ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗИЁВИДДИНИ НУРЗОД: «ДИГАР ДӮСТАТ НАМЕДОРАМ!»

Зиёвиддини Нурзод

Зиёвиддини Нурзод

«Дигар дӯстат намедорам»-мегӯяд ситора ба бонуе, ки ба қадри ишқ намерасад. Аз рӯзи ба саҳна баромадани Зиёвиддин вақти бисёре нагузаштааст, вале аллакай дар тамоми ҷумҳурӣ касе нест, ки ин сарояндаи хушовозро нашиносад.

Зиёвиддин ва Сайфуллои Бозор барномаҳои шабакаи «Садои Душанбе»-ро пеш бурда истода, бо дарёфти имконият суруд мехонданд. Акнун Зиёвиддин ситораи санъат асту Сайфулло ҳам гоҳо ба қавли мардуми шимол милтос мезанад. Аммо бо вуҷуди чун сароянда машҳур шуданаш Зиёвиддин ба касби асосии худ -журналистӣ хиёнат накард ва ҳамчун барандаи барномаҳои «Садои Душанбе» монд.

-Зиёвиддин! На ҳар як сароянда имкон ё ғайрате дорад, ки соле як маротиба консерт барпо намояд. Аммо шумо баъзан ҳатто ду маротибагӣ консерт мегузаронед. Соли гузашта ба консертатон сарояндаи нобино Матлуба Раҳимова омад, аммо аз сабаби пур будани толор ӯро даромадан нагузоштанд. Ҳарчанд аз дарбонҳо хоҳиш намуд, ки рафта дар кунҷаке мешинад, аммо дили сангини онҳо об нагашт. Матлуба интизор шуд, ки кай консерт ба охир мерасаду қисмати дуюми он оғоз мешавад, то ба консерти ҳофизи дӯстдоштааш дарояд. Агар шумо хабар мешудед, ки Матлуба Раҳимова дар паси дар аст чӣ кор мекардед?

-Ҷавоб ба қисми аввали савол: Ман фикр мекунам, ки баргузоркунии консерт ягон хел мушкилот надорад, ба шарте, ки барномаи аввалини консертиат бе мамоният паси сар шуда бошад. Вақте мебинӣ, ки толор пур аз тамошобин аст, ин ба кас қувваи нав мебахшад ва кӯшиш мекунӣ, ки консертҳои навбатиатро боз ҳам беҳтар баргузор намоӣ. Шояд аз тақдиру қисмат бошад, ки тӯли чор сол ман пайваста дар кохи Ҷомӣ консертҳои худро мегузаронам ва то ҳол ягон хел душвориеро ҳис накардаам.

Дар ҳар консерт мухлисони зиёде паси дарҳои баста мемонанд, аммо чи кор кунам, ки илоҷе надорам. Агар медонистам, ки хонум Матлуба дар паси дар аст, худам рафта ӯро бо баҳонае ба толор ворид месохтам. Аммо афсӯс, ки бехабар мондаам. Имсол ҳам 3-юми июл барномаи консертиам таҳти унвони «Зиндагӣ ман гила дорам» барпо гашт ва аз мухлисон хеле сипосгузор гаштам.

-Мухлисе дар роҳ Зиёвиддинро шинохт, аз шодӣ дар куртааш нағунҷида дар ҷояш истоду салом дод. Мехост чизе пурсад, аммо ҷавоби салом додию рафтӣ. Мухлис ноумед монд?

-Овозхон як нафар асту ҳаводорон ҳазорон. Вай наметавонад, ки дар баробари ҳама истодагарӣ бикунаду саломи ҳамаро алайк бигирад. Овозхон ҳам инсони оддӣ асту аз хатоҳо эмин нест. Рӯзҳое мешавад, ки то 500-600 нафар ба овозхон занг мезанад. Ман наметавонам, ки бо ҳамаи онҳо ҳамсӯҳбат шавам.

-Аз рӯи вазифа ҳамеша бо сарояндаҳо дар алоқа ҳастем. Аммо овозхоне, ки ҳамеша телефонаш ҷавоб диҳаду ба саволат посух бигӯяд, хеле кам аст. Бештар ҷавононе, ки бо як-ду суруд номвар шудаанд, вақте суроғашон мекунӣ, мегӯянд, ки ман акош ё шогирдашу худаш нест. Шумо ҳам боре чунин кардаед?

-Худо нигаҳ дорад аз чунин кор. Агар рӯзе ба ман кам касон занг зананд, зиқ мешавам. Он касоне, ки аз сӯҳбат мегурезанд ба хотири афзудани шӯҳраташон ин гуна корҳои ношоямро мекунанд. Ин ҳама аз беандешагист. Вақте касро суроғ мекунанд, бояд ҷавоб гӯяд. Муҳим он аст, ки дар зиндагӣ туро мепурсанд. Ба хотири чизе занг мезананд, вагарна дар ин замона касе суроғ намекунад.

-Ҳоло сарояндагоне, ки андак машҳур мешаванд, телех (ҷондор) мегиранд. Зиёвиддин ҳам хеле шӯҳратманд аст, телех нагирифтааст?

-Ин кор барои ман хандаовар менамояд. Телехро овозхонҳои кишварҳои мутараққӣ, ки мавқеи баланд доранд, мегиранд. Агар мегуфтанд, ки Майкл Ҷексон ба худ муҳофизатчӣ дорад, бовар мекардам, зеро пулу пайсаи вай андоза надошт. Даромаде, ки онҳо аз як консерт мегиранд, ҳазор овозхони тоҷик он қадар даромад надорад. Дар мо ҳангоми консертҳо муҳофизатчӣ даркор, аммо вақти дигар даркор нест.

-Овозхонҳои мо бештар суруду оҳангҳояшонро аз мардуми Эрону Афғонистон мегиранд ва бо андак дигаргунӣ моли худ мекунанд. Дар Зиёвиддин ҳам ин одат ҳаст?

-Ман фақат дар як таронаам каме аз овозхонҳои Эрон истифода бурдаам, бо номи «Дӯстат дорам». Боқӣ ҳамаи сурудҳоям моли худам аст.

-Чи овозаҳои тозаро дар ҳаққатон шунидаед?

-Ростӣ, дар бораам овоза бисёр аст, аммо асос, ки надоранд, зуд пош мехӯранд.

-Дар хотир доред, ки дар оғози ба овозхонӣ қадам гузоштанатон чӣ қадар зиддиятҳое буданд?

-Ҳеҷ кас дӯғи худро турш намегӯяд, аммо дар ҳақиқат эътирозҳо буданд, ки «ӯ журналист аст, Донишкадаи санъатро хатм накардааст» ва ғайра. Аз шунидани ин гуна гапҳо нороҳат мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешудам. Ҳар чи ки хондаам, на барои шӯҳрат, балки барои дили худ барои орзуҳои нотамоми худ хондаам.

-Соли паланг ҳар дафъа барои инсоният ташвишҳо меорад, мисолаш аён аст. Шумо аз паланг чӣ дидед?

-Ягона воқеаи хотирмон дар ин сол консертам буд. Дигар аз соли 2010 ман розӣ нестам. Азият, асабоният ва ҳолати бади рӯҳӣ маро дунболагир буданд ва то ҳанӯз аз онҳо халос нашудаам. Ин гуфтаҳо нисбат ба атрофиёни ман аст. Гумон мекардам, ки онҳо дар ҳамаи пастию баландии зиндагӣ дар паҳлӯи ман меистанд, аммо афсӯс… Ҳамеша худро тасаллӣ медиҳам, ки «Шод бояд зистан, ношод бояд зистан». Ба як ҳисоб дар соли 2010 ман зиндагиро аз нав дарк кардам. Хубтар фаҳмидам, ки инсонҳо ба чи хотир зиндагӣ мекардаанд. Ба чӣ хотир ба ҳамдигар муҳаббат мекардаанд, дӯст медоштаанд. Чаро вақте ба касе кӯмак кардан мехоҳӣ, кӯмакатро рад мекунад. Аммо нафари дигар кӯмаки туро бемамоният қабул мекунад! Муҳаррама Шарифова дар як таронааш мехонад:

Дили ман дунёро шинохтӣ, дили ман,

Марду номардиро шинохтӣ, дили ман.

Гуфтаниҳо бисёр дорам, аммо бас аст, метарсам, ки боз овозаҳои нав набароранд.

-Вақте ба сӯҳбат омадам, шумою Сайфуллоро дар ҳалқаи хонумҳои зиёде дидам. Магар онҳо дӯстдоштаҳои ҳардуи шумоянд?

-Не, онҳо ҳамкорони моянд. Дӯстдорон пас аз нимрӯз меоянд. (механдад)

-Дар болои кадом сурудҳо кор карда истодаед?

-Таронаҳо зиёд дорам. Гумон мекунам, ки онҳо боз як албоми нав хоҳанд шуд, ва он иншооллоҳ бо номи «Дигар дӯстат намедорам» мебарояд.

-Магар мумкин аст ба ҷинси латиф «Дигар дӯстат намедорам!» гуфтан?

-Бале, мумкин аст, вақте ба қадри муҳаббати ту намерасад. Вақте эҳсоси воқеии туро нодида мегирад. Таронае дорам бо номи «Дӯстат намедорам».

-Ташаккур барои сӯҳбати зебо! Умед мебандем, ки дар оянда дар лексикони Зиёвиддин ибораи «дӯстат намедорам» роҳ наёбад!

Убайдуллоҳи Ширин, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Фарходи Азиз:

    Садои бародар Зиёвиддин,новои андалебон аст.Сурудхояш, таскини дилхои мухлисонаш аст.

    Эй садоят,аз навои булбулон ояд ба гуш,
    таскини дардхои калби мухлисон гардад,бале!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!