ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУБҲОНИ САИД ДАР ТАЛОШИ ЗИНДАГИСТ

Субхони Саид

Субхони Саид

Дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти овозхони тоҷик Субҳони Саид баргузор гардид. Масъулияти ташкили ин чорабинии фарҳангиро Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА ба зимма дошт.

Гуфта мешавад, Субҳони Саид солҳои охир бо иллати маризӣ аз саҳна канор рафта, дар чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ намоён намешуд ва бо вуҷуди маризӣ ва мушкилоти моддӣ, тавонист бо дастгирии дӯстонаш дубора рӯи саҳнаи тоҷик биёяд.

Толори баргузории ин консерт пур аз мухлисону ҳаводорони ин сарояндаи тоҷик буд, ки бе ягон муболиға ба чашм мерасид, ҳамагӣ ташнаи садои ӯ буданд. Якбора боз шудани парда тавонист толори пурғавғову пурмухлисро орому сокит кунад. Аз дидани Субҳони Саид, ки аз пойи равонаш маҳрум шудаву ғайримаъмул на рост истода, балки нишаста, мухлисонашро хуш омадед!, мегуфт, ҳама дар ҳайрат монданд.

Ҳадаф аз баргузории ин консерт — ҳушдор намудани ҷавонон аз паёмадҳои маргбори нашъамандӣ унвон мешуд. Субҳони Саид, ки ба кавли худаш, замоне вобастаи маводи мухаддир буд ва бар асари ин одат ба бемориҳои гуногун гирифтор шуд, боиси аз пойи равон мондани ин марди ҳунар гардид. Ин буд, ки овозхон аввалин таронаи худро ба мухлисонаш тавассути суруди «Дӯстон, ман шудам, шумо нашавед!» оғоз кард.

Оламафрӯз — як нафар ҷавоне, ки худро мухлиси садои ин марди ҳунар муаррифӣ ва аз баргузории ин консерт истиқбол мекард, гуфт:

-Гарчанде ки Субҳони Саид синнаш ба 50 рост омада бошад, ҳанӯз дар байни ҷавонон ба хотири сурудҳои дарднокаш маъруф аст. Бештари мардуми ба ин ҷо ҷамъомада ҳайрон буданд, ки гарчанде маъризӣ пойи овозхонро ҳам рабуда бошад, боз ӯ назди мардум омад, то дарди миллату ғами худро барои мардум иброз дорад. Бубинед, агар Лоиқро шоири дардсарои муосир ном барем, метавон гуфт, ки Субҳони Саид сарояндаи дардкаши миллат аст! Ягона сухане, ки ӯ барои ҳама гуфт, яъне дӯстоне, ки дар атрофи ман ҳастанд ва дар вақти дардмандиам маро тарк карданд, худ баёнгари ҳамаи он аст. Чаро ӯ суруди «Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд»- ро гуфта буд? Чаро ӯ суруди «Хаймаи Хайём»-ро сароид, пас, худ қазоват кунед,- афзуд Оламафрӯз.

Қисми дигари ҳаводорону мухлисони ин марди ҳунар бо сабаби набудани ҷой дар толор паси дар интизорӣ мекашиданд. Маҳина, ки барои ворид шудан ба ин толор имконият надошт, аз ноомади кори худ, ҳатто, ашк мерехт. Ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳаке бо мо гуфт:

— Субҳони Саид бори дигар исбот кард, ки ӯ метавонад мухлисонашро шод кунад, — гуфт Маҳина.

Гуфта мешавад, мухлисони Субҳони Саид аз ноҳияҳои тобеи марказ низ кам набуданд. Марҷона — ҳамсӯҳбати дигари мо бардошти худро аз ин консерт чунин иброз дошт:

-Консерте, ки имрӯз бо номи «Талоши зиндагӣ» баргузор гардид, ба ман хеле писанд омад. Ҳангоми ворид шудан ба ин толор мардуми бисёр дар берун талоши ба консерт даромаданро доштанд, аммо ба онҳо муяссар нашуд, то вориди толор шаванд. Ман, ки бо як ҳамроҳам даъватнома доштем, тавонистем вориди толор шавем,- афзуд Марҷона.

Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки консерти Субҳони Саидро бисёр мухлисонаш дер боз интизор буданд, ташкилкунандагони ин чорабинӣ ваъда доданд, то консерти ояндаи ӯро дар толори калонтар баргузор намоянд.

-Агар консерти дуюми Субҳонро на дар Филармония, балки дар Кохи Борбад баргузор кунанд, хело хуб мешавад,- гуфт вай.

Маврид ба ёдоварист, Субҳони Саид овозхонест, ки ниёз ба муаррифӣ надорад. Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум бо садои дилчаспу лаҳни зебо месуруду дилҳоро тасхир мекард. Таронаҳои ӯ миёни ҳаводоронаш ҷонибдорӣ пайдо карда, ҳоло ҳам маҳбубияти зиёд доранд. Баъд аз даҳ соли таннафус аз нав рӯйи саҳна омадани вай — тӯҳфаи хубе буд барои дӯстдорони созу навои мусиқӣ.

Таҳияи Сарвинози Рӯҳуллоҳ

Filed under: Хабар,

3 комментария

  1. Салом акай Субхон ман яке аз мухлиси шумо хастам
    Чихели шумо гуфтет манро фаромуш карданд мардум бале шумо яке аз хофизхони Ч. Точикистон мебошед.Писари шумо низ хофизе хуб мешавад
    Ба ман як суруде шумо хело писанд омад «Дар биёбон»
    ман аз Ч. Точикистон нохияи Хиссор кучай Шуроби боло хастам рости гап тули чанд сол мешавад мусофир хастам.

    Бо эхтиром Илхомиддин

  2. салом алйкум хамшахрон мо яке аз мухлисони Субхони Саид ман мехохам ки саптхои С. Саидро дар сайти комп!!!!
    партойд бо эхтиром мухлиси шумо аз шахри Екатеринбурги Руссия.

  3. МУХЛИС:

    Салом. Субхон Саид дар хакикат он ситорае мебошад, ки дар замин нз чилло медихад. Аммо сад афсуси он ситорахое, ки худро осмони мехисобанду заррае аз онхо рушноие ба назар намерасад.
    Субхони Саид аввалин сарояндаест, ки худ икрор шуда буд, ки аз маводи мухаддир истифода мекарду муддати зиёд бо хамин аз сахнаи мусики дур афтод. Хушбахтона имруз бо ПИРУЗИ бар ин марг оз руи сахнаи калони мусики ва хаводорони мусикиаш пайдо шуду боз хамон Субхони Саидеро, ки чандин 10 солахо руи сахна буд, нишон дод…Худо кунад, ки дигар сарояндагоне, ки аз маводи мухаддир истифода мекардаги, даст аз ин МАРГ кашанду аз паси Субхони Саид боз эчоди тарона кунанд.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!