ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЧӢ ГУНА СУРУД МЕТАВОНАД ТАРБИЯТГАРИ ШУНАВАНДА БОШАД?

PersianMusic

Persian Music

Суруду мусиқӣ ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, хастагиро дур месозад. Ҳар яки мо дар аксар ҳолатҳо тариқи мусиқии форам ва сурудҳои дилчасп хешро аз вартаи ноумедӣ ва ё хастагӣ раҳо месозем.

Суруд дар баробари он ки ба шунаванда нерӯи тоза мебахшад, ҳамзамон ӯро тарбият низ мекунад. Кадом сурудҳо метавонанд тарбиятгари шунаванда бошанд? Барои ҷавоб гирифтан ба ин савол ба чанде аз ҳунармандони шинохтаи кишварамон муроҷиат намудем, инак посухи эшон.

Гулрӯ Табарова:

Gulru Tabarova

Gulru Tabarova

— Фикр мекунам, таронае, ки мазмуну мӯҳтавои воло дорад, метавонад шунавандаро тарбият намояд. Шунавандаи имрӯз хеле закӣ шудааст, ки ӯро бо суханони бемаъно ва ё шеърҳои хасакӣ фиреб дода намешавад. Бубинед, агар мабодо як таронаи каме мазмуни пастдоштаро эҷод намуда пешкаш созӣ, дарҳол аз болоят шикоят мекунанд, дар рӯзномаю маҷаллаҳо дар бораат менависанд.

Яъне ин аз он гувоҳ медиҳад, ки онҳо дар баробари мухлис будан ва мо, ҳунармандонро дастгирӣ намудан, боз кӯшиши ислоҳи камбудиҳоямонро низ мекунанд, ки ин хуб аст. Агар мо камбудии ҳамдигарро нагӯем, пас чӣ гуна метавонем ислоҳ шавем? Барои ҳамин аз эрод гирифтани халқ, аз ҷумла оне, ки нисбат ба ту таваҷҷӯҳ дорад, ранҷидан нашояд.

Чун сухан сари суруду мусиқӣ меравад, бояд қайд кунам, ки мо, санъаткорон ҳамеша ҳаракат мекунем, то хоҳишу дархости халқ, яъне ҳаводоронамонро иҷро намоем. Онҳо дар кадом мавзӯе хоҳанд, мо бояд омода бошем, то барояшон тарона эҷод созем, вале дар баробари ин, моро зарур аст, ки суруде пешкаш кунем, ки аз он бинандаю шунаванда ва мухлис роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд.

Сӯҳроби Маҳмуд:

Suhrobi Mahmud

Suhrobi Mahmud

— Албатта, ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки имрӯз аксари санъаткорон дар васфи ишқу муҳаббат, дӯстдорӣ, хиёнат, дурии ёр, ҷудоӣ ва монанди ин суруд месароянд, вале бояд қайд кард, ки ин бо дархост ва хоҳиши худи шунавандаҳо сурат мегирад. Яъне аз ин бармеояд, ки шунавандаи имрӯз дар чунин мавзӯҳо тарона гӯш кардан мехоҳад ва маҳз ба сурудҳои лирикӣ таваҷҷӯҳи бештар дорад.

Аммо дар баробари он ки мо хоҳишу дархости мухлисони хешро ба инобат мегирем, бояд дар васфи ватани азизамон Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ, дӯстӣ ва монанди ин тарона эҷод намуда, ба халқ пешкаш созем, то ки ба ин васила тавонем меҳру муҳаббатро нисбат ба ватанамон дар қалби эшон боз ҳам зиёдтар созем, ё кӯшиш намоем, бо таронаҳои сулҳу дӯстии хеш дӯстии байни онҳоро бо дигарон беҳтар намоем.

Ғайр аз ин, дар бораи оне, ки моро ба дунё овардаю ба камол расондааст, яъне модар бояд сурудҳои пурмазмун тавлид созем, то дигаронро нисбат ба модарони хеш наздик намоем ва аз шунидани суруди мо, ҳунармандон шунавандагонамон модарони хешро дӯст доранд, эҳтиром кунанд ва ба қадрашон бирасанд. Ҳамин аст, андешаи ман.

Дилноза Каримова:

Dilnoza Karimova

Dilnoza Karimova

— Ҳунарманд новобаста аз он ки дар кадом жанр ё кадом мавзӯъ суруд мехонад, пеш аз ҳама бояд ба мазмуни матн диққат диҳад ва таронае пешкаш созад, ки аз ҷониби халқ лаънат нею раҳмат шунавад. Агар мушоҳида карда бошед, аксари шунаванда ва бинандаи имрӯз ҳамин, ки аввали сухани таронаро гӯш карду он мазмуни баланд надошта бошад, дарҳол дигар «канал»- ро мегардонад, ё агар диск бошад, ӯро гузаронда, суруди дигар ҳунармандро тамошо мекунад. Барои шунаванда ё мухлисро ба худ ҷалб кардану қонеъ намудан, бояд ба шеъри воло, шеъри пурмазмун рӯ овард.

Баъдан таронаеро пешкаш сохт, ки аз ҳаёти ҳарӯзаи мо бошад. Масалан, муҳоҷират, ғарибӣ, зиндагӣ, ҷудоӣ ва монанди ин. Магар имрӯз каманд оилаҳое, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, каманд зан ва мардҳое, ки аз ҳам ҷудо шудаю имрӯз азоб кашида истодаанд? Албатта не. Бинобар ин, аз дили дардмандон низ суруд сароидан, фикр мекунам, хуб аст, дарди онҳоро сабук месозад.

Олими Маҳмуд:

Olimi Mahmud

Olimi Mahmud

— Воқеан ҳам, суруд тарбиятгари шунавандаю бинанда мебошад, аз ин рӯ, санъаткоронро зарур аст, ки кӯшиш намоянд, то сурудҳои тарбиявӣ хонанд, дар интихоби шеър ба хатогӣ роҳ надиҳанд ва суханҳои мазмундорро ба оҳанг дароварда, пешкаши тамошобин созанд. Ғайр аз ин, сурудҳое хонанд, ки муаррифгари давлату миллат, расму русум ва фарҳанги бойи тоҷикон бошад, аз меҳмондӯстӣ ва меҳрубонии халқамон қисса намояд.

Дар ин сурат, ба воситаи суруди ҳунарманди тоҷик дигарон, яъне дигар халқу миллат ҳам аз фарҳанги мо, аз ҳунари мо ва аз давлати тоҷикону тоҷикистониён бохабар мешаванд. Ҳамчунин, мо бояд дар бораи эҳтироми одамӣ, қадри ҳамдигар, дӯстию бародарӣ, падар, модар, хоҳар, бародар ва ғайра тарона эҷод намоем, то ки тамошобин ё оне, ки суруди моро гӯш мекунад, нисбат ба волидайн, дӯстону бародарон, хоҳарон ва умуман занҳо боэҳтиром шаванд, қадру қиммати ҳамдигарро донанд ва чун инсони комилу боақл зиндагӣ намоянд…

Ҳабиб Ҳакимов:

Habib Hakimov

Habib Hakimov

— Ба андешаи ман танҳо сурудҳои динӣ ва ахлоқӣ метавонанд шунавандаро тарбият кунанд. Яъне он таронаҳое, ки дар бораи дин, имону инсоф, росткорию ростгӯӣ ва рафтору гуфтори ҳамидаи инсонӣ эҷод шудаанд, барои шунаванда беҳтарин роҳи тарбият гирифтан мебошанд, аммо ба шарте, ки шунаванда ба мазмуни он сарфаҳм равад.

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!