ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, ШАБНАМИ СУРАЙЁ!

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Таъсиси боз ҳам як гӯшаи нав — «Пайғом ба ситора» маро шод намуд, бинобар ин, хостам андеша, гуфтанӣ ва суханони пурмуҳаббатамро дар васфи Шабнами Сурайё – сарояндаи № 1 – и Тоҷикистон тариқи он гуфта бошам.

Вақте Шабнам рӯи саҳнаи ҳунар омад, ман хурд будам, вале ба ин нигоҳ накарда ӯро дӯст доштам ва мафтуни ҳунару истеъдод, ҳаракату нозҳо ва таронаҳои пурмазмунаш гаштам. Ҳарчанд баъзеҳо ӯро бадгӯӣ мекунанд ва тақлидкораш мегӯянд, вале бояд қайд кунам, ки ҳар кас ҳам наметавонад тақлид кунад. Бубинед, дигар санъаткорон низ аз эҷодиёти хориҷиён мехонанд, аммо он гунае, ки Шабнам мехонаду мерақсад, то ҳол ягон ҳунарманди дигаре наметавонад аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ барояд.

Баъдан, ин бонуи зебо дар баробари сурудҳои дигар ҳунармандонро хондан, худ низ тез- тез тарона эҷод мекунад, ки онҳо саропо мазмун, меҳранду муҳаббатанд ва шунавандаю бинандаро ба худ ҷалб месозанд. Ҳамчунин, ӯ дар интихоби сару либос низ ба хатогӣ роҳ намедиҳад, либосе ба бар мекунад, ки ҳам ба сурудаш мувофиқ меояд, ҳам дар танаш хеле шинаму зебо. Ба Шабнам ҳам либоси аврупоӣ ва ҳам миллии худамон хеле зебанда аст.

Чандин бонувони санъаткори мо ба ӯ тақлид карданд, имиҷашонро мисли Шабнам намуданд, аммо бо вуҷуди ин, Шабнам аз ҳамаи санъаткорон фарқ мекунад. Шахсан ман мухлиси садову симо ва имиҷи ӯям. Таронаҳояшро пайваста замзама намуда, ба он модаре, ки ӯро ба дунё овардаю ба камол расондааст, аҳсант мегӯям. Борҳо дар мактаб, ҳангоми танаффус бо ҳамсабақонам сурудхонӣ мекардем ва ман доимо аз эҷодиёти Шабнамҷон мехондам. Шояд ин рафторам ба ҷони онҳо зад, ки рӯзе ҳамсинфам ба ман рӯ оварда гуфт:

— Дигар сароянда набуд, ки ту Шабнамро дӯст доштӣ ва ҳамчун мухлис пуштибониаш мекунӣ? Куҷои ӯро дӯст дошта бошӣ- а? Урён ба саҳна баромаданашро ё ҳаракатҳои бемаънояшро?

— Бале, урён ба саҳна баромадану ҳаракатҳои бемаънояш маро мафтун кардаанд, гуфтании дигаре дорӣ?! – гуфтанам ҳамсабақамро асабӣ намуд ва мо ҷангу ҷанҷол кардем. Баъди ин, миёни ҳамсинфонам номи ман Шабнам шудааст, вале ғамгин нестам, баръакс, шодам, ки номи чунин як бонуи шӯҳратёрро ба ман тахаллус гузоштанд. Минбаъд, ҳар вақте вориди синфхона мешудам: «Омадӣ Шабнам»- гӯён ҳамсинфонам масхара мекарданд маро, аммо аз ин шод мешудаму ғамгин не. Рӯзе дар телевизион барномаи консертиеро пешкаши бинанда гардонданд. Он ҷо Шабнам бо Иззат Шарифӣ бадеҳа хонда буд. Фардо ба дарс равам, ҳамсабақонам: «Ҳа Шабнам, мегӯянд, ки бо Иззат Шарифӣ дуэт хондаӣ» — гуфта ба асабам расидан мехостанд, аммо тут ба муроди дилашон напухт.

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

— Бале, бо Иззат Шарифӣ бадеҳа хондаму акнун нақша дорам, ки бо Садриддину Баҳром суруд бихонам, чӣ буд? Шуморо алам мекунад? Шояд ҳамин ҳангом фаришае омин гуфт, ки пас аз чанде Шабнам бо Садриддину Баҳром дуэт хонда, пешкаши мо, мухлисонаш гардонд ва моро шод низ кард. Бовар кунед, Шабнамро аз наздик дидан орзуи деринаам буд ва Худованд маро ба дидори ӯ муяссар гардонд. Як хеши наздикамон тӯй дошту ободкунандаи маъракаашон Шабнам. Дар маърака мушоҳида кардам, ҳама зери таронаҳои шӯху дилангези ин бонуи хушовоз мерақсиданду шодӣ менамуданд, аммо ман ду чашм аз ӯ канда наметавонистам. Ҳангоми танаффус модарам назди вай рафта, дар бораи ман гап заданд. Ростӣ, хоксории Шабнамро дида, аз шодӣ гиря кардам, чӣ гуфтанамро надониста мондам.

— Гиря накун ҷони апаш, акнун маро дидӣ, аз наздик сӯҳбат кардӣ, боз барои чӣ ашк мерезӣ? – гуфтани ӯ маро ба худ овард. Дар анҷоми сӯҳбат рақами телефонашро ба ман дод, ва иброз дошт, ки агар ба шаҳри Душанбе равам, ҳатман занг зада, меҳмони ин бонуи зебо шавам. Ин суханони пурмеҳраш меҳру муҳаббатро дар қалби ман нисбат ба ӯ зиёдтар намуд ва дубора боварӣ ҳосил намудам, ки ӯ воқеан ҳам хоксор будааст. Аз Худованд талаб мекунам, ки Шабнам ҳамеша хоксору заминӣ бимонад ва ҳаргиз мисли баъзе ҳунармандон мухлисони хешро ранҷурдахотир насозад. Боқӣ, хушбахтӣ насиби ҳар яки шумо.

Шаҳноза, аз ш. Қӯрғонтеппа

P.S.: Хонандагони азиз! Дар ҳақиқат ҳам, рӯзи 14 – уми октябр зодрӯзи ҳунарпешаи шинохтаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайёст. Ӯ дар байни санъаткорони ҳамсолаш дар як муддати кӯтоҳ ном бароварда, соҳиби эҳтироми мухлисон гардид. Ҳунари сарояндагӣ ва маҳорати саҳнаороиаш боиси хушҳолии аҳли толорҳое мегардад, ки ӯ ҳунарнамоӣ мекунад.Толорҳои пур аз тамошобини консертҳояш бозгӯи маҳорати модарзодии вай мебошанд.

Дар робита ба ин масъала бо модари ӯ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, маликаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова тавассути телефон ҳамсӯҳбат гардидем. Чунонки ин ҳунарманди маъруф гуфт: «Ман пеш аз ҳама аз аҳли матбуот, бахусус, ҳафтаномаҳои «Зан ва мард» — у «Чархи гардун» сипосгузорам, ки дар рӯзҳои сахти ба сари оилаи мо омада моро бо мухлисонамон боз ҳам наздиктар карданд. Бо дуои мухлисону дӯстдорони суруду тарона ва чангу чағона рӯз мегузаронем. Оре, Шабнам рӯзи 14 — уми октябр зодрӯз дорад. Шабнамҷон як духтарча дорад бо номи Шарифамоҳ. Хурсандам, ки наберачаҳоям дар гирди бибиашон ҳамроҳи додарчаашон- Эмомалии чорсолаи ман мисли парвонаанд. Фарзанди калониам Бибирӯзигул маро доимо нигоҳубин карда меистад. Як сол пеш поям шикаставу даҳ моҳи дароз бистарӣ будам. Инак як моҳ мешавад, ки бо пойи худ роҳ меравам. Фикр мекунам, ки самимияти мухлисони ману духтаронам маро ба по хезонд. Бори дигар ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдории аҳли оилаамонро мерасонам.

Дар мавриди Шабнамҷон гуфтаниам, ки вай ҳамчун санъаткор ояндаи хуб дорад. Ҳунараш лоиқи дастгирист. Дар ҳалқаи аҳли оила, Худо хоста бошад, зодрӯзашро қайд мекунем, ба ӯ ва фарзандаш умри дарозу сиҳатию саломатӣ ва рӯзгори хушу хуррамро таманно дорам. Иншооллоҳ, дар фурсати муносиб ҳамроҳи фарзандон як барномаи калони консертӣ тартиб дода, мухлисонамонро шод мегардонем.

Мо низ аҳли қалам Шабнами Сурайёро бо зодрӯзашон табрик гуфта, барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу карда, саломатии комил, рӯзгори ободу зиндагии осударо орзу мекунем. Зодрӯз муборак, Шабнам!

Омодасоз Ҳотами Ҳомид, Дилангез Неъмонзода, «Зан ва мард»

zan va mard

Filed under: Номаҳои хонандагон,

4 комментария

  1. Каландаров Ильхом:

    Cалом Шабнамчон мо низ хам шуморо табрик мекунем аз номи бачакой ш. Москве бо чашни Зодрузат муборак бод шумо низ санаткори хубу ва сурудхой хуб низ хам доред. Саломат бошед ва боз бошед дар хама вакт

  2. БАХТИЁР:

    Салом апаи Шабнам. Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, Шуморо ба муносибати зодрузатон ва озоди шудани хохаратон Фарзона табрику тахният гуфта, аз Худованд тамоми бурдборихоро бароятон орзумандам…

  3. farid:

    salomu alaikum
    Vokean ham har inson jihathoi musbi va manfi dorad, chun peromuni shaxse bahoguzori kardan xostem in meyorro naboyad faromush, Shabnam dar baini mardum zud obru paido namud,ammo dar surati kadom shaxsiyat
    Gamxoru dilsuz,xoksoru sohibi pokdomanivu nakukor yo aksi on…
    Shaxsi nakukor doimo dar zehni mardum jovidonist,zero izzatro Xudovand ba nakukoron medihad,ammo badkirdoru shurattalab dar yak marhilai kutoh mashhur megardad bas

    • hakguy:

      дуруст гуфтед лекин доди худоба шукр кардан даркор чун ки шукр куни афзун шавад ношукри куни аз кафат берун шавад агар шабнам болои инка хоксориву дилсузи боз боодоб мешуд дигар хел мешуд … дар сахна бинед чигуна беодобихо мекунад аз худо наметарсад либосхои миллиро фаромуш кардаги инашро гуед?

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!