ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМ: «ВАҚТЕ ПАДАРАМРО БО МУҚАДДАС МЕДИДАМ…»

Шабнами Точиддин

Шабнами Точиддин

Тоҷиддин Муҳиддин бо садои хушу форам ва сабку услуби ба худаш хос аз солҳои 75 -80 – и асри гузашта вориди саҳнаи ҳунари тоҷик гашта, дар дилу дидаи мухлисон ва ҳаводорони таронаҳои ноб ба таври абадӣ ҷой гирифт.

Хусусан сурудҳои «Дилсӯз модарам» «Як ханда кун, эй гул», «Нӯги панҷа» ва бадеҳаҳои бо ситораи санъати эстарадаи тоҷик Муқаддас Набиева хондааш то ҳол байни мардум шӯҳрати хешро гум накардаанд. Имрӯзҳо дар самои санъати мо «ситора»-ҳои зиёде арзи вуҷуд мекунанд, вале аз касе пӯшида нест, ки умри шӯҳрати онҳо он қадар дароз нест, зеро вақт довари ҳақгӯй асту касеро пуштибонӣ нахоҳад кард.

Тоҷиддин Муҳиддин барҳақ ситораест, ки то ҳол ҷилою дурахши худро гум накарда, баръакс, бо гузашти солҳо ба дидаю дилҳо қаринтар мегардад. Ин марди ҳунар агар дар қайди ҳаёт мебуд, рӯзи 2- юми феврал зодрӯз дошт, вале афсӯс, ки ӯ рафтааст ба дуриҳои дур, ба манзили хомӯшон, ба ҷое, ки бебозгашт аст… Дар арафаи рӯзи мавлудаш бо дӯстону пайвандони марҳум ёди ӯ кардем.

Баҳодур Неъматов: «УМРИ ДАРОЗ НАДИД, ВАЛЕ…»

— Тоҷиддин Муҳиддин овозхони хуб буд. Садои нотакрору ҳунари асил дошт, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва эҷоди таронаҳои нав буд. Санъатро дӯст медошт, баҳри ҳаводоронаш пайваста кӯшиш мекард, ки таронаҳои беҳтаринро омодаю пешкаш созад. Дар интихоби шеъру оҳанг шитоб намекард, яъне ҳаракат менамуд, ки шеъри волою оҳанги дилчаспро интихоб намояд. Шеършиносу шеърдон буд. Шӯхтабиат низ буд, ҳазлро дӯст медошт, мехост, ки ҳамеша инсонҳо шоду аз банди дарду ғам озод бошанд.

ҳанӯз ба дастаи «Гулшан» наомада, бо таронаҳои дилангезаш миёни мардум маҳбубият пайдо намуда, ҳаводорони зиёдро соҳиб гашта буд. Дар ансамбли мазкур бошад, аз пештара дида, зиёдтар ба муваффақият ноил гашт, шумораи дӯстдорони савту наво ва шеъру таронаашро зиёда гардонд, сурудҳои дилнишини бешуморро эҷоду пешниҳод намуд, хулоса, як ҳунарманди зафарёб гашт. Ҳарчанд, ки умри дароз надид, вале фикр мекунам, ки давоми зиндагии кӯтоҳаш нақши хешро дар ҷодаи санъат гузошта рафт. Ҷояш ҷаннат бошад.

Шабнами Тоҷиддин: «ПАДАРАМ ХЕЛЕ МЕҲРУБОН БУД»

— Ҳарчанд, ки солҳои дар қайди ҳаёт будаи падарам ман хурд будам, яъне ҳамагӣ 12-13 сол доштам, вале хуб дар хотирам ҳаст, ки ӯ хеле падари ғамхору дилсӯз, ҳалиму меҳрубон ва ширинзабон буд. Ҳамеша дар тӯю маърака ва чорабиниҳо ширкат карда, шабҳо дер ба хона меомад, вале аввал мо, ҷигарбандонашро ба оғӯш гирифта мебӯсиду баъдан хоб мерафт. Субҳгоҳон бошад, ҳамин гуна, яъне бо як меҳру муҳаббати беандоза бо мо хайрухуш карда, худ ба кор мерафт. Муносибаташ бо тамоми аҳли оилаамон хуб буд, ҳаргиз дағалӣ намекард ва сухани ноҷо намегуфт, ширинзабон буд.

Дар ёд дорам, вақте сурудхонии падарамро бо ҳамкасбаш Муқаддас Набиева медидам, гарчанде хурд будам, аммо рашк мекардам, зеро гумон доштам, ки ин рафтори ӯ хиёнат ба модарам аст, ҳатто дар дил ин бонуи ҳунарро бад медидам, вале имрӯз, ки худ санъаткор шудаю аз нозукиҳои ин пеша огаҳ гаштаам, ба хубӣ дарк кардам, ки ин рафторам нодуруст будааст. Яъне миёни онҳо ба ҷуз ҳамкорӣ чизи дигаре ҷо надоштааст. Худованд ҷояшро ҷаннат кунад.

Раҳима Шаллоэр: «МАРДИ ИНСОНДӮСТ БУД»

— Тоҷиддин Муҳиддин пеш аз ҳама сарояндаи беҳтарин, хушсадо ва муваффақ буд. Садои ширину гӯшнавоз дошт, дурандеш ва ҳамеша ғарқи андеша буд. Дуриҳои дурро фикр мекард, марди дилсофу инсондӯст, оромтабиат ва хушсухан буд. Зиндагиро дӯст медошт, ба он бо дилу нигоҳи тоза назар мекард, андешаҳои зебо дошт. Ҳарчанд, ки шӯхтабиат буд, вале бисёр гап заданро дӯст намедошт, дар ҷойи кор низ бо ҳамкорон зиёд сӯҳбат намекард, бештар дар фикри кор буд. Ман фахр мекунам, ки бо чунин инсон дар якҷо кору фаъолият кардаам. Рӯҳаш шоду охираташ обод бошад.

Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар,

3 комментария

  1. Точиддин Мухиддин рахмати на он кадар сарояндаи хушсадо буд баръакс сурудхои ки бо Мукаддас месароид факат онхо форам буданд Мукаддаси зебо бо овози форамаш сурудхонии Точиддинро зеб медод .

  2. салом шабнамхо хели суруди нагз

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!