ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗАЙНУРА ПУЛОДОВА: «СУРУДҲОЯМ САДОИ ДИЛИ ҶАВОНҲОИ ОШИҚ АСТ»

Зайнура Пулодова

Зайнура Пулодова

Зайнура дар оилаи санъаткор ба дунё омадаву ҳар субҳ бо садои мусиқии тори падар ба истиқболи рӯз чашмашро боз намудааст. Ҷаҳони ботиниаш бо ҳунар сахт марбут буда, шеъру тарона қалбашро ғановату нерӯи тоза мебахшад.

Ва ин ҳарорату меҳри беандозаро нисбати ҳунар Зайнура бо як ҷаҳон ихлосу садоқат ба мухлисони хеш пешкаш месозад. Ду нафар гулдухтарашро бо суруди рӯҳнавозаш алла гуфта, ормони дил бишкастааст. Дугоникҳои нозанинаш Сомеа ва Сонияро бо ноз парвардаву орзуи ҳунаромӯзиашонро дар дил мепарварад. Садояш ҷозиба дорад ва касро водор месозад, ки онро бо гӯши дил бишнавад. Садои форами Зайнура бо як осонӣ аксари мардумро водор намуд, ки ба як моли рекламакардааш бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

-Дар бораи зиндагиатон маълумот медодед.

-30 августи соли 1982 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи ҳунарманди дуторӣ Ҳотами Пӯлод ба дунё омадаам. Падарам умри пурбаракати хешро сарфи ҳунару мусиқӣ намуда солҳои зиёд дар ансамли «Шашмақом» дуторнавоз буданд. Меҳри ҳунарро дар дили ман маҳз падари бузургворам ҷой кардаанд. Мактаби миёнаи рақами 60-и пойтахтро хатм намуда, ҳоло донишҷӯи курси чоруми факултаи коргардонии Донишкадаи санъат мебошам. Соҳиби ду духтарчаи дугоник ҳастам.

-Ба андешаи шумо, шӯҳрат хуб аст ё сарват?

-Агар шӯҳрат, ки бошад, сарват ҳам пайдо мешавад ва ҳардуяш ҳам хуб аст. Рости гап, барои ин ҳарду боре ҳам талош накардаам.

— Агар ҷавонмарде бо мақсади оиладорӣ пайдо шуда, дар санъат Шуморо дастгирӣ кардан хоҳад, қабул мекунед?

-Ин имкон надорад.

-Мегӯянд, ки агар духтар ошиқ бошад, боз ҳам ҷаззобтар мешавад?

-Ин дуруст аст. Ишқ зиндагиро рангину ҳолати рӯҳии инсонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Чунин дигаргуншавӣ дар намуди зоҳирии шахси ошиқ низ баръало ҳис карда мешавад. Қувваи ишқи ҳақиқӣ хеле бузург аст. Ишқ ҳатто қодир аст, ки ба инсон нерӯву тавон бахшад ва дар акси ҳол он метавонад одамро аз ақл бегона ҳам созад.

-Вакте аз ишқ месароед, шахси азизе дар назар аст?

-Ман ваҷте ишқ мегӯям, Лайлию Маҷнунро ба ёд меорам, ки барои онҳо дар ишқ чизи зиште вуҷуд надошт. Танҳо покӣ буду ишқи беолоиш. Ҳар як ҳунарманд пеш аз ҳама барои мардум месарояд ва албатта дар сурудҳои ман низ дарди дили мухлисони азизам аст, ки баъзан дар ишқ ба хато роҳ медиҳанд ва гоҳи дигар аз бахти баланди хеш меболанд. Сурудҳоям садои дили ҷавонҳои ошиқ аст, ки ишқ барояшон муқаддасу азиз аст.

-Албоми сурудҳоятонро мураттаб кардаед?

-Не ҳоло,  вале дар фикри он  ҳастам ҳамеша.

-Шумо сурудҳоро бо нархи гарон харидорӣ мекунед?

-Ҳар дафъа ҳар хел. Баъзан сурудро тақдим мекунанд. Бештари сурудҳоямро харидорӣ кардаам, аммо на ба он нархе, ки шумо гумон доред.

-Аз чӣ ҳарос доред?

-Албатта аз танҳоӣ, ки инсонро ранҷур месозад. Баъзан дар байни ёру дӯстон ва наздикон вақте туро намефаҳманд, худро танҳо ҳис мекунӣ. Барои бартараф кардани чунин ҳолати душвори рӯҳӣ инсон бояд бикӯшад, ки ҳисси навмедиро аз худ дур сохта ҳамеша ба пеш қадам занад, он гоҳ ба қуллаи мақсуд хоҳад расид.

— Бузургтарин бахт барои зан кадом аст?

— Бузургтарин бахт барои зан ин ишқ ва барпо намудани оилаи мустаҳкаму ба воя расондани фарзандони солеҳу фарзона аст аст. Зан худ ҷинси нозуки ниҳоят раҳмдил аст ва ҳамеша ниёз ба ишқи поки беолоиш дорад. ӯро набояд дар ҷодаи зиндагӣ навмед сохт.

Аксари мардум бар он ақидаанд, ки зан гӯё бевосита ба дунё барои он меояд, ки ҳастии хешро пурра ба шавҳар бахшад. Дар ҳақиқат зан баъди фарзанддор гаштан  хешро фаромӯш сохта, дар пайи парастории фарзандонаш мешавад. ӯ на дарди гарони худ, балки хоҳиши фарзандонашро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунад ва ин бузургии зан аст.

-Шахсан барои шумо аввал ҳунар меистад ё бахту оила?

-Албатта, бахту оила аввал аст.

-Саломат бошеду пирӯз!

-Барои шумо қаламкашон ва кулли мухлисони азизам саодату сарбаландиро таманно дорам. Хушрӯзу обод бошед! Бигзор бахти ҳақиқии инсонӣ насиби ҳар нафари шумо ва дар маҷмӯъ кулли Ватанамон шавад.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!