ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОРЗУҲОИ СОЛИНАВИИ СИТОРАҲО

Нигина, Шабнам, Суруш

Нигина, Шабнам, Суруш

Ҳамасола шаби 31 – уми декабр соати 12: 00 ҳар яки мо бо соли кӯҳан хайрухуш намуда, бо нияту орзуҳои ширин Соли нави мелодиро истиқбол мегирем. Ситораҳои санъат шаби Соли нав чӣ орзу мекарда бошанд? Барои ҷавоб гирифтан ба ин савол ба чанд нафар сарояндагони шинохтаи санъати тоҷик муроҷиат намудем.

Моҳира Тоҳирӣ: — Аз ин фурсат истифода бурда, пеш аз ҳама Соли нави мелодиро ба тамоми мардуми тоҷик муборакбод мегӯям ва таманно мекунам, ки ҳар рӯзи зиндагӣ барояшон чун имрӯзҳо ид бошаду пайваста хандаю шодӣ аз хонадонашон канда нагардад. Тавре ба тамоми дӯстдорони савту наво маълум аст, ману Фаридаи Бахтиёр, Шабнами Тоҷиддин ва Шаҳроми Абӯбакр рӯзи 1- уми январи соли 2012 – ум барномаи консертӣ дорем, бинобар ин, баробари вориди кошонаам гаштани Соли наҳанг, аз ӯ тинҷию осудагӣ талаб мекунаму баъдан орзу менамоям, ки барномаамон хуб гузарад, мардум аз шунидани таронаҳои тозаэҷоди мо шод шаванд ва лаҳзае ҳам бошад, худро аз банди дарду доғ ва мушкилоти рӯзгор раҳо созанд. Агар пас аз тамошои барнома мардум бо табъи болида аз толор берун шаванд, пас мо низ хушҳол хоҳем шуд. Боқӣ, Соли наватон муборак бошад!

Шабнами Тоҷиддин: — Ман низ пештар аз ҳама дар сатҳи баланд гузаштани барномаи консертиамонро орзу мекунам, зеро пас аз ин қадар заҳматҳо агар он ба халқ писанд наояд, пас мо назди онҳо сархаму қарздор хоҳем монд. Худо то рӯзи 31- ум расонад, соати 12:00 аз наҳанг, ки ҳайвони обӣ асту меҳрубонаш мегӯянд, талаб мекунам, ки муҳаббати халқро барои мо арзонӣ дорад, то онҳо бо як лутфу марҳамат ва чеҳраи кушода вориди толори консертӣ шуда, ҳамин гуна аз он берун гарданд. Баъдан орзу мекунам, ки наҳанг бо пою қадам бошад ва бо омаданаш ба хонадони мардуми тоҷик файзу баракат, хушию хурсандӣ ва хушбахтӣ орад, на дарду ғам.

Олими Маҳмуд: — Фикр мекунам, ки агар ҳар рӯз орзуҳои мо амалӣ гарданд ҳам, боз пайи он орзуҳои дигар пайдо мешаванд. Воқеан ҳам, зиндагӣ бо орзу ширин аст ва на танҳо дар шаби Соли нав, балки ҳамеша, ҳар лаҳзаю ҳар соат пеши Парвардигор аз додааш шукргузорӣ намуда, орзу мекунам, ки пеш аз ҳама ба ҳамаи мо, инсонҳо, саломатии комил ато намояд, зеро беҳтарин неъмат барои инсон тани сиҳат аст. Танат, ки бе дард бошад, ҳатман орзуҳо низ амалӣ мегарданд, зеро барои ҷомаи сабз пӯшидани онҳо заҳмат мекашию мубориза мебарӣ.

Аз наҳанги ғамхор талаб мекунам, ки Соли навро барои ҳама мардум соли бобарору комёбиҳо ато намояд, на соли шикасту рехт. Соли гузашта чандин ҳамкасбони мо аз байн рафтанд, ки ин қалбҳои моро ғамхона кард. Барои ҳамин, ҳар яки мо даст ба дуо бардошта, талаби тансиҳатию хурсандиро бояд кунем, дигар ҳамааш хуб хоҳад шуд.

Шабнами Собирӣ: — Орзу мекунам, ки духтарчаам Сумая сиҳату саломат ба камол расида, дастёри модараш гардад. Баъдан мехоҳам наҳанг низ мисли харгӯш бароям ғамхор бошад, ба кору зиндагиам муваффақият диҳад, дар натиҷаи кӯшишҳоям дар ҷодаи санъат маро ба қуллаҳои баландтар расонад, таронаҳои навам, ки дар рӯзҳои Соли нав онҳоро хоҳам хонд, писанди дили ҳамагон оянд ва… Муҳимтар аз ҳама меҳру муҳаббат, дӯстдорӣ ва ҳамдилию ҳамдигарфаҳмиро дар оилаам арзонӣ дорад ва хонаамон меҳрхона гардад.

Суруш Холов: — Шаб хоб рафтану субҳи дигар саломат бедор шудан ва ба дидори офтоб расидан худ хушбахтӣ аст. Орзу бошад, тамомшавӣ надорад, ҳар лаҳа ҳам орзу кунем, боз пайи он орзуи дигаре тавлид мешавад. Бинобар ин, думболи орзу кардан не, балки амалӣ шудани онҳо бояд рафт ва кӯшиш намуд. Орзуманди тансиҳативу хонаободии ҳар яки шумо, азизон ҳастем, мо аҳли оилаи Холовҳо.

Нигина Амонқулова: — Орзу дорам, ки дар кишварамон сулҳу субод, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми инсонҳо зиёда гардад, мардум ҳамдигарро дӯст доранд, эҳтиром кунанд, ба қадри якдигар бирасанд, зеро дар дунё танҳо меҳру муҳаббат, эҳтиром ва номи нек боқӣ мемонад, тавре шоир гуфтаааст: «…Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ».

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!