ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҶАМШЕД ИСМОИЛОВ: «ТАМОШОБИН НАБОЯД ТАҲҚИР БИНАД»

Чамшед Исмоилов

Чамшед Исмоилов

Ҷамшед Исмоилов аз ҷумлаи он ҳунарпешаҳоест, ки бо сабку услуби сарояндагии хеш, овози ширадор ва маҳорати баланди эҷодиаш дар дили мухлисони созу суруд ҷой гирифтааст. Дар муддати беш аз сӣ соли сарояндагиаш тавонист собит намояд, ки ин ҳунарро беҳуда интихоб накардааст…

Ба наздикӣ чор нафар сарояндаҳои маҳбуб Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов ва Ҷамшед Исмоиловро ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пазируфтанд. Аслан, ба ин ташкилот оҳангсозони касбӣ қабул мегарданд ва ин навгонӣ аввал дар таърихи ин иттифоқ рух дод.Ба ҳамин муносибат ва инъикоси паҳлӯҳои эҷодӣ бо узви нави Иттифоқи оҳангсозони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов сӯҳбате доштем, ки ҳоло мӯҳтавои онро ба шумо, хонандагони азиз пешниҳод менамоем.

— Хуб мешуд, мегуфтед, ки ин иқдом чӣ гуна пайдо шуд ва ба узвияти иттифоқи композиторони Тоҷикистон ворид гардидани гурӯҳи ҳунармандони номдор, аз ҷумла худи шумо чӣ манфиате барои ин иттифоқи эҷодӣ ба бор меорад?

— Бояд гуфт, ки чор соли охир ин иттифоқро Арбоби ҳунариТоҷикистон, оҳангсози шинохтаи кишвар Қудратулло Ҳикматов роҳбарӣ менамояд. Қудратуллоро муддати мадидест, ки мешиносам, вай аз ҷумлаи мутахассисони шинохтаи санъат аст. Дар аксари чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусиқии ҷумҳурӣ иштироки фаъолона дорад. бахусус, дар консертҳои оммавии бахшида ба Наврӯз ва Истиқлолияти давлатӣ саҳми ӯ калон аст.

Оҳангҳои зиёди марғуб дорад, ки дар жанрҳои мухталифи мусиқӣ садо додаанд. Ростӣ гап, ворид гардидани устодон С. Билолов, Д. Холов ва Ф. Ҳасанов ва ҳамчунин банда ногаҳонӣ буд. Фикр мекунам, ки ин кор ба бурди санъати тоҷик ва бахусус, ин иттифоқи эҷодист. Албатта, ин шахсоне, ки номбар карда шуд, дар баробари он, ки суруд мехонанд, дар кори оҳангсозӣ ҳам дасти боло доранд.

Онҳо аксаран дар таронаҳояшон аз оҳангҳои худашон истифода мебаранд. Басо хурсандибахш аст, ки Раёсати Иттифоқи Композиторон ҳам аз шахсиятҳои шинохтаи соҳа – Фароғат Азизӣ, устод А. Низомов, Ш. Ашӯров ва дигар ҳаммаслакони онҳо иборатанд, ки ин ба бурди ҳамин соҳа аст. Муаллима Ф. Азизӣ ва устод А. Низомов бевосита дар соҳаи мусиқӣ тадқиқотҳои пурарзишро ба сомон расондаанд.

Дар жанри Шашмақом, Фалак ҳам асарҳои пурарзишро таълиф намудаанд. Бахусус, китоби «Композиторы и музыковеды Таджикистана» таҳти роҳбарии профессор Ф. Азизӣ дар бораи мусиқишиносон ва мутахассисони соҳаи санъати асил маълумоти пурарзиш додааст, ки он бояд асари рӯимизии ҳар як ҳунарманди соҳаи мусиқӣ бошад.

— Шуморо мардум хуб мешиносанд ва ба ҳунари асилатон қоиланд.Оё худатон замони аввалин маротиба ба майдони ҳунар ворид гардиданатонро дар хотир доред?

— Хеле хурд будам(механдад). Дар синфи 4 ё 5 –уми мактаби миёнаи рақами 2 — юми ба номи М. Ломоносови шаҳри Кӯлоб мехондам. Дар толори Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи устод Cаидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб озмуни «Ғунчаҳои санъат» байни хонандагони мактабҳои шаҳр баргузор гардид.

Ман бо рубоб сурудеро хондам, ки ҳоло матнаш қариб, ки дар хотирам намондааст(механдад). Баъди хатми суруд директори театр, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Қурбон Зардаков ба ман сумкаи мактабӣ тӯҳфа намуд. Албатта, ин ҳамон лаҳзаҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти минбаъдаи эҷодиам робитаи зич доранд.

— Аслан, ҳунармадони воқеӣ агар гап сари масъалаи шӯҳрат, истеъдод ва ҳунари модарзодӣ равад, ҳатман аз хизмати устоди касбашон ёдовар мешаванд…

— Дар мактаби миёна роҳбари мусиқиамон шодравон Салим Муқимов буд.Ӯ нозукиҳои ҳунари мусиқиро ба мо омӯхт. Дар байни ҳамсабақонам шояд Худованд дар дили ман ҳамин ҳунарро андохт, ки ба пайраҳаи эҷодӣ дохил шудам. Яъне ҳам Қурбон Зардаков ва ҳам Салим Муқимов бароям ҳаққи устодӣ доранд. Баъдтар дар синфи нӯҳум хонданам бо суруди дар васфи Ленин сароидаам лоиқи таърифи дӯстону омӯзгоронам гардидам.

— Он солҳо масъалаи касбинтихобкунӣ басо ҷиддӣ буд, аз синни мактабӣ ин ё он соҳаро интихоб мекарданд. Чӣ тавр шуд, ки ба пойтахт омадед? Мехоҳам дар бораи таърихи ба пойтахт омадан чанд сухан мегуфтед.

— Бе дудилагӣ соли 1973 барои дохил шудан ба мактаби олии санъат ба пойтахт роҳ пеш гирифтам. Он солҳо Институти санъат набуд. Имтиҳонҳоро дар факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко супоридем ва аз аввали моҳи сентябр Донишкадаи санъат дарҳои худро бори нахуст боз намуд ва таҳсили мо он ҷо шурӯъ шуд…

— Солҳои охир қариб, ки суруд намехонед, чаро?

— Эҷодкори асил бояд, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва эҷод бошад. Чанд сол аст, ки роҳбарии Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ — консертӣ» — и назди Вазорати фарҳанги ҷумҳуриро бар дӯш дорам.Вазифаи бисёр ҳам масъулиятнок аст. Вазифаи иттиҳодияи мо тайёр кардани барномаҳои консертии давлатӣ, чорабиниҳои муҳими фарҳангист.Дар муассисаамон оркестри давлатии эстрадии «Гулшан» (роҳбари бадеиаш Б. Тошев), ансамбли давлатии рақсии «Зебо» (З. Назирова), ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро»(роҳбари бадеиаш Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Д. Сатторова), ансамбли камеравӣ (роҳбари бадеиаш Арбоби ҳунари Тоҷикистон З. Нишонов) ва гурӯҳи таронаҳои халқӣ (роҳбари бадеиаш Ҷумъахон Исмоилов) фаъолият менамоянд, ки шумораи умумии ҳамаи ҳайат бештар аз сад нафарро ташкил додаанд.

— Шумо аз ҷумлаи он ҳунарпешаҳои шинохтаед, ки таҷриба ва собиқаи кории зиёд доред. Оё боре теъдоди сурудҳоятонро шумурдаед?

— Ростӣ, боре ҳам ба ин масъала сари кор нагирифтаам. Шояд беш аз сад суруд эҷод кардаам. Дар фонди тиллоии Радиои тоҷик маҳфузанд, қисме аз онҳоро дар хазинаи шахсиам ҷой додаам.Даҳ сол дар ансамбли шашмақомхонони ба номи Ф. Шаҳобов, ансамбли «Дарё» кор кардаам. Албатта, он вақтҳо ҳам давраи фаъолияти пурраи эҷодӣ фароҳам омада буд. Директори гурӯҳҳои ҳунариии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири Фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон будам.

Айни ҳол бо тавсияи Иттифоқи композиторони ҶТ китоби сурудҳоям (бо нақшаи адвораш) ба чоп супорида шудааст, ки то ҷашни 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз чоп мебарояд.Мавзӯҳои ин сурудаҳоям мавзӯҳои азалии Ватан, Модар, арзишҳои миллӣ, муҳаббат, ишқ ва дӯст доштани ҳама сангу кӯҳи диёр аст.

— Мехостам дар бораи муносибатҳои эҷодии устоду шогирдӣ дар мисоли Ҷӯрабек Назриев чанд ҳарфе бигӯед.

— Дар ҳақиқат, мактаби эҷодии устод Ҷӯрабек Назриев дар солҳои ҳафтодуми қарни гузашта ҳамаро ба ваҷд оварда буд. Ману Қурбоналӣ Раҳмонов, Дона Баҳромов ва шояд чанд тани дигар шогирдони ҳамин мактаби ҳунарием. Ӯстод Ҷӯрабек ҳамеша дар ҳар сурудашон як навоварӣ ва гӯишу лаҳни ба худашон хосро ворид мекарданд.

Ҳамин буд, ки ин сабк зуд ба дили ҳар шунаванда роҳ меёфт ва ин садо ва оҳанги ӯ ба дуриҳои дур дар андак фурсат парвоз мекард. Ба ӯ бисёриҳо тақлид ҳам мекарданд. Аз он хурсандам, ки устоди азизамон нозукиҳои ҳамин пешаро ба мо омӯзонданд, ки як умр аз эшон сипосгузорам. Як шоире гуфтааст, ки:

Набурда ранҷи шогирдӣ,зи устодӣ чӣ мелофӣ,

Муриди кистӣ, эй кӯдаки бе пир, пират ку?

Агар андаке ҷойе корамон барор гирифта бошад , аз лутфу марҳамати Парвардигор ва дасти дуои устодамон Ҷӯрабек Назриев аст. Ман боварӣ дорам, ки Қурбоналӣ ва акаи Дона ҳам ба ин андешаи банда ҳамовозанд.

— Боре аз тариқи радиои «Озодӣ» дар хусуси ду таронаи шумо баҳс шуда буд. Беҳтараш худатон ба он равшанӣ андозед?

— (Механдад). Он ҷо гап сари суруда шудани ду таронаи банда аз тарафи ҳофизи шинохтаи афғон Сиддиқи Шабоб аст, ки муқими Олмон мебошад. Якеи онҳо бар матни устод Лоиқ –«Шаб, ки хондам номаҳоят» ва дигарӣ «Хоки Ватанам зи мурда безор шудаст» ном дорад. Ба ҳардуи ин сурудҳо худам оҳанг навиштаам ва матни суруди дуюм аз Зиё Раҳмон ва Сафармуҳаммад Аюбист. Онҳоро банда солҳои 1993 -1994 сурудаам, Сиддиқи Шабоб солҳои аввали 2000 — ум хондааст. Ман, албатта, хурсанд аз онам, ки як ҳаммаслаки хориҷиам таронаҳои маро сурудааст.

— Нақшаи гузарондани консерти эҷодиатонро надоред?

— Бори охир соли 1999 шаби эҷодиамро бо номи «Базми Ҷамшед» таҷлил карда будам. Ёдам ҳаст, дар рӯзи Иди Ғалаба буд. Нахустин маротиба телеманиторро дар саҳна истифода бурда будем. Ҳар як суруд бо мазмуни он дар экран намоиш дода мешуд ва ин амал бори маъноии сурудҳоро боз ҳам пурмӯҳтаво гардонда буд. Пардаи кабуди осмонии ситоразор ба ҳусни саҳна ҳусни дигаре зам менамуд.

Дар чанд намоиши консертии Кохи Борбад дидам, ки ҳоло ҳам аз ҳамон пардаи «Базми Ҷамшед» ва ороиш истифода мебаранд. Ба ин сухан гуфтаниам, ки он вақт шаби эҷодӣ гузарондан даркор, ки ба тамоми ҷузъиёташ ба тамошобин ва мухлисон писанд бошад. Тамошобин чипта харида, ба консерт медарояд ва ӯ ҳақ надорад, таҳқир бинад. Иншооллоҳ, гузарондани шаби эҷодии дигар ҳам дар нақша ҳаст.

— Андаке болотар аз ҳаёти ансамблҳои муассисаатон нақл кардед. Аксаран барои идомаи фаъолият, харидани сару либоси ҳунармандон маблағи кофӣ даркор мешавад. Чӣ гуна метавонед онҳоро пайдо намоед?

— Саволатон басо бамаврид аст. Дар ҳақиқат, масъалаи маблағ бисёр ҳам муҳим мебошад. Роҳбари ширкати дар вилояти Хатлон буда Ҳоҷӣ Амрулло, ки табъи шоирӣ низ доштаву бо тахаллуси Муштоқ шеър мегӯяд ва раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот Ҳоҷӣ Сироҷиддин Валиев ба мо доимо кӯмаки молӣ ва маънавӣ расонда меистанд, ки аз ҳарду миннатдорем.Агар ҳамин гуна бародарони дигари дастгир дар пҳлӯямон бошанд, соҳаи фарҳангамон боз ҳам рушду нумӯъ меёбад.

— Мо низ ба гуфтаи шумо мувофиқем ва Худо кунад, ки чунин дӯстони ҷонии фарҳангиамон зиёд бошанд. Ба шумо ва кормандони муассисаатон комёбиҳо таманно дорем. Барои сӯҳбати пурмӯҳтавоятон ташаккур.

Мусоҳиб Ҳотами Ҳомид, «Чархи гардун»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!