ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҲОТАМИ РАВШАН: «САҲНАИ ТЕАТР АЗ САҲНАИ САРОЯНДАГӢ БОЛОТАР АСТ»

Хотами Равшан

Хотами Равшан

Ҳотами Равшан яке аз собиқ сарояндагони тоҷик, ки кӯшиш кардааст ҳунари худро дар саҳнаи театр бисанҷад, солҳост дар театри «Ҷавонон» фаъолият намуда, ахиран, намоишеро ба номи «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» ба саҳна гузошт.

Намоиши баргузида, заҳамоти Мирзоватан Миров ва Ҳотами Равшан буда, аз рӯӣ ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигар бузургон дар мавзӯи «Боадаб бош, ки сармояи хубон адаб аст…» ба саҳна гузошта шуд.

-Ба фикри Шумо, театр чӣ саҳме метавонад дошта бошад, дар рушд ва ислоҳи ҷомеа?

-Албатта, театр ин оинаи зиндагӣ аст. Мо бештар аз драматургон илтимос мекардем, ки намоишномаҳои ба дарди ҷомеа бархӯрдорро омода кунанд ва мо дар пайи иҷрои он бошем. Инчунин аз ҷомеа низ пешниҳод менамоем, ки рӯ ба театр биёранд. Чунон ки мо зикр намудем,  театр оинаи зиндагӣ аст, воқеан, одатан, инсон ҳар рӯз ниёз ба оина дорад, то дар он камбудии худро дида, ислоҳ намояд, то мавриди тамасхӯри дигарон қарор нагирад, театр ҳам мисли ин аст.  Бинобар ин, ба ибораи дигар, «Қарсак аз ду ҷониб аст», гуфтаанд.

-Сабаб чист, ки театр баъд аз ба даст овардани истиқлолият натавониста, ки по ба пои замона пеш равад ё ин ки саҳми бузурге дошта бошад дар ҷомеа?

-Пеш аз ҳама, нарасидани драматургия, ки дархӯри замон бошанд ва сари вакт бо маблағ таъмин накардани намоишномаҳо мебошад. Ва каме ҳам бошад, беҳбудӣ ҳаст. Ман шуморо ба намоишномаи «Поёни шаби сиёҳ» таклиф мекунам. Ин намоишнома имкони посух ё ин ки хоҳишоти шумо бошад. Дар тамоми мамлакатҳои тараққикарда театр саҳми худро дорад ва ин вобаста ба завқ ва фаҳмиши ҷомеа  аст.

Дар баъзе ҳолатҳо мо хоҳем-нахоҳем, худро маҷбур кунем барои рафтани театр, чӣ хеле ки тан ниёз ба хӯрок дорад, рӯх ҳам ниёз ба ғизо дорад ва шумо метавонед ин ғизоро аз театр ё хондани китоб, ё сӯҳбати донишманде, ё шунидани суруди пурмазмун касб намоед. Дигар ин ки мо низ ба қадре кӯшиш ба пеш намуда истодаем.

Фарзи мисол, театри мо дар як сол бо намоишҳои худ чанд маротиба ба хориҷ аз кишвар сафарҳои ҳунарӣ намуда, муваффақ баргаштанд. Аммо имрӯз ба ин намоишномаҳо ихтиёран тамошобини тоҷик кам меояд. Қазоват бояд кард, ки айб дар мо ё дар шумо аст. Ҳарчанд ки шумо, тамошобинон бештар омада, талаб кунед, иншоаллоҳ, мо дар пайи ҷустуҷӯи эҷоди нав мешавем.

-Ба назари шумо чӣ бояд кард, ки театр ва синамои тоҷик дар марҳалаи пешрафти худ табдил ба Аврупо нашавад, балки фарҳанги Форсию Исломиро доро бошад?

-Ба назари банда, барои пешрафти театр ва мубаддал нашудани он ба фарҳанги аврупоӣ мо бояд бештар рӯ ба адабиёти классикони худ биёрем. Аз шумо, ҷавонони азиз, талаби онро мекунем, ки фарҳанги форсиву исломии худро бой кунед, чунки аз байни шумо таблиғгарони фарҳанг пайдо мешаванд.

-Сабаби тарки сарояндагӣ ва рӯ овардан ба саҳнаи театр дар чӣ буд? Тафовути фозои сарояндагон ва актиёрон аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст?

-Ба саволи аввали шумо дар боло посух гуфтаем. Аз нигоҳи банда, фазои актёрон пурмашаққаттар аст нисбати фазои сарояндагон. Фарзи мисол, сароянда метавонад бо фонограмма (чунон ки ба ҳамагон маълум аст) худро бо заҳмати хело кам ба мардум муаррифӣ кунад. Аммо актёр барои муаррифӣ шудан заҳмати зиёд мекашад. Ҳунари актёрро шахсоне, ки дорои фаҳми хуб, дониш ва дарки хубанд, баҳо медиҳанд. Ин аст, ба назари ман, тафовути ин ду фазо.

-Хело шуд, ки шуморо рӯи саҳна намебинем, баъзе аз дӯстон сабаби инро дар ҳоҷӣ шудан ва гуноҳ донистани Шумо медонанд, оё ин рост аст? Дигар ин ки инҷо шунидем, ки имрӯзҳо рӯи саҳнаи театр кор мекунед. Агар гуфтаҳои боло рост бошад, магар ҳардуи ин саҳна нест?

-Ман сурудхониро на, балки мазмуну мақсадро дигар намудам. Барои шумо низ ташаккур, ки маро ҳоҷӣ медонед. «Нияти нек — ними давлат» гуфтаанд. На фақат сурудхонӣ, балки тамоми корҳое, ки имрӯз дар зиндагӣ мекунем, аз меъёри одобу одамгарӣ берун бошад, гуноҳ аст. Имрӯз, ки фарзандони мо ба насиҳат ниёз доранд, ман вазифаи худ ҳисобидам, сурудҳое, ки одоб, ахлоқ, ҳисси миллӣ, ватандорӣ, имондорӣ ва роҳнамои ҷавононро ба роҳи рост тарғиб мекунанд, биофарам. Ин сурудҳо чӣ дар саҳна ва чӣ дар ҷойи дигар вобаста ният аст. Чунон ки Паёмбар (с) гуфтанд: «-ҳар кор аз ният аст».

Имрӯз ҷойи пӯшида нест, ки ҷавонони мо аксаран ба мусиқиҳои модернӣ дода шудаанд ва ман ғазалҳои орифонро бо оранжировкаи имрӯза ба ҷавонон пешниҳод мекунам. Ва орзуи онро дорам, ки дар ҷавонӣ худро ислоҳ намоянд, на дар пирӣ. Чунон ки Шайх Саъдӣ гуфтаанд:

Ҷавони гӯшанишин шермарди роҳи Худост,

Ки пир худ натавонад зи гӯшае бархост.

Ман итминони комил дорам, ки саҳнаи театр боло аст аз саҳнаи сарояндагӣ ва имконоти бештар аст барои мақсад ва тарбияи ҷавонон ба роҳи рост.

-Рости ҳайрон шудам, чаро бо инқадар садои хуб саҳнаи сарояндагиро тарк гуфтед? Баъдан бигӯед, ки шумо дар кадом нақши оҷизӣ ё пурқувват буданро меписандед?

-Ман бори дигар мегӯям, ки ман сароиданро на, балки сурудҳои сатҳи сабукро тарк кардаам. Ман нав ба фаҳми сурудхонӣ ва чиро сароидан расидаам. Сурудхонии аввали ман танҳо як машғулият ва воситаи рӯзгузаронӣ буд. Гарчанде, ки дар он солҳо сурудҳое, ки имрӯз мешунаванд, эҷод шудааст. Иншоаллоҳ, ки ин садоро дар сароидани сурудҳои орифона истифода мебарам.

Ман, ки имрӯз ҳунарманди театр ҳастам, вобаста ба диди коргардон, ки он нақши оҷиз аст ё пурқувват, ҳаракат мекунам, сазовори боварии ӯ бошам. Дар саҳна муҳим ин аст, ки то кадом андоза аз ӯҳдаи иҷрои нақш мебароӣ, на он ки нақши оҷиз аст ё пурқувват. Он орзуи чандинсолаи ман, ки мехостам ҳам нақш биофарам ва ҳам бисароям, Худоро шукр, амалӣ шуда истодааст. Албатта, бо ёрии устоди арҷманди мо — Мирзоватан Миров. Чунки ягона коргардоне аст, ки ба фаҳми мусиқӣ, суруд, назм ва наср фаҳми хуб дорад. Ва ман аз устод сипосгузорам.

-Мегӯянд, ки аҳли оилаи Шумо ҳама исломи ҳастанд оё ин рост аст? Агар тарки саҳна карданатон ба хотири гунох бошад, пас чаро Меҳрубони Равшанро боз намедоред? Ҳоло он ки сурудҳо ва сароидани Шумо ба назарам ишкол надошт ва баракс пандомез ва баъзан тарғибгари ҷавонон ба роҳи рост буд, аммо аз Меҳрубон бошад, аслан пандомез нест!

-Ман саҳнаро тарк накардаам. Ман мушоҳида намудам, ки замони насиҳат фаро расидааст. Бе ман ҳам сурудҳои дилхушкунанда дар кӯчаву хиёбон зиёд аст. Ман имрӯз дар фазои дигар аз сурудҳои орифона ҳаловат бурда ва мехоҳам, ки мухлисон аз ин лаззат бархӯрдор бошанд. Ман дар ин мавзӯъ бо Меҳрубон сӯҳбат кардам, ӯ дар назар дорад, ки бо сароидани сурудҳои орифона машғул шавад.

-Шумо ба саҳна ва санъати тоҷик бо навгоние ворид шуда будед. Шумо ба касе монанд набудед ва нестед. Бояд гӯям, ки хеле хоксор ҳам хастед. Мехостам, ки Меҳрубони Равшанро ҳам камтар насиҳат кунед, ки то хоксор шавад. Фаҳмонед, ки сармоя вафо надорад ва дӯстон ҳоло «он қадар ҷонӣ ва вафодор» нестанд. Зиндагӣ, ки аз рӯи халқ аст, бигзор бо халқ заминиву хоксор шавад, агар воқеан ҳам тавонад!

-Воқеан, Паёмбар (с) мегӯяд: Яке аз аломати қабул шудани Хаҷ аз ҳоҷиён пас аз зиёрати хонаи Худо дар рафтору кирдор тағйирот дида шавад. Иншоаллоҳ, ки Ҳоҷӣ Меҳрубонро рафтору кирдораш мақбули халқи мо бошад. Ин таманнои ман аст. Вале дар чанд нишаст тарифи бародарамонро мешунидем, аммо ба ҳар ҳол, паёматонро мерасонам. Аз чунин саволи ошкоратон хурсанд ҳастам, ташаккур.

Мавод аз сомонаи «Tojnews» гирифта шудааст.

Бо хоҳиши бархе аз дӯстон онро мо бознашр ва бо ихтисорот рӯи сафҳаи хеш чоп кардем.

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. МУХЛИС:

    Салом пири кор Хотами Равшан ва созмондихандагони сомонаи «Таронахои бехтарин». Дар хакикат хамаи гуфтахои Шумо чон дорад ва Худо кунад, ки ин гуфтахо барои дигарон дарс шуда бошад. Ва сипос аз сомона, ки чунин мардони хунарро руи сафхаи хеш меоранд, то ки мо мухлисону ихлосмандони ишон аз холу ахволи онхо хабардор шавему боз бисёр маълумотхои дигарро дар бораашон пайдо кунем. ТАШАККУР БАР ХАМАИ ШУМО!!!

  2. Парвинаи Солех:

    Салом. Ташаккур аз чунин як мусохибаи пур мазмун. Сипас барои Шумо окои Хотами Равшан тамоми хушихои зиндагиро таманно дорам. Бигзор хамеша мисли пештара сихатманду саломат ва пурэчод бошед.
    Бо як каломи пур аз мехру мухаббати бепоён Парвинаи Солех…

    • мухаммадрахим:

      Салом Парвина ман мехохам бо шумо хамчуд дуст шинос шавам бо эхтиром мухаммадрахим мунтазири чавобам….

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!