ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СИТОРАҲО АЗ СОЛИ НАВ ЧИРО ИНТИЗОРАНД?

TajMusic stars

TajMusic stars

Соли 2011 бо ҳама муваффақияҳо ва омаду ноомадҳояш паси сар шуд ва инак пушти дари ҳар яки мо Соли нави 2012 истодааст. Соли харгӯш барои ҳунармандон чӣ гуна сол буд ва аз соли наҳанг чиро интизоранд? Барои ҷавоб гирифтан ба ин савол ба чанд нафар аз сарояндагони шинохтаи кишварамон муроҷиат кардем.

Наимҷони Сайдалӣ: УМЕДҲОИ ЗИЁД ДОРАМ…

— Аз солҳои пешин ношукрӣ намекунам, зеро ҳамааш солу моҳ ва рӯзҳои Худоянд, аммо қайд кардан ба маврид аст, ки соли харгӯш барои ман беҳтарин сол ба шумор меравад. Зеро дар ҳамин сол бо таронаи «Ғарибӣ» миёни мардум маҳбубият пайдо намуда, муҳаббати зиёди халқ, аз ҷумла модаронеро, ки ҷигарбандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, соҳиб шавам. Ҳарчанд сурудҳои зиёд доштам, вале хушбахтона, ҳамин сол бахт ба рӯям хандиду танҳо бо як тарона машҳур гаштам. Ғайр аз ин, барномаи консертии хешро дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор карда, бо мухлисони азизам рӯ ба рӯ гаштам, ки ин бароям бахти бузург аст. Аз Соли наҳанг бошад, умедҳои бисёр дорам, бахусус зиёд мехоҳам, ки баҳри дӯстдорони савту наво як барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Душанбе пешкаш созам ва лаҳзае ҳам бошад, эшонро хушҳол намоям.

Саидаи Сироҷиддин: РӮҲАФТОДА НЕСТАМ, ЗЕРО…

— Соли гузашта бароям вазнинтарин соли ҳаёт буд, зеро давоми як сол ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштам. Ҳарчанд бисёр кӯшиш намудаю зиёда аз 20 таронаи нав эҷод кардам, бадбахтона, ҳанӯз ҳам онҳо ба дасти ҳаводоронам нарасидаанд. Вале ноумед нестам, чунки зиндагӣ ҳамеша якмаром нест, он гоҳо рангину ширину гоҳи дигар талху дилгиркунанда мешавад, ки баъзан инсонҳо аз ин ҳама дилсард мегарданд. Аммо метавонам бо дилпурӣ бигӯям, ки ҳаргиз аз нокомиҳо хаста нестам ва намешавам, умед мебандам, ки ҳама ноҷӯриҳо бартараф шуда, рӯзҳои нек, комёбӣ ва пешравиҳо моро интизоранд. Аз Худованд пеш аз ҳама саломатии комил талаб дорам, зеро танам сиҳат бошад, иншооллоҳ ҳамааш хуб хоҳад шуд.

Пенҷӣ Анаев: ОРЗУҲО БИСЁРАНД, АММО…

— Харгӯш ба ҳаёти шахсиам дигаргунӣ ворид накарда бошад ҳам, хушҳолам, ки корҳои эҷодиам давоми як сол хуб ҷараён доштанд. Маҳз ҳамин сол тавонистам албоми дуюми хешро бо номи «Рӯъё», ки беҳтарин таронаҳои бандаро дар бар мегирад, дастраси мухлисонам гардонам. Агар «Рӯъё» писанди ҳамагон гардаду онро бо хушнудӣ бипазиранд, пас дар Соли нав, агар Худо розӣ бошад, барномаи консертӣ пешкаш хоҳам кард.

Ҳабиб Ҳакимов: ТИНҶУ ОСУДА БОШЕМ…

— Наметавонам солҳоро хубу бад гӯям, зеро ҳар сол бо як навгоние меҳмони хонадони ҳар яки мо мегардад. Ҳама солҳо бароям хуб буданду мемонанд, аммо бояд қайд кунам, ки харгӯш бо қадами муборакаш дили маро шоду кошонаамро равшан намуд. Давоми як сол сурудҳои зиёде омодаю пешкаш кардам, ки қисми зиёди мардум онҳоро хуб пазируфтанд. Пайваста занг задану дар рӯзномаю маҷаллаҳо навиштани эшон гувоҳи гуфтаҳои болоист. Аз соли нав бошад, пеш аз ҳама осудагӣ умед дорам, чун осуда бошем, боварӣ ҳаст, ки муваффақ низ мешавем.

Кимиё Ҷӯраева: БОВАРӢ ДОРАМ, КИ…

— Аслан ҳама солҳо соли хубанд, вале соли гузашта бароям на онқадар хуб буд, зеро тамоми сол бемору бистарӣ будам, аммо умед дорам, ки соли наҳанг бо омаднаш ҳама дарду доғамро бартараф мекунад. Соли наҳангро, ки 12- сол пеш буд, ҳаргиз фаромӯш намекунам, зеро дар ин сол ман бори дуюм ба шавҳар баромадаю хушбахт гашта будам. Ғайр аз ин, 12- сол пеш маҳз дар соли наҳанг маро дар аксар барномаҳои консертии ҳукуматӣ даъват намуда буданд, ба чандин давлатҳо сафарҳои ҳунарӣ доштем, хулоса, беҳтарин сол буд, соли наҳанг. Боварӣ дорам, ки имсол низ соли хуб меояд, зеро наҳанг ҳайвони обӣ ва тоза аст, барфи сафедро нишони покию бо пою қадам будани сол медонам. Боқӣ, Соли нав муборак бошад!

Мусоҳиб Дилангез Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!