ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО: «ПАДАРАМ ОРЗУҲОИ ЗИЁД ДОШТ, ВАЛЕ АФСӮС…»

Кароматуллои Курбон

Кароматуллои Курбон

Дар воқеъ Кароматуллои Қурбон мисраҳои пур аз дардро замзама намуда, ҳатто фикр намекард, ки ӯ хеле ҷавон ин дунёи пурфасонаро тарк мекунаду дарду доғаш дили ҳазорон мухлисонро хонаи ғам месозад.

Замоне ин булбули хушсадо бо садои фораму гӯшнавозаш дили садҳо шунавандаро тасхиру гӯшҳоро навозиш мекард. Суруду тарона ва овози марғуладори ҳунарманди машҳуру овозадори давр дар дилу дидаи ҳамагон ҷо гирифта, эшонро мафтун намуда буд. Хурду бузург хоҳиши дидани симои зебо ва шунидани садои ширадори ин марди соҳибистеъдодро доштанд.

Суруди Кароматулло қалбҳои шикастаро аз нав пайванд намуда, ба зиндагӣ дубора гарм месохт, хастагиро дур мекард, ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшид, шунавандаро ба дунёи пурфасонаи ишқу муҳаббат ва олами орзуҳои ширин ворид менамуд…

Афсӯс, ки имрӯз ӯ миёни мо нест, рафтааст ба дуриҳои дур бебозгашт, ба манзиле, ки водии хомӯшон номаш ниҳодаанд. Агар ин хунёгари машҳур имрӯз зинда мебуд, ба синни 50 қадам мениҳод, вале…

Аз марги Кароматулло солҳои зиёд гузашта бошад ҳам, мухлисони таронаю сурудаш ёди неки ӯро дар дил мепарваранд. Мо, аҳли эҷод низ дар арафи рӯзи зодрӯзаш бо ҳамкорону пайвандони марҳум хотироти неки ӯро ба ёд овардем

Зулфия Кабутова, ҳамсари Кароматулло:

ЁДИ Ӯ МАРО ҚУВВАТ МЕБАХШАД

— Ҳарчанд Кароматулло бо ману пайвандон ва дӯстону наздиконаш барои доимӣ хайрбод гуфтаю ин дунёро тарк намудааст, вале тӯли солҳое, ки ӯ паҳлӯям набуд, ман танҳо не, балки бо ёди ӯ умр ба сар мебурдам. Мо ҳамагӣ ҳафт сол бо ҳам зиндагӣ кардем, аммо фикр мекунам, ки 70 сол бо ҳам будем. Ёдҳою хотираҳои ширини даврони дар ҳаётбудаи Кароматулло имрӯз маро қувват мебахшанд.

Дилам пур аст, пур аз орзую ормонҳо, ки се ҷигарбандам ва набераҳои дӯстрӯям Индираю Беназир ва келинам, ки ӯ низ фарзандам ҳисоб мешавад, орзуҳои маро мешикананд. Шукрона мегӯям, ки фарзандонамон ҳастанд, дар ҳалқаи онҳо будан маро аз банди дарду ғам раҳо месозад ва худро хушбахт мешуморам. Орзу мекунам, ки Муҳаммадрафӣ ва Нозия, ки идомадиҳандаи касби падар ҳастанд, ҳамеша дар хизмати халқу дӯстдори мухлисонашон бошанд ва мардум бо гӯш кардани таронаҳои онҳо ёди Кароматулло кунанд.

Муҳаммадрафии Кароматулло:

БО «ХАЙРБОД» ХАЙРБОД НАМУД

— Ҳарчанд он айём ман хеле хурд будам, аммо меҳрубонию навозишҳои падарам хуб дар хотирам ҳаст. Ҳамеша мо, фарзандонашро ба оғӯш гирифта, бо забони ширини кӯдакона бо мо сӯҳбат мекард. Хеле хурд будам ва чӣ будани санъату кӣ будани санъаткорро намедонистам, аммо эҳсос мекардам, ки нисбат ба овозхонӣ меҳри беандоза дорам. Ҳар вақте ки падарам дар хона бо асбобҳои мусиқӣ навозиш карда, суруд месароид, ман ҳам бо забони кӯдакона аз сурудҳои падар зери лаб замзама мекардам.

Фикр доштам, ки оянда бо кӯмаку дастгирии падари санъаткорам рӯйи саҳна мебароям, вале афсӯс. Афсӯс, ки марг нагузошт ӯ суруд сароидани ману Нозияро дар саҳна бубинад. Мисли он ки пешакӣ марги худро медониста бошад, бо суруди «Хайрбод» бо тамоми мухлисон, бо мо пайвандон, бо ҳамсари меҳрубон ва модари хеш хайрбод намуд. Аммо ин хайрбод маънои онро надорад, ки сурудҳои ӯ бо ҳамин тамом шуданд, не. Мо, фарзандонаш дубора суруд ва оҳангҳои падарро зинда намуда, пешкаши дӯстдорони ҳунари асилаш гардондаистодаем. Рӯҳаш шоду ҷояш ҷаннат бошад.

Нозияи Кароматулло:

ПАДАРАМ ОРЗУҲОИ ЗИЁД ДОШТ, ВАЛЕ…

— Воқеан ҳам, он ҳангом мо хурд будем, ман ҳамагӣ чор сол доштам, аммо меҳрубонии падарҷонамро хуб дар хотир дорам. Ӯ нисбат ба мо, ҷигарбандонаш хеле ғамхору меҳрубон буд, пайваста бо суханони пурмуҳаббат сарамонро сила нумада, дар ҳар боб бо мо сӯҳбат мекард. Ман, ки хеле чақон будам ва назди падарам зиёд эркагӣ мекардам, баробари аз кор баргаштан ҳамеша кӯшиш мекардам, ки пеш аз бародаронам оғӯши гарми падарамро соҳиб шавам.

Падарам пайваста заҳмат мекашид, то тариқи таронаҳои дилангезаш мухлисону ҳаводорони хешро шод намояд. Умеду орзуҳои зиёд дошт, вале афсӯс, ки марг нагузошт, то нақшаҳояшро амалӣ гардонад, вале мо, фарзандон, ки идомадиҳандаи касби падар ҳастем, ҳаракат дорем, то орзуҳои амалинагаштаи ӯро амалӣ намоем, то рӯҳаш шод гардад.

Муҳаммадсахии Кароматулло:

ОН ЗАМОН ХУРД БУДАМ, АММО…

— Солҳои дар қайди ҳаёт будаи падарам ман тамоман хурд будам, ҳамагӣ дуюнимсол доштам. Аммо аз рӯи гуфтаи модар, бародар ва апаам Нозия падарам тамоман инсони меҳрубон буданд. Гарчанде хурд будам, вале ба ин нигоҳ накарда, назди балангӯяк рафта, бо диққат ба садои ширини падарам гӯш медодам ва ба сабку услуби сурудхониашон диққати махсус медодам, мисле, ки мефаҳмида бошам.

Тавре модарам нақл мекунанд, падарам аз ин рафтори ман шод гашта, бӯсаборонам мекараанд ва мегуфаанд, ки Сахиҷони ман касби падарро мегирад, оянда сароянда мешавад. Аммо баръакс, ман сароянда нашудам, балки бародару апаам ба ин роҳ рафтанд. Албатта, ҳис мекунам, ки дар қалби ман низ меҳру муҳаббат нисбат ба санъат ҷо дорад, вале чун бародару апаам касби пурмашаққати сарояндагиро пеша карданд, ман ба хулосае омадам, ки касби модарро аз худ кунам, яъне шарқшинос шавам.

Нигина Амонқулова, сароянда:

ҲУНАРИ НОТАКРОР ДОШТ

— Ҳарчанд ҳангоми рӯи саҳнаи ҳунар будани сарояндаи зиндаёд Кароматуллои Қурбон ман хурд будам, вале дар ёд дорам, ки ҳамагон ошиқи ҳунари асили ӯ буданд. Вақте дар оинаи нилгун сурудхонӣ мекард, пиру ҷавон ҳама корро як сӯ гузошта, гӯш ба садои ин ҳунарманди овозадор медоданд. Ҳатто тамоми аҳли оилаи мо ҳаводори ӯ буданд, ҳама сурудаҳояшро гӯш мекарданду ба он волидоне, ки ӯро ба дунё овардаю камол додаанд, аҳсант мехонданд.

Воқеан ҳам, Кароматулло ҳунари асил дошт, садояш ширину ширадору таронаҳояш бошанд, пурмӯҳтавою таъсирбахш буданд. Ӯ ҳаргиз шеъри бе мазмунро оҳанг баста пешкаши халқ намесохт, матнеро интихоб мекард, ки шунаванда хуш пазирад. Тавре ҳамкоронам мегӯянд, ӯ марди зиндадилу хушчақчақ буда, ҳамеша барои омода намудани сурудҳои тару тоза заҳмат мекашидааст. Агар имрӯз миёни мо, санъаткорон, Кароматулло низ мебуд, аз беҳтарину пешсафтарин ҳунарманди саҳнаи тоҷик ба шумор мерафт, вале…

Олими Маҳмуд, овозхон:

МАРДИ ХЕЛЕ ХОКСОР БУД

— Гарчанде хурд будам, аммо дар ёд дорам, ки вақте ӯро ба тӯю маъракаҳои деҳаамон даъват мекарданд, тамоми мардум шод гашта, бесаброна интизорӣ мекашиданд, ки Кароматулло кай меояд, то ӯро бубинем. Хоҳ бовар кунед, хоҳ на, дидану аз наздик сӯҳбат кардан бо ин ситораи нотакрори давр барои одамон орзу буд, бисёр мехостанд, боре бо ин марди соҳибистеъдоду машҳури замон рӯ ба рӯ гарданд, аммо ин муяссарашон намегашт.

Ману бародарам Сӯҳроб, ки аз айёми наврасӣ ба овозхонӣ меҳру дилбастагӣ доштем, бинобар ин, дар ҳама маъракаҳое, ки ободкунандааш Кароматулло буд, ҳозир мешудем. Ҳатто дар як тӯй мо назди ӯ рафта, шинос шуда, баъзе нозукиҳои санъатро аз вай пурсон гаштем. Ҳарчанд, ки вай сарояндаи шӯҳратёру пешсафи Тоҷикистон буд, бовуҷуди ин, сарамро сила карда, насиҳат намуд, ки агар санъаткор шуданӣ бошем, бояд аввал навозиш ва банду басти оҳангро аз худ кунем.

Баъдан садоямонро тариқи машқ бақувват созем. Насиҳат ва сарамро сила карданҳояш ҳаргиз аз ёдам намеравад. Ҳамон вақт дарк кардам, ки ӯ инсони хоксору заминист, ҳарчанд овозхони муваффақи давр буд, вале бо ҳама муносибати якхела дошт. Ҳарчанд, ки ӯ аз миёни мо рафтааст, вале номи некаш ва ду ҷигарбандаш, ки идомадиҳандаи касби падаранд, номи ӯро ҳамеша зинда медоранд. Рӯҳаш шод бод.

Сӯҳбаторо Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар,

3 комментария

  1. 9267109222R:

    Cалом ба хар дуи шумо мерасонам. Сурудхои шумо хело ба мо махкул шуд Нозия шумо суруди охиринатон ба мо хело писанд омад )))))))))

  2. 9267109222R:

    Хохам ба шумо дуст гам зи дилат дур шавад.
    Хар душмани шумо хаставу ранчур шавад.
    Дар руи замин бахт ба шумо мехохам.
    Хар кас, ки ба шумо хасат барад кур шавад.
    ))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))
    Бо эхтиром Рахмонали аз дехай ФАЙЗОБОД
    кучай ЭЛОК рахмати калон барой суруди гиряи чон.

  3. Хофизи Дарвоз:

    Салом ба ахли оилаи Кароматуллох. Худованд хамаи мову шуморо дар панохи исмати худ нигах дорад. Дуогуи он хастем, ки Худованд хонаи охирати падари бузургвори шумо ва бародари гиромии мо — Кароматуллохи Курбонро Бихишти Анбиё бигардонад.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!