ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАҲОДУРИ ҒАФУРЗОД: «МАН БО ДУХТАРЕ ВОХӮРДАМ»

Баходури Гафурзод

Баходури Гафурзод

Баҳодури Ғафурзод – зодаи Душанбешаҳр, хатмкардаи мактаби 59-и пойтахт. Ӯ пеш аз ҳама  сарояндаи хушовоз аст ва бо садои фораму сабку услуби ба худ хос дар дилу дидаи мухлисони сершумор ҷой гузидаву маҳбуби дилҳо гаштааст.

Садои рӯҳнавози Баҳодур дилҳоро тасхир сохта, дар хилватгаҳи қалби кас маскан мегирад. Ӯ зебо суруд мехонад ва матнҳои мувофиқу ба дили мардум наздикро интихоб мекунад. Ба наздикӣ Баҳодур дар филмномаи наврӯзии телевизиони «Сафина» нақши ҷавони ошиқро хеле ҷолиб бозӣ кард ва аз тарафи тамошобинони сершумори ин шабака бо сарфарозӣ пазируфта гардид. Дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳама хурду калони Тоҷикистон танҳо аз ин бобат ҳарф мезаданд. Бо дархости мухлисони бешумораш Баҳодурро пайдо намуда, сӯҳбат оростем ва инак хонандаи азиз, онро пешкаши шумо месозем.

-Кадом рӯзу солро бобарор меҳисобед?

-Аслан барои инсон ҳама рӯзи атофармудаи Худованд бо неку бадаш бобарор аст. Вале баъзан нобарори бо айби худи инсонҳо онҳоро думболагир хоҳад шуд. Ба ҳар як рӯзи додаи Кирдигор шукргузорам, ман бандаи ношукр нестам. Албоми 4-и худро баҳри ҳаводорони хеш пешкаш намудам. Ин албом натиҷаи заҳматҳои чорсолаам аст ва аминам, ки барои мухлисони азизам беҳтарин тухфа аст. Барои ман ҳама рӯзе, ки бо мухлисони азизам рӯбарӯ шаваму барояшон лаҳзае чанд хушнудиву шодмониро бо суруди хеш эҳдо созам, рӯзи бобарор аст.

-Тамошобинон аз дидани филми «Ман бо духтаре вохӯрдам»-и ТВ «Сафина» мутаассир гаштанд. Оё шуморо нақши иҷрокардаатон қонеъ мекунад?

-Ягон коре нест, ки бе камбудӣ бошад. Ман барои иҷрои он нақш аз дилу ҷон кӯшиш кардам. Вақте ба кас бовар карда иҷрои нақшро месупоранд, пас ба ту боварӣ доранд ва мекӯши, ки сазовори бовариашон гардӣ. Ман ҳам ба он нақш бо назари ҷиддӣ нигариста, саъй кардам, ки бештар писанди дили тамошобинон гардад. Агар заррае хотири ҳаводорони азизамро болида гардонда бошам, сарбаландам. Зеро баҳои ҳаққониро танҳо онҳо хоҳанд дод.

-Қаҳри аз кӯча бардоштаи хешро ба сари хонадон мерезед?

-Ҳаргиз! Вақте ки дар қаҳр мешавам. Як мақоли русиро ба хотир меоварам, ки гуфтаанд: «Ин беақлии муваққатӣ аст». Инро ба худ мегӯяму ба хонаам ворид шуда, тифлаконам Шоҳрухҷону Шаҳзодаро мебинаму ҳама аламро фаромӯш месозам.

-Мегӯянд, ки ҳунармандон ҳар гоҳе ошиқ мешаванд?

-Мо ҳам мисли ҳамаи инсонҳо дил дорем ва ба таври ҳақонӣ ошиқ мешавем ва на хар рӯз албатта. Мардум моро беҳуда бадном мекунанд. Албатта духтари зебо манбаи илҳоми ҳар як эҷодкор аст. Мо аслан аз дили ҷавонҳои ошик месароем ва хеле зиёд заҳмат ба харҷ медиҳем, ки ба шунаванда таъсир бахшад ва то дер гоҳ дар қалби ӯ боқӣ монад.

-Шумо Садриддинро устоди хеш меҳисобед аз ин рӯ сабки ӯро пайравӣ мекунед? Барои ин кор аз тарафи ӯ боре норозигиро ҳис накардаед?

-Албатта ман аз дӯстдории хеле зиёд сабки ӯро пайравӣ мекардам. Ман аз устоди азизам Садриддини Наҷмиддин хеле зиёд миннатдорам. Зеро ба саҳнаи калон ӯ маро роҳнамоӣ кардааст. Ҳурмати он касро аз ҳама боло медонам ва сурудҳояшонро мехонам. Ман медонам, ки он кас ҳамчун устод мехоҳанд, ки ман ҳам роҳу равиши худро дошта бошам ва танҳо ба тақлид дода нашавам. Аммо боре эрод нагирифтаанд.

-Шумо ҳанӯз аз айни наврасӣ ба сурудхонӣ оғоз кардаед?

-Назар ба гуфти волидонам  дар овони кӯдаки, яъне ҳанӯз дар синну соли боғчаравӣ тағораро навохта суруд мехондаам.

-Зангҳои мухлисдухтарон, албатта боиси рашки ҳамсаратон ва ноҳинҷорӣ дар хонадон аст?

-Не ҳаргиз чунин нест! Вай ки мухлис бошад, моро қадр кунад ва занг зада истад, албатта ба ҳунарманд илҳом мебахшад, на ноҳинҷорӣ. Онҳо хуб медонанд, ки ман оиладорам, соҳиби ду фарзанди нозанин ҳастам ва ҳамсарамро дӯст медорам. Духтарон танҳо аз рӯи мухлис буданашон ба ҳунарам зангам мезананд.

-Агар сароянда намебудед, шомили кадом касб мешудед?

-Албатта варзишгар мешудаму бо футбол сару кор мегирифтам.

-Дар оилае, ки тарбият ёфтед, байни волидонатон якдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад?

-Онҳо якдигарро хеле хуб мефаҳманд ва ба қадри якдигар мерасанд ва то имрӯз Худоро шукр  муносибати хеле хуб ва эҳтиромона доранд. Мо, ки дар чунин муҳит тарбият ёфтаем, хоҳу нохоҳ чунин тарзи зиндагиро барои худ ба мерос гирифтаем. Ҳанӯз аз наврасӣ орзу доштам, ки мисли онҳо зиндагиро пеш хоҳам бурд ва бо хости Худованд рӯзгори ободу осуда дорем.

-Агар байни ҳамсари шумо ва модаратон бахс шавад, тарафи киро мегиред?

-Аввал ин ки ман ба кори занҳо дахолат намекунам. Вале дар байни онҳо боре чунин рафторро эҳсос накардаам. Ҳардуяшон ҳам оқилаву фарзонаанд ва ҳамдигарро хеле хуб мефаҳманд ва ҳоҷат ба баҳс нест.

-Агар ҳамсаратон аз шумо ранҷад бо кадом восита дилашро ба даст меоред?

-Аввал кӯшиш мекунам, ки наранҷад. Ба ҳар ҳол агар ранҷад, албатта бо тӯҳфаи хеле хуб дилашро ба даст меорам-дия!

-Дар ягон бобат бароятон маслиҳате пешниҳод намояд, ақидаи ӯро ба назар мегиред?

-Хатман! Охир ман ӯро ҳурмат мекунам. Дар масъалаи пӯшидани либоси саҳнавӣ бонуи хонадонам беҳтарин маслиҳатгарам аст. Аммо дар ҷодаи санъат, хоса интихоби шеъру оҳанг ӯ ҳоло на он қадар хуб дарк мекунад.

-Шумо боре ба истироҳат ниёз доштани аҳли оилаатонро андеша кардаед?

-Албатта, ин масъала дар оилаи мо аввалиндараҷа аст. Ҳамеша дар рӯзҳои истироҳат бо ҳамроҳии аҳли байтам ба истироҳатгоҳе ва ё ҷои хушобу ҳавои канори шаҳр рафта фароғат мекунем. Хеле хуб мефаҳмам, ки бонуи хонадон ба ғайр аз кору бори хона ва тарбияи кӯдакон ба истироҳат кардан ҳам ҳақ дорад ва ба навозишу парастиши мо мардон ниёз дорад.

-Барои дастгирии шахси муҳтоҷе ё дасткӯтоҳе ҳам вақт меёбед?

-Албатта ин кори хайрро вақте мекунӣ, бояд ба касе даҳон накушоӣ. Ман бештар ба хонаи кӯдакон меравам, зеро онҳо ба дастгирии мо бештар мӯҳтоҷанд. Набояд мунтазири фаро расидани моҳи шарифи Рамазон шуд. Зеро мӯҳтоҷон тамоми моҳҳои фасли сол ниёз ба мардумони доро доранд.

-Дар охир ба мухлисони худ чӣ таманниёте доред?

-Мехоҳам ҳамаи мухлисони азизам ва кулли мардуми тоҷик обод бошанд ва дар хонаҳояшон ҳамеша рӯзҳои шодию нишот дошта бошанду ниёз ба ҳунармандон низ дар онҳо бештар бошад. Мо ҳамеша омодаем, ки шарики шодию фараҳи мардуми азизамон бошем.

«Дукони пурасрор»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Амина:

    Ба ман бисёр махкул аст сурудхои Баходури Гафурзод.

  2. Манучехр:

    Баходур бисёр хуб месарояд аммо барои чи сурухои нави у дар чои дискфурушихо намебарояд????

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!