ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҲАБИБ ВА МАНИЖА — КӢ ОНҲОРО АЗ САҲНА ДУР КАРД?

Habib Hakimov & Manija Davlat

Manija Davlat & Habib Hakimov

Мухлисони сарояндаи хушсадо Ҳабиб Ҳакимов пайваста пурсон мешаванд, ки чаро ҳунарманди дӯстдоштаи онҳо имрӯзҳо хомӯширо пеша намудааст? Магар фикри ҳаводорон ва дӯстдорони ҳунарашро намекунад?

Ростӣ, ҳарчанд, ки номаҳою зангҳои зиёдро қабул мекардем, вале бо ин марди ҳунар ҳамсӯҳбат шуда наметавонистем. Инак, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд Ҳабибро пайдо намуда, ба якчанд саволамон ҷавоб гирифтем. Мутаваҷҷеҳи сӯҳбати ману Ҳабиб Ҳакимов бошед.

— Ҳабиб, қаблан бигӯед, ки чаро имрӯзҳо хомӯширо ихтиёр кардаед?

— Медонед, баъзан ҳолатҳое мешавад, ки аз он ки чизеро мегӯӣ ё мехонӣ, хомӯш будан авлотар аст.

— Нафаҳмидам, равшантар гап занед. Бо ин ҷавоб чӣ гуфтанӣ ҳастед?

— Гуфтаниам, ки нафароне ҳастанд, ки барои инкишоф додани ҳунару истеъдоди банда садди роҳ мешаванд, бинобар ин, наметавонам ба саҳна бароям ва бо дидори мубораки ҳаводорони азизу дӯстдоштаниам рӯ ба рӯ гардам.

— Кӣ бошанд, он бадхоҳон? Ҳунару истеъдод ва ба саҳна баромадани шумо ба онҳо чӣ зиён меорад?

— Намедонам, аммо мақсадашон ҳамин аст, ки ман бояд ба саҳна набароям.

— Пас ҳунаратон чӣ мешавад? Мухлисонатон чӣ? Фикри онҳоро намекунед?

— Албатта мекунам, онҳоро зиёд дӯст медорам ва тариқи ин нашрияи хонданӣ ба тамоми дӯстдорони ҳунарам гуфтаниам, ки ман бо онҳо зиндаам, аммо…

— Аммо чӣ?

— Дар хона ба эҷоди таронаҳои нав машғулам ва Худо хоҳад ба наздикӣ маҳсули эҷодамро пешкаши халқ, аз ҷумла, ҳаводоронам хоҳам гардонд, вале…

— Намефаҳмам, ҳама гуфтаҳоятон аммою вале доранд, давомашро чаро намегӯед?

— Намехоҳам мухлисонамро ғамгин созам, вале боз ногуфта намешавад. Гуфтанӣ будам, ки танҳо таронаҳоямро пешкаш месозам, худам ба саҳна намебароям.

— Дар ҳоле, ки заҳмат кашида, суруд омода мекунед, пас чаро ба саҳна намебароед? Мухлисонатонро не, ақаллан меҳнатҳои худро фикр намекунед?

— Рости гап, зиёд мехоҳам ба саҳна бароям, вале душманон намегузоранд, бадхоҳонам дар гирду атроф зиёданд.

— Пас бадкорию бадхоҳии онҳоро тамошо карда мешинед? Мубориза намебаред, то ғолиб оед?

— На, ҳамаи бадкорону бадхоҳонро ба Худо бояд супурд.

— Одамони кадом касбу коранд онҳо?

— Мисли ману шумо одамоне, ки ба санъату эҷод машғуланд.

— Яъне сабаби аз саҳна дур будани шумо маҳз бадхоҳонатонанд…

— Аз саҳна ё санъате, ки дар он рашку ҳасад, зулму ситам ва ноҳақию беинсофӣ ҷо дорад, ҳамеша худро канор мегирам. Биёед, беҳтараш ба саволи дигар гузарем.

— Бошад. Бо Манижа ҳоло ҳам ҳамкорӣ доред?

— Не, як сол боз бо Манижа вонахӯрдаам.

— Бадеҳае, ки ҳарду суруда будед, моли кист?

— Ин тарона аз Манижа аст, хуб мешуд, агар ба ин саволатон аз худи ӯ ҷавоб мегирифтед, зеро ман наметавонам дар бораи моли каси дигар ҳарф бизанам, ба ин ҳатто ҳақ ҳам надорам.

— Умуман идеяи кӣ буд бо ҳам якҷо сурудани таронаи «Зи чашмони ту метарсам»?

— Намедонам, ин суруди Манижа аст ва ман тавре болотар гуфтам, наметавонам дар бораи суруде, ки аз ман нест, чизе бигӯям.

— Аз рӯзе, ки суроғаи электронии шуморо пайдо кардам, мебинам, ки ҳамеша дар сайтед, оё доимо аз интернет истифода мекунед?

— Бале. Мо имрӯз дар асри 21 зиндагӣ дорем ва ҳар яки мо новобаста аз касбу корамон бояд бо техникаю технология сару кор дошта бошем. Дар баробари он ки ҳафтаномаю рӯзномаҳои кишварамонро мехонаму ҳамеша радиою телевизион гӯш ва тамошо мекунам, боз кӯшиш мекунам, ки тариқи сайтҳо аз хабару гузоришҳо ва воқеаю ҳодисаҳои кишвару хориҷи он бохабар шавам. Интернет чизи хуб аст, агар як вориди он шавӣ, бовар кунед, аз бисёр чизҳо бохабар мегардӣ.

— Ояндаҳо чӣ нақша доред? Ҳамин тавр хомӯш мешинед ё…?

— Агар Худованд розӣ бошад, ояндаҳо нақша дорам, ки бо албоми нав ва ҳамчун Ҳабиб Ҳакимов ва гурӯҳи «Фарзин» бори дигар рӯ биёрам ба саҳна, ин ҳам бошад, ба хотири ҳаводоронам аст, вагарна…

— Чӣ таманниёд доред?

— Ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳаводоронам, умуман ҳама он нафароне, ки дӯстдори суруду мусиқианд, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, орзу мекунам, ки доимо аз хонадони ҳар фарди тоҷик садои мусиқии форам барояду пайваста ҳамватанонамон шоду пирӯз бошанд.

— Барои сӯҳбат ташаккур!

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. AdminTJ:

    Сухбати хеле хуб…

  2. Мачнуни Бакозод:

    Хабиб Хакимов сабку услуби бисьер хуб дорад. Хабибро мардуми одди, чавонон дуст медоранд аммо уро аз телевизион хам чанд сол мешавад ки дур кардаанд. Агар мушохида карда бошед дар тули чанд соли охир Хабиб, Манижа, Садриддин, Бахром, Шабнами Сурае ва дигар ситорахои номиро аз оинаи нилгун дур кардаанд, Махсусан Шабаки Аввали Точик ва ТВ Сафина…. Хамаи ин ба гуфтаи одамони боло гаразхои шахсии Асадуло Рахмонов мебошад ки ба ин хунармандон рох намедихад ба телевизион! Ривояте хаст хатто нафрат дорад ба бисер сарояндагони точик

  3. Abdusalom:

    БАСТАГИАШОНАМ НАГЗ ШУДАС

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!