ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БОҒИГУЛ САИДОВА: «БА ДӮСТОНАМ БОВАР НАДОРАМ!»

Богигул Саидова

Богигул Саидова

Боғигул Саидова ниёз ба муаррифӣ надорад, танҳо ба ёд овардани таронаи «Зиндагӣ» кофист, ки дилҳо бо шуниданаш ба туғён оянд. Хонадоне нест, ки дар фазояш ин суруди дилангез танин наандохта бошаду фардеро пайдо намудан душвор аст, ки ин таронаро бо ҷону дил дӯст надорад.

Бе муҳобо метавон гуфт, ки «Зиндагӣ» машҳуртарин таронаи сол буд. Аз ин рӯ, аввалин мусоҳибаи худро дар Соли нав бо машҳуртарин сарояндаи сол Боғигул Саидова оростем.

Зиндагӣ тӯҳфа аст

-Беҳтарин тӯҳфаи соли 2011 ба Боғигул?

-Соли 2011 маро соҳиби мошин кард. Азбаски кайҳо дар орзуи мошин будам, онро беҳтарин тӯҳфаи сол меҳисобам. Дуюмин тӯҳфаи олиҷаноб аз Русия ба дидорбинии мо омадани хоҳарам буд. Рӯзҳои бо мо будани хоҳарам ширинтарин рӯзҳои зиндагии ман гаштанд.

-Мухлисонашон ба ситораҳо тӯҳфаҳои қиматбаҳо тақдим мекунанд. Ба Боғигул ҳам мошинро тӯҳфа карданд?

-Не, чунин мухлисони олиҳимат надорам. Дар зиндагӣ ҳарчи пайдо карда бошам, бо меҳнати ҳалоли худ ёфтаам.

-Мошини тамғаи дӯстдоштаатон будагист?

-Аслан ман Тайота-Каролларо дӯст медорам, вале алҳол дастам ба домони ин орзу намерасад.

-Медонам, ки ситораҳо тӯҳфа гирифтанро дӯст медоранд, тӯҳфа доданро чӣ?

-Ман ба касе тӯҳфа тақдим намоям, худам аз тӯҳфагиранда бештар хурсанд мешавам, бинобар ин натанҳо дар идҳо, балки гоҳо дар рӯзҳои муқаррарӣ низ ба модарам, ба фарзандонам, ба шавҳарам ва ба дӯстонам тӯҳфа мебарам.

-Аксаран ҷои тӯҳфаҳое, ки занҳо ба шавҳаронашон тақдим мекунанд, кунҷи сандуқ мешавад…?

-Хушбахтона аз ин тоифаи занҳо нестам. Ман завқи шавҳарамро хуб медонам ва ҳар тӯҳфае, ки ба ӯ мехарам, барояш писанд меафтад. Зиндагии мо аслан тӯҳфа аст. Аксари чизҳое, ки дар хонаамон ҳаст, ёддоште, хотираи ширине доранд.

Рашк ва ишқ

-Боғигул, бе муҳобо Шумо ниҳоят зани зебо ва дар баробари ин ҳунарманду машҳур ҳастед, ҳамеша гули сари сабадед. Мард ва рашк ду мафҳуми аз ҳамдигар ҷудонашавандаанд, оё рашки шавҳар ҷигархунатон намесозад?

-Бе рашк намешавад! Шавҳарам аз доираи аҳли санъат дур аст ва хоҳ-нохоҳ ҳамин чиз боиси нофаҳмиҳо, боиси рашку ҷанҷол мешавад. Аслан санъаткоре, ки мегӯяд дар зиндагӣ бо моҷарои рашк рӯ ба рӯ нагаштааст, дурӯғ мегӯяд.

Ҷанг карда қаҳрӣ шавед, кӣ аввалин шуда оштӣ мешавад?

-Пештар ман аввалин шуда роҳи муросо меҷустам, ҳоло хатоямро фаҳмидам ва ҳеҷ гоҳ қадами аввалро намегузорам. Мард агар дӯст дорад, бигзор худаш дилҷӯӣ кунад.

-Марди идеалӣ аз нигоҳи Боғигул?

-Марди боақл. Марди боақл соҳиби пул ҳам мешаваду соҳиби обрӯ ҳам ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки зан хор шавад, азоб кашад. Мутаассифона, дар замони мо чунин мардон хеле каманд. Ман ба аксари мардҳо бовар надорам.

-Чаро?

-Чунки тору пудашон аз дурӯғ сиришта шудааст.

 Сирри зебоии Боғигул

-Барои зан дар зиндагӣ зебо будан муҳимтар аст ё доро будан?

-Ман фикр мекунам, ки доно будан. Занро ақлу кору рафтораш зебо мекунад. Зиёданд занҳои зоҳиран хеле зебое, ки аз забонашон дашному алфози қабеҳ меборад. Ин тоифаи занҳо ба ҷуз сурат дигар ягон иффати занона надоранд ва бо онҳо рӯ ба рӯ шуда ҳайфат меояд, ки Худованд занашон офаридааст.

Зани ширинзабону боназокат зоҳиран зебо набошад ҳам ҳусни рафтораш ӯро ҷозиб ва зебо месозад. Зан бояд дар ҳама ҷо қадри худро донад ва фаромӯш накунад, ки вай модар-тарбиятгар аст. Зане, ки қадри худро намедонад ҳеҷ гоҳ қадр намебинад.

-Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки сирри зебоии Боғигул дар чист?

-Ман хеле кам аз ороишоти косметикӣ истифода мебарам ва он ҳам танҳо ҳангоми сабти суруд ва тӯю маъракаҳо ба рӯям ҳар крему пудраи пешомадаро намемолам. Бо ҳусни худодод шукрона мекунам.

-Атри дӯстдоштаатон?

-«Биллара» аз фирмаи «Мерри Кей»

 Фарзанд-ганҷи беҳтарин

-Вақте аз аксари сарояндагон мепурсем, ки ҳунарманд шудани фарзандонатонро мехоҳед, не мегӯянд, Шумо ҳам чунин посух медиҳед?

-Ман баръакс орзу дорам, ки фарзандонам ҳунарманд шаванд, мехоҳам ҳар саҳар онҳоро ба кружокҳои махсус барам, вале бачаҳоям истеъдод доранду шавқу ҳавас надоранд. Аслан бачаҳои ҳозира ҷиддӣ нестанд, ҷуз компютербозӣ дигар ба чизе завқ надоранд. Бачагии мо, шавқу завқамон дигар буд.

Ман аз синфи 3 ба маҳфили рақсии «Машъал» мерафтам. Аз тарси падару модарам пинҳонӣ, аз хона гурехта рақсомӯзӣ мерафтам. Вақте ки моро ба хориҷа даъват карданду даъватномаро ба хонаамон фиристоданд, модарам огоҳ гаштанд ва ба ҷои шод шудан маро барои рақсам зери мушту лагад гирифтанд.

-Ҳамин тавр ба хориҷа нарафтед?

-Хушбахтона рафтам. Апаҳоям «духтарак ҳунару ҳавас дорад, зебо мерақсад, кӯдакро дилшикаста накунед», -гӯён модарамро хеле зорӣ намуданду ниҳоят мани 10 сола иҷозати сафар пайдо намудам. Ман дар кӯдакӣ аз ҳозира бештар ба сафарҳои хориҷӣ мерафтам.

-Танҳо рақс мекардед ё ҳунарҳои дигар ҳам доштед?

-Ба ғайр аз рақс боз дӯзандагӣ мекардам. Як рӯз ба рақс мерафтаму рӯзи дигар ба дӯзандагӣ. Хушбахтона тамоми ҳунарҳоеро, ки барои зан заруранд, дорам. Пазандаи моҳирам.

Дар боби ҳунар

-Барои ҳунарманд озод будан хуб аст ё дар ягон ансамбли давлатӣ кор кардан?

-Дар ансамбл фаъолият намудан аз ду ҷиҳат бартарӣ дорад. Аввалан дар чорабинию идҳо баромад намуда аз вазъи ҳаёти фарҳангии кишвар бохабар мешавӣ. Дуввум бо устодони санъат кор карда аз онҳо таҷриба меомӯзӣ ва ҳамчун ҳунарманд ба камол мерасӣ.

-Бо кадом оҳангсозон бештар ҳамкорӣ мекунед?

-Бо Шариф Бедаков ва Шоираи Раҳимҷон. Айни замон худам ҳам ба офаридани оҳанг машғулам.

-Шоираи дӯстдоштаи Боғигул?

-Меҳриниссо.

-«Зиндагӣ»-и Боғигул ва Матлуба беҳтарин суруди сол буд. Нияти ҳамроҳи Матлуба боз дуэт хондан доред?

-Бале, то Наврӯз як дуэти аҷибро пешкаши мухлисон менамоем. Ин тӯҳфаи Наврӯзии мо ба ошиқони ҳунар хоҳад буд.

-Боғигул, Шумо чандин сол дар ансамбли «Рухшона» фаъолият доштед. Аз ин даста хотироти ширине доред?

-«Рухшона» беҳтарин давраи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ман буд. Маҳмадраҳим Каримов марди шарифанд, на танҳо дасти ман, балки дасти тамоми ҳунармандонро дар лаҳзаҳои душвор мегирифтанд. Такягоҳи боэътимоде буданд бароямон. Аз худованд сипосгузорам, ки бо чунин марди некдил моро ҳамкор намуд.

Ширинтарин хотираи зиндагиам сафари ҳунариамон ба Ҳиндустон ҳамроҳи «Рухшона» аст. Мо 10-12 консерт додем ва дар тамоми шаҳрҳои бузурги Ҳиндустон моро гулборон намуданд. Ин сафар ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад.

-Дугонаи беҳтарини Боғигул кист?

-Модарам. Сирри диламро танҳо ба модарам мегӯям. Ба дӯстонам бовар надорам, ҳамчуноне, ки ба мардҳо бовар карда наметавонам.

Хиёнат ва бахшиш

-Хиёнат дидаед?

-Бале, ҳам аз шавҳар ва ҳам аз дӯстонам.

-Хиёнаткорро чӣ гуна ҷазо додед?

-Ба Худованд ҳаволааш намудам.

-Алам накашидед?

-Албатта дили одам озор мебинад, дард мекунад, вале ман ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб намедиҳам. Тамоми баду неки ҳар як инсонро Худованд дар тарозуи адолаташ бармекашад, бинобар ин ҳаволаи бадкарда ба Худованд гуфта дигар паси гап намегардам.

-Бузургтарин нақшаатон дар соли 2012 кадом аст?

-Мехоҳам консертамро дар ягон толори бузурги пойтахт барпо намоям. Ин орзуи бузургтаринам дар зиндагист.

-Худованд орзуҳоятонро сабз дорад.

-Муваффақ бошед!

Ҳафтаномаи «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Хакимчон Тиллоев:

    Ассалому алайкум коргардони таронахои бехтарин бовар кунед аз рузе ки соли нав даромадааст ман хар руз ба сайти шуммо медароям ки шояд концертхои солинавиро мондабошеду тамошо кунум то дар ин шахри г-ариби камтар хурсан шавем аммо мутасифона хеч барномае дастрас намекуем мебахшед мо дар як асре зиндаги дорем асри таракиёти техника наход хамонкадар мушкил бошад ё ин ки дар дигар сайт хохам хам чунин дар кадом сайте мондаанд 5-6 хофиз месароя гуё дар солхои 1950 зиндаги дорем як сифати паст хирас мезана бар акс одамро алагда мекунад илтимос аз шумо базуди монед?

    • Салом дусти азиз Хакимчон Тиллоев. Чи тавре ки шумо кайд кардед, дуруст аст, ки мо дар давраи асри техникаву технология зиндагони мекунем. Аммо мо хамон чизеро, ки дастамон мерасаду имконияти хамон корро ичро кардан дошта бошем, ичро карда метавонем. Баъдан намешавад, ки тамоми суруду таронахои сарояндахоро дар сайт чой дод, барои ин корро анчом додан мо он кадар маблаге надорем, ки дар ин кор сарф кунем. Барои хамин мо то хадди имкон мекушем, ки то охири хафтаи оянда бархе аз видео клипхову консертхои соли навии 2012-ро дар сайти хеш чой дихем.
      Бо арзи эхтиром ахли эчоди сомонаи «ТАРОНАХОИ БЕХТАРИН»

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!