ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ФАРЗОНА МАХСУС БАРОИ МАН СУРУД МЕХОНАД!

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Агар аз ҳақиқат ҳарф занам, ба хотири сарояндаи дӯстдоштаам Фарзонаи Хуршед хома ба даст гирифтаю ба унвонат нома менигорам. Хеле зиёд дӯст медорам ин бонуи ҳунарро ва тамоми сурудҳояшро азбар кардаю пайваста зери лаб замзама мекунам.

Вақте бори аввал Фарзонаи Хуршед рӯи саҳна омад, садо ва сурудҳояш маро мафтун кард, ҳатто ӯро дида худ низ нисбат ба санъат меҳру муҳаббат пайдо намудам. Мехостам, баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва ё Консерваторияи миллии Тоҷикистон супурда, оянда сароянда шавам, вале бародаронам ба ин розӣ нашуданд ва маро шомили факултаи иқтисод ва идораи ДМТ карданд. Имрӯз дар курси панҷум таҳсил мекунам, аммо ҳанӯз ҳам нисбат ба санъат, суруду мусиқӣ ва сарояндагӣ муҳаббати хеле зиёд дорам, вале наздиконам барои ба мурод расиданам монеа эҷод мекунанд.

Ин муҳим нест, муҳимтар аз ҳама он аст, ки сарояндаи писанддидаи ман Фарзонаҷон аз маҳбас озод шудаю имрӯз кӯшиш намудаистодааст, то барои мо таронаҳои нав ба нав омода созад. Чанде пеш як мухлисаш ба идораи рӯзнома мактуб ирсол намуда буд, ки гӯё аҳли оилаи Сурайё Қосимова ба ким кадом давлати дигар кӯч мебанданд, аммо хушбахтона, дар шумораи дигари нашрия мактуби ҷавобии намояндаи онҳоро бо номи Фаридун хондаю хеле шод шудам. Тавре ӯ гуфта буд: «Сурайё Қосимова, Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё ба ҳеҷ куҷо кӯч бастанӣ нестанд, зеро Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст медоранду дур аз оғӯши гарми ӯ будан барояшон гарон аст. Онҳо ҳоло барои як барномаи ҳунарӣ омодагӣ дидаистодаанд ва Худо розӣ бошад, охирҳои моҳи октябри соли равон барномаи консертии ин ҳунармандон пешкаши савту наво хоҳад гашт».

Аз гуфтани ин суханон, рости гап, хеле вақт ҳам гузашт, акнун мардум барои Соли нав омодагӣ мебинанд, аммо… Барномаи гуфтагии он бародар куҷо шуд? Чаро консерт баргузор нагашт? Баъзеҳо мегӯянд, ки дар кишвар барои консерт додан ба онҳо иҷозат дода намешавад. Қисми дигар баронанд, ки гӯё Фарзона айни ҳол бо апааш Шабнам ва модараш ба Дубай рафта, онҷо ҳунарнамоӣ мекунанд. Боз овозае ҳаст, ки гӯё Фарзона аз Дубай шавҳар кардаю онҷо тӯй мекардааст. Бовар кунед, аз шунидани ин овозаҳо сарукалобаамро гум кардаам, охир, ман бе садои Фарзона зиндагиамро тасаввур карда наметавонам.

Сурудҳои ӯ ба ман илҳоми тоза бахшида, тамоми дарду ғамамро дур месозанд. Ҳатто ҷавонеро, ки чандин сол бо ҳам шинос будему ӯ маро фиреб дода бо дигаре хонадор шуд, тариқи гӯш кардани таронаҳои дилангези Фарзонаҷон аз дил каме берун намудам, вагарна аз дарду ғами ҷудоӣ, аз фикри он номарди бевафо бо марг рӯ ба рӯ гашта будам. Шукрона мекунам, ки имрӯз ба ҳолати аввалаам баргаштаам.

Ҳар вақте гӯш ба таронаҳои Фарзона медиҳам, фикр мекунам, ки ӯ дарди дили маро қисса дорад, мисле, ки аз ранҷу азобам бохабар асту махсус барои ман суруд мехонад. Ба ҳамин хотир, аз шунидани ин овозаҳо каме ба ташвиш афтодаам. Илтимос ба саволҳоям ҷавоб гардонед, зеро танҳо ба шумо боварӣ ва умед дорам.

Умеда Каримова, аз шаҳри Кӯлоб

Аз идора: Пас аз ба дасти мо расидани номаи шумо, хоҳари азиз, мо кӯшиш кардем, ки ба саволҳоятон ҷавоб гирифта, ба ҳақиқати овозаҳо равшанӣ андозем. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои зиёд маълум кардем, ки Фарзонаи Хуршед бо ҳамроҳии апааш Шабнам ва модараш Сурайё Қосимова ба Дубай не, балки Амрико рафта, онҷо бо Ораш ва Мансур дар барномае ҳунарнамоӣ мекунанд. Овозаҳое, ки Фарзона шавҳар кардаю дар Дубай тӯйи арӯсиашро таҷлил мекунад, асос надоранд. Ӯ ҳоло дар фикри хонадор шудан нест, баъди аз маҳбас озод шудан, орзуи аввалинаш боре ҳам барои шумо, дӯстдорони суруду таронааш як барномаи ҳунарӣ пешкаш кардан аст. Аз рӯи нақшаҳояш Фарзона бояд рӯзи 31- уми декабри соли равон дар толори консертии кохи Борбад бо тозатарин сурудҳояш хотири шумо, азизон ва тамоми дӯстдорони ҳунару истеъдодашро шод созад, аммо ба ин таърих ҳам рӯзҳои шуморӣ мондааст, Фарзона бошад, дар сафари Амрикост, бинобар ин, шояд барномаро ба рӯзҳои аввали Соли нав таъхир гузошта? Ба ҳар ҳол, мо аҳли эҷод кӯшиш мекунем, ки бо Фарзонаи Хуршед ҳамсӯҳбат шуда, ба тамоми саволу дархостҳои шумо ҷавоб гирем.

«Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!