои фатҳи қуллаи мақсуд талошу кӯшиш ва заҳмату ҷустуҷӯҳои пайваста мебояд. Сарвиноз духтари маҳфилорову маҳбуби дилҳо ва заҳматписанду ҷӯянда аст. Пайваста дар ҷустуҷӯи оҳангҳои тозаву марғуб ва ба дили мардум наздик аст.

Сурудҳояш рози қалби ҷавонашро ифшогаранд ва лабрези дарданд, дарди ширине, ки ишқаш мехонанд. Ҳамон ишқе, ки Сарвинозро пирӯзтар, сурудашро равонтар ва зиндагиашро рангинтар гардонида.

Сарвиноз 25 октябри соли 1982 дар ш. Ваҳдат ба дунё омада, мактаби №3-ро хатм намудааст. Ҳамчунин хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Духтарчае дорад бо номи Хумор.

— Чӣ гуна рӯз барои Сарвиноз бобарор аст?

— Барои аҳли ҳунар, албатта, рӯзе, ки эҷоди ягон оҳанг ва ё таронаи нави дилписанде даст медиҳад ё худ ниятҳои дар дил доштааш амалӣ мешаванд, рӯзи накӯву бобарор ҳисоб мешавад.

— Касби асосиатон чист?

— Ман аслан хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ҳастам ва ихтисосам корманди гумрук аст. Аммо тақдир маро ба гурӯҳи ҳунарии  «Сипар»-и ВКД  раҳнамун сохт ва аз ин хеле шукргузорам. Зеро таҳти роҳбарии устоди ҳунар Умар Зиёев кору фаъолият намудан боиси ифтихору фараҳмандӣ аст.

— Дар интихоби матну оҳанг кӣ шуморо мададгорӣ мекунад?

— Дар интихоби матну оҳанг бо Орзу Исоев, Фарҳоди Милод ва Даврон  мададгори мананд. Ҳамчунин ҳар як матни суруди ба дастовардаи худро аз таҳти назорати устоди ҳунар Умар Зиёев гузаронида, сипас пешкаши мухлисони азизам мегардонам. Устод аз таҷрибаи фаровони дар ҷодаи санъат андӯхтаи худ моро ҳамеша маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

— Маро бубахшед барои якбора дигар кардани мавзӯи сӯҳбат. Бигӯед, ба фикри шумо издивоҷ анҷоми ишқ аст?

— Албатта, издивоҷро анҷоми ишқ гуфтан мумкин нест. Вале аксари ҷавонҳо дар айёми ошиқии хеш ба маҳбубаашон ваъдаҳои бисёре медиҳанд. Чун ҳамхона мегарданд аз ваъдаҳои худ фаромӯш месозанд. Аслан баъди издивоҷ аллакай зиндагӣ оғоз мегардад ва меҳр дигаргуна мешавад. Акнун меҳр бо тифлакон тақсим мегардад ва ишқ ранги дигар мегирад.

— Дар ишқ чиро хато мепиндоред?

— Хиёнату дурӯғро, ки душмани қаттоли ишқ аст. Вақте хиёнат сар зад, ишқ мемирад ва зиндагӣ берангу рӯҳ мегардад.

— Ба тӯйҳо зиёд даъват мешавед?

— Бале. Шукрона мекунам аз мардуми азизи Тоҷикистон, ки мо, санъаткоронро қадр намуда ба маъракаҳои хеш даъват мекунанд. Вақте онҳо бо ихлосу эътиқод «маҳфили моро гарм созед» мегӯянд, магар мешавад даъватро рад намуда дили маъракадорро озор диҳем?

— Ба фикри шумо шӯҳратманд будан хуб аст ё сарватманд?

— Ҳар як шахс орзу мекунад ки ҳам шӯҳрат дошта бошаду ҳам сарват. Охир шӯҳрат сарватро метавонад биёрад (механдад). Аммо ман фикр мекунам, ки аз ҳардуи ин муҳимтар тани сиҳат аст. Вақте сиҳатманд бошӣ, дар назарат он вақт шӯҳрат ҳам менамояду сарват ҳам.

-Ба фикри шумо кадом сурудатон шуморо байни мардум шӯҳратманд гардонид?

— Ман фикр мекунам, ки суруди «Ошиқбача» маро ба мардум муаррифӣ кард. Он моли як нафар овозхони афғон Назири Хоро аст ва номаш аслан «Кобулбача» буд. Аммо ман фикр кардам, ки бигзор он на кобулбача бошаду на тоҷикбача. Муҳим он ки ӯ ҷавони ошиқ аст ва  «Ошиқбача» номидам.

— Кадом саволи рӯзноманигорон шуморо нороҳат мекунад?

— Бештар ба ҳаёти шахсиам дахолат мекунанд. Ва сабаби хонавайрониро мепурсанд. Мехоҳам онҳо бештар аз фаолияти ҳунариам бипурсанд на зиндагии шахсиам.

— Шумо рақибу бадхоҳ доред?

— Ба фикри ман дар олам аслан инсони бад таваллуд намешавад ва бадӣ ҳам вуҷуд надорад. Ҳар як инсон хислати бадиву некиро аз зиндагӣ ва муҳити атрофаш мегирад. Ман шахсан нисбати касе кинаву адоват надорам ва фикр мекунам, ки дигарон низ чунинанд. Акнун рақиби ман кӣ аст, инро Худо медонад.

— Чӣ чизро дар худ меписандед ва агар имкони ба қафо гардондани зиндагӣ шавад, шумо кадом хислати хешро тағйир медодед?

— Чунин имкон нест, албатта. Вале агар илоҷ медоштам, зудбовариамро дар худ тағйир медодам. Зеро рози диламро наметавонам дар дил пинҳон дорам ва онро бовар намуда ба дигарон мегӯям. Дар худам бошад хоксориамро меписандам. Инсон маҳз бо рафтору гуфтор ва хислатҳои хамидаи инсонӣ метавонад дар дилҳо ҷой шавад. Аз ин рӯ мебояд хоксориро шиори зиндагии худ кард.

— Саломат бошед ва ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.

— Изҳори сипос ба шумо ва мухлисонамон низ, ки моро ёд мекунед.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!