ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ФАРИДА: «БАРОИ МАН КИСАИ МАРД АРЗИШ НАДОРАД»

Фаридаи Бахтиёр

Фаридаи Бахтиёр

Аз фаъолияти сарояндагии Фаридаи Бахтиёр ҳамагӣ як сол сипарӣ гашта бошад ҳам, вале шунаванда ва ё бинанда гумон намекунад, ки ӯ чеҳраи нав аст дар саҳна, зеро Фарида ҳангоми сурудани тарона хеле озод аст, дар толорҳои серодам вақти баромад намуданаш он чунон таронахонӣ карда мерақсад, ки гӯё солҳои сол рӯи саҳна бошад.

Ӯ ба ҷавон буданаш нигоҳ накарда, кӯшиш мекунад, ки барои дӯстдорони савту наво, барои ба даст овардани дили мардум беҳтарин тарона, ки волотарин суханро дар бар гирад, омодаю пешкаш созад. Сӯҳбате доштем атрофи кору фаъолият ва рӯзгори берун аз саҳнаи Фаридаи Бахтиёр, ки фишурдаи онро пешкаш месозем.

— Фарида, тавре мо медонем, шумо пештар раққоса будед. Бигӯед, ки чӣ сабаб шуд, то тарки санъати рақс намуда, рӯ биёред ба суруду тарона?

— Меҳру муҳаббат ва дилбастагӣ ба санъати сарояндагӣ маро водор намуд, то пурра тарк созам рақсро ва рӯ биёрам ба суруду тарона. Ҳарчанд волидон ва дигар наздиконам кӯшиш намуданд, ки ман оянда табиб шуда, давобахши дарди беморон гардам, вале худ, ки ба ин пеша таваҷҷӯҳ ва заррае меҳру муҳаббат надоштам, натавонистам ин касбро аз худ кунам.

Охир, аз хурдӣ ошиқи санъат будам, пайваста зери лаб суруд замзама мекардам, дар тамоми чорабиниҳои мактабӣ тарона мехондам, мерақсидам, хуллас, ҳамин дилбохтагӣ маро маҷбур намуд, то раққоса шавам. Вақте вориди саҳнаи рақс шудам, ҳис мекардам, ки нисбат ба сурудхонӣ низ бетаваҷҷӯҳ нестам, ҳамин тавр оҳиста- оҳиста меҳри овозхонӣ дар қалбам мисли дарахт реша давонд ва оқибат маро пайваст ба суруду тарона.

— Хеле хуб. Гуфтед, ки падару модар ва аҳли оилаатон ояндаи шуморо табиб тасаввур мекарданд. Вақте камол ёфтеду табиб не, балки сароянда шудед, пас онҳо чӣ баҳо доданд?

— Фикр мекунам, ки ҳеҷ падару модар бадбахтии фарзандашонро намехоҳанд, онҳо ҳамеша барои пирӯзии мо, ҷигарбандонашон мубориза мебаранд. Бинобар ин, чун диданд, ки ман аз санъат дур шуда наметавонам, пас ба хулосае омаданд, ки маро дуо диҳанд, то бисабзам, зеро тавре мегӯянд «Одам бо дуо месабзад». Имрӯз онҳо аз ман рорзӣ ҳастанд ва пайваста даст ба дуо бардошта, аз Оллоҳ пешравию ба қуллаҳои баланди санъат расиданамро талаб мекунанд.

— Бори аввал ба саҳна баромадани худро дар хотир доред? Он лаҳзаҳо чӣ эҳсосоте шуморо фаро гирифта буд?

— Ҳаргиз фаромӯш намекунам бори нахуст ба саҳнаи ҳунар баромаданамро. Он лаҳзаҳои пурэҳсос, лаҳзаҳои ширин, лаҳзаҳое, ки бори аввал зери кафкӯбиҳои мардуми меҳрубонамон сурудхонӣ мекардам, барои доимӣ дар хотираам нақш хоҳанд баст. Вақте халқ аввалин таронаи маро, ки «Дуои ишқ» ном дорад, хуш пазируфтанд, бовар кунед, меҳру муҳаббатам нисбат ба саҳнаю санъат дучандон зиёд гашт.

— Таронаҳои ғамангезатон, ба мисли «Дуои ишқ», «Азизам» ва «Ноумедӣ», ки онҳоро хеле бо дарду алам сурудаед, аз зиндагии худатон қисса мекунанд ва ё…?

— Не, албатта. Азбаски ман сарояндаи ҷавон ҳастаму ба тозагӣ фаъолиятро оғоз намудаам, мехоҳам ҳамеша аз дили мардум суруд хонда бошам, дарди онҳоро қисса кунам, ҳамон матнеро оҳанг баста хонам, ки писанди ҳамагон гардад.

— Аммо аз рӯи шунидам таронаи «Азизам» — ро махсус барои ҳамсаратон сурудаед ва он ба рӯзгори худатон тааллуқ дорад…

— Чӣ хел ҳамсар? Ман ҳанӯз шавҳар накардаам. Ҳамагӣ як сол мешавад, ки рӯи саҳнаи ҳунарам ва дар ин муддати кӯтоҳ танҳо тавонистаам якчанд суруд омода созаму халос.

— Яъне «мард- сарпараст» низ надоред, аммо дар фикраш ҳастед, ҳамин тавр?

— Ростӣ, андешаи пайдо намудани марди «ғамхор ва сарпараст»- ро ба гӯшаи хаёл наовардаам, агар гӯям, ки намехоҳам чунин «дастгир» дошта бошам, шояд боварам накунед, аммо дониста бошед, ки Худованд аст дастгиру мададрасони ман.

— Охир, аксари бонувони ҳунарманд, бахусус сарояндагони зебо марди «дастгир» доранду шумо не, пас ин чӣ тавр мешавад? Мегӯянд, ки: «Шаҳри якчашма рафтӣ, як чашматро кӯр гир». Шумо, ки вориди саҳнаи ҳунар шудед, магар аз доштани «мард- сарпараст» худро канор мегиред?

— Бале, зеро ба ҷуз Худованд каси дигар наметавонад ба кору зиндагии мо барору пешравӣ диҳад, пас такрор ҳам шавад, боз мегӯям, ки Оллоҳ аст мададгори ман.

— Имрӯз мисле, ки дар Тоҷикистон мӯд шуда бошад, ҳар духтаре, ки аз шавҳараш ҷудо мешавад, рӯ меорад ба саҳнаю санъату суруду мусиқӣ… Шумо ҳам шояд аз шавҳаратон ҷудо шудаю барои тоза кардани аламҳои дилатон ба саҳна қадам ранҷа намудед?

— Ман аз ин мӯдҳо бехабарам ва тавре болотар гуфтам, ҳоло оиладор нестам ва дар ин масъала фикр ҳам накардаам.

— Чаро? Магар бехабаред, ки оила барои ҳар як фард муҳим аст?

— Медонам, ки оиларо ҳар як инсон, бахусус занон бояд дар ҷойи аввал гузоранд, аммо барои ман ҳоло вақти андеша кардани ин масъала нест. Аввал бояд санъатамро идома диҳам, таронаҳои хубу дилангезро омода созам, миёни мардум ҳамчун сароянда муаррифӣ гардам, баъдан…

— Баъдан чӣ?

— Баъдан Худо розӣ бошад, хонадор мешавам, зеро ман низ мисли дигар духтарон либоси сафеди арӯсӣ ба бар кардан мехоҳам.

— Орзуи бо чӣ гуна мард хонадор шуданро доред: сарватманд, хушқаду қомати камбағал ва ё…? Умуман барои Фарида пулу моли мард дар ҷойи аввал меистад ё меҳру муҳаббаташ? Зеро имрӯз аксар духтарон на ба рафтору гуфтори шавҳаршавандаашон, балки ба кисаи ӯ назар мекунанд…

— Барои ман кисаи мард арзиш надорад, дар ҷойи аввал рафтору гуфтор ва меҳру муҳаббат аст. Чӣ кунам мардеро, ки давлату сарват дошта бошаду аз кӯчаи маърифат дур? Ё хонаи боҳашамату мошини хориҷӣ дошта бошаду заррае меҳру муҳаббат не? Бигзор як марди оддӣ бошад, аммо маро чӣ гунае, ки ҳастам, бо ҳама камбудиҳоям қабул кунад. Санъатамро пазирад, ба қадрам бирасад…

— Камбудӣ гуфта, чиро дар назар доред? Чӣ хел камбудӣ?

— Одамӣ бе камбудӣ намешавад. Шояд дар рафтору гуфторам камбудӣ мебинад, ё дар симоям, барои ҳамин, агар ӯ маро бо вуҷуди норасоиҳоям қабул кунад, бароям аз пулу мол ва ҳама дороияш болотар аст. Охир, зиндагии ширин ва хушбахтиро бо пулу мол харида намешавад, бинобар ин, мо бояд ҳамеша меҳру муҳаббат, дӯстдорӣ ва хушбахтиро дар ҷойи аввал гузорем, на чизи дигарро.

— Фарида, кӣ шуморо ба барномаи наврӯзӣ, ки Садриддину Валӣ ҳунарнамоӣ карданд, даъват намуд?

— Тавре ба ҳама маълум аст, беҳтарин ва шинохтатарин санъаткорон ҳам аз кишвари худамон ва ҳам аз хориҷи он бо дастгирии ширкати машҳуру овозадори «Қиёминтертеймн» барномаҳои ҳунарӣ пешкаши халқ мегардонанд ва дар консерти идонаи наврӯзӣ банда низ бо дастгирии ин ширкат ҳунарнамоӣ кардам.

— Ҳангоме, ки бо Валӣ — сарояндаи афғон бадеҳа мехондед, ӯ дар гӯши шумо чизе гуфт. Шояд ягон таклиф кард?

— Чӣ хел таклиф?

— Таклифи бадеҳа хондан, ба тарабхона рафтан ва ё…

— Не, шуморо чашмонатон фиреб додааст, дар саҳна мо гӯшакӣ накардаем.

— Чашмони ман фиребгар нестанд. Ҳар чӣ ки ҳаст, ҳамонро мебинанд.

— Не, ягон таклифу пешниҳод накардааст.

— Агар мекард, розӣ мешудед?

— Дар доираи ҳамкорӣ мебуд, шояд…

— Бигзор ин мавзӯъ норавшан монад, аммо нагуфтед, ки бо ширкати «Қиёминтертеймн» чӣ муносибат доред?

— Ҳамкорӣ дар доираи санъат, тамом.

— Мегӯянд, ки шумо хеле бахилед, ҳатто ба дӯстону дугонаҳои худатон бахилӣ мекунед, пешравии онҳоро чашми дидан надоред, оё ин ҳама рост аст?

— Тавбааа… То имрӯз ба касе бадию бахилӣ накардаам, ки чунин гуфтанд мардум, агар кунам, эҳҳа… (механдад)

Хоҳ боварам кунед, хоҳ на, ба касе бахилӣ надорам ва аз пешравии нафаре ҳасад намебарам, баръакс, хушҳол шуда, «ош шавад» мегӯям.

— Нақшаҳои шумо?

— Худо хоҳад ва насиб гардонад, ният дорам, ки дар оянда бо якчанд овозхони дигар як барномаи хуби ҳунарӣ пешкаши халқ гардонам. Ҳамчунин, бояд гӯям, ки ба наздикӣ клипи таронаи «Ноумедӣ» — ам, ки давоми шаш моҳ барои омода намудани он заҳмат кашидам, дастраси дӯстдорони савту наво хоҳад гашт.

— Шаш моҳ? Барои омода шудани як клип магар шаш моҳ заҳмат кашидан даркор?

— Барои беҳтар баромадани он аз ин ҳам зиёдтар заҳмат мекашӣ. Ман, ки қадамҳои хешро нав ба ҷодаи санъат гузоштаам, мехоҳам клипи омоданамудаам аз дигар клипҳо ба куллӣ фарқ кунад, бинобар ин, давоми шаш моҳ танҳо барои як клип заҳмат кашидам.

— Таманно мекунем, ки тамоми суруду клипҳои омоданамудаатон писанди мардум гарданд.

Сӯҳбати Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. Ох мехрафруз,ох мехрафруз ин вичдонат туро азоб намедихад ба ин тухматхои зиед оо наход ба ин дарачая худата пеши мардум шумруй куни …ман бовар надорам ки журналист-хо хамаш мисли ту хаминхел……ман будам он консертба сафи дуюмба ва мисли ту гушаки кардани ин бонуи хунаро надидем ,медони ки аз хама тухмат кори безеб аст?

  2. fira:

    e neki rost axamiyat doda boshen surudxonoi mardinakati nagz savol-javob mekuna fakat xami zanoya savolxoi ???? medixad

  3. МУХЛИС:

    САЛОМ. Аку шумо хам мисли мусохибакунанда камсаводиатонро нишон надихеду хаминро фахмида монед, ки вакте, ки зан бо мард гап мезанад бо дигар шаклу усул ва агар зан бо хамчинси худ хамсухбат шавад ин дигар тарафи масала…Яъне дар инчо каме пастиву баландии байни ин ду сухбаткунанда айён асту яке аз дигаре худро баланд мегирад…Барои хамин зан мардро дуст дораду мард занро…БУТУН бесаводона харф мезанед дия…Барои Мехрафруз хаминро гуфтаниям, ки навиштагихоят бад не…Кушиш кун боз аз ин хам дида хубтару олитар эчод мекунед. Барори кор хамада…

  4. salom ! agar zhurnalist boshi farki mardu-zanro nadori va xamjinsxam naboyad gui baroi 4i zanoya savolxoi kabex doda metoniyu mardora ne boyad ba xama yakxel musoxiba kuni donista gir

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!