ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САМАД ҒАНӢ: «МУҲАББАТИ ВОҚЕӢ ХИЁНАТРО НАМЕПИСАНДАД»

Samad Ghani

Cамад Гани

— Сарояндаи дӯстдоштаи мо Самад Ғанӣ, имрӯзҳо банди чӣ корҳо бошад ва чӣ нақшаҳоро дар пеш дошта бошад баҳри мухлисонаш?

-Фикр мекунам, ки барои шахси эҷодкор муҳимтар аз эҷод намудану ба халқ пешкаш сохтани маҳсули эҷодаш дигар кори муҳиме нест. Ман низ чун санъаткор ҳастам, пайваста банди эҷодам ва кӯшиш мекунам, ки баҳри мухлисони азизу дӯстдоштаниам таронаҳои нав ба нав омода созам.

— Хуб, мухлисонатон метавонанд дар рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ таронаҳои нави шуморо интизор бошанд?

— Мутассифона, бо баъзе сабабҳо наметавонам дар ин рӯз ҳаводоронамро шод намоям, аммо ваъда медиҳам, ки дар дигар идҳо ҳатман бо тозатарин сурудҳоям хотири онҳоро шод хоҳам гардонд.

— Дар зиндагӣ ҳастанд лаҳзаҳое, ки барои доимӣ дар лавҳи хотири кас нақш мебанданд…

— Воқеан ҳам зиндагӣ бо вуҷуди он ки пастию баландиҳои зиёд дорад, боз рӯзҳое ҳастанд, ки барои ҳамешагӣ ба инсон рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Аввалин баромад, аввалин клипҳо ва аввалин вохӯриҳо бо азизони дилам, яъне ҳаводоронам барои якумрӣ дар лавҳи хотирам нақш бастаанд ва наметавонам он лаҳзаҳои хушро фаромӯш бисозам.

— Барои Самад Ғанӣ чӣ чизи додаи Илоҳӣ беҳтарин ҳисобида мешавад: ҳунар, шӯҳрат, оила ва ё…?

— Ҳар чи ки Худованд бароям додаасту медиҳад, беҳтаринаш мешуморам ва аз он шукрона мекунам…

— Тӯҳфа тақдим намуданро меписандед ё гирифтанро?

— Дар рӯзҳои иду хурсандӣ бо тӯҳфаяке як шахси наздикатро хушҳол кардан хуб аст, бинобар ин, ба қадри имкон дар чунин рӯзҳо ба наздиконам ҳадяҳо инъом медорам, аммо бояд бигӯям, ки аз мухлисонам гулдаста гирифтанро ҳам меписандам ва қабул дорам.

— Ба андешаи шумо дӯстӣ байни зану мард вуҷуд дошта метавонад? Ё худ зану марди барои якдигар бегона метавонанд бо ҳам дӯст шаванд?

— Шояд бошанд марду заноне, ки бо ҳам дӯст бошанд, вале фикр мекунам, зан ва мард дӯст шуда наметавонанд, агар бародару хоҳар гӯем дигар гап, аммо дӯст…

— Баъзе санъаткороне ҳастанд, ки дар баробари сароидан тарона ва оҳанг низ эҷод мекунанд…

— Мақсади шуморо фаҳмидам. Агар рости гапро гӯям, пештар оҳанг намесохтам, аммо дар албоми навбатиам, ки Худо хоҳад ба наздикиҳо дастраси мухлисонам мегардад, таронаеро бо унвони «Як шабе бо ҳам», ки муаллифи шеър Хайрандеш ҳастанд, оҳанг бастам ва боварӣ дорам, ки шунаванда онро хуб қабул мекунад.

— «Як шабе бо ҳам» яъне?

— Яъне инро аз худи шоир пурсидан даркор, акнун ӯ дар бораи кадом шаб ва бо кӣ будан сухан кардааст, инро худаш медонаду Худо (ҳазл мекунам). Аммо ман, ки санъаткорам ин шеърро қабул кардам ва хостам бо оҳанги эҷоднамудаи хеш пешкаши халқ созам.

— Боре шудааст, ки суруди сароидаатон ба худатон писанд наомада бошад?

— Албатта, одамӣ бе хато намешавад ва ҳар яки мо сари ҳар қадам ба хатое роҳ медиҳем, вале аз ин ноумед шудан даркор нест. Одам баъди хато кардану онро ҳис намудан ислоҳ мегардад.

Дорам сурудҳое, ки оҳанги онҳо шитобкорона эҷод ва омода шудаанд, бинобар ин, ба дилам нестанд, вале боке нест, асос он ки ба дили мардум роҳ ёфтаанд, ояндаҳо иншооллоҳ ислоҳ хоҳам шуд.

— Хиёнатро бахшида метавонед?

— Агар муҳаббати воқеӣ дошта бошӣ ҳаргиз ин калимаи шӯмро ба забон намеорӣ ва фикр ҳам намекунӣ.

— Чӣ Самадро ғамгин месозад?

— Хабарҳои нохуш ва ҳангомаҳои беасос.

— Оё аз рӯи муҳаббат хонадор шудаед ё…

— Бале, меҳру муҳаббат ману ҳамсарамро ба ҳам овард ва фикр мекунам, ки дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ хато накардаам.

— Янга ҷое фаъолият мекунанд ё хонашинанд?

— Не, кор намекунад, хонашин аст.

— Чӣ гуфтании дигар доред?

— Ба ҳама мухлисонам ва ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон хонаободӣ ва хушбахтӣ таманно дорам. Худо нигаҳбонатон бошад.

Мусоҳиб Мавлуда Хайруллоева, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Abdusalom:

    самад аз кучои точикистонаст

  2. манучер:

    бляд ин самад гани ранги осмон рангай

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!