ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НАИМҶОНИ САЙДАЛӢ: «ҶОНАМ ФИДОЯТ, ШАҲНОЗАИ МАН!»

Наимчони Сайдали

Наимчони Сайдали

Ҳамсӯҳбати навбатии мо Наимҷони Сайдалӣ аст. Ҳамон ҷавоне, ки бо садои ширин, садои форам, садои гӯшнавозу марғуладораш таронаи «Ғарибӣ»-ро бо дард, бо алам, бо як ҳиссиёти баланд сурудаю пешкаши мухлисони савту наво намудааст.

Тарона, воқеан ҳам, хуб суруда шудааст, аз ин ҷост, ки тез ба дили мардум роҳ ёфта, Наимҷони ҷавонро ба худру бузург муаррифӣ намуд. Сӯҳбате доштем бо ин сарояндаи ҷавон, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, азизон мегардонем.

— Хуб, шумо, ки тариқи таронаи «Ғарибӣ» миёни мардум маҳбубият пайдо кардед, бинобар ин, мехостам атрофи он чанд сухан бигӯед. Матни суруд маҳсули эҷоди кист ва онро кӣ чунин як оҳанги форам баст? Умуман, идеяи кӣ буд дар васфи муҷоҳирон хондани суруд?

— Ростӣ, пештар дар бисёр мавзӯҳо, аз ҷумла, ишқу муҳаббат, дӯстдорӣ, хиёнату бевафоӣ, зиндагӣ, падар, модар, ёру бародар ва монанди ин суруд хонда будам, аммо тавре шумо гуфтед, маҳз ҳамин тарона маро ҳамчун санъаткор ба мардум шинос намуд. Тарона мол ва идеяи шоир ва продюссер Сироҷи Абдулло буда, оҳанги банда мебошад.

Вақте ин бародари азиз пешниҳод намуд, ки дар бораи муҳоҷирон як таронае бояд хонам, пешниҳоди ӯро хуб пазируфтам, зеро ин мавзӯъ доғи рӯз аст. Охир, имрӯз ҳама бародарони мо дар муҳоҷират қарор доранд ва модаронамон чашм ба роҳи онҳо интизорӣ мекашанд. Бинобар ин, вақте матни таронаро хондам, дарҳол дар андешаи оҳанг бастан шудам, зеро калимаҳои он воқеан ҳам, аламовар ва диққатҷалбкунанда буданд. Боварӣ доштам, ки он тез ба дили мардум роҳ меёбад.

— Чӣ гуна тавлид ёфт оҳанги фораму гӯшнавози он?

— Медонед, вақте матн хуб аст, оҳангаш низ бе ягон душворӣ эҷод мешавад. Фораму гӯшнавоз баромадани оҳанг аз шеър вобаста аст.

— Боре дар муҳоҷират будед ва ранҷу машаққати муҳоҷириро дидаед, ки ин қадар бо дарду бо алам ва як ҳиссиёти баланд мехонед таронаро?

— Не, аммо вақте ин таронаро мехонам, худро як муҳоҷир тасаввур мекунам, зеро ҷойи ман касе набошад ҳам, бо ба забон овардани калимаҳои шеър хаёл мекунад, ки дар муҳоҷират қарор дораду азобҳои мардикориро кашидаистодааст.

— Вақте ин таронаро бо сарояндаи хушовоз Ҳанифа Қурбонова хондед, миёни мардум овозае паҳн шуд, ки гӯё вай модари шумо бошад…

— Бале, худ низ ин овозаҳоро шунидам ва борҳо савол низ доданд, ки апаи Ҳанифа модарат аст? Дар ҷавоб, модарам не, холаам аст, мегуфтам.

— Бо ин бонуи ҳунар хондани таронаро кӣ пешниҳод кард?

— Вақте Сироҷи Абдулло – дӯсту бародари ман матни сурудро тӯҳфаам намуд, иброз дошт, ки онро бояд бо Райҳона Давлатова бисароям, вале рад кардам. Зеро кайҳо боз садои апаи Ҳанифа ба ман писанд омада буду мехостам як бадеҳае чун писару модар ҳамроҳ бисароем. Дар охир, ба муродам расидам.

— Аз рӯи шунидам, шумо ба наздикӣ аз Федератсияи Русия баргаштед…

— Дуруст аст. Чанде пеш ба шаҳри Маскав рафта будам, ба хотири наворбардорӣ кардани қисми сеюми суруди «Ғарибӣ». Хушбахтона, нақшаҳоям ҳама бо хушӣ амалӣ гаштанд ва Худо хоҳад дар рӯзҳои наздик натиҷаи меҳнатамонро ба мардум пешкаш хоҳем кард.

— Бо муҳоҷирон вохӯрдед?

— Бале, онҳо бисёр шод шуданд ва миннатдорӣ баён карданд, ки дар бораи онҳо низ мо, санъаткорон тарона мехонем ва нисбат ба тақдирашон бетараф нестем. Ҳатто як нафар аз бародарони тоҷики мо иброз дошт, ки дӯстонаш 4-5 сол дар муҳоҷират буданд.

Ҳарчанд падару модар ва пайвандонашон занг мезаданд, вале ҳеҷ нақшаи ба Ватан баргаштанро надоштанд, аммо баъди шунидани таронаи «Ғарибӣ» нисбат ба модар ва Ватан як меҳру муҳаббати хосае пайдо намуда, дар дилашон инсоф ҷо шуд ва ба назди пайвандонашон баргаштанд.

— Хеле хуб. Акнун мегузарем ба саволҳои дигар. Оиладор ҳастед, Наимҷон?

— Ҳоло не ва дар нақша низ надорам, зеро мехоҳам аввал як санъаткори муваффақ шавам, зиёд таронаҳо эҷод кунам, барномаи ҳунарӣ пешкаш созам, хулоса, зиндагиро фаҳмаму баъд хонадор шавам.

— Дӯстдухтар доред?

— Агар гӯям, ки не, шояд бовар накунед, аммо ин ҳақиқат аст. Азбаски падару бародарам санъаткоранд, аз хурдӣ сурудхонии онҳоро дида, ҳавас мекардам ва орзу менамудам, ки оянда сароянда шавам. Яъне ишқи санъат ҳанӯз аз солҳои наврасӣ дари диламро кӯфта буду намегузошт дар қалб ба ҷуз муҳаббати Илоҳӣ ва санъат меҳри дигареро ҷо намоям. Аз ин ҷост, ки ҳамеша ҳушу ёдам ба санъат аст.

— Бовар намекунам… Дар ин синну сол ҳар ҷавон ошиқ мешавад…

— Аммо ҳама фикру хаёлам банди санъату саҳнаю суруд аст.

— Дар ҳоле, ки ба духтаре дил надодаед, пас таронаи «Шаҳноза»- ро ба кадом хотир сурудаед? Онро ба кадом Шаҳноза бахшидаед?

— Баъди ба дасти мардум расидани ин тарона, чандин духтар ба ман занг зада, пурсиданд, ки сурудро ба кадом Шаҳноза бахшидаам? Маълум, ки онҳо Шаҳноза ном доштаанд, вале ин тарона супоришӣ нест ва ба касе низ набахшидаам онро. Аз хурдӣ номи Шаҳнозаро дӯст медоштам, барои ҳамин, хостам бо ин ном суруд хонам.

— Чӣ гуна оғоз мешавад, тарона?

Шабҳо ба ёдат, дилдодаи ман,

Ҷонам фидоят, Шаҳнозаи ман.

— Маълум, ки Шаҳнозаҳои зиёд ба шумо занг мезананду паёмакҳо мефиристанд…

— Бале, албатта, изҳори муҳаббат низ мекунанд, аммо ман наметавонам муҳаббати ҳар як духтарро қабул созам. Ҳамаи онҳоро дӯст медорам ва чун хоҳар, мухлис ва зан эҳтиром мекунам. Зинда бошанд, духтарону занҳои мо!

— Гуфтании дигар доред?

— Муваффақ бошед, барори кор хоҳонам.

Сӯҳбати Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

7 комментариев

  1. Daler:

    Dilam ba hamun sag suht, o chi hel saga mashk dodaand,ki bui odami dar nazdashhobbudaro gum kard.

  2. Мухочирбача:

    О чура агар худат хамон сага машк медоди шояд меёфт одама…афсус, ки вай саг аз сагхои тарбият кардаи худут набудастдия.

  3. Баха:

    блять как вы уже достали петь песни про трудовой мигранты вам что больше делать нечего? и что тут хорошего мы все знаем что такое (гариби) так что прекратите заниматься с ерундой

  4. МУХЛИС:

    Эй бародарон хами шербачаи точик ба хами сурудаш дили садхо нафарро ба Точикистони азизу падару модар, зану фарзанд ва додару бародар, апаву хохар гарм кардаву бисёре аз онхо пул фиристонак шуданду ба хонахояшон занг зада аз холу ахволи ишон мепурсанд. Магар ин кори хуб нест, ки ин додари азизи мо чунин як экдоми беандоза хуберо барои мухочирони мехнати ва хамватанони азизи дур аз ватани мо пешкаш кард? Худованд баракати зиндагиро насиби Наимчон гардонаду тамоми бурдборихоро барояш орзумандам…

  5. qwerty008:

    Наймчон гап нестай барои суруди модар

  6. САЛОМ НАИМЧОН БАРОИ СУРУДИ ГАРИБИ ТАШАКУР СЕРИАЛИ ГУФТАГИТ КАЙ МЕБУРО

  7. salom naim rahmat baroi surudi garibiat mo bahahoi casigin

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!