ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМ: «И МУХЛИСО ГУФТАН МЕГИРАН, САР БА САРИ ОНҲО МОНӢ…»

Шабнами Точиддин

Шабнами Точиддин

Чандин маротиба мухлисони Шабнами Тоҷиддин занг задаву хоҳиш намуданд, ки дар бораи ин бонуи ҳунар ба онҳо маълумоти тоза диҳем. Азбаски мо, аҳли эҷод ҳамеша дархости ҳаводорони худро ба инобат мегирему аз рӯи хоҳиши онҳо мавод омода месозем…

Рӯзе бо мақсади ҳамсӯҳбат шудан ба Шабнам занг задем, аммо ӯ бо сабаби ба корҳои эҷодӣ машғул будану надоштани имкони гап задан, сӯҳбат карданро ба таъхир гузошт, аниқтараш гуфт, ки чоршанбеи дигар пас аз нисфирӯзӣ занг занед, бе ягон мушкилӣ сӯҳбат мекунем. Ваъдахилофӣ накарда, дар вақту соати гуфтааш ба ӯ занг задем, аммо гӯширо хомӯш кард. Гумон кардам, ки нохост алоқа қатъ гашт, бинобар ин, дубора занг задам.

— Алло, салом апаи Шабнам!

— Ҳами як бор занг задӣ тилфона кштм, дига занг назан охи, чиба одама намефаҳмӣ? – ба саломам чунин алейк гирифтам.

— Нафаҳмидам…

— Чӣ иқа занг мезанӣ, ма кор дорум, гӯён ба ғур – ғур даромад.

— Кор дошта бошед, пас гӯед, ки машғулам ва сӯҳбат карда наметавонам, ҳеҷ кас шуморо маҷбур намекунад.

— Хдт да кадом газета кор мекнӣ? – пурсид аз ман, ҳол он ки панҷ маротиба аз кадом нашрия буданамро муаррифӣ намуда будам.

— Дар ҳафтаномаи «Зан ва мард»,- бори дигар ёдрас шудам.

— Да ҳами «Зану мард» ҳаррӯз мебром, бо чӣ меброренм? – дағалона гуфт ӯ.

— Аввал ин ки «Зан ва мард» рӯзнома нест ва ҳар рӯз чоп намешавад, дуюм ин ки мо шуморо маҷбур надорем, агар хоҳиши сӯҳбат кардан дошта бошед хуб, агар не, пас бо хушӣ, оромона гӯед, ки сӯҳбат кардан намехоҳам. Ҳеҷ кас ҳуқуқи шуморо маҷбур кардан надорад, бе шумо низ ҳафтаномаи мо чоп мешавад. Баъдан мо аз пеши худамон занг намезанем, бо дархости мухлисонатон дар ҷустуҷӯӣ шумо шудем, нафаҳмидем, ки шумо…

— И мухлисо гуфтан мегиран, сар ба сари онҳо монӣ…- сухани маро бурида иброз дошт бону Шабнам.

— Дар ҳақиқат «ситора» шудаед, бубинед, назаратон дигар одамони заминиро намегирад, инсон заррае бароятон қадр надорад, ҳатто мухлисонатон низ, раҳмат барои чунин як муносибати хуб, — гуфтаму хостам гӯширо монам, аммо аз он сӯ…

— Ма медонум ба қадри кӣ расуму ба қадри кӣ не, ӯ мухлисом гуфтан мегиран, баъд ма ҳар рӯз интервю тиюм? – гуфту гӯширо монд.

Бо ҳамин сӯҳбати «ширин» — и ману Шабнам анҷом ёфт. Ростӣ, ҳеҷ боварӣ надоштам, ки Шабнам, оне, ки дар саҳна ва дар барномаҳо ҳамеша бо чеҳраи хандон ва чун зани хоксору меҳрубон ҳунарнамоию сӯҳбат мекунад, чунин муносибат менамояд, вале ғайриинтизори мо ӯ ин гуна рафтор кард. Пас аз гӯширо гузоштан ба фикр фуру рафтам, ки оё ҳамсӯҳбатам дар ҳақиқат Шабнами Тоҷиддин буд, ё нафари дигар, зеро он Шабнаме, ки ман мешинохтам тамоман рафтору гуфтори дигар дошт, хоксору заминӣ буд.

Ҳатто дар сӯҳбати пештараамон, ки як сол қабл сурат гирифта буд, бо садои пасту ширини ба худаш зебанда ба тамоми саволҳоям ҷавоб гуфтаю ҳазорҳо маротиба миннатдорӣ баён намуда буд, акнун аз он садо ва меҳрубонӣ дигар нишоне намонда… Наход инсон дар як сол то ин дараҷа тағйир ёбад? Ё эҷоди як- ду таронаи наву миёни мардум андаки дигар машҳур шудан ӯро чунин намуд?

Агар не, пас тағйири хислат ва иваз намудани тарзи суханронӣ баҳри чист? Имрӯзҳо ӯ ҳатто одоби сухан гуфтанро низ фаромӯш кардааст, ҳайф! Инсон новобаста аз касбу кор ва доштани обрӯю эътибор бояд хоксор бошад, бо ҳама муносибати хуб намояд, ба қадри инсон бирасад.

Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фирӯза Ҳафизова бовуҷуди он ки миёни мардум маҳбубияти зиёд доранд ва аз сарояндагони пешсафи кишварамон ба шумор мераванд, бо ҳама муносибати хуб доранд, заминианд, ба қадри худу дигарон, аз ҷумла, мухлисонашон мерасанд, ҳамеша омодаанд, ки ба дилхоҳ савол ҷавоб гӯянд.

Ҳатто агар шумо, хонандагони азизи «Зан ва мард» дар хотир дошта бошед, борҳо мактубҳои шикоятиро, ки ба унвони ин се бонуи зебо омада буданд, дар саҳифаҳои нашрия ҷо намудем ва дар ҷавоб Фирӯзаю Шабнам ва Фарзонаи Хуршед, танҳо ташаккур гуфтанд, ҳол он ки ба он суханони сарду дағал на ҳар кас метавонист тоб орад, пас ин аз маърифатнокии ин ситораҳои дурахшони саҳнаи тоҷик гувоҳ медиҳад. Худо кунад, ки Шабнами Тоҷиддин низ мисли ин бонувони ҳунар хоксору хушгуфтор шавад, зеро ба зан – модар, ки ӯро тарбиятгар мегӯянд, чунин муносибати сарду дағал намезебад.

Дилангез Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

4 комментария

  1. Манучехр:

    Дар тааччуб наафтад рафик мухлисон. На танхо Шабнам, балки тамоми сарояндахо чунинанд. Фикр намекунед, вакту соаташ, ки омад, мисли хонум Шабнам чунин посухро хохед шунавид. Барои хамин бояд ЖУРНАЛИСТОН хама як фикр шудаву чунин як ойинномае кабул кунанд, ки бояд сароянда хохиши сухат кунад, на журналистон. Ба кавле ин ситорачахо худшона гирифтаги хастанд. Бояд онхоро дар чояшон шинонд. Фикр накунанд, ки ситора хастанду бояд дар осмон парвоз куннд.

  2. Doro:

    Shabnam honum hok bar sari hamun surudahoi kaju kilebat !!!Ohir nametavoni,ki ba aboni adabii tojiki harf zaniyu ruhi padari buzurgvoratro shod ! Az hamin suhanroniyat padarat dar hajot mebud hele sharm ham mekard

  3. МУХЛИС:

    Вииииииии…. товба …. манку вообщето сурудота ку гуш намекунум, аммо сад доди онхое, ки тра гуш мекунан. Наход то хами дарачара мухлисота паст заниву худта шармандаи диёр. Вой бар холи санъати точик. Агар дар чандин соли охир хамин хел ситорахоро тарбия карда бошад, чи илоч дигар… Хайфи он давроне, ки шодравон Зафар Нозия, Мухиддин, Акашариф. Нигина Рауфова ва садхои дигар ин санъатро оод кардану рафтанд…аммо сад афсус, ки дар як чанд вакти кутох, он хама захматхои ишон ба монанди худашон ба зери хок рафт. Худованд хамаи мову шуморо биёмурзад….Омин…

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!