ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОҲАНГИ ШАҲВАТ ДАР ШОУ-БИЗНЕСИ ТОҶИК

Dance

Dance

Дар рафти ҷаҳонишавии басуръат, ки имрӯз давом дорад, халқу милллатҳои нисбатан хурдтарро урфу одат, дину диёнат, фарҳангу таърих ва фарзандони фарзонааш бо хизмати содиқона метавонанд аз ин тӯфон эмин нигаҳ доранд.

Яъне агар аз таърихат канда нестӣ, забону фарҳанги миллататро хуб медонӣ, ба бузургони он арҷ мегузорӣ, урфу одат ва анъанаҳои аҷдодонатро пос медорӣ, пас метавонӣ чун миллати мустақил вуҷуд дошта бошӣ ва агар не…

Ҳадаф аз гуфтани ин ҳарфҳои парешон, манзараҳои нанговарест, ки ҳар рӯз аз равзанаи симо, тариқи фиттаҳои бешумор пешкаши мардум мегарданд. Афсӯс, рӯз то рӯз оҳанги шаҳват ва фисқу фуҷур дар шоу-бизнеси тоҷик баландтару шунавотар садо медиҳад, аммо касеро ба ин коре нест. Биёед, якҷоя назар меафканем ба сафаҳоти «дурахшон»-и ҳангомабозори ситораҳои эстрадаи тоҷик.

Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз кӯчактарин дастоварди ҳамватанам хурсанд мешавам, аммо баъзан ин ифтихор олудаи яъсу дилсиёҳӣ ҳам мегардад. Шабнами Сурайёро истеъдоди наҷиби модарзодӣ насиб гаштаю имрӯз номи ӯро дар радифи беҳтарин сарояндагони Осиёи миёна, ҳатто берун аз ҳудуди он ҷо додаанд.

Ман низ қатори мардуми дигар таронаҳои ин сарояндаи хушсадоро гӯш мекунам. Ҳарчанд ки аксари сурудаҳояш моли ҳофизони дигар ҳастанд, аммо фиттае ба дастам афтод, ки Шабнам он ҷо зери садои таблҳои африқоӣ рақс мекунад. Бинандаи закӣ зуд мефаҳмад, ки Шабнам ин ҷо нақши аспро иҷро мекунад ва садоҳо низ ба садои суми асп монанд буда, ҳаракатҳояш ба шаъни як бонуи мусалмон хеле нозебост.

Фаромӯш набояд кард, ки дар таҷассуми фарҳанги урёнӣ болои саҳнаи шоу-бизнеси тоҷик «нақши» Шабнами Сурайё хеле диданист. Шояд ман ҳам мисли дигарон «бало ба пасашон»- гуфта хомӯш мегаштам, аммо як саҳнаеро ҷаззобтар клипҳои сарояндагони эстрадаи тоҷик мушоҳида намудаму лаб фурӯ баста натавонистам…

Дар назди дӯкони фиттафурӯшӣ шоҳиди гӯфтугӯи ду духтараки наврас бо соҳибдӯкон гаштам. Ака, диски Фарзонара навша дорен? Ҳо- як курта дора т…..ш метова-ку? –пурсид ҷиддӣ духтарак. Ҷавон бо лабханд дискеро гузошт, ки дар он Фарзонаи Хуршед воқеан бо «ҳамон» куртааш ҳунарнамоӣ мекард. Аз суруди фачу бемаънияш фақат як ҷумлаашро фаҳмидам: «Кушо ҷонам дари бастаро»…

Аз гуфтаҳои фиттафурӯш фаҳмидам, ки ин ҳунарнамоӣ дар Амрико будааст. Ҳеҷ боварам намеомад, ки ин ҳамон Фарзонаест ду-се моҳ пеш аз Худованд миннатдор буд, ки дари зиндонро барояш кушода гардонда буд. Ҳатто бовар кардан намехостам, ки ин ҳамон Фарзонаест дар зиндон фақат ба тоату ибодат машғул мешудааст (аз рӯйи гуфти худаш ба рӯзноманигорони ҳамсӯҳбаташ). Наход мусулмонии ӯ то раҳоӣ аз зиндон бошад? Шарм доштам ба ҷойи ӯ чун як зани тоҷик…

Бисёр хуб аст, ки Фарзона боз рӯй ба санъат овардааст, аммо берун аз кишвар дар Амрикои дурдаст, ки бе ӯ ҳам тарғибгарони санъати урёнӣ бешуморанд, беҳтар мебуд, ба бар либоси миллӣ мекард. Фарзона баъди аз маҳбас баромадан ҳангоми мусоҳибаҳояш иброз дошта буд, балки ваъда дода буд, ки барои миллаташ хизмат хоҳад кард. Аммо ногуфта намонад, танҳо оне хизмати миллатро карда метавонад, ки пеш аз ҳама урфу одат ва анъанаҳои онро пос дорад.

Ронҳои урён ва пешобағалҳои кушода ҷузъи фарҳанги миллӣ шуда наметавонад, аммо куртаҳои чакани хушдӯхт ва атласҳои хушнамуд аз дилхоҳ суруд дида метавонад ҷаҳониёнро ба ҳайрат биёрад. Рақсҳои «дилшикор» — и Фирӯза Ҳафизова, ки илҳом аз Шабнами Сурайё буданашон аз касе пӯшида нест, ба шаъни бонуи тоҷик зебанда нестанд. Барои ман маълум нест, ки Фирӯза рақсидан мехоҳад ё сурудан? Он қадар болои саҳна дасту по мезанад, ки ман барин тамошобинони «кундзеҳн»- аш шояд мақсади ӯро нафаҳмида мемонем.

Бовар намо, хонандаи азиз, беғаразона мегӯям, ки ҳаттто аз сӯҳбатҳои матбуотии баъзе ситораҳо бӯйи бадахлоқӣ меояд. Бесаводию аз кӯчаи фарҳангу маърифат нагузаштани ҳамон «баъзеҳо» аниқ аст, зеро бехато ҳарф зада наметавонанд, аммо то ин дараҷа…

Чанде пеш дар саҳифаи аввали ҳавтаворе расми ситораи хомӯшу узлатнишини тоҷик Манижаи Давлатро бо сарояндаи навоғозе дидам. Ӯ аз рухсораи Манижа бӯса меситонд. Оё чунин аксро дар саҳифаи матбуот чоп намудан аз рӯйи одоб аст? Чун сӯҳбати ин шогирди Манижаро хондам, сар то по аз ишқи Манижаҷонаш сухан мекард.

Хонанда гумон мекунад, ки марде аз ишқи маъшуқаш ин қадар бо сӯз ҳарф мезанад. Вақте медонед, ки суханҳои шумо дар матбуот нашр мешаваду онро чанд ҳазор нафар хонанда мехонад, ба эҳсосот дода нашавед, ситораҳои азиз, агар шогирди Манижа бо суханҳои оддӣ ба устоди «забардасташ» изҳори минатдорӣ мекард, бовар кунед, хубтар мебаромад.

Бисёр мехостам, ки сарояндагони тоҷик новобаста аз ҷинсияташон одобу ахлоқро ҳангоми ба наворгирии клипҳояшон ва лаҳзаи болои саҳна будан фаромӯш насозанд. Зеро саҳна ҷойи муқаддас асту бетамизиро намеписандад. Илтимос, ҳеҷ гоҳ инсон будани худро фаромӯш насозед. Диққати мухлисонатонро на бо нишон додани ҷойҳои маҳрами бадан ва ҷаҳидану паридан, балки бо суруду таронаҳои хушоҳангу самимӣ ва дилрас ба худ ҷалб намоед.

Лолаи Саидакбар, «Чархи гардун»

Filed under: Хабар

9 комментариев

  1. идимо нуричонова:

    охир онхо я ….. лаънати Худо бар онхо

  2. Хуршед:

    Боракалло, хохари азиз Лолаи Саидакбар. Худо кувваи дучандатон дихад. Худоро шукр ки чунин хохарони бо нангу номус хам дорем.

  3. Ватандуст:

    Апаи азиз бехтарин маколаро руи чоп овардед! Бадан ман низ як ду андеша дорам нисбати шоубизнеси точик. 1 ин ки ду сарояндаеки тамоман моли худашон яъне суруди худашонро намесароянд ин Фарзонаю Шабнам аст. 2 ин ки ин душахсият муаррифгари санъати точик нею шармандакунандаи милатт астанд. Наворхои зиёди фускуфучури инхоро дар сомонахои интернети мушохида кардан мумкин аст! хар руз Конуни масъулияти падару модар мегуем, Кани масъуляти Сураё нисбати ин с… Сураё контрол карда натона оё макомот наметонад? метонад! ними духатрони точик пайравии ин Лаиноро мекунанд. 3.Фирузаеки гуфтед ягон сурудаш маъни надорад бо ёфтаст ранги худаш ду авгони лаина нангу номуси духтари точика паст мезанад. Дар кучое хонда будам ки Манижа Давлатоваро бо итихоми онки Дар Авгонистон косер додаст аз возхони махрум кардан холон ки надидам дар чоеки Манижа урён баромад карда бошад.
    Чаро пеши рохи ин ду се ахмакро ро намегирем? Чи магар одам доран гуфта барои хамин! Фаромуш набояд кард ки бо инхел аблахо хеч маъруф нахохем шуд. (Як точики ба номусу ватандуст).

  4. ee odami vatandustu lolai banomus chashmonaton kur shudaastu fakat ami 2-3 nafara dida metonen ha? digaro lich kada surudhoi bema’ni mehonan baroi chi unoya chashmaton namebina masalan; mohera,gulru ,bunafsha……… inho kiyand? haruz dar tolorhoi konserti mebaroyand hudi man hamin soli navi 2012 yagom surudi boma’ni nayoftam xamash misli???????… ba shumo boshand inho makul xay mardumi bekor gaybat nayoften ami 2-3 nafara shabnamu farzonayu firuzaya xaruz dar gazetaxo mebaroren xay in odati shumo shudast … yagon haftae nest ki nomi harse in dar reklama naboshad dar Tojikiston 90% surudhon shudast xay digaro bo gap zanen .

  5. калимаи милллатхоиро ислох кунед:

    Сад дар сад гапхои Нигина рост агар дар газетеи «чархи гардун» ва умуман бо гуфтаии руссхо «желтая пресса» дар бораи ягон нафари дигар гайбат нависанд газет ба савдо намеравад. Хар як шахс гури алохида дорад саволу чавоби худашро дар пеши Аллоh худу у медихад. «Не суди да не судим будешь» лек афсус аксаряти халки мо аз бекори ба гайбатгари ру оварданд афсус!!

  6. SultonJON:

    МАн модару зану духтари худро дар ин акси бешармона дидан намехохам, Шумо чи? … Минатдори ба муаллифи макола.

  7. Ман низ тарафдорам, ки макомотхои дахлдор то ин ки хаети бачахои бегунохи точикро сузондан дунболи чунин занони бадахлоку урен гарданду бинанд, ки чи кадар обруи на танхо зани точик балки точиконро паст мезананду на сухбати дуруст карда метавонанду на суруди маънидор.

    • Барои чи шумо инхел гап мезанед??? Шумо маънеи гапи худатонро мерен???? Ман дар хорича будам, аз хофизхои точики худамон дар ончо танхо шабнамро гуш мекунанд, Шабнам номи точикхоро дар хорич бардоштааст, мефахми????

  8. Салом ба хама, ман ба либоспушию раксхои инхо начандон ахамият медихам, лекин хаминкадарашро гуфтана мехохам ки сурудхои Шабнам ба ман хеле маъкуланд, дируз диски клипхои точикии худамонро харидори намудам, дар ончо ба гайр аз Шабнами Сураё дигар хама хофизони точик буданд, бовар кунед ягонтаи онхо суруди халол насароидаанд ки боиси табъи дил шуда бошанд, аз харидори намудани ин диск садхо пушаймон шудам. Лекин Шабнами дар хакикатан сурудхои дилкаш месарояд

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!