ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУБҲОНИ САИД: «ВАТАНУ МИЛЛАТ МАРО ФАРОМӮШ КАРДАНД»

Субхон Саидов

Субхон Саидов

Миннат кардан намехоҳам, вале солҳои зиёд барои ин ватану миллат хизмат кардаам, аммо имрӯз ин ватану миллат маро фаромӯш кардааст. Агар архиви Вазорати фарҳангро кобанд, мефаҳманд, ки ман солҳои зиёд паи хизмати халқ будам …

Субҳони Саид яке аз машҳуртарин ва маҳбубтарин овозхонони солҳои 90-ум ба шумор рафта, баъди бемории бистарӣ муддатҳост, ки дигар рӯи саҳна наомадааст. Инак, баъди интизорӣ ва талошҳои зиёд Субҳон бо дастгирии Шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддири Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, радиои Ватан ва Маркази Тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мехоҳад тавассути як барномаи ҳунарӣ дар рӯ ба рӯ бо мухлисонаш дидорбинӣ кунад.

Баҳри оростани сӯҳбате атрофи ин консерту муттассадиёни он ва санъату ҳунари фарзандонаш роҳ сӯи хонаи Субҳони Саид гирифтем, ки фишурдаашро пешкаши хонандаи гиромӣ хохем кард.

— Субҳони Саид, саволи нахуст вобаста ба номи консертатон аст. «Талоши зиндагӣ» талошҳои худатон дар роҳи мубориза бар беморӣ аст, ё саҳна ё чизи дигар?

— Не, зеро ман дигар аз мубориза бурдан барои зистан хаста шудаам ва умеди зистану бори дигар рӯи саҳна омаданро ҳам намекардам. Ду бародари қиёматие дорам, ки дар ҳама ҳолат бо мананд. Инҳо Хуршеди Атовулло ва Фурқати Саид мебошанд, ки маро маҷбур карданд, то як бори дигар рӯи саҳна бароям.

Барои ҳамин ҳам, бояд гӯям, ки ин талоши онҳост. Ин талоши онҳо маро водор мекунад, то дар кадом ҳолате набошам, рӯзи 3-юми декабр дар Филармонияи давлатӣ як бори дигар рӯ ба рӯи мардум бошам.

— Дар ин барномаи консертӣ боз киҳо сурудхонӣ мекунанд?

— Насиб, фарзандон ва якчанд дӯстам дар ин барнома маро ҳамроҳӣ мекунанд.

— Сурудҳои тозаэҷод ҳам доред?

— Бале. Агарчӣ бемор ҳам бошам, аз эҷоди сурду мусиқии тоза дур нашудаам. Худо хоҳад 6-7 суруди нав дорам, ки мухлисони азизам онҳоро ҳатман хоҳанд шунид.

— Тавре гуфтед, дар барномаи консертиатон фарзандонатон ҳам овозхонӣ хоҳанд кард. Каме аз бобати ҳунари онҳо сӯҳбат мекардед. Оё боварӣ доред, ки дар пайраҳаи пурпечутоби санъат роҳи худро пайдо карда метавонанд?

— Бале, Сайёд аллакай дар байни мардум шинохта аст, дар чандин консертҳо ҳам баромад кард. Амиршо бошад, ҳоло хурд аст ва барои ҳунарманди хуб шудан, бисёр кӯшиш карданаш даркор. Сорбон ҳам садои хуб дорад ва ҳам навозандаи хуб мебошад. Дар бисёр чорабиниҳои фарҳангӣ ва тӯйҳои мардум ҳамроҳ ҳунарнамоӣ мекунанд. Хулоса, оҳиста-оҳиста инкишоф ёфта истодаанд.

— Лаҳзаҳои мушкили ҳаёт имкон медиҳад, то инсон дӯстони воқеияшро ҷудо намояд. Дар ин муддати беморӣ шумо тавонистед, ки дӯстони аслиатонро шиносед?

— Муҳобот нашавад, бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳамаи дӯстонам ҷонианд, некхоҳам ҳастанд. Имрӯзҳо ҳазорон ҳазор дӯстони ман ба аёдатам меоянд. Худамро танҳо ҳис намекунам ва ба ҳамаи мушкилам низ дӯстонам расидагӣ мекунанд.

— Шумо, ки фаъолияти қариб 30-сола доред, оё баъди беморӣ масъулин бо нафақа таъминатон мекунанд? Агар ҳа, чӣ қадар?

— Бояд гӯям, ки барои нафақа гирифтан, ҳатто ҳуҷҷатҳои лозимаро насупоридаам, вале чанд соле, ки бемори бистариам аз Вазорати фарҳанг на касе суроғам омаду на кӯмаке карданд.

Миннат кардан намехоҳам, вале солҳои зиёд барои ин ватану миллат хизмат кардаам, аммо имрӯз ин ватану миллат маро фаромӯш кардааст.

Агар архиви Вазорати фарҳангро кобанд, мефаҳманд, ки ман солҳои зиёд паи хизмати халқ будам, ҷавонии худро миёни мардум гузаронидам. Аммо дар ҳамин ҳол, Кумитаи Имоми Ҳумайнӣ, ки на фарзанди эронӣ ҳастаму на ба ин кумита ҳеҷ гуна иртиботе надорам, кӯмакам карданд. Наход, ки маро бегонагон хабар гиранду миллати худам не?

— Вақте инсон дар бистари беморӣ аст, аз ҳама бештар фикри чиро мекунад? Дард, саҳна ё оила?

— Фикри ҳамачиро. Пеш аз ҳама фикри саломатиро, зеро дард намегузорад, ки андешаи дигар чизро дар мадди аввал гузошт. Баъдан, дар бораи оилаву фарзандон, бародарону апаҳо ва ҷиянҳоям андеша мекунам. Ғайр аз ин фикри саҳнаро мекунам, зеро ман ҳамеша фарзанди саҳна будаму мемонам. Гарчанде имрӯз ман дар саҳна нестам, фикр мекунам ҷойнамози ман саҳна аст. Саҳна чизи муқаддас аст.

— Агар чунин шаваду маблағи калон ба даст биёред, ба чӣ сарф мекардед?

— Ман то замони бемор ва мӯҳтоҷ шудан, агарчӣ зикри садақа хуб нест, аммо дар ҷавоби саволи шумо бояд гӯям, ки ҳамеша кӯшиш мекардам ба гадоҳо то ҳадди имкон маблағе кӯмак кунам. Ҳоло, ки шумораи талбандаву бехонаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо пур шудааст, бо дидани ҳоли табоҳи онҳо ба риққат омада, аз Худованд талаб мекунам, то ба ман маблағи беше ато намояду ман ба ҳамаи мушкилиҳои онҳо кӯмак кунам. Хусусан, ба модароне, ки имрӯз фарзандонашон дар муҳоҷират ҳастанду бесаробон мондаанд, ақаллан бо як ҳадяҳаки ночизе хотирашонро шод гардонам.

— Дар охир таманнои шумо ба мухлисонатон.

— Пеш аз ҳама гуфтаниам, ки ҳамеша сиҳат бошанду ба қадри саломатии хеш бирасанд.

— Ташаккур барои сӯҳбат. Мо низ дасти дуо бардошта, аз Худованд саломатии шуморо талаб дорем.

Сӯҳбати Шаҳзода Суман, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!