ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СӮҲРОБИ МАҲМУД — ИШҚИ АВВАЛАШРО БА ЁД МЕОРАД?

Сухроби Махмуд

Сухроби Махмуд

— Хуб, акнун бигӯед, ки дар ин рӯзҳои тирамоҳӣ ба чӣ корҳо машғулед?

— Агар рости гапро гӯям, айни ҳол банди тӯю маъракаҳоям. Албатта, дар баробари ин, ба эҷоди суруду оҳангҳои нав низ машғулам.

— Баъзеҳо андеша доранд, ки барои сарояндаи муваффақ шудан муҳимтар пул аст, на ҳунару истеъдод…

— То андозае ин гуфтаҳо ҷон доранд, зеро агар истеъдод дошта бошию пул не, пас наметавонӣ истеъдодатро ба дигарон нишон диҳӣ. Барои ҳамин, дар баробари ҳунар доштан, агар маблағ низ дошта бошӣ, «нуран ало нур» мешавад.

— Боре шунида будам, ки духтарони зиёд ба шумо занг зада изҳори муҳаббат мекунанд, рост аст?

— Бале, хеле зиёд занг мезананд ва дарди дил мекунанд, аз ишқу муҳаббат ҳарфҳои пурмазмун мегӯянд, вале чун ман оиладору соҳиби хонаи ободам, наметавонам муҳаббати онҳоро қабул созам. Мехоҳам, духтарон на ба ман, балки ба ҳунарам, ба садоям ва ба сурудҳоям ошиқ шаванд.

— Чун ин ҷо сухан дар бораи оила рафт, мехостам бидонам, ки бо муҳаббат хонадор шудед ё янгаро волидонатон интихоб карданд.

— Падару модарам келинашонро интихоб карданд ва хато низ накардаанд, зеро ҳамсарам ҳеҷ камбудӣ надорад, на дар рафтору на дар гуфтор.

— Аммо аз рӯи маълумоти доштаам дар оилаи шумо гапи ҳамсаратон қонун аст…

— Не, ин ҳама дурӯғанд. Ягон марди тоҷик намехоҳад, ки ҳамсараш роҳбар бошад, ҳар яке сиёсати худро дорад.

— Як вақтҳо овоза буд, ки зани дуюм низ доштаед…

— Уф, ин гапҳоро аз куҷо фаҳмидед? Монед ҳамин овозаҳои беасосро. Наход шумо ҳам бовар кунед гапу гапчаро?

— Албатта, тавре мегӯянд — «шунидан кай бувад монанди дидан», вале ба ҳар ҳол аз шумо пурсон шудам, мақсадам шуморо асабӣ кардан набуд…

— Ман маблағи зиёд надорам, ки барои ду оила сарф кунам. Як зану фарзандони ба ҷон пайвандамро хуб нигоҳубин созам, бароям давлат аст.

— Мегӯянд, ки боре ба зани аз худатон калонсолтаре ошиқ шудаед…

— Бале, ин ҳангоми мактабхонӣ буд ва духтаре, ки девонавор дӯсташ дошта будам, аз худам як сол калон буд. Ӯро хеле зиёд дӯст медоштам.

— Ҳоло чӣ? Дӯсташ намедоред? Ё умуман боре ҳам ӯро ба хотир намеоред?

— Агар гӯям, ки не, шояд бовар накунед, вале ин ҳақиқат аст. Охир, ӯ ҳоло шавҳар дорад, соҳиби зиндагии ободу фарзандони солим аст, ман низ ҳамчунин, пас чаро бо фикрҳои бемаъно сарамро гаранг кунам?

— Аммо мегӯянд, ки ишқи аввал ғӯраи сармозада…

— Бояд хирагӣ карда ҷавоб гиред – а? Кам- кам ба ёд меорам ӯро, зеро ишқи аввалам аст.

— Як сурудро бо хонум Манижа хонда будед…

— Бале, аммо имрӯз мо ҳамкорӣ надорем. Ҳарчанд мехостам, ки бо ӯ бадеҳае бихонем, аммо… Вале ҳар вақте набошад, омодаам, то бо ӯ суруд бихонам.

— Идеали шумо дар санъат?

— Бисёр дӯст медорам сурудҳои ҳиндиро ва кӯшиш мекунам, ки бо ҳамон сабку услуб тарона бихонам.

— Нақшаҳои ояндаатон?

— Рости гап, ният дорам, ки ба Ҳиндустон сафар намуда, бо ҳунармандони он ҷо ҳамроҳ тарона бихонам ва клип бисозам. Агар Худованд розӣ бошад, меравам, агар не…

— Барои сӯҳбат як ҷаҳон ташаккур.

— Саломат бошед.

Мусоҳиб Абдураҳмон Ҳакимзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!