ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУБҲОН: «ШАБНАМРО БАД МЕГӮЕМ, САДРИДДИНРО НАҲ МЕЗАНЕМ, МАНИЖАРО…»

Субхони Саид

Субхони Саид

Эҳёи Субҳони Саид

Субҳони Саид ниёз ба муаррифӣ надорад, зеро ин марди саропо ҳунарро се даҳсола пеш дар саросари Тоҷикистон шинохтаанд. Субҳонро яке аз поягузорони эстрадаи тоҷик бигӯем муболиға нахоҳад шуд.

Зеро машҳуртарин ситораҳои замон аз қабили Садриддини Наҷмиддин, Сӯҳроби Маҳмуд, Меҳрубони Равшан, Баҳром Ғафурӣ, Баҳодури Ғаффорзод ва даҳҳо сарояндагони маҳбуб маҳз мактаби ҳунарии Субҳони Саидро гузашта ба ин поя бо ҳидояти ҳамин марди ҳунар расидаанд.

Бар асари беморӣ чанд сол инҷониб Субҳони Саид рӯи саҳна набуд, вале ин дурӣ аз мухлисон натавонист меҳру муҳаббати Субҳонро аз дили мардум зудояд. Беҳтарин далели ин гуфтаҳо баргузории барномаи ҳунариаш дар толори қасри Иттифоқи Касаба аст. Он рӯз дар толор ба қавле ҷои сӯзанпартоӣ набуду чанд ҳазор мухлиси дигар паси дар монданд. Ашк рехтанд мардум аз дидори Субҳон ва тавлиди дубораашро муборакбод гуфтанд.

Ин барнома собит намуд, ки ҳунари асил дар ҳама давру замон харидор дорад ва ҳунарманди асил ҳеҷ гоҳ аз мӯд намебарояд. Ба ҳунари Субҳони Саид офарин хонда қарор дода будам, ки атрофи бурду бохти санъати муосири тоҷик андешаҳои ин марди ҳунарро пурсон мешавам. Инак, ба сӯҳбати мо таваҷҷӯҳ намоед.

-Консерти Субҳони Саид дар толори қасри Иттифоқи касаба яке аз беҳтарин маҳфилҳои фарҳангии соли 2011 буд. Бовар доштед, ки маҳфил ин қадар гарму ботантана мегузарад?

-Ростӣ, интизор набудам, ки чандин ҳазор одамон пушти дар мемонанд, вале боварӣ доштам, ки ҳунари ман харидор дорад, таронаҳоям маҳбубанд ва толор холӣ намемонад. Аз пиндоштам даҳчанд бештар мухлисон ҷамъ омаданд ва ин қадршиносии халқ маро умри дубора бахшид.

-Пас аз маҳфил навори консертатонро тамошо кардед?

-Бале, тамошо кардаму қабат-қабат гӯшт гирифтам. Модарону хоҳаронеро дидам, ки дар толор нишаста гиря мекарданд. Ашк мерехтанд мухлисонам, ашки шодӣ барои эҳёи дубораи Субҳони Саид барои пас аз ин қадар дарду азобҳо, пас аз мурдазинда шудан аз нав ба саҳна баргаштанам. Ашки мухлисон маро аз нав эҳё намуд, умри дубора бахшид, боли парвоз дод.

Ҳофизонро ғорат мекунанд?

-Мурғи илҳоматон, ки ба парвоз омада бошад, пас ин навбат дар ягон толори калонтар консерт медиҳед?

-Дар шароити имрӯза бе пул як қадам ҳам монда намешавад. Бечора ҳофиз чандин сол нахӯрдаю напӯшида маошашро ҷамъ кунад ҳам, барои як консерт гузарондан намерасад. Маблағе, ки талаб мекунанд, чунон миёншикан аст, ки аксари ҳофизон баъди консерт мошину хонаҳояшонро фурӯхта қарзи толори консертиро медиҳанд. Агар спонсор надошта бошад, ҳофиз пас аз консерт хонахароб мешавад. Нархи шӯҳрат имрӯз хеле ва хеле гарон аст.

Хориҷиҳо халта-халта пулро мебаранду…

-Солҳои охир истилоҳи «Шоу-бизнес» мӯд шудааст. Мехостем назари шуморо ба шоу-бизнеси тоҷик бидонем?

-«Шоу-бизнес»-и тоҷик соҳиб надорад. Ман инро ба ду далел мегӯям. Аввалан, агар «Шоу-бизнес»-и тоҷик соҳиб медошт, ҳар хору хас рӯйи саҳна намебаромад ва шумораи «ситораҳо»-и ба қавли Сангалӣ Мирзоев «янтоқ барин як аланга гирифта якбора хомӯш мешуда» ин қадар зиёд намебуд. Ман инҷо Садриддину Сироҷиддину Сӯҳробу Манижаю Шабнам барин ҷавонҳои воқеан ҳунармандро дар назар надорам, чунки инҳо ифтихори тоҷиканд. Дуюм, агар «шоу-бизнес»-и тоҷик соҳиб медошт, халта-халта пули тоҷикро хориҷиҳо намебурданд!

-Сарояндаҳои хориҷиро дар назар доред?

-Бале. Худатон тасаввур кунед, магар ягон ҳофизи тоҷик дар Тошканд консерт дода метавонад? Не албатта! Ҳофизони Узбекистон бошанд, бемалол аз сарояндаҳои худамон бештар дар беҳтарин толорҳои Тоҷикистон ду рӯзу се рӯз паиҳам консерт дода халта-халта пули тоҷикро ҷамъ карда мебаранд. Маззаи пули тоҷикро натанҳо ӯзбекҳо, афғону эрониву русу арману амрикоиҳо ҳам нағзакак чашидаанд.

-Суруду мусиқӣ сарҳад надорад мегӯянд…?

-Ман муқобили ҳунари асил нестам. Бигзор Саттор, Муин, Лайло, Фарҳоди Дарё барин хунёгарони асил аз тамоми дунё ба Тоҷикистон биёянд, вале вақте ки ким кадом беҳунарон фақат ба хотири хориҷӣ буданашон бо думбаҷумбонӣ мардумро фиреб карда, халта-халта пули тоҷикро мебаранду ҳофизони ҳунарманди худамон паси дари санъат мемонанд, ба кас алам мекунад.

-Дарвозаҳои саҳнаи тоҷикро ба рӯйи хориҷиҳо кӣ ё чӣ калон кушодааст?

-Худкуши бегонапарвар будани тоҷик ва «бизнесмен»-ҳое, ки барояшон пул аз ҳама чиз боло меистад ва ҳатто аз нангу номуси миллӣ ҳам азизтар аст.

-Ба кадом маънӣ худкуши бегонапарвар мегӯед?

-Вақте ки як ҳунарманди тоҷик хона ё мошинашро фурӯхта, барои мухлисонаш дар ягон толори калон консерт мемонаду нархи билетро 40-50 сомонӣ муайян мекунад, норозигӣ ва нолаю фиғонамон ба фалак мепечад, вале сароянда хориҷӣ бошад, нони даҳони бачаҳоямонро кам карда ба $50 ё $100 билет мехарему дам ба дарун кашида мешинем. Охирин бурдаи нонамонро ба бегонаҳо медиҳему худиҳоро «оби дари хона тира» гӯён, шатта мезанем. Бегонапарварӣ карда ҳунари худро, санъати худро бӯғӣ мекунем, мекушем.

Зоғ булбул шуду….

-Ба фикри шумо вазъияти шоу-бизнеси тоҷикро метавон ислоҳ намуд?

-Мешавад, агар сарриштаи санъат ба дасти касе афтад, ки дилаш барои миллат сӯзад. Дур намеравем, бубинед ситораҳои Русия Алла Пугачёва, Филипп Киркоров, Лариса Долина, Максим Галкин самолётҳои шахсӣ, қасрҳои боҳашаммат, корхонаҳои калонро соҳиб гаштаанд ва ин ҳама аз баракати санъат аст. Машҳуртарин сарояндаҳои тоҷик бошанд ба қавле бо нӯги сӯзан аз тӯю маъракаҳо як сум, ним сум ҷамъ карда, базӯр ягон хонаи 2 ё 3 ҳуҷрагию як мошини нимшалақ мехаранд. Зиндагии санъаткорони тоҷик аз зиндагии одамони оддӣ фарқ намекунад. То замоне, ки санъаткор қадр пайдо накунад, санъат ҳам пеш намеравад.

-Аксарият дар рушд накардани санъати тоҷик худи санъаткоронро гунаҳкор месозанд.

-Ман ба ин ақида розӣ нестам. Шахсан ман гурӯҳи калони шогирдонро аз қабили Фурқати Саид, Сӯҳроби Маҳмуд, Садриддини Наҷмиддин, Баҳроми Ғафурӣ, Анвари Солеҳ, Сироҷиддин Фозилов, Исматуллои Саидзод, Меҳрубони Равшан, писарам Сайёди Субҳон тарбия кардаам ва ҳар кадоми онҳо имрӯз барои миллат хизмат карда истодаанд.

Вазифаи санъаткор танҳо эҷод намудани суруду оҳангҳои дилнишину бо воситаи таронаҳои пурмазмун тарбия кардани миллат дар рӯҳияи Ватандӯстию ҳурмату эҳтиром аст. Ғами таъминоти моддию техникии ҳунарро бояд онҳо хӯранд, ки масъулияти рушди санъати миллатро бар дӯш доранд. Имрӯз мо давлати шӯравиро наҳ мезанем, қафомонда мегӯем, вале дар ана ҳамон замони ба қавле рукут қадри санъату санъаткор баланд буд.

Ҳар хору хас ба саҳна, ба радиову телевизион роҳ намеёфт, сурудро ба қавле аз ғалбер мегузаронданд, лекин дар баробари ин ғами санъаткорро ҳам мехӯрданд. Сабти овоз, сабти телевизионӣ, намоиши суруд ин ҳама ройгон, бепул буд. Ҳоло бошад, шиори ҳама «Бе пул суханат асар надорад» шудааст, аз ҳамин сабаб зоғон ба ҷои булбулон нағмасароӣ мекунанду андалебон аз чаман дуранд.

Имрӯз Шабнами Сурайёро бад мегӯем, Садриддинро наҳ мезанем, Манижаро қабул надорем, пас киро тарбия кунем? Тоҷик бо кадом ҳунармандаш бояд ифтихор кунад? Ба ҷои паст задани санъаткорону дар сари роҳашон деворҳои ноаён сохтан ғами санъаткорро мехӯрданд дасти ҳанармандонро мегирифтанд, миллат аз ин бурд мекард.

Озодӣ ё чораи бечорагӣ?

-Чаро ҳофизони машҳур мустақил буданро авло медонанд?

-Ҳунарманди озод буданро барои он авло медонанд, ки зиндагии санъаткор имрӯз фақат аз ҳисоби тӯйҳо пеш меравад. Мо аз консертҳо қарздор мешавем, аз ҳисоби фурӯши диски ҳофизон дигарон бой мешаванд, на сарояндаҳо, танҳо аз тӯй ҳунармандон як бурда нонашонро меёбанд. Агар идораҳои масъули рушди санъат барои санъаткорон шароит фароҳам оранд, ақаллан дар сабту пахши сурудҳояшон кӯмак расонанд, ман боварии комил дорам, ки ҳунармандон аз баҳри озодӣ гузашта дар ансамблҳои давлатӣ муттаҳид мешаванд. Озодихоҳии санъаткорони тоҷик аз ночорист.

-Яъне санъату санъаткори тоҷикро имрӯз дилсӯзӣ мебояд?

-Бале, на фақат ба санъаткорони тоҷик, балки ба ҳар фарди миллат бояд диламон сӯзад. Ифтихори миллӣ дар ана ҳамин дилсӯзӣ ба миллат зуҳур меёбад. Вақте мардҳои тоҷик ҷипсавор мегарданду модари тоҷик, хоҳари тоҷик, духтари тоҷик аз ночорӣ аз саҳар то шаб дар бозор мешинад, талбандагӣ мекунад ё бадтар аз ҳама номусашро мефурӯшад, айби зан нест, айби мардҳоест, ки нангу номуси миллӣ надоранд. Пеши роҳи ин ҳамаро бояд мардони бо нангу номуси тоҷик бо ғамхорию дилсӯзиашон бигиранд. Агар моли дунё ба кас вафо медошт, Искандар дасташро аз гӯр берун монданро васият намекард, инсон бояд аз худ кори неку номи некро боқӣ гузорад.

Дасти Субҳонро кӣ мегирад?

-Аз некию накӯкорӣ ёд овардед, дасти шуморо, ки имрӯз дар бистари маъюбӣ хобеду ҳафт фарзанд доред, кӣ мегирад?

-Нангу номус чизи хуб аст, одамро хор шудан намемонад. Ман бо ҳамин ҳоли зорам (Субҳон аз як пой маҳрум аст) ба тӯй ва маъракаҳои мардум рафта хизмат мекунаму нони даҳони фарзандонамро меёбам. Мухлисони содиқе ҳам дорам, ки Субҳонро фаромӯш намекунанд. Бародари қадрдонам Комилҷон аз деҳаи Хоҷачилдиёри Ҳисор, ки чанд сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия аст, дасти кӯмак дароз мекунад, ёрӣ мерасонад, Музаффарҷон аз «Агроинвестбонк», умуман ҳастанд нафароне, ки ғами Субҳони Саидро бо инояти Худованд мехӯранд, маро мурдан намемонанд.

-Вазорати фарҳанг чӣ?

-Аз вазорати фарҳанг дар 4-5 соли рӯйи бистари беморӣ хобиданам касе ба аёдати ман наомадааст. Ин подоши хизматҳоест, ки 28 сол дар соҳаи санъат кардаам! Ман хизматамро ба миллатам миннат намекунам, вале бигзор масъулон дар назди виҷдонашон ҷавоб гӯянд.

-Аксари мансабдорон аз фошгӯиҳои Субҳони Саид гиламанданд…?

-Агар дилам ба миллатам намесӯхт, ман ҳам ба лаб муҳри хомӯшӣ зада мегаштаму ба худам душман намехаридам. Аз дилсӯзӣ мегӯям, ки чун курсиҳоро ишғол карданд, ғами миллатро хӯранд, нуран алонур мешавад. Толорҳои пойтахтро ба таври замонавӣ таҷҳизонидаанд, раҳмат барои кори некашон, вале ғами хонаҳои маданияти нимвайронаи ноҳияҳоро кӣ мехӯрад?!

Тоҷикистон фақат аз Душанбе иборат нест-ку! Устодони санъати тоҷик ҳама аз кӯҳистон баромадаю дар ана ҳамин хонаҳои маданият сабақ гирифта, баъдан ситораи санъати тоҷик шудаанд. Имрӯз даричаи фардост, агар имрӯз ғами ояндаро нахӯрем, наслҳои минбаъда моро намебахшанд.

Опозитсия ё дӯст?

-Шумо ба ҳама мансабдорон назари танқидӣ доред ё афроде ҳам ҳастанд, ки эҳтиромашон мекунед?

-Ман опозитсия нестам, ҳарчи мегӯям аз дилсӯзӣ мегӯям. Бубинед, дили президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи қадар ба миллат месӯзад. Агар дигар мансабдорон ҳам мисли ин фарзанди ҷонфидои Ватан барои ободии Тоҷикистону осоиштагии зиндагии мардум ҷон мекоҳонданд, ҷумҳуриамон гул-гул мешукуфт. Афсӯс, ки бархе аз мансабдорон дар назди президент сар меҷумбонанду ҳамин, ки аз толор баромаданд, боз ҳамон кори худро мекунанд. Кош ҳама мисли Эмомалӣ Раҳмон дилсӯзи халқу Ватани хеш мегаштем!

-Мегӯянд, ки санъаткорон тез-тез меҳмони афроди воломақом мегарданд. Аз чунин сӯҳбатҳо чӣ бардошт доред?

-Ростӣ, ман аз сӯҳбати ду нафари марди нек-Муродалӣ Алимардонов ва раиси «Ориёнбонк» Ҳасан….. ғизои хуби маънавӣ гирифтаам. Ҳис кардам, ки ин мардони баномус ғами худро не, ғами миллатро мехӯранд. Ҳалолашон бод! Фарзандони баору баномусаш зиёд шаванд, Тоҷикистон обод мешавад.

-Аз баракати ғамхории давлат чанд нафар ҳунарпешаю раққосаю ҳаҷвнигорон соҳиби хона шуданд, ҳанӯз навбати Субҳони Саид нарасидааст?

-Ба фикрам номи Субҳони Саид дар он рӯйхат нест! Ман даъвои хона ҳам накардаам. Тоҷикистон 7 миллион аҳолӣ дорад, агар якшабӣ Субҳони Саидро дар хонаҳояшон роҳ диҳанд ҳам, то охири умраш дар кӯча намехобидагист. (Механдад, вале ҳис мекунам, ки хандааш як ҷаҳон дард дорад).

-Субҳон ба шумо пеш аз ҳама шифои комил ва амалӣ гаштани орзуҳои наҷибатонро бо лутфи Офаридгор таманно мекунем. Умед дорем, ки мардони бонангу ори тоҷик дастатонро мегиранду то Наврӯз муждаи консерти Субҳони Саид ба гӯши мухлисони бешумораш мерасад. Гуфтагӣ барин, мабодо номатон ба рӯйхат афтад, ба бурёкӯбон даъват карданро фаромӯш накунед!

«Агар мири шаҳр «Омин» гӯяд», -гуфт Субҳони Саид нимшӯхию нимҷиддӣ ва мо лабхандзанон бо ӯ хайрухуш намудем. Шояд гуфтаҳои ин марди ҳунар на ба ҳама хуш омад, вале ҳадафи Субҳон касеро ранҷонидан набуд. Ӯ як ҳунарманди хоксору беозор аст, ҳарчи гуфт, аз дилсӯзиаш ба миллат гуфт. Ҳарчанд имрӯз маъюб асту рӯйи бистари беморӣ ва бо 7 фарзанд хонаи шахсӣ надорад, пеши касе дасти тамаъ дароз накардааст. «Унвони ман, сарвати ман, хонаи ман миллати ман аст аст», -мегӯяд Субҳони Саид, -миллатам обод бошад, пеш равад, бой шавад, ман худро хушбахт меҳисобам!»

Ф.Сатторӣ, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. худойназар:

    Субхон Саидов , ты супер непадай духом , все в переди.
    А что с Абуали Меликов хачу узнать ,где он ,как дишить ,чем занимаеться 10 -леть мы невидились.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!