ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ХОНДАНИ СУРУДҲОИ ФАЧ ТО БА КАЙ?

Ситорахои Точикистон

Ситорахои Точикистон

Ё кӣ бояд ба сифати онҳо эътибор диҳад?

Сурудро тарбиятгар мегӯянд, ки ҳақ асту рост, яъне суруде, ки мазмуну мӯҳтавои баланд дорад, метавонад шунавандаро тарбия кунад, вале саволе ба миён меояд, ки оё сурудҳои бемазмун, ки имрӯзҳо аксар сарояндагони мо мехонанд, метавонанд шунавандаро тарбия кунанд?

Аз шунидани суруде, ки инъикосгари бӯсидану бӯйидану хоб рафтан ва монанди инанд, шунаванда метавонад роҳи дурустро интихоб кунад? Дар ҳоле, ки мо шоирони зиёд дорему онҳо тариқи шеърҳояшон сухани волоро гуфтаанду мегӯянд. Пас чаро санъаткорон ба шеъри бемаъно рӯ овардаанд? Чаро шабакаҳои телевизионӣ садди роҳи пешниҳод кардани чунин сурудҳо намегарданд? Вазорати фарҳанг куҷоро назорат мекунад? Чаро сурудҳои каммазмун имрӯз ба мӯд даромадаанд? Масалан, таронаи Анисаи Азиз, ки чунин сароидааст:

Беҳтаринӣ дилнишинӣ чӣ ширинӣ ваҳ,

Мемирам барои ту ту намедонӣ ваҳ.

Оё медонӣ, аз осмонӣ, тӯҳфаи покӣ аз худоӣ ваҳ…

Фарзонаи Файз:

Ту бубуро лаби бом, ма бубинум қадута,

Ту биҷунбон лабта, ма бифаҳмам гапута…

Гулрӯ Табарова:

Не, не туро нахоҳам, мунтазир нашав ба роҳам

Не, не туро нахоҳам ту бирав туро нахоҳам…

Ва баъзе аз дигар сарояндаҳо низ чунин таронаҳои бемазмунро ба оҳанг даровардаанд. Умуман кӣ бояд ба сифати сурудҳо эътибор диҳад? Маводи омоданамудаи мухбирамон инъикосгари ин мавзӯст.

ГУНАҲГОРИ АСОСӢ МОЕМ!

-Воқеан ҳам рӯз аз рӯз шумораи овозхононе, ки бо шеърҳои пасту хасакӣ рӯи саҳна омадаанд, зиёд шудаистодааст,- мегӯяд Ҷамшед Исмоилов. Аз мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки таронаҳои аксар овозхононе, ки нав рӯи саҳнаи ҳунар омадаанд тамоман мазмун надоранд, вале бо вуҷуди ин, онҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳо пахш мешаванд.

Пас аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки санъаткорон не, балки мо, роҳбарони ансанблҳо, Вазорати фарҳанг ва роҳбарони шабакаҳои радиову телевизионӣ гунаҳкорем, чаро? Охир, агар мо каме ба мазмуну мӯҳтавои таронаи онҳо таваҷҷӯҳ намоем ва сурудеро, ки арзандаи пешкаш кардан нест, рад кунему аз тариқи радиову телевизион пахш насозем, пас боварӣ ҳаст, ки онҳо низ минбаъд кӯшиш мекунанд, то шеъри хубро интихоб намудаю ба риштаи оҳанг ворид созанд.

Намедонам, шояд шӯроҳои бадеии шабакаҳои телевизионӣ ва радио фаъолият надоранд, вагарна чаро аз таронаҳои тарбиявӣ ва пурмазмун дида, бештар сурудҳои фач садо медиҳанд? Чаро барои пешкаш кардани чунин сурудҳо ба овозхонон имкону иҷозат медиҳанд? Магар мо шоирони кам дорем? Чаро санъаткорон бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд ва шеърҳои хубро ба оҳанг ворид намесозанд, чаро?

Имрӯз намедонам бо чӣ сабабҳо бошад, ки таронаҳои аксар овозхононе, ки мазмуну мӯҳтавои воло доранду аз шунидани онҳо шунаванда барои худ ғизои маънавӣ мегирад, тариқи садою симо кам пахш мегарданд, аммо он овозхоне, ки ду- се калимаи кӯчагиро ба риштаи оҳанг додаю замзама кардааст, ҳар рӯз мебинӣ, ки чеҳраи ким кадом як барномаи телевизион ё радио аст.

Пештар шӯроҳои бадеии ҳам радио ва ҳам телевизиону ҳам Вазорати фарҳанг хуб кор мекарданду ҳаргиз барои пешниҳоди таронаҳои бемаъно иҷозат намедоданд, вале имрӯз… Бори дигар такроран мегӯям, ки гунаҳгор Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи радио ва телевизион аст!!!

ВАЗОРАТ ВАЗИФАДОР НЕСТ, КИ…

— Аммо чун ба Вазорати фарҳанг занг задем, Мадёров Манасим Латифович — иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати санъат чунин гуфт: «Вазорат вазифадор нест, ки сурудҳои ҳама сарояндагонро таҳти назорат гирифта, барои дар эфири телевизион ё радио рафтану нарафтанашон иҷозат диҳад. Инҷо гунаҳкор роҳбарони худи шабакаҳоянд, на Вазорати фарҳанг. Вазорат танҳо он овозхононеро таҳти назорат қарор медиҳад, ки дар ансанблҳои давлатӣ ва худи вазорат фаъолият мекунанд.

Масалан, ансанблҳое, ки дар Филармонияи давлатӣ кор мекунанд ва ансанбли «Лола»-ю «Сомон»-и вазорати фарҳанг. Овозхононе, ки дар ансанблҳои мазкур кору фаъолият мекунанд, ҳамеша таҳти назорат қарор доранд ва ҳама сурудҳояшон пеш аз дар чорабиние садо додан ё тариқи садою симо пешкаши халқ гардидан, аввал аз назари мо, аниқтараш шӯроҳои бадеӣ мегузаранд. Дар сурати қобили пешкаш гардидан, овозхон метавонад бо он тарона дар чорабиниҳо иштирок кунад, агар не…»

ОВОЗХОН, КИ БЕСАВОД ШУД…

— На айби Вазорати фарҳанг асту на Кумитаи телевизион ва ридио, гунаҳгор худи санъаткоронанд, — андеша дорад Хосияти Ортиқова.

Имрӯзҳо дар ин масъала сару садоҳо хеле зиёд шудааст, ки ин ба маврид аст, зеро дар ҳақиқат ҳам, сурудани сурудҳои каммазмун ва интихоби шеъри хасакӣ аз ҷониби овозхонон ба доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Пештар ҳунармандон пеш аз сурудро ба халқ пешкаш кардан, аз шӯрои бадеӣ мегузаштанд, бо шоирон ҳамкорӣ мекарданд, аввал таронаро шоир ё шоира гӯш мекарду баҳо медод, баъдан он пешкаши дӯстдорони савту наво мегашт.

Дар ин сурат шунаванда пас аз шунидани он ғизои маънавӣ мегирифт, роҳи дурустро интихоб мекард, имрӯз чӣ? Бо шунидани «мехӯрамат», «мемирам», «мебӯсамат» ва монанди ин шунаванда чӣ мегирад? Албатта бӯсу канор ва дигар амалҳои ношоямро меомӯзад, ҳол он ки дар баробари таронаҳо клипҳои паст низ доранд аксар ҳунармандони мо.

Бори дигар ёдрас мешавам, ки дар интихоби шеър овозхонон гунаҳгоранд, зеро савияи дониши аксари онҳо паст аст, шеърдону шеършинос нестанд, ба мутолиа шавқ надоранд, баъзеашон (бигзор аз ман наранҷанд) ҳатто шеър ҳам намедонанд. Барои он ки таронаҳои беҳтарину пурмӯҳтаво хонанд, онҳоро зарур аст, ки ба ашъори гузаштагонамон рӯ биёранд, бештар китоби бадеӣ хонанд ва ҳар чӣ, яъне калимаю ҷумлаеро, ки намефаҳманд ба шоирон муроҷиат кунанд. Дар ин сурат суруди онҳо каммазмуну хасакӣ намебарояд.

ШЕЪРЕРО БОЯД ХОНД, КИ…

-Ҳангоми дар мактаб- интернати Малика Собирова таҳсил кардан, муаллимаи забон ва адабиётамон Адолат Насриддинова моро хеле хуб дарс медоданд, шеърро чунон содда карда мефаҳмонанд, ки агар бесавод мебудӣ ҳам, маънии онро мефаҳмидӣ. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар интихоби шеър ва тарона ба хатогӣ роҳ намедиҳам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки суруди пурмазмуну сухани волоро ба ҳаводоронам пешкаш созам, то онҳо аз шунидани он ҳаловат баранд.

Баъдан пеш аз он ки шеъреро ба риштаи оҳанг диҳам, аввал онро таҳлил карда, калимаҳои нофаҳмояшро аз шоирон мепурсаму дарк мекунам, ки чӣ маъно дорад, баъдан месароям. Пештар овозхонон аввал шеърро интихоб карда, баъдан оҳанг мебастанду мехонданд ва ба шунаванда пешкаш месохтанд, барои ҳамин, сурудашон хуб мебаромад, имрӯз чӣ?

Аксар санъаткорон аввал мусиқиро пайдо карда, яъне як оҳанге, ки дар ким кадом маърака ё аз хонае ба гӯшашон мерасаду писандашон меояд, онро дарҳол дар телефонашон сабт намуда, назди шоир мераванд ва хоҳиш мекунанд, ки вобаста ба ҳамин оҳанг сухан нависанд.

Дар ин сурат, албатта тарона хуб намебарояд, он гӯшхарошу каммазмун тавлид мешавад. Вақте овозхон маблағи зиёд сарф мекунад, бояд ба мазмуни таронааш низ диққати махсус диҳад ва шеъреро хонад, ки тариқи он миёни мардум маҳбубият пайдо намуда, боиси таҳсину офарин гардад, на лаънату дигар суханони сард, — иброз дошт Саъдии Қаландар.

Дилангез Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар,

3 комментария

  1. МУХЛИС:

    Салом ба хама… Ташаккур барои чунин як матлаби хондани ва дар хакикат лозима, ки фикр мекунам, барои дигар сарояндахо дарси ибрат шавад. Ман ба гуфтаи апаи мехрабон Дилангез Неъмонзода сад дар сад рози хастам ва гуфтахояшон низ чон дорад. Ин суруду таронахое, ки (баъзеашонро дар назар дорад) аслан мазмуну мундаричаи пасти бемаъни доранд, на ба дарди мо ва на ба дарди чомеаи мо мехуранд. Баръакс зарари худро мерасонад. Хуб мешуд, ки ягон икдоми неке аз тарафи Хукумати Точикистон ва вазоратхои фархангу маорифи Точикистон ягон накшаи корие барои ин сарояндахо пешниход кард мешуд, ки дар оянда чунин сурудхои хасакиро барои мухлисонашон ва чомеаи чахони пешниход накунанду санъати Точикистонро дар назди дигар кавму халоики чахон паст назананд.
    Бо умеди орзухои нек МУХЛИС

  2. ИброХ,им:

    салом ба хама Админо мумкин кати шумо гап задан даркор агар дар майл ру бошен ibrag04@mail.ru гап доштум …

  3. салом бахамаи мардуми сарбаланди Точикистон доимо хушу хурсан бошед «

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!