ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА: «КУ ҲАМОН МАРДИ БАҶУРЪАТЕ, КИ ХОСТГОРАМ ШАВАД?»

Фируза Хафизова

Фируза Хафизова

«…Ба номи Худои поку бахшандаю меҳрубон қасам мехӯрам, ки ба хотири пулу мол ва ё дар санъат мавқею шӯҳрат пайдо намудан, бо марде ҳамхоба нагаштаам ва Худо асло нарасонад ба чунин рӯзҳои паст…»

Фикр мекунам, ки ин зебосанам на танҳо бо ҳусну латофат, назокату нафосат ва нигоҳҳои самимию мафтункундааш, балки бо рақсҳои мавзун, ишораҳои аҷоиб ва таронаҳои шӯху дилангезаш ҳамаро моили худ намудааст. Аз ин ҷост, ки ошиқони садою симо, суруду тарона ва эҷодиёти ӯ пайваста ба мо занг зада, аз кору зиндагии ин ситораи санъати тоҷик пурсон мешаванд.

Бо дархости зиёди хонандагони мо ва ҳаводорони Фирӯза Ҳафизова роҳ сӯи хонаи ин бонуи хушсадою хушадо пеш гирифтем, вале ӯро на дар хонааш, балки дар фурудгоҳи пойтахтамон пайдо намудем. Ҳарчанд Фирӯза ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия азми сафар дошт, вале ба вақти қиммати хеш нигоҳ накарда, ба тамоми саволу дархостҳои мо посух дод, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, азизон мегардонем, мутаваҷҷеҳ бошед.

— Сафарҳо ба хайр, Фирӯзабону!

— Иншооллоҳ, ки ба хайр аст.

— Ба куҷо азми сафар доред?

— Худо хоҳад ва насиб гардонад, ба назди бародаронамон…

— Нафаҳмидам, равшантар гап занед…

— Ба шаҳре, ки тамоми бародарони мо онҷо кору зиндагӣ доранд…

— Яъне…

— Бале, Федератсияи Русия.

— Магар онҷо барномаи ҳунарӣ доред?

— Рости гапро гӯям, бо корҳои шахсӣ нияти сафар намудан дорам, вале агар бародарони дур аз ватан будаи мо хоҳиш дошта бошанд, дар оянда Худо хоҳад як барномаи хубе пешкаши эшон хоҳам кард. Ман ҳамеша омодаам, ки барои ҳаводоронам, барои дӯстдорони таронаҳоям, барои ошиқони ҳунарам ва умуман, барои ҳама он нафароне, ки дӯстдори санъати асиланд, барнома ва ё сурудҳои тару тоза пешкаш созам, охир, ҳама заҳматҳоям барои болидагии табъу хотири онҳост, пас барнома ҷон дорад?

— Боварӣ дорам, ки бе дастовез сафар намекунед…

— Якчанд таронаи нав омода кардаам ва дар ҳамин сафар агар Худованд розӣ бошад, онҳоро дар шабакаҳои телевизионии ин кишвар пахш хоҳам кард. Мақсад аз сафар низ ҳамин аст.

— Фирӯзабону, дар давоми як сол шумо як қатор сурудҳои нав омода кардед, ба якчанд шаҳр сафар намудед, хонаи сеошёна сохтет, се маротиба мошин иваз намудед, ғайр аз ин дар санъати сарояндагӣ низ ба комёбиҳои зиёд мушарраф гаштед…

— Ташаккур, хоҳарам.

— Аз шумо ташаккур интизор набудам, балки донистан мехостам, ки барои ин ҳама аз куҷо маблағ меоред?

— Чӣ хел аз куҷо? Баробари ба саҳнаи ҳунар қадам ниҳодан, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, меҳнат дорам, ҳамеша дар тӯю маъракаҳоям, бовар кунед, кай ба роҳат хоб рафтанамро дар хотир надорам, агар гӯям, ки хоб чашмон, ҳатто вуҷудамро тарк намудааст, шояд хато нашавад, пас аз ин қадар кӯшишҳо соҳиби хонаю мошин нашавам, пас соҳиби чӣ шавам?

— Аммо аз рӯи шуниди ман ин ҳама аз пушти марди афғонест…

— Агар шумо ҳам ба ин овозаю ҳангомаҳои беасос бовар карда бошед, пас аз мардуми оддӣ ва ё онҳое, ки ҷое кору фаъолият намекунанд, шикоят надорам.

— Охир, дар як муддати кӯтоҳ ба ин ҳама ноил гаштан касро ба шубҳа меорад…

— Ба диққати тамоми мухлисонам мерасонам, ки агар ҳунару истеъдоди маро қадр намоянд, пас шубҳа накунанд ва ба гапу хабару овозаю ҳангомаҳои мардум бовар нанамоянд, зеро аз сад овоза, ҳатто яктояш ҳам асос надорад. Шояд ҳеҷ кас боварам накунад, аммо ҳақиқат ҳамин аст, ки ман сарпараст надорам, вале Худо дорам, ки Ӯ ҳамеша мададгори ман аст. Пешравиҳоям бошад, тӯҳфаи Илоҳист, ки дар натиҷаи заҳматҳоям муяссарам гашта…

— Вале мегӯянд, ки: «То шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад»…

— Аммо ман шохи дарахт нестам- ку?! Ман инсонам, инсон! Баъдан, бо як сарояндаи афғон бадеҳа хонданам маънои онро надорад, ки ман бо ӯ муносибатҳои ошиқона дорам, ё маъшуқаи ӯям, не, мо ҳамкорем ва муносибату рафтору гуфторам танҳо дар доираи ҳамкорист. Чаро мардуми мо ин қадар ҳангомасозанд? Чаро надидаю надониста, нафаҳмидаю насанҷида вирди номи инсонҳо гапҳои гӯшношунид паҳн мекунанд? Бовар кунед, аз ҳамин гапу гапчаи мардум хаста шудам, ҷонам ба лаб расида, вале боз сабрро пеша намуда, зиндагиро идома додаистодаам…

— Ғайр аз ин боз шунидаам, ки гӯё шумо бо мардони афғон ҳамхоба мешавед ва ҳаққи хизмати якшабаатон 3000 доллар арзиш доштааст…

— Худо нигаҳ дорад аз ин бадбахтиҳо. То имрӯз (хеле бо дард ва аламовар иброз дошт Фирӯза) ба номи Худои поку бахшандаю меҳрубон қасам мехӯрам, ки ба хотири пулу мол ва ё дар санъат мавқею шӯҳрат пайдо намудан, бо марде ҳамхоба нагаштаам ва Худо асло нарасонад ба чунин рӯзҳои паст. Дар зиндагӣ зиёд ранҷ кашидаам ва рӯзҳои мушкилро ҳам аз сар гузарондаам, вале ба хотири раҳоӣ аз банди дарду доғ ва камбудию норасоӣ ба роҳи бад нарафтаму ба кори бад даст назадам.

Худованд иродаамро мустаҳкам намудааст, ки хушбахтона, метавонам ҳама норасоиро бо сабру таҳаммул паси сар намояму худро берун барорам аз ҳама ноҷӯриҳо. Ғайр аз ин, ба марде, хоҳ тоҷик бошад, хоҳ афғон, имкон намедиҳам, ки ба рӯям сухани пасту баланд гӯяд, нисбат ба банда андешаи бад намояд, ба кори ношояму роҳи бад равонаам созад. Охир, Худованд мо, бандагонашро ақлу заковат, чашму гӯш, забон ва дасту пой дода, то тавонем худ кор кунему зиндагиамонро бо меҳнати ҳалол пеш барем, бо донишу малакаи доштаамон худро аз ноҷӯрӣ ва ё бадбахтиҳо ҳимоя кунем… Баъдан барои ман чӣ намерасад, ки ба чунин амалҳо даст занам?

— Аз он ки ин қадар суханони пасту таҳқиромезро таҳаммул мекунед, оё ба шавҳар бароед беҳтар нест?

— Ку ҳамон марди баҷуръате, ки хостгорам шавад? Ку марди боиродае, ки таклифи хонадоршавӣ кунад? Ку ҳамон марде, ки тавонад маро зани хонашин намояду рӯзгорамро пеш барад? Нест, нест чунин мард! Аз шунидани ин ҳама тоқатам тоқ шудаю мехоҳам тарки саҳна карда, зиндагиро ихтиёр намоям, зеро тавре мегӯянд: «Қурбоқа шӯ дорад, обрӯ дорад», вале чӣ чора? То имрӯз пайдо нашудааст, марде, ки воқеан ҳам, нақшаи хонадоршавӣ доштаю ба хотири оилаи обод бунёд намудан, таклифи издивоҷ намуда бошад, пас барои як рӯзу ду рӯз хонадор шавам?

— Аз оҳанги гуфторатон бармеояд, ки хаста шудед аз ин ҳама…

— Дуруст аст, аммо боз кӯшиш мекунам, ки ба ин ҳама чашм пӯшам ва идома диҳам санъатамро, зеро роҳи халосӣ нест аз гапу хабар. Одам, ки каме шинохта шуду мавриди таваҷҷӯҳи мардум қарор гирифт, ҳатман вирди номи ӯ ҳангомаҳои беасос паҳн шудан мегиранд.

— Чӣ ва ё кӣ сабаби асабӣ шудани Фирӯза мегардад?

— Баъзе рӯзноманигорон.

— Нафаҳмидам, чӣ гуфтан мехоҳед?

— Шуморо дар назар надорам, эҳтиром мекунам, зеро то имрӯз дар бораи ман хабару мақолаи беасос нашр накардаед ва аз пеши худ мусоҳиба насохтаед, вале маҷаллаю нашрияҳо ва рӯзноманигороне ҳастанд, ки аз ман ҳатто ба як саволашон ҷавоб нагирифта, як сӯҳбати пурра нашр мекунанд ва тавре вонамуд месозанд, ки гӯё ман ҷавоб гуфта бошам, дар асл ҳамааш дурӯғ аст.

Барои асосноктар шудани гуфтаҳоям, илова мекунам, ки ду ҳафта қабл ва ҳафтаи гузашта дар ҳафтанома ва маҷаллае (намехоҳам номбар кунам, вале муҳаррирону хабарнигорони он худ пас аз хондани ин навиштаҳо дарк мекунанд, ки сухан дар бораи дурӯягии онҳо меравад) дар бораам сӯҳбате нашр шуда буд, ки ман худ хабар надорам ва хабарнигорони он ҳатто ба ман муроҷиат ҳам накардаанд.

Зиёдтар барои як саволу ҷавоби дурӯғашон аламам кард. Навиштаанд, ки гӯё ман барои сароянда шудани духтарам розиям ва агар меҳру дилбастагӣ дошта бошад ба санъат, омодаам, ки дастгириаш бикунам, ҳол он ки ман духтарчаамро соле қабл ба хотири ба суруду мусиқӣ рӯ наовардану ба роҳи интихобкардаи ман нарафтан, ӯро тамоман аз худу аз хонаам дур кардаам, дар тарбияи каси дигар додаам. Оё ҳамон рӯзноманигороне, ки чунин гапҳои сохтаро менависанд шарм намедоранд? Виҷдон надоранд магар? Агар аз болояшон шикоят кунаму онҳоро ба ҷавобгарӣ кашам, магар ин шармандагӣ намешавад? Ана ҳамин чизҳо маро асабӣ мекунанд.

— Фирӯзабону, шикояти дигаре доред?

— Бо шикоятҳоям, фикр мекунам, шуморо ҳам хаста кардам. Дар охир шикоят не, балки таманно мекунам, ки ҳамеша ростгӯю росткору боҷуръату ҳамин гуна самимӣ бошед. Хушбахтӣ насибатон гардад.

— Ташаккур, барои сӯҳбати ошкоро.

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

19 комментариев

  1. Салом апаи Фируза бовар кунед аз пушти ту ман зик шудам ба ин саволхои кабехи бемаьни наход инсонро ин кадар паст зани агар Фируза аз дигаро паст бошад аз ту баланай эй саволдиханда…

  2. МУХИДДИН:

    САЛОМ ХОНУМ ФИРУЗА,МЕХОХАМ ПЕШ АЗОН ДАР БОРАИ ХУСНУ ЧАМОЛИ ШУМО ,ВА САДОИ ФОРАМУ ДИЛНИШИНАТОН КАМЕ СУХАН ГУЙЯМ.ШУМО ДАР ЧОДАИ САНЪАТ САДОИ БЕХАМТОЮ ДИЛРАБО ДОРЕД.ВА АЗ ХАМА БОНУВОН ЗЕБОТАР ХАСТЕД.МАН АЗ ОН РУЗЕ ,КИ ШУМОРО БО СУРУДИ (БАЧЧАИ ФАРХОР) РУИ САХНА ДИДАМ .ТО ХОЛ МУХЛИСУ МУШТОКИ ШУМОЯМ.БАЪД АЗ ГУФТУГУИ ШУМО БО МУСОХИБ,ОН ХАМА ГУФТАИ ШУМО БА МАН ПИСАНД ОМАД!МАН БО ИФАТУ ПОКИИ ШУМО ИКРОРАМ,НОМИ МАН МУХИДДИН,ШАХСАН МАН МЕХОХАМ БО ШУМО ОИЛА БАРПО КУНАМ.АЗ ТАШКИЛКУНАНДАГОНИ ИН СОМОНА АВВАЛАН МИНАДОРАМ ВА БАЪДАН ХОХИШ ДОРАМ,КИ ПОСУХАШРО АЗ ИН ХОНУМИ ЗЕБО ВА БОНУИ ХУНАР БАРГАГДОНАНД!

  3. ey mardum chi bovar karded ki guyo firuza xudasha reklama kardayu guftast shavxar mexom? in prosta dar omadi gapash ki mexrafrus pastash zadast in gapro guftast…. yak bor zan va mard (gazeta)-ro xoned mefaxmed muloqot chi xel sar shudast..ba’d ba tajmusic digarxel barovardaand guyon az dili xudash firuza inro guftabosha….durugnavison

  4. МУХЛИС:

    Салом ба хамаву алалхусус ба Зарин. Фикр мекунам, ки худат низ ба ин гуфтахот як реклама карди газетаи зану марда ё марду занай хамура да…ман хамин мусохибаро дар сайти хамин газет хондам, бовар кунед дар унча баъзе саволхое хастанд, ки хушбахтона дар ин сайт онхо нестанд. Баъдан агар каме аклат мерасид мефахмидед, ки дар инчо ин мусохиба тахрир шудаги, барои хамин фарк мекунад аз ун газетаи мегуфтагит… Агар саволе дошта боши мархамат, ба любой саволут чавоб меёбам…

  5. (MEXRAFRUZ)Ғайр аз ин боз шунидаам, ки гӯё шумо бо мардони афғон ҳамхоба мешавед ва ҳаққи хизмати якшабаатон 3000 доллар арзиш доштааст…(FIRUZA) — Худо нигаҳ дорад аз ин бадбахтиҳо. То имрӯз (хеле бо дард ва аламовар иброз дошт Фирӯза) ба номи Худои поку бахшандаю меҳрубон қасам мехӯрам, ки ба хотири пулу мол ва ё дар санъат мавқею шӯҳрат пайдо намудан, бо марде ҳамхоба нагаштаам ва Худо асло нарасонад ба чунин рӯзҳои паст. Дар зиндагӣ зиёд ранҷ кашидаам ва рӯзҳои мушкилро ҳам аз сар гузарондаам, вале ба хотири раҳоӣ аз банди дарду доғ ва камбудию норасоӣ ба роҳи бад нарафтаму ба кори бад даст назадам. Худованд иродаамро мустаҳкам намудааст,…(MEXRAFRUZ) Аз он ки ин қадар суханони пасту таҳқиромезро таҳаммул мекунед, оё ба шавҳар бароед беҳтар нест? (FIRUZA) Ку ҳамон марди баҷуръате, ки хостгорам шавад? Ку марди боиродае, ки таклифи хонадоршавӣ кунад? Ку ҳамон марде, ки тавонад маро зани хонашин намояду рӯзгорамро пеш барад? Нест, нест чунин мард! ………

  6. МУХЛИС:

    Бори дигар салом… Бале дуруст кайд кардед, бо ин саволхо хатто бо хамон шахсе, ки ба фахшу фучур даст дорад, мурочиат кунед, худро тахкирзада мехисобад. Аммо набояд фаромуш кард, ки Хонум Фируза мардонавор хар чанде, ки ин суханони пастро аз дахони хамчинси худаш шунид, боз хам бо як дили бузургу бекина чавоб гардонд. Фикр мекунам, ки дар ин мусохиба хонуми Мехрафруз каме непрофессионали сухбат оростааст. Барои хамин дигар фарк надорад, ки чи савол буду чи чавоб шуд. Мухимаш хамин ки Фируза хакикати холро ба мухлисону хонандагон ироа намуд. Ман шахсан Фируза Хафизоваро яке аз бехтарин санъаткорони эстрадаи точик медонам, ки дар як муддати кутох тавонист номи худро дар гушаи калби мухлисонаш чой дихад. Барои хамин ба Фирузабону тамоми комёбихои беназирро таманно дорам, бигзор хамеша чун инвакта мардонавор ба хазору садсаволи дигари мухлисону рузноманигорон чавоби конеъкунанда бидихад.

  7. ДУСТ ОН БОШАД,КИ ГИРАД ДАСТИ ДУСТ,
    ДАР ПАРЕШОНХОЛИВУ ДАРМОНДАГИ.

  8. Овораи Диёр:

    Саломалейк. Шоу-бизнеси Точикистонда гап нест. Фируза ба гуфтахои баъзе аз инхо гуш накуну худта асобони хам накун. Агар аз пушти ину он давед, бовар кунед аз сахна хело дур мешавед. Барои хамин холо ки кору борут тенчай корта давом додан гиру факат пешравихоятро нишон дех ки сахнаи точик Фируза дорад. Фирузае, ки хам мехонаду хам мераксаду хам дилхоро мерабояд. Ман хамчун як шахрванди Точикистон ва яке аз бехтарин мухлисонат бароят тамоми хушиву хуррами, тамоми бурдбориву сихативу саломатиатро хохонам. Бигзор мисли хамеша сихатманду сарбаланд боши…
    Боки Худо хофиз, Фируза Хафиз!

  9. БУКА:

    чи ба фикри шумо Фируза мусичаи бегуноҳ аст Сабаб чи буд ки аз шавҳараш ҷудо шуд ва худро боз дар инҷо реклама дорад Ту дигар ба ягон мард лозим нести чи туро ба зани мегирад кала мезанад

  10. Manja:

    Мечтать не вредно.

  11. Фирузабону хамчун хозири хуб хаст ва шахсан сурудхо ва сабти сурудхо хело ба ман махкул хаст ва дар кучой бошед ва набошед хама вакт саломат бошед дар пеши мухлисонатон ))))))))))))
    Ва соли наватон муборак бошад дар соли 2012

  12. Салом ФИРУЗА аз руи ХУДО гап зан ту ба кори хатое даст задаги нести бо афгонхо агар ки на гир сайти маро манам мард манам мехохам бо ту хонадоршавиро ягом чои панохаш нест дабавит кун боз мефахмем друг другу агар интизори посухи туям Фирузахон…..

    • Jeky:

      Амрии ё Рахими чура мардак барин гапи дали мана гуфти. хай камтар аз ман пештар гуфти. агар гирифтани боши биги тезтар агане худмам тайёрм Фирузара бигирам. бе шухи мегум чура. ихе духтари хушрура хама мегира. ина якташ ма. Фируза тайёрира бин «Шохзодаи савори аспи сафед»-ат омада истай.

      • духтури дуг-дуг шинос:

        лекин Чекии ё Чеки чани намедонум гапи хутам маъкулай. Ин духтар вокеанхам зебо аст ба мисли мох тезтарак як тат бигирен агане дер мекунен. Медонен барои чи барои он ки ман хам зангирум

  13. Гуш кунед апаи Фирузаа ! Чаро шумо дар ин чо суханхои бо маърифатона гап мезанед, аммо дар сахна либосхои гайри конуни Исломро ба бар мекунед! Хама шахсан ман худам хайрон мешавам! ааа боз як чизи дигар, дар сахна хар намуд либосхо ба бар накунед 1. Сурудхои бомаъни сароед .Аз ин пас мардхо хосгор мешаванд!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!