ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГОРА ХОЛОВА: «БЕ СУРУДУ МУСИҚӢ ЗИНДАГӢ БАРОЯМ ЗИНДОН АСТ»

Нигора Холова

Нигора Холова

Нигора Холова ба муаррифӣ ҳоҷат надорад. Оре, зеро ӯ ҳанӯз аз синни наврасӣ по ба ҷодаи санъат гузоштаю сурудҳои зиёде омода кардааст, ки тавассути онҳо дар дилу дидаи ҳамагон ҷо гирифтаю ҳаводорони бешуморро соҳиб гаштааст.

Ҳарчанд ӯ ҷавон аст, вале ба ин нигоҳ накарда, пайваста дар андешаи эҷод намудани суруду таронаҳои нав аст. Суруди ӯ шунавандаро ба дуриҳои дур, ба дунёи пурфасонаи ишқу муҳаббат, дунёи орзуҳои ширини ҷавонӣ ва дунёи зебоӣ мебарад. Аз шунидани садои марғуладори Нигора кас рӯҳу илҳоми тоза гирифта, хастагиашро фаромӯш месозад.

Воқеан ҳам, ин духтараки ҷавон овози фораму гуворо дорад, истеъдодаш Худододист. Сӯҳбате доштем бо Нигора Холова, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

**********

КОНСЕРТИ СУРУШ ВА НИГОРА

**********

— Нигора, мехоҳам сӯҳбатро аз таронаи «Бачаи ошиқ» шурӯъ кунем, розӣ ҳастед?

— Албатта, чаро не? Агар тавонам ба саволҳоятон ҷавоб мегардонам, агар не, фикр мекунам, хафа намешавед, ҳамин тавр не?

— Албатта, хафа намешавем, аммо хуб медонем, ки шумо дар баробари садои фораму истеъдоди хуб доштан, ҳунари ба ҳама саволҳоямон ҷавоб гуфтан низ доред, зеро дар сӯҳбатҳои пештара хеле фаъолона ҷавоб гуфта будед.

— Ташаккур!

— Акнун бигӯед, ки мақсад аз сурудани таронаи «Бачаи ошиқ» чист? Кӣ бошад он бачаи боҷуръат, ки ба Нигора ошиқ шудааст?

— Таронаро барои худ не, барои тамоми бачаҳои ошиқи Тоҷикистон сурудаам. Вақте шеърро хондам, хеле писандам омад, бинобар ин, онро ба риштаи онҳанг додаю сурудам.

— «Бачаи ошиқ» идеяи кӣ буд?

— Аз бародарам Суруш.

— Чаро маҳз дар бораи бачаҳо?

— Вақте ҷавонони санъаткор тариқи таронаҳояшон васфи бонувонро мекунанд, пас мо низ бояд ба ин меҳрубониашон бо меҳру муҳаббат ҷавоб гардонем.

— Аммо дар мисраҳои аввали он гуфтаед, ки «ба ғайри ту намешавам, ошиқ, ошиқи дигар»…

— Аз ишқ сурудан ё тараннуми муҳаббат кардан, маънои онро надорад, ки сароянда ба касе дил додаасту сурудро барои худ хондааст, ё дарди дили худро қисса мекунад, не! Овозхон новобаста аз синну солаш бояд дар тамоми мавзӯҳо тарона дошта бошад, зеро шунавандаи ӯ одамони синну соли гуногунанд.

— Дар аксар таронаҳоятон шикоят аз ишқ, дурии ёр ва хиёнату бевафоӣ мекунед, чаро? Магар аз нафаре хиёнат ё бевафоӣ дидаед?

— Ошиқ нашуда, бевафоию хиёнат дидан мумкин аст?

— Чаро не, хиёнат аз дӯст, дугона, хешу ақрабо…

— Рости гап, дугонабоз нестам. Баъдан ҳамеша кӯшиш мекунам, ки вақтамро ба манфиат гузаронам, на бо ғайбату сӯҳбатҳои бефоида.

— Дар кадом мавзӯъ сӯҳбат карданро меписандед?

— Ман, ки ҳунармандам, дар мавриди ҳунару маҳорат ва эҷоди суруду оҳанг сӯҳбат карданро меписандам.

— Аз он ки овозхонед, пушаймон нестед?

— Чаро пушаймон бошам? Овозхон шудан орзуи деринаи ман буд, бинобар ҳамин, ҳанӯз аз наврасӣ оғоз кардам суруданро, ки имрӯз фикр мекунам, то андозае муваффақ ҳам ҳастам. Чаро муваффақ гуфтам? Ба он хотир, ки муҳаббати халқро соҳиб шудаам. Вақте халқ ҳунару маҳорат ва садою таронаҳои овозхонро қабул мекунад, пас ӯ каме ҳам бошад, зафарёб аст.

— Дар тӯю маърака ва чорабиниҳо муносибати мардум бо шумо чӣ гуна аст?

— Таъриф намекунам, аммо то имрӯз аз ҷониби нафаре беэҳтиромӣ надидаам. Боз як чизро ҳам бояд ба назар гирифт, ки вақте инсон худашро эҳтиром мекунад, пас дигарон низ ӯро ҳурман хоҳанд кард, яъне ин вобаста аст ба худи одам. Баъдан ман ҳаргиз танҳо ба тӯю маърака ё чорабиниҳои ҷамъиятӣ намеравам, ҳамеша бо падар, бародар, модар ё нафари дигаре якҷо дар рӯзҳои хурсандии мардум ширкат меварзам.

— Нигора Холова дар баробари он ки сарояндаи хуб аст, боз чӣ ҳунарҳои дигар дорад, шояд кадбонуи моҳир аст ё…?

— Мегӯянд, ки ба як шахс чил ҳунар кам аст, ки воқеан ҳам дуруст аст. Сарояндаам гуфта, оддитарин таомро пухта натавонам, пас айб намешавад? Албатта мешавад!

Ҳар як зан новобаста аз он ки чӣ касбу кор дорад, бояд кадбонуи хуб низ бошад. Таъриф намекунам, аммо аз ӯҳдаи омода кардани якчанд хӯриш ва шириниҳо ба осонӣ мебароям, вале бештари вақтамро ба санъат сарф мекунам.

— Оё Нигора зиндагиашро бидуни шеъру тарона тасаввур карда метавонад?

— На! Бе суруду мусиқӣ зиндагӣ бароям зиндони сарду торикро мемонад. Тамоми зиндагиам суруд аст, ҳатто лаҳзае ҳам бе замзама наметавонам бизиям

Мусоҳиб Шабнами Сайфулло, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. Фарходи Азиз:

    Аз сухбати мусохиб Шабнами Сайфулло бо Нигорачон Холова бисёр шод шудам.Чунки ин гулдухтари зебои хунарро бисёр нагз мебинам!Ва хар маълумоте,ки дар бораи хаёти Нигорачон пайдо мекунам.Калби маро таскин мекунад.Асосан хамоне,ки холло Нигорачон дустдошта надорад.Туро бо чон харидорам Нигора,
    Вале дур аз ту ночорам Нигора.
    Агар бо ту расидан чорае хаст?
    бароят чон меспорам Нигора.

    • Фарходи Кухкан:

      Кариб монд, ки бовар кунум ошно…Рости ошики Нигора боши, давида карда хонашон хостгори рав, нашавад, ки дер куниву ба гайр аз шеърнависи дигар хеч коре аз дастат наояд. Дилум месузадат ошно. Худо кунад, ки ба муроди дилут бираси*

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!