ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАХТИЁРИ БЕГИҶОН: «МАРГИ СӮҲРОБ ДАРС ШУД»

Бахтиёри Бегичон

Бахтиёри Бегичон

…Марги Сӯҳроби Сафарзод ба аксар ҳунармандон дарс шуд, онҳо  намозхон шуданд, аз рафтору гуфтор ва амалҳои бади хеш даст кашиданд ва ҳоло пайваста ёди Худою Расул мекунанд…

МУРРИФИНОМА

Садриддини Наҷмидин ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, зеро ӯ бо таронаҳои дилангезаш кайҳо боз ба дили мардум роҳ ёфта, мухлисони бешумори хешро соҳиб гаштааст. Аз ин ҷост, ки онҳо тез – тез тариқи нома ва мактубҳояшон аз ҳолу аҳвол ва фаъолияти эҷодии ин марди ҳунар пурсон мешаванд. Чанд рӯз қабл як тан аз ҳаводорони ин ҳунарманди маҳбуби дилҳо ба идораи мо занг зада, хоҳиш намуд, ки  дар бораи ӯ маълумоте диҳем. Ҳарчанд кӯшиш намудем, то ба саволҳоямон аз худи Садриддин ҷавоб гирем, вале бенатиҷа. Аммо ноумед нашавед, азизон, зеро мо тавонистем  ба воситаи танзимгари баъзе аз таронаҳои Садриддин Бахтиёри Бегиҷон ба тамоми пурсишҳоямон посух гирем. Инак мутаваҷҷеҳи сӯҳбати ману Бахтиёр  бошед.

БО МАН БИМОН

— Бахтиёр, қаблан бигӯед, ки имрӯзҳо Садриддин банди кадом корҳоянд? Дар зиндагиашон чӣ дигаргуниҳо ба назар мерасад?

— Ба ҳама маълум аст, ки пеш аз идҳо тӯю маъракаҳо зиёд мешаванд ва хурсандиҳо, ки зиёд шуданд, пас санъаткорон низ бекор нестанд, яъне дар тӯю маърака ва рӯзҳои хурсандии мардум шариканд. Садриддин низ чун ситораи дурахшон ва як тан аз сарояндагони муваффақи кишварамон ба шумор меравад, имрӯзҳо қариб, ки вақти холигӣ надорад, пайваста дар тӯю маърака аст. Дар зиндагии шахсиаш бошад, алъон навигарии чашмрасе ба вуқӯъ напайвастааст.

— Фаъолияти эҷодиашон чӣ гуна ҷараён дорад?

— Фикр мекунам, ки ҳар як фарди эҷодкор ҳамеша кӯшиш мекунад, ки чизи наве тавлид намуда, ба ҳаводорони хеш пешкаш созад. Садриддин низ пайваста заҳмат мекашад, то барои ҳаводоронаш, барои мардуми Тоҷикистон ва барои ҳама дӯстдорони савту наво сурудҳои нав ба нав эҷод намуда, пешниҳод кунад. Ба наздикӣ ду тарона яке бо унвони «Ҳарфҳои ту» ва дигарӣ бо номи «Ту коре кун бо ман бимон…» эҷод намуда, дастраси мухлисонаш гардонд ва фикр мекунам, ки аллакай ин ду тарона, ки бо талошҳои зиёди Садриддин омода шуданд, ба мардум писанд омаданд.

ТӮҲФА БА ҲАМСАР

— Хеле хуб. Акнун метавонед дар бораи таронаи «Ту коре кун бо ман бимон» — и ӯ якчанд сухан бигӯед? Садриддин тариқи ин суруд аз кӣ хоҳиш намудааст, то бо ӯ бимонад?

— Ин тарона фармоишӣ нест, вале онро Садриддин ба ҳамсараш, ба азизи дилу дидааш, ба модари фарзандонаш, ба моҳи хонааш ва  ба оне, ки аз ҷон ҳам зиёдтар дӯсташ медорад, бахшидааст. Бояд қайд кунам, ки  Садриддин доимо фикру андеша ва хоҳишу талаботи шунавандагонашро ба инобат гирифта, баъдан тарона эҷод мекунад ё месарояд, зеро ҳама заҳматҳои ӯ маҳз барои мухлисонаш мебошанд. Охир, худ тасаввур кунед, агар ҳунарманд мухлис надошта бошад, пас барои кӣ саҳна мебарояд ва барои кӣ суруд омода мекунад? Агар мушкилии баъзе санъаткорон надоштани мухлисони зиёд бошад, пас, Садриддин дар ин масъала мушкиле надорад, чунки мардуми зиёд ошиқи садову сурудҳои ӯянд.

— Воқеан ҳам Садриддин ҳаводорони зиёд дорад ва фикр мекунам, ки  ҳар кадоме аз онҳо ба ӯ занг задаю аз ҳолу аҳволаш пурсон мешаванд…

— Дар ҳақиқат, ҳаводорони Садриддин  мухлиси ҳақиқианд, пайваста занг задану аз ҳолу аҳволаш пурсидани онҳо гувоҳи гуфтаҳои болоист. Ва албатта бародари мо низ дар навбати худ ҳамеша ёди мухлисонаш мекунам ва дар ҷашнвораҳо маҳз ба хотири онҳо иштирок менамояд, то ҳаводоронаш аз шунидани суруди ӯ рӯҳу илҳоми тоза гиранд, хастагиро аз худ дур созанд ва каме ҳам бошад, аз дарду ғами зиндагӣ фориғ монанд.

ЁДИ ЗАНУ ФАРЗАНД

Ӯ пайваста дар сафар аст, яъне тез – тез ба хориҷи кишвар меравад. Ҳангоми дар сафар будан ватан, аҳли оила ва ҳамсару фарзандонашро пазмон намешавад?

— Албатта, дур аз ватан, ёру дӯстон ва пайвандон кору зиндагӣ кардан душвор аст, вале чӣ чора? Маҷбур аст, то анҷоми корҳои эҷодӣ тоқат кунад, охир,  аз он ҷо  бе дастовез баргаштан кори хуб нест. Тавре худи Садриддин мегӯяд, ӯ баробари ба хориҷи кишвар расидан, ватанамон – Тоҷикистонро ёд мекунад, зану фарзандонашро низ, аммо ба ҷуз сабур будан дигар чорае намеёбад.

— Ҳар вақте ки бо Садриддин сӯҳбат мекунам, бо табассум ба саволҳоям ҷавоб мегӯяд. Оё дар хона низ ҳамин гуна аст?

— Вай аз ҳаёту зиндагӣ ва касбаш розӣ аст, бинобар ин, дар чеҳрааш доимо нишони табассум дида мешавад. Хислати хуби дигараш ин аст, ки ӯ ниҳоят хоксор ва инсони оддӣ мебошад. Бовар кунед, бо санъаткорони зиёд ҳамкорӣ доштаму дорам, аммо мисли Садриддин марди зиндадилу хоксор ва заҳматкашро надидаам. Ӯ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, меҳнат мекунад. Натиҷаи ҳамин заҳматҳояш буд, ки хеле зуд машҳур гашт. Сироҷиддини Фозил низ мисли Садриддин марди меҳнатӣ ва хоксор аст.

— Чун ин ҷо каме дар бораи Сироҷиддин ҳарф задед, мехостам бидонам, ки ҳоло ӯ куҷост, чаро ба саҳна намебарояд?

— Сироҷиддин дар Амрико буд, ба наздикӣ ба ватан баргашт ва ҳоло банди тӯю маъракаҳост. Биёед, ба саволи дигар гузарем, зеро наметавонам дар бораи Сироҷиддин бо шумо сӯҳбат кунам.

МАРГИ СӮҲРОБ ДАРС ШУД

— Боре шудааст, ки суруд ё оҳанги омоданамудаи шумо ба Садриддин писанд наомада, боиси нофаҳмиҳо гашта бошад?

— Шукри Худо то  имрӯз миёни ману санъаткорон нофаҳмӣ нашудааст. Ҳатто Манижа, ки кори аксари танзимгарон ба ӯ писанд намеояд, баробари гӯш кардани оҳанги таронаи «Ватан» — аш  ӯро қабул намуд ва хушҳол ҳам гашт. Садриддин низ то имрӯз танзимҳои кардаи маро бо розигӣ қабул намудааст.

— Мегӯянд, ки аксари санъаткорони мо аввал май нӯшида, баъдан ба саҳна мебароянд. Ҳатто барои дар саҳна шарм надоштан аз дигар маводҳо низ истеъмол мекунанд…

— Албатта, ҳастанд сарояндаҳое, ки то аз нӯшокиҳо истеъмол накунанд, ба саҳна намебароянд, вале дар баробари онҳо ҳунармандоне низ мебошанд, ки тамоман май наменӯшанд, сигор намекашанд ва аз дигар нӯшокиҳои спиртӣ ва маводҳои шумо дар назардошта истеъмол намекунанд, панҷ вақт намозашонро мехонанд, Худотарсанд, ба касе кор надоранд ва нафареро ҳам озор намедиҳанд.

— Хуб, метавонед нафарони гурӯҳи аввал ва гурӯҳи дуюмро номбар кунед? Яъне ба қисми майнӯшҳо киҳо дохил мешаванду ба гурӯҳи намозхонҳо киҳо?

— Ман ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, танҳо метавонам бигӯям, ки Садриддин ба гурӯҳи аввал шомил нест. Баъдан гуфтан ба маврид аст, ки марги Сӯҳроби Сафарзод ба аксар ҳунармандон дарс шуд, онҳо намозхон шуданд, аз рафтору гуфтор ва амалҳои бади хеш даст кашиданд ва ҳоло пайваста ёди Худою Расул мекунанд.

ОВОЗХОНИ БЕ ОВОЗ?

— Имрӯз қисми зиёди ҳунармандони мо таронаҳои санъаткорони хориҷи кишварро ба риштаи оҳанг дода, бо сабку услуби хеш мехонанд. Назари шумо дар ин масъала чӣ гуна аст?

— Фикр мекунам, ки ин хуб нест, аммо чӣ чора? Ҳастанд ҳунармандоне, ки дар бораи суруду мусиқӣ тамоман маълумот надоранд, вале тақлидкорона, яъне бо хондани таронаҳои ким кадом сароянда по ба ҷодаи санъат гузошта, имрӯз ба қавле ситораанд. Аммо, санъаткор бояд кӯшиш кунад, ки бо таронаҳои эҷоднамудаи худ машҳур шавад, на ба моли дуздида.

— Магар бе доштани ҳунару маҳорат ва истеъдод санъаткор шудан мумкин аст?

— Тавре калонсолон мегӯянд, солҳои пеш танҳо ҳунар ба кор мерафт, имрӯзҳо бошад… Ҳунармандони бесадову беистеъдод зиёд шудааст, аммо симои телевизионӣ, ки доранд, «ситора» гаштаанд. Вақте ман суруд мехонам, аксарият савол медиҳанд: «Дар ҳоле, ки садои хубу истеъдоди Худодод дорӣ, пас чаро ба саҳнаи калон намебароӣ?». Бовар кунед, намедонам чӣ ҷавоб гӯям. Охир, имрӯз ҳунару истеъдод он қадар муҳим нест…

 АНҶОМ

— Хуб, таманниёти Бахтиёри Бегиҷон ба мухлисону ҳаводорони савту суруд?

— Бигзор доимо сарбаланду шод ва хушбахт бошанд.

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар,

8 комментариев

  1. …Марги Сӯҳроби Сафарзод ба аксар ҳунармандон дарс шуд, онҳо намозхон шуданд, аз рафтору гуфтор ва амалҳои бади хеш даст кашиданд ва ҳоло пайваста ёди Худою Расул мекунанд…
    ИН ДАРСРО БА ОНХО КИ ДОД? ХОЧИ ИСМОИЛИ ПИРМУХАММАДЗОДА ДАР ВАКТИ ЧАНОЗАИ СУХРОБИ РАХМАТИ. ВАЛЕ ОН ХОФИЗОНЕ, КИ ДАР ЧАНОЗА ИШТИРОК НАКАРДАНД, ИН САБАКРО ЧИГУНА ГИРИФТАНД? БОВАРИ ДОРЕМ, КИ ОНХО ОН НАВОРИ ВИДЕОИЕ, КИ ДАР САЙТИ YOUTUBE ДАР ЧАНОЗАИ СУХРОБИ САФАРЗОД ГИРИФТА ШУДААСТ, БОЯД САБАКИ ЗИНДАГИВУ БАНДАГИИ ЭШОН ГАРДИДА БОШАД. БАЪЗЕХО ОН МУЛЛОИ БЕЧОРАРА БИСЁР САРЗАНИШ КАРДАНД, КИ НАХОД МУЛЛО ХАМИН ТАВР САФСАТАХО ГУЯД. АММО БЕХАБАР АЗ ОН КИ ХОЧИ ИСМОИЛИ ПИРМУХАММАДЗОДА НА САФСАТАВУ БЕХУДАГУЙ КАРД, БАЛКИ МУРОЧИАТ БА ЧАВОНОНИ САНЪАТКОРИ ХУНАРМАНД МУРОЧИАТ КАРДА БУД, КИ АГАР ЧАВОНОНИ МО БА ХАМИН РОХИ МАВОДИ МУХАДДИРА БИРАВАНД, РОХИ НА ЧАНДДОН ТУЛОНИЕ ДАР ЗИНДАГОНИ ДОРАНД. БАРОИ ХАМИН БОЯД ЧАВОНОН РОХ БА СУИ ХУДОРО ИНТИХОБ КУНАНД, ТО АЗ ЧУНИН БАЛОИ АСР — ЯЪНЕ МАВОДИ МУХАДДИР ЭМИН БОШЕМ.

  2. Шухратёр:

    Рост мегуй бародар, ман сад дар сад ба гуфтахои шумо рози хастам… Фикр мекунам, ки бояд хамаи мо ба як рох — Рохи хакк ба суи Парвардигорамонро бояд интихоб кунем, дигар ин хама дар чахон фоидае барои мо ва наслхои ояндаи мо надорад… Ба тамоми онхое, ки дар ду рохаи зиндаги сарсону саргардон мондаанд, гуфтани хастам, ки шумо аз он чизе, ки Худованд харом гуфтааст, пархезгор бошед, то зиндагии пурбаракату пурсамаре дар хаёт дошта бошед….

  3. МАНУЧЕХР:

    Ман дар хакикат Сухроби Сафарзодро як хунарманди асили санъати точик медонистаму медонам. Афсус, ки риштаи зиндагонии у аз байни мо канда шуд. Хуб мешуд, ки ба чойи хар хел суханхо дар хакки ишон як дуои нек мекардем хубтар буд.
    Масъалаи дигар хамин ки ин бародари мо Бахтиёри Бегичон чи тавре, ки мегуянд, МАРГИ СУХРОБИ АФАРЗОД БА АКСАР ХУНАРМАНДОН ДАРС ШУД… Оё марги дигар хунармандон барои ишон кам буд, ки марги Сухроб барои онхо дарс шуд. Барои мисол дар чанд соли ахир бехтарин санъаткорону ханармандони санъати точик бо сабабхои ба хама маълум фавтиданд. Аммо касе ин рузхоро бахри худ дарс нашуморид? Мо бояд ба ояндаи дурахшони санъати Точикистон умед дошта бошем, аммо на ба ин рохе, ки баъзе санъаткорони чавон интихоб кардаву рохи дуруст фикр мекунанд. Бояд он рохеро интихоб кард, ки дар он рох устодони ба мисли шодравон Зафар Нозим, рахматии Нигина Рауфова, Чурабек Назри, Лола Азизова, Чамшед Исмоилов, Мухаррама Шарифова, Курбонали Абдулло, Малика Саидова, Курбонали Рахмон, Нукра Рахматова … ва садхо нафар устодони санъати волои точик…. Дар охир хаминро гуфтани хастам, ки хунармандони азиз, он рохеро интихоб кунед, ки аввало рох ба суи хакк бошад ва сипас аз хар хел рохи фахшу фучур дури чуед…. Пас он мебинед, ки чи бурдборихо дар ин чода комёби шумо ва зиндагии пурсамар насибатон мегардад.
    Боки Худо нигахбони хамаи мову Шумо…….

  4. Abdusalom:

    БАЛЛЕ МАНУЧЕХР АГАР ДАР ЧОИ СУХРОБИ КАМБАГАЛ ЯГОН БОЙБАЧА МЕШУД ИН ХОЧИ ИСМОИЛ ИН СУХАНОНРО НАМЕГУФТ АЗ БЕКАСИИ СУХРОБИ РАХМАТИ ИСТИФОДА БУРД ИЗОИ МУМИН ХАРОМ ГУФТААНД СУХРОБАМ ХУДАШБА ОБУРУШ БУД ИН МУЛЛО КОРИ ХУБ НАКАРД ФИКРИ МОДАРИ ТАНХО МОНДАРО НАКАРД БИСЁР НОИНСОФОНА СУХАН РОНД БАРОИ ОНКИ ОБУРУИ МИЛЛАТА ДАР БАЙНИ ДИГАР МИЛЛАТХО РЕЗОНД ЧУН КИ СУХРОБРО БЕРУН АЗ ТОЧИКИСТОНАМ МУХЛИСОШ ХАСТАНД ИН ШАРМАНДАГИ ЧИ БУД НАБУД БОЯД ХАБ МЕКАРДАНД БА МОДАРИ СУХРОБ САБРИ ЧАМИЛ МЕТАЛАБАМ

  5. ОРИЁН:

    Салом ба хамаи хонандаву шунаванда ва бинандаи сомонаи ТАРОНАХОИ БЕХТАРИН! Ман ба гуфтахои бародар Abdusalom рози шуда наметавонам, чунки бисёр як шахси киннагир ба назар мерасад. О бародари азиз. Аввало хурмати калонсолонро бар чо биёвар, баъдан сухан гуй. Ин чи беадолати хаст, ки дар хакки як муъмину мусалмон Хочи Пирмухаммади Исмоилзода чунин суханони тахкиромез мезани. Тавба кун ба даргохи Худо, Худованд мехрабон аст ва бахшоянда…
    Баъдан бар мегардем сари суханронии Хочи Пирмухаммад, ки дар чанозаи Сухроби Сафарзод гуфта буданд. Алхакк сад дар сад дуруст гуфта буданд… Рохе ки чавонони боистеъдоди мо гирифтаанд, ин рох тулони нест…Инро хамаи мову шумо хуб медонем… Бародари азиз Abdusalom кайд кардааст, ки «Бобои Хочи кори хуб накардаанду дили модари Сухробро ранчонданд…Бояд хомуш мебуданд, мудоме, ки марги Сухроб маълум буд….»
    Хаминро мегуямат бародар Abdusalom, дар таърихи на чандон тулони чавонони боистеъдоди санъати точик аз кабили Муборакшо, Сохибкирони Зафар, Зулфикори Азиз ва чанде дигар хомуш буданд, мухтарам муллохову эшонхои азиз мо…Аммо чи фоида аз хомуш будани эшон..Зарараш ба ки расид? Ба санъати Точик…Зарараш хам ба миллати Точик… Барои хамин фикр намекунам, ки Хочи Исмоили Пирмухаммад бояд ин гапро намегуфт, баръакс бояд хар руз хар шаб хар соату хар дакика ин суханон дар чойхои чамъияти гуфта шаванд, то ки чавонони санъаткори рахгумзадаи мо рохи рости зиндагиро пайдо кунанд…
    Чи тавре, ки Бахтиёри Бегичон бародари санъаткори мо мегуяд, «…Марги Сӯҳроби Сафарзод ба аксар ҳунармандон дарс шуд, онҳо намозхон шуданд, аз рафтору гуфтор ва амалҳои бади хеш даст кашиданд ва ҳоло пайваста ёди Худою Расул мекунанд…» — магар ин ба фоидаи чамъият нест. Ман сад дар сад фикр мекунам, ки баъди шунидани ин суханон дарчанозаи Сухроби Сафарзод — бисёре аз ёрону рафикони рахмати аз ин рохи бад канорачуй кардаанд. Чунки ба онхо сиёхии ин рох маълум шуду, рохи дурустро интихоб карданд. Агар ин мулло дар хамон чаноза ин суханонро намегуфту, чашми дигархоро намекушод, шояд дигар санъаткоронро низ дар хамин рох аз даст медодем….
    Бо арзи эхтиром Ориён аз Владивостоки Федератсияи Русия…

    • Abdusalom:

      Асалому алайкум Ориён мебахшед дуруст гуфтед лекин шумо маро дуруст фахмед ман зиди амри маъруф нестам алхамдулиллох мусулмонам бо гуфтахои ин мулло манам тарафдорам лекин мешудку хамин суханона дар вакти чаноза не баъд дар ягон мавриди дигар мегуфтанд чунки ман хам моргазидаам соли 2005 м март бародарам дар сини 29 солаги аз дунё чашм пушидан мохуд 2кас будем хозир падар ва модари ман хардуашон ба касалии сактаи дил давлени мубтало гаштан барои хамин ман модари Сухроба дилам месузад аз бародари ман 5 фарзанд боки монд бовучуди хаминхам падару модари ман месузан аз сухробчи 1 духтарча боз бо модараш не хайр фарзанд чихеле набошад ба падару модараш азизаст шумо чи гуфтаниед хамон снъаткорони моя падару модарашон насихат накарданд ё ин ки дигар уламохои мо дар ин бора ъамри маъруф накардаанд мегуед намозхон шудан аз рохашон гаштан мову шумо аз кучо медонем онхо бо чикорхо машгуланд агар онхо аз рохашон мегаштан хофизиро бас мекарданд ё сурудхои исломи месароидан барои чи хочи пирмухаммад нагуфтан ки аввалаш шумо хофизи накунед аз ин рохи бад гаштани хофизо бисёр каинаст чун ки доимо дар тую маъраках дар рестаранхо хамавакт дар назди инхо хамаи ин чизхои ношоям мухаёст мегуянд намоз хон шуданд дар ислом гуфта шудааст намозе ки сохибашро аз рохи бад гардонда наметонад ин намоз намози комил нест аввалаш ин ки санъаткорхои мо босаводашон кам ки инхоро басахна рох медихад сум сум хама корро хал мекунад ё ки либосхое ки хофизахои мо мепушанд ё дар сахна чигуна рафторхои беодобона мекунанд хамин аз рох гаштанаст хамин обуруи точикистони аззизи мо аст худованд худаш имон дихад онхоро аз ин рохи бадашон гарданд мо пештархам хофиз хофиза доштем лекин онхо одоб доштанд чун ки онхо мехнат карда омухтаанд баъд агар аз имтихон мегузаштан ба сахна рох медодан аммо хозир ки бошад набошад фарк надорад аксар хофизахои мо ракосаи туйгад буданд дар рестаранхо ракс мекарданд барои хамин дар сахна боодоб рафтор карда наметонанд дар хаки инхо гап задан дар кор. Ориёнчон рахмати Сухроб ба бародари ман бисёр монанд буд Сухроба медидам гуё бародарамро дидаги мешудам барои хамин асаби шудам акнун ин бахсу мунзираи ману шуммо фойдае надорад бехтараш хамин наворхора ба интернет сарнамедодан дар панохи худо бошед.

  6. ОРИЁН:

    Салом ба хама. Бародари азиз Abdusalom, арзи тасаллияти маро кабул бифармоед. Ва аз даргохи Худованд бар шумо ва падару модари бузургворатон сабри чамил хохонам. Бигзор ин хама дарду гами дунё аз хонадони шумо дур шавад. Хамчунин ба модари Сухроби Сафарзод низ аз даргохи Худованди Яздон сабри чамил металабам.
    Бар мегардем сари бахс…Дусти азиз, Abdusalom… Шумо дар аввали бахсатон навишта будед, ки «…ИН МУЛЛО КОРИ ХУБ НАКАРД ФИКРИ МОДАРИ ТАНХО МОНДАРО НАКАРД БИСЁР НОИНСОФОНА СУХАН РОНД БАРОИ ОН КИ ОБУРУИ МИЛЛАТА ДАР БАЙНИ ДИГАР МИЛЛАТХО РЕЗОНД ЧУН КИ СУХРОБРО БЕРУН АЗ ТОЧИКИСТОНАМ МУХЛИСОШ ХАСТАНД ИН ШАРМАНДАГИ ЧИ БУД НАБУД БОЯД ХАБ МЕКАРДАНД…»
    Бехтарин кореро ки Хочи Исмоили Пирмухаммад карданд, садхо нафарро аз чумлаи санъаткорон аз ин рох бо ин суханонаш дар рузи чанозаи рахматии Сухроби Сафарзод начот доданд. Ва ин хам шаходати гуфтахои болост. Мулло ягон кори хатто накарда буд. Хакикатро гуфтанд, ки рох-рохи шумо нест, бояд ба рохи Худо пайваст, чунки он рох покиву покизагист… Гуфтахои Хочи Исмоил дар хамон лахзаи чонсуз як дарсе буд, ки агар ба гуши кар мерасид, хамон лахза у шунаво мешуд. Чунки он лахза – як лахзае хассосе буд, ки хама диданд, ки ин рох – рохи марг будааст, бояд ки харчи зудтар аз ин рох халос шаванду чон ба саломат баранд.
    Ин мулло обруи ягон миллата набурд, балки обруи маводи мухаддираро сиёх кард ва гуфтанд, ки агар кассе мубталаи ин мавод бошад, пас бидонад, ки марг бар у наздик шуда истодааст. Яъне муллои бечора на обруи Сухроби Рахматиро бурду на обруи Точикистонро. Вай хамчунон кушид, то дигар чавонон аз ин рохи бадном дур шаванду обруи худу точикистонро паст назананд. Ин буд мухтавои суханони Хочи Исмоили Пирмухаммадзода, дусти азиз…
    Бар мегардем сари он ки чаро махз дар чанозаи сухроб ин хама суханон гуфта шуд… Бародари азиз. Чи тавре, ки худат мегуй, бояд ин суханон дар чойи чамъияти гуфта шавад. Шояд ин хама бо ягон барномаи махсус дар чойхои чамъияти барномарези карда буданду шояд натичаи самарабахше надода бошад. Аммо вакте ин суханон дар як лахзаи хассосе гуфта мешавад, он гох одамон тез дарк мекунанд, ки бо чи бадбахтие ру ба ру шудаанд ва кушиши ислохи ин хама хаттохои худ мешаванд.
    Хочи Исмоил диданд, ки агар дар хамин лахза ин суханон гуфта нашавад, боз як чанд чавони дигарро аз даст хоханд дод дар як вакти кутох. Барои хамин таъкид карданд, ки чавонон бояд аз ин рохи сиёх ба рохи сафед гузаранд, агар ки зиндагони кардан мехохед. Пас коре, ки Хочи Исмоил карданд, оё метавон ба чои рахмат гуфтанд, ба он суханони ношоям зад? Оё Хочи Исмоил даххо нафарро аз рохи бад баргардонданд хатто карданд? Оё Хочи Исмоил бояд чи мегуфту чи мекард? Ё ин ки бояд мегуфт, ки рохеро ки Сухроб интихоб кардааст, ба хамаи мухлисонаш пешниход мекунам, мархамат шумо низ ба хамин рох пайрави Сухроб бошед. Агар интавр хам набошад, ПАС ЧИРО ИНТИЗОР БУДЕД???
    Хамчун бародарона мурочиат мекунам, ки кассе, ки ин навори чанзаи Сухроби Сафарзодро надида бошад, дар хаки Хочи Исмоил хар хел суханоне, ки хушатон омад нагуед, ки гунахкор мешавед. Онхое, ки аллакай гуфтаанд, метавонанд тавба кунанд, Худованд Рахмону Рахим аст.
    Хохишмандам аз дустоне, ки он навори чанозаро доранд, мехохам адрессашро (ссылка) дар инчо гузоранд, то дигархо аз он бохабар шаванд.
    Бо арзи эхтиром ОРИЁН…

  7. bobo:

    ин мулло риш надорадку

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!