ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

«ФАРЗИН» ПРОДЮСЕРИ МУСИҚАВИИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД

Guruhi Farzin

Guruhi Farzin

Ҳабиб Ҳакимов роҳбари гурӯҳи «Фарзин» аст. Ин гурӯҳ то имрӯз чор албоми худро дастраси ҳаводорону мухлисонаш гардонидааст. Роҳбари ин гурӯҳи овозадор, ҳамчунин, як албоми яккаи худро бо номи «Сояҳо» соли 2008 ба фурӯш бароварда буд.

Феълан, гурӯҳи «Фарзин» албоми ҷадидеро бо номи «Опс-Опс» омода намудааст, ки рӯзҳои наздик ба дасти мухлисонаш хоҳад расид. Дар ин албом сурудҳои писандидаи ҷавонон, аз ҷумла «Сиёҳчашмак» ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, Ҳабиб Ҳакимов продюсери мусиқавии яке аз сарояндаҳои ҷавонро ба зимма дорад, ки дар ин бора дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо ӯ ошно хоҳем шуд.

Мо тасмим гирифтем, ки бо раҳбари гурӯҳи «Фарзин», овозхони тоҷик сӯҳбати расонаиро доир кунем. Гуфта мешавад, ки солҳои қабл фаъолияти гурӯҳҳои ҷавони эстрадӣ рӯи саҳнаи тоҷик омаданд ва бо гузашти вақт, онҳо пароканда шуданд. Чаро гурӯҳҳои ҷавони эстрадӣ муваффақ нестанд? То куҷо «Фарзин» муваффақтарин гурӯҳи ҷавони эстрадӣ дар саҳнаи тоҷик хоҳад буд?

-Саволи нахуст чунин аст, ки чаро гурӯҳи «Фарзин» як муддат хомӯширо ихтироъ карда буду то имрӯз ягон консерти худро дар алоҳидагӣ баргузор накард?

-Ман аз соли 2004 ин ҷониб дар танҳои сарояндагӣ мекардам, соли 2011 боз бо гурӯҳи «Фарзин» якчанд суруд тайёр кардам. Баргузории консертро дар нақша дорем, шуморо ҳатман огоҳ месозем.

-Имрӯзҳо рафтуомад бо хонум Манижа Давлатова доред? Ӯ чӣ ҳол дорад? Метавонед каме маълумот диҳед? Хеле пазмонаш шудем.

-Манижаро дар рӯзҳои наздик дида будам ва ҳолу аҳволаш хело хуб аст, бо эҷодиёт машғул аст.

-Барои овозхон шудан истеъдод лозим аст, вале баъзан сарояндаҳои ба қавле хасакиву тасодуфӣ низ рӯи саҳна меоянд ва бо гузашти як муддати кӯтоҳ аз байн мераванд. Ба фикри шумо метавон гуфт, ки овозхон шудан низ тавассути шиносбозӣ сурат мегирад?

-Ман фикр мекунам нафаре, ки агар овози худодод дошта бошад, ҳамеша муваффақ мешавад. Вале, агар овози сусту заиф дошта бошад, ҳарчанд машқ кунад, бо эффектҳои компютерӣ онро оро диҳад, ҳамон гуна мемонад. Пӯшида нест, ки аз он замоне ки технологияҳои ҳозиразамон ба сарояндаҳо кӯмаки сурудхонӣ мекунанд, ҳаваси сароянда шудану ба саҳна баромадан барои бисёриҳо осон шудааст.

Шумо дуруст гуфтед, ҳозир зиёд мушоҳида мекунем, ки сарояндагоне шиносу маблағ доранд, ба консертҳову толорҳои ситораборон роҳ меёбанд. Сад афсӯс, ки байни ҷавонон сарояндагони хушовозу бомасъулят кам нестанд, вале онҳо роҳхат гирифта наметавонанд, албатта, ин аз надоштани маблағу шинос аст… Агар имконияти хуб медоштам, як маркази продюсерӣ барои ҷавононе, ки табиатан овозу истеъдоди худододӣ доранд, боз мекардам ва онҳоро дастгирӣ менамудам.

-Як вақт рӯи саҳнаи тоҷик гурӯҳҳои ҷавони эстрадӣ зиёд ба чашм мерасид, барои мисол «Иқбол», «Эҳсон», «Сайр» ва чанд гурӯҳи дигар. Аммо бинед дигар аз онҳо хабаре нест, зеро ҳама худаш ба қавле мустақил шуд ва гурӯҳҳо аз байн рафтанд. Шумо ҳамчун як нафаре, ки раҳбари гурӯҳи овозадори «Фарзин» ҳастед, гуфта метонед, ки чаро чунин аст ва гурӯҳҳо муваффақ нестанд, чаро онҳо яке пайдову яке гум мешаванд?

-Ман фикр мекунам, ки ин ҳатман аз худи санъаткор вобастагӣ дорад. Гурӯҳҳо гоҳ ба ҳам меоянду гоҳ пароканда мешаванд, ин аз худи онҳо вобастагӣ дорад. Барои ман як муддати дароз даркор буд, ки бисёри чизҳоро мулоҳизаву мушоҳида кунам ва баъди як муддати тӯлонӣ боз бо дастовези нав ба назди мухлисон омадам. Агар доим кӯшиш карда, дар ҷустуҷӯи як самту равияи тоза дар мусиқӣ бошӣ, муваффақ мешавӣ!

— Суоли навбати ҳамин аст, ки оё шумо то имрӯз бо кадоме аз сарояндагони тоҷик (бонуҳо) дуэт хондаед? Магар шумо аз фаъолияти гурӯҳҳои ҷавони эстрадӣ қаноатманд ҳастед? Чаро дуэтхонӣ дар байни сарояндагони ҷавон, мисли замони пештар барои мисол дуэтҳои Кармутулло Қурбон бо Ширинмоҳ мухлиси зиёд надоранд?

-Ман то имрӯз танҳо бо ду нафар: аввал дар соли 2003 бо Ширинмоҳ Ниҳолова ва соли 2008 бо Манижа Давлатова дуэт сароидам. Фикр мекунам, дуэти бо Манижа сароидаам бисёр муваффақ буд. Ман дар бораи фаъолияти эстрадии гурӯҳҳои ҷавон ҳеҷ гуфтание надорам, зеро онҳо бо хоҳиши худ ва чизи ба дил наздики худро месароянд ва бигзор ҳар яки онҳо кор кунанд ва муваффақ шаванд.

Нисбати дуэт ҳаминро мегӯям, ки бисёр дуэтҳои нағз дорем, аз он ҷумла, Садриддин бо Шабнам, Шаҳром бо Нигина ва дигарон, сабаб дар он аст, ки дар замонҳои пеш сурудҳоро ба воситаи телевизион пахш мекарданду ҳама онро медиду мешунид ва ошноӣ пайдо менамуд, он замон суруд муваффақ мешуд. Мутаассифона, айни замон бисёри санъаткоронро дар телевизион, умуман, намоиш намедиҳанд ва суруди хондаи онҳо ба мардум намерасад.

-Матни сурудҳое, ки шумо месароед, кӣ менависад? Шумо бештар аз навиштаҳои кадом шоирон истифода мекунед? Оҳангҳои шуморо кӣ месозад? Бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ доред?

-Аксаран аз матнҳои Орзу Исоев ва Лоиқ Шералӣ истифода мебарам. Аз ғазалиёти классикон низ дар сурудҳоям истифода кардаам. Барои мисол, аз Ҷалолиддини Румӣ ва Саъдӣ Шерозӣ. Ба ман ашъори Фуруғи Фаррухзод ва Фарзона низ писанд аст. Оҳангҳоро худам тайёр мекунам ва ҳамчунин, аз оҳангҳои Даврон Раҳматзод ҳам бисёр суруд омода кардаам…

-Чанд вақт пеш шумо дар Хуҷанд як шоу-барнома доштед, он бо хоҳиши мухлисони шумо буд? Баъдан як саволи дигар дорам, номи албоми нави шумо «Опс-Опс» аст, ин чӣ маъно дорад?

-Бале, моро даъват карданд ба Хуҷанд. Консерт хуб гузашт, мухлисон ҳам зиёд буданд. Ба суоли дуюми шумо гуфтаниям, ки ном гирифтани албоми нави мо ба ибораи «Опс-Опс» маънои ҳаяҷон, рақсидан ва париданро дар назар дорад…

-Шумо як замон шуҳрат баровардеду баъд хомӯширо ихтиёр кардед, ин хоҳишатон буд ё вазъи иқтисодӣ?

-Хоҳиши шахсиям буд, мехостам якчанд сол истироҳат карда, ягон чизи нав ҷустуҷӯ кунам.

-Айни замон шумо бо кадом сарояндагон ҳамкории эҷодӣ доред?

-Як суруди нав, дуэт тайёр намудем, ки Фарзонаи Хуршед бо Шабнами Сурайё месароянд. Ин суруд «Буро-Буро» ном дорад ва насиб бошад, рӯзҳои наздик он дастраси мухлисон мешавад. Ин қадами аввалини продюсерии ман буд. Ва айни ҳол бо Фарзонаи Хуршед кор бурда истодаам ва албоми нави ӯро омода карда истодаем. Инчунин дар ин рӯзҳо суруди дигареро бо номи «Садом Бизан»-ро сабт намудем, ки онро Фарзонаи Хуршед иҷро намуд ва ин суруди дуюмин бо ҳамкории ман ба вуқӯъ омад.

-Ҳабиб Ҳакимов дар зиндагӣ аз чӣ метарсад? Оё боре кадоме аз мухлисонатон ба сурудҳои шумо эрод гирифтаанд?

-Дар зиндагӣ худотарс ҳастам, лек зиёди мардум ин гапро мегӯянд, ки аз банда натарс, аз Худо тарс, аммо дар замони мо инсонҳое ҳам зиёданд, ки аз онҳо натарсӣ ва худро канор нагирифтан чандон хуб нест. Вале баъзе ҳолатҳо хоҳиши мухлисонро ба назар гирифтан хуб аст. Ман низ суруди «Кӯлоб меравам»-ро бо дархости мухлисонам аз шаҳри Кӯлоб омода карда будам.

-Барои сароянда чӣ муҳим аст, пул ё истеъдод? Чӣ чиз ба шумо илҳом мебахшад?

-Истеъдод муҳим аст ва ҳар як лаҳзаи зиндагонӣ барои сароянда илҳомбахш мебошад.

-Дар асл мухлис ё хонандаву бинанда бисёр мехохад, ки зиндагии пасипардагии нафари писандидааш огаҳ бошад. Ман низ пурсидани будам, ки Хабиб дар зиндагӣ чӣ гуна инсон аст?

-Фикр мекунам, инсони хубам (механдад), соҳиби се маълумоти олӣ ва донандаи хуби панҷ забони хоричӣ ҳастам. Ба фикрам, кифоя аст барои хуб будан (шӯхӣ буд).

-Чӣ тавре, ки малум аст, шумо ба синни 40-солагӣ қадам мондаед ва шумо ба пирӣ тан додани нестед ба мисли дигароне, ки аз шумо ҷавонан, лек дар саҳна аз шумо калон менамоянд. Сирри ҷавон мондани шумо дар чист?

-Рости гап, ман худро ҳамеша ҷавон ҳис мекунам, новобаста ба синну сол. Одами зиндадилам ва кӯшиш мекунам бо хурсандиву шодӣ ҳамсафар бошам. Ҷавон мондан сир надорад, ҳар яке шумо бояд инро ҳис кунед.

Мавод аз сомонаи «Tojnews» гирифта шудааст.

Бо хоҳиши бархе аз дӯстон онро мо бознашр ва бо ихтисорот рӯи сафҳаи хеш чоп кардем.

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. камол:

    Некем сурудои тенч мекни. сурудои кадагит хамаш машхур меша. ида гап надорм. даст боло кадем!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!