ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: «МАНИЖА БОНУЕСТ, СОҲИБИ ДИЛИ СОФУ БЕКИНА»

Зулайхо Махмадшоева

Зулайхо Махмадшоева

Зулайхо 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Мактаби миёнаи рақами 1-и он ҷоро хатм намуда айни  замон сокини пойтахт аст. Вақте ӯ суруди «Ватан»-ро рӯйи саҳна сароид, ҳама ангушти ҳайрат газиданд, ки Манижаи Давлат дубора  ба саҳнаи ҳунар баргаштааст.

Зеро ӯ мисли Манижа зебо аст ва зебо суруд мехонад. ӯ меҳри беандозаи нисбати Манижа доштаи мардумро боз ҳам афзунтару бедортар кард. Ҳаводорони сабки Манижа ин духтараки нозукандоми шаҳлочашмро дар рӯйи саҳна дида фараҳманд аз он буданд,  ки он садои ошнову ба дил наздик боз садо дода қалбҳои ташнагони савту навои Манижаро андаке бошад ҳам таскин мебахшад.

Зеро меҳри суруди Манижаро ҳамеша дар дил доштанду мепарастиданд. Инак Зулайхо мисли Манижа рӯйи саҳна омада дилҳои мардуми ҳунардӯстро мунаввар месозад. Мухбири мо бо ин духтараки наҳифпайкари соҳиби садои махмалин ҳамсӯҳбат гашта, фишурдаи онро пешкаши хонандагони азизи ҳафтаномаамон месозад.

-Имрӯз фикр мекунам, ки шумо бо ҳунари овозхониатон мардумро қоил кардани ҳастед?

-Санъаткор шудан орзуи кӯдакиам буд. Ҳамеша машқи сурудхонӣ мекардаму дар олами орзуҳо парвоз доштам.

— Мусиқии ба дил наздикатон?

-Ҳамаи он мусиқиҳое, дар он суруди Манижаи Давлат садо медиҳад.

-Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки шумо аз ҳар ҷиҳат ба Манижа Давлатова монанд ҳастед, худатон чӣ ақида доред?

-Бале, ба ман ҳам мегӯянд, ки ҳатто гапзаниам ба ин бонуи нотакрори ҳунар монанд аст. Нигоҳҳоят низ кам-кам монанд аст, мегӯянд. Манижаро бо тамоми дил дӯст медорам. Сабку услуби сароиданашро мепарастам. Шояд аз меҳру ихлоси беандоза доштан ба ӯ як андозае монанд гашта бошам. Агар заррае ба Манижа монанд бошам, боиси ифтихорам аст.

-Сабки ӯро пайравӣ мекунед?

-Рости гап дар аввал пайравӣ карда ҳатто сурудҳои Манижаро мехондам. Ҳоло бошад мехоҳам ба худ монанд бошам. Ӯро устоди маънавии хеш меҳисобам.

-Шояд ба Манижа писанд нест ин монандӣ?

-Не, баръакс, ӯ хеле хурсанд аст аз ин монандӣ ва баъзан дар ҳайрат низ ҳаст. Ӯ ҳатто маро дастгирӣ мекунад ва хеле зиёд орзу дорад, ки маро рӯйи саҳна бубинад. Ба наздикӣ бароям сурудеро тақдим намуд.

— Чӣ суруд аст он?

-Ин суруд «Марав-марав» ном дошта, ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дорад. Ва дар рӯзи зодрӯзам – 9-уми сентябр аз тарафи устодам Манижа Давлатова тақдим карда шуд.

— Пас шумо ҳам зодаи истиқлолед?

-Оре, барои падару модарам тӯҳфаи идона ҳастам.

-Барои мухлисону ҳаводоронатон низ. Шояд Манижа овозаи монандии шуморо шунида суроғатон намуд?

-Не, ман худам хеле вақт Манижаро ҷустам. Орзу доштам, ки як бор ӯро аз наздик дида, дуо бигирам ва нисбаташ меҳру ихлоси зиёд доштанамро изҳор намоям. Ниҳоят ба мақсади дилам расидам. Зеро Манижа соҳиби дили бузург аст ва ҳар кас наметавонад ба ӯ баробар шавад. Охир бисёриҳо ба худ андаке монандро бубинанд нороҳат мешаванд.

Аммо Манижа маро бо меҳрубонӣ пазируфт ва бо як самимияти ба худаш хос дастгириям намуд. Ҳоло барои таҳия гаштани албоми нахустини сурудҳоям низ дасти инояти хешро дароз хоҳад кард. Манижа бонуест, соҳиби дили софу бекина ва бо он ҳама шӯҳратёрӣ, инсони хоксору самимӣ ва дилёбе ҳаст. Ман фикр мекунам, ки сабаби маҳбубияти ӯ то имрӯз байни мардум ин дорои чунин хислатҳои инсонӣ буданаш аст.

— Дар кадом маврид аз худ қонеъ мешавед?

-Он замоне, ки албоми сурудҳоямро таҳия созам, дар ҷодаи ҳунар мисли Манижа муваффақ гардам, байни мардум шинохтаву маҳбуб гардам, тавонам барои мардуми азизам хизмати шоистае бикунам, оилаи солим барпо намоям ва ғайраву ҳоказо. Ба фикрам инсон ҳеҷ гоҳ аз худ қонеъ намегардад.

— Кадом хислати айёми кӯдакиатон то имрӯз боқист?

-Ҳурмати аз худ бузургонро ба ҷо овардан ҳамеша бо ман аст.

— Шояд падару модаратон мехостанд, ки ягон касби дигарро соҳиб бошед?

-Албатта, модари ман – Раъно Маҳмадшоева мисли ҳамаи модарон орзу доштанд, ки маро дӯзандаи моҳир бубинанд. Аммо шавқу ҳаваси беандоза маро нисбати ҳунар эҳсос намуда бароям дуои нек доданд ва дастгиру мададгорам ҳастанд.

-Агар хато накунам суруди «Ватан» Зулайхоро байни мардум муаррифӣ кард. Онро кӣ эҷод кардааст ва ҳангоми сароиданаш шуморо чӣ ҳиссиёте фаро мегирад?

-Ин шеъри шоира, сарвари  Кумитаи бонувони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Гулбаҳори Мардон аст. Тамоми буду набудам ва меҳри беандозаам нисбати ин Ватани азизу муқаддас дар ин суруд ифода мегардад. Агар бо ин суруд муҳаббати хешро изҳор карда, то ба дили мардум расонида тавониста бошам, сарбаландам.

-Бо шумо ҳамкорӣ кардан осон аст?

-Бисёриҳо бо як дидан хислати маро меписанданд, яъне метавонам зуд дар дилҳо ҷой бигирам. Дар бораи ҳамкорӣ бошад, то ҳол касеро аз худ норизо надидаам. Метавонам дӯсту ҳамкори боэътимоде бишавам.

-Расман машғули коре ҳастед?

-Аввал ният дорам, ки Консерваторияи миллиро хатм намоям, сипас ба кори доимие машғул хоҳам шуд.

-Ташаккур барои сӯҳбати гуворо.

-Ба шумо қаламкашон низ дар кору эҷодатон барору тавфиқро хосторам.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

20 комментариев

  1. Гариби Ватан:

    Дархост аз созмондихандагони ин сомона. Хохишмандем, ки сурудхои ин бонуи зебо Зулайхоро дар сомонаатон чой дихед. Барои ин хама захматхоятон арзи сипос мекунем. Бисёр кушиш кардаед, ки то дили мо гарибонро ба ёди ёру диёр ва падару модар чалб кунед. Дуо гуи шумо Гариби Ватан!!!

  2. МУХЛИС:

    Дуруст аст, ки Манижа бонуест сохиби дили софу бекина. Аммо ин маънои онро надорад, ки шумо хонум метавонед дар санъати точик чойи холии уро пур кунед. Афсус. У буду санъату савту суруд. Манижае буд, ки бо суруду мусикии чазобаш дили садхо нафарро рабуда ва дар дидаи мухлисонаш хамчун гавхараки чашм чой пайдо кардааст. Афсус аз он мехурем, ки баъд аз сахна дур шудани Манижабону бисёр санъаткорону ситорахо пайдо шуданд, ки чойи холии уро пур кардан натавонистанд ва нахоханд тавонист. Умед аз Худо дорем, ки хар кучо бошанд сихату саломат ва рузе аз рузхо боз дар сахнаи калон дидор кунем. Дар хакикат сахнаи хунар имруз бе Манижаи Давлат — бе давлат аст.

  3. sirt:

    Зулайхо, ту бехтарини! Бисёр мехостам мисли ту дустдоштае дошта бошам! Курбони садову нигохи ту!

  4. khairiddin:

    Агар дар хакикат Манижа туро пазируфта бошад пас арзандаи! ба ту барор мехоам Зулайхо! Хоксорй ва шарму хаёро аз даст мадех!!!!!!!

  5. Шахриноз аз Кулоб:

    Салом Зулайхо! Хуш омади! Аввалинбор тура таввасути телевизор сурудхониатро дар Амфитеатр дидам. Агар бовар кунед ё на аз хурсанди Ба номи Худованди бузург дар чашмонам ашки шоди чори шуд. Ман дар симои ту Манижаро дидам. Ту бисёр ба у монанд хасти. Овозат симоят хатто сурудхонию нозхоят ба Манижачон монанд аст. Харчанде ки бо амри тагдир Манижачон сурудхони намекунад, аммо хазоронбор шукри Худованди таоло ки У туро офарид.Лекин мо рухафтода намешавад ва то охири нафас баромади Манижаро интизорем!!!

  6. Хардуи шумо бехтаринен.

  7. Бигузор Зулайхо то ба кулахое Манижа аст нарасида бошад вале вай истеъдод дорад.Саломат Боши Зулайхо ба шумо бурдборихо орзумандам

  8. shukrona:

    Ту бехад хусни зебо дори ва овози форам ва ба ту дар санъат будборихо орзумандам бигзор то охири умрат овозхони машхур шави дар Точикистони азизамон.!!!!!!!

  9. zulayho zang zan ma yuzosif yake oila barpo meknem 904567272

  10. zulayhojoni ma chiba zang nazadi?

  11. салом апаи азизам Манижан ва хохари азизам Зулаихо ман дар апаи Манижа гап надорам ва ба ин шогирдаш гуфтаниа ки вактоки ба сахна е клип мебарояд авал либосхои хуб бипушад ва шарму хаеро нигохдорад ва бад мо мухлисон мегуем (Мо садоятро шунида дар фазои орзу бо садои дар кучои Зулаихо чусту чуят мекунем)

  12. ха Махваш рост мегуяд тохол ба кула нарасидааст иншоаллох мерасад агар сили Манижа рафтор кунад! Ва мохам хохони онродорем ки хамеша хардуи онхо дар руи сахна бошанд ба шцмо барори кор хохонам…

  13. Салом! Бале дар ин чо кайд кардахои мухллисони апаи Манижа друст кайд карданд, ки шогирдашон мисли худашон хофизаи пок дил шавад!

  14. агар зулайхора ва апаи манижара монадкада бошед сёравно дилашон бахам монандие надорад?????

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!