ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНА АМОНҚУЛОВА: «СИРРИ ДИЛАМРО ДАР ХУД НИГОҲ МЕДОРАМ»

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Як хислати хуби Нигина Амонқулова ҳамчун сароянда дар он аст, ки ӯ сурудро гӯёву расо месарояд ва муроди шеъру оҳангро дар мағз-мағзи ҷони кас расонида метавонад. Овози фораму садои дилангезаш касро ба сайри олами нотакрору лаззатбахши зебоӣ ҳидоят месозад ва боз ҳам ошиқтару зиндагидӯстдортар мекунад.

Суруди ӯ беҳтар аз ҳар сухане дилҳоро аз меҳру муҳаббат ва покизагиву саодат пур месозаду ба таппиш меорад. Ҳар он суруде, ки Нигина месарояд мисли чеҳраи поку беғашаш дилфиребу дилнишин ва қалби касро навозишгар аст. Хонандагони кунҷкоби ҳафтаномаи мо ба ӯ меҳру ихлоси беандоза доранд ва баробари ошноӣ пайдо кардан бо ҳунари ӯ, инчунин мехоҳанд аз рӯзгору зиндагиаш ва ҳатто лаҳзаҳои асроромези ҳаёташ низ огоҳ бошанд.

Ва фикр мекунам, ин танҳо кунҷкобии оддӣ набуда, балки ҷозибаи истеъдоди ин ҳунарманд аст, ки мухлиси ҳақиқиро сӯйи худ мекашад ва дар дил эҳсоси наҷиберо бедор месозад. Кас мехоҳад донад, ки ҳунарманди писандидааш чӣ рӯзгоре мебарад, бо аҳли оилааш чӣ гуна муносибат дорад ва бештар баҳри чӣ ҷаҳду талош меварзад. Мо ҳам дархостҳои бешумори хонандагони ҳафтаномаи хешро ба назар гирифта, бо Нигинабону ҳамсӯҳбат гардидем  ва аз розу ниёзи ӯ пораеро ба мухлисони ҳунараш пешкаш намудем.

— Идеали шумо дар ҷодаи ҳунар кӣ буд?

-Рости гап, ба таври конкретӣ касеро идеали худ қарор намедодам ва фикр намекардам, ки ба касе монанд бошам. Танҳо устодони санъат ва ҳунармандони асил Нигина Раупова, Мастона Эргашева, Шоиста Муллоҷонова, Барно Исҳоқова ва ҳунаманди эронӣ Гугушро хеле зиёд дӯст медоштам.

— Дар бораи шумо мегӯянд, ки ҳама либос зебандаатон аст. Ба худатон бештар либоси миллӣ писанд аст ё дигар?

— Албатта, либосҳои миллӣ бароям мақбултаранд. Ҳар як бонуи тоҷикро либосҳои миллиаш, хоса бо матоъи атлас дӯхташуда хеле зебо мекунад. Аммо ҳар як либос мавриди пӯшидани худро дорад. Ин вобаста ба мавсими сол ва макони иштирок дар консерту маъракаҳо аст. Ҷое ҳаст, ки танҳо либоси миллиро тақозо мекунад ва ҷое низ ҳаст, ки либоси ҳамарӯза ба бар кардан дуруст меояд.

— Шӯҳратманд будан, албатта, осон нест? Дар баъзе мавридҳо ҳатто ноҳинҷорӣ низ меорад? Шумо яке аз машҳуртарин сарояндагон ҳастед, ки дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаҳои мардуми тамоми манотиқи Тоҷикистон ҷой гирифтед. Дар бораи шӯҳрати худ чӣ гуфта метавонед?

— Фикр мекунам, рисолати ҳунарманд аслан танҳо хуш сохтани хотири мардум ва навозиши рӯҳу қалбҳояшон набуда, инчунин масъулияти бузурге дорад. Санъаткори асил бояд ҳунару маҳорати худро ба таҳкими пояҳои маънавӣ ва ахлоқи ҷомеа нигаронад. Дар ниҳоди мардум ҳиссиёти  меҳрубонӣ, инсондӯстӣ, одамият ва меҳанпарастиро бедор сохта тавонад.

Шӯҳратманд ва маҳбуби дили мардум будан касро водор месозад, ки нисбати касбу ҳунари худ боз ҳам ҷиддитару бомасъулияттар шавад. Аз ин хотир ман ҳам мекӯшам бештар ба сурудҳои баландмазмун ва ба дили мардум наздик рӯ орам.

— Шумо кушодадил ҳастед ё асрори дилатонро пинҳон нигоҳ дошта метавонед?

-Албатта, кушодадил ҳастам, вале метавонам сирри диламро дар худ нигоҳ дорам.

— Рози дили худро бештар ба кӣ мегӯед?

— Ба модари азизу меҳрубону ғамхору ғамгусорам. Ва инчунин бештар рози дили хешро ба оҳанг мегӯям.

 — Аз чӣ метарсед? Шояд аз танҳоӣ?

— Не, ҳаргиз аз танҳоӣ наметарсам. Зеро, шукри Худованд, ки фарзанди дилбанд дорам ва ӯ намегузорад, ки танҳо бошам. Ман аслан тарсу нестам. Аммо аз тӯҳмати ногаҳонӣ ва ягон ҳодисаи нохуш метарсам.

— Ба кӣ эътиқод доред?

— Ба Худованди бузург.

— Арзандатарин комплименте, ки ба шумо гуфтаанд?

— Ба ман комплимент зиёд мегӯянд. Аммо аз ҳама бештар вақте мегӯянд, ки  «шумо сурудҳои бомаъниву бомазмун мехонед» ва «либоси миллӣ шуморо зебанда аст» бароям гуворо аст. Имрӯз мебинам, ки ҳатто духтарчаҳои хурдсол бо ҳавас тоқичаву куртаи атлас мепӯшанд, дилам лабрези фараҳ мегардад.

— Ба фикри шумо сароидани «фалак» осон аст ё «шашмақом»?

-Ҳар қадар дар ҷодаи санъат тӯлонитар роҳ паймоӣ, ҳамон қадар машаққати онро дарк мекунӣ ва мефаҳмӣ, ки суруду мусиқӣ беҳтар аз ҳар сухане дилҳоро аз меҳру муҳаббату садоқат пур месозад. Аз ин лиҳоз гуфтаниам, ки хондани ҳар ду жанре, ки шумо суол кардед, осон нест, аз сарояндааш заҳмату машқи зиёдро тақозо мекунад. Барои ман хондани шашмақом нисбати фалак осонтар аст.

— Агар дар сафар бошед, бештар аз ҳама киро пазмон мешаваед?

— Фарзанди ягонаам Аъзамҷонро, инчунин волидону пайвандонамро.

-Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон?

-Бигзор ҳамеша тансиҳату хонаобод бошанд. Дар дилашон ҳамеша ишқ бошаду меҳру муҳаббату садоқат. Осмони ватани азиз — Тоҷикистон ҳамеша софу беғубор бошад ва мардумон тавонанд, зиндагии осоиштаву бофароғат дошта бошанд ва дар фазои сулҳу ободӣ бо хандаҳои беғаши тифлакон ба олам нур бирезад.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

No Responses Yet

  1. Икромчон:

    салом Нигина ман як мухлиси ашади шумо суруди чархи фалак ба ман хеле макул шуд рахмат хохари азиз аз шумо як хохиш дорам либоси мили ба шумо хеле мезебад дар бароматхоятон либоси милли пушед! РАХМАТ!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!