ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

РАҚС Ё ДУНБАҶУНБОНӢ?

Dance

Dance

Рӯзе вориди нақлиёти мусофирбари тамғаи «Старекс» шуда, нияти ба хона рафтан доштам. Баробари вориди он шудан, гумон кардам, ки на дар нақлиёт, балки кадом як дискоклуб ҳастам, зеро садои мусиқии нақлиёт чунон баланд буд, ки аз клуб ҳеҷ камӣ надошт.

Баланд будани садои мусиқӣ ба хайр аст, оҳ аламои клипҳои фитта. Вақте ба телевизиони хурде, ки ҷойи оинаи рӯ ба рӯи ронанда гузошта шуда буд, назар кардам, як фиттае гузошта шуда, ки диққати ҳамаро ба худ ҷалб мекард. Дар он сарояндагони ба қавле тӯйгард сурудхонӣ мекарданду якчанд духтари урён бо тамоми ҳастӣ думба меҷунбонданд, ки бинанда аз дидани он шарм медошт. Вақте зани тақрибан 30-35 солае вориди нақлиёт гашт, аз дидани ин манзара хеле асабӣ шуда, ронандаро сарзаниш кард.

— Як ҷавони боақл наход чунин клипҳоро тамошо кунед? Айб аст охир, мусулмон ҳастед, ё не? Худо нишон надиҳад, агар диққататонро ин урёнакҳои саҳна ҷалб кунаду ба садама дучор шавед, баъд ҷавоби мусофиронро кӣ медиҳад?

— Кори хдта кн хола, синну солат ба ҷое расидаст Хдо гуфта шин, мо ҳоли ҷавонем,- чунин ҷавоб дод ронанда.

— Сахтат нарасад, аммо аз дидани ин фитта ва ин духтарони бешарму ҳаё мо ҳам гуноҳ мегирем. Баҳси онҳо хеле тӯл кашид, зан ронандаро мехост насиҳат кунад, вале ӯ хоҳиши гӯш кардан надошт ва гаштаю баргашта мегуфт: «Дунбара бин, кайф мекунӣ!».

Бо диққат баҳси онҳоро гӯш карда, баъдан ба худ савол додам: Ин ишвафурӯшист, ё рақс? Ва ё наход рақси тоҷик ба ин дараҷа расида бошад? Охир, маҳз бешармию намоиши рону сина ва ҷунбондани дунба, ки хоси раққосаҳои тӯйгард аст, ба номи он ҳунармандоне, ки номбардори ин санъати асиланд, доғ меорад. Бинобар ин, дар аксар ҳолат тамошобин гумон мекунад, ки раққосаҳо ҳама як ҳадаф доранд. Яъне барои пул ба ҳама «кор» қодиранд.

Барои аз байн бурдани ин камбудӣ чӣ бояд кард? Чӣ тавр меҳри рақси асилро дар қалби ҷавонон ҷо намуд, то онҳо дигар ба чунин рақс таваҷҷӯҳ накунанд ва рақсшинос шаванд? Ё магар нафаре нест, ки садди роҳи чунин «ҳунармандон»- и беҳунар гардад? Ақаллан ба онҳо нозукиҳои санъати рақс ва тарзи либос пушиданро омӯзонад? Оё Вазорати фарҳанг надорад шӯъбае, ки чунин «раққоса»- ҳоро таҳти назорат гирад?

Ё кормандони БДА куҷоро назорат мекунанд? Магар аз рӯи қонунгузории кишварамон мумкин аст, ки ронанда дар рӯ ба рӯяш телевизион доштаю ҷойи ба роҳ назар кардану қоидаҳои бехатариро риоя намудан, ҳушу ёдаш ба он банд бошад? Ё умуман тарғиби чунин фиттаҳо дуруст аст? Ба ин ва дигар саволҳоямон дар зер ҷавоб хоҳед гирифт.

МАҚСАДАШОН ПУЛ АСТ!

Хайринисо Ватанова мегӯяд, ки: — Фикр мекунам, ҳадафи чунин раққосаҳо танҳо маблағ ба даст овардан аст, зеро ҳунарманде, ки воқеан ҳам ҳунари асил дораду дӯст медорад касбашро ҳаргиз урён ба саҳна намебарояд ва гирди мардони масту бегона парвона намешавад ва мисли мор намепечад. Аламовараш он аст, ки таваҷҷӯҳи аксари тамошобинони имрӯза ба чунин манзараҳо зиёд аст, яъне дӯст медоранд ҳунармандонро дар саҳна урён бубинанд.

Ба андешаи ман аз байн бурдани чунин ҳунармандон душвор аст, ғайр аз ин, онҳо, ки дар ҳавои тозаю озод «ҳунарнамоӣ» кардаанд, намехоҳанд, ки қафасӣ бошанд. Яъне агар мо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо либоси миллӣ иштирок намуда, кӯшиш кунем, ки бо ҳаракатҳои дасту пой ва чашму абрӯ мақсади хешро ба тамошобин фаҳмонем, пас мақсади асосии ҳунармандони тӯйгарду ба қавле кӯчагӣ танҳо диққати мардонро ба худ ҷалб намудан аст, онҳо дар бораи санъати рақс тамоман маълумоту тасаввурот надоранд.

Барои он ки таваҷҷӯҳи бинандаро ба ин ҳунари асил ҷалб намоем, пеш аз ҳама онҳо бояд худи рақсро бо тамоми ҳастӣ дарк кунанд, бидонанд, ки рақс чӣ асту раққоса кӣ? Ҳоло аксар ҷавонон раққоса гуфта ҳамон духтаронеро, дар назар доранд, ки дар тӯю маъракаҳои мардум урён ба саҳна баромада, бо намоиши баданашон мардонро гирди худ ҷамъ меоранд, аз ин ҷост, ки нисбат ба ҳунармандони касбӣ низ назари нек надоранд.

Барои раққосаро ба онҳо муаррифӣ намудану аз санъати рақс эшонро воқиф кардан, фикр мекунам, ки вақти зиёд лозим аст ва боз шояд на ҳама инро қабул кунанд. Агар онҳоро ба ҳоли худашон гузорем, андеша дорам, ки хубтар аст, зеро тавре мегӯянд, вақт довар аст ва бо гузашти рӯзҳою моҳҳою солҳо, албатта ҳунарманди асил чун ситора дурахшону ҷилвагар мемонаду оне, ки аз кӯчаи санъату ҳунар нагузаштааст, мисли оташ хомӯш мегардад ва номаш ҳам ба зудӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад.

АЗ ДИДАНИ ОНҲО ШАРМ ДОШТАМ

Муаллимаи мактаби №92 – и шаҳри Душанбе Ҷавҳар Саъдуллоева бошад, шоҳиди дунбаҷунбонӣ ё пулҷамъкунии чунин раққосаҳо шудааст. Тавре худи ӯ мегӯяд: — Ман дар як тӯй шоҳид будам, ки ду духтари ҷавон фақат шармгоҳҳояшон бо порчаи матое пушонда шуда буду дигар тамоми баданашон урён дар саҳна ҳамроҳи мардон мерақсиданд. Он духтарон ба хайр, боз ҷавонмарде онҳоро ҳамроҳӣ мекард, аз ҳама аҷибаш он буд, ки ҷавонмард дар сараш тоҷ дошт.

Онҳо бо тамоми бешармӣ дар саҳна ҳунарнамоӣ мекарданду мардони зиёдро гирди худ ҷамъ оварда, ба ин восита пули бедарди миён ба даст меоварданд. Шояд зани тамошобин аз рафтори онҳо шарм дошт, ки ба марде муроҷиат намуда, ин «бонувони ҳунар»- ро аз саҳна ронданд. Аз дидани ин манзара як сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ман то ҳол ин ҳодисаи нангинро фаромӯш намекунам. Намедонам, ки духтарони тоҷикро чӣ маҷбур мекарда бошад, ки тани нафису зебояшонро ба намоиш мегузоранд?

ВАЗОРАТ ҶАВОБ НАДОД!

Вақте ба Вазорати фарҳанг барои ба саволҳои болоӣ ҷавоб гирифтан муроҷиат намудем, Мадёров Манасим Латифович, иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати санъат ҷавоб гуфтанро рад кард, аниқтараш иброз дошт, ки агар ба саволҳоятон посухи пурра гирифтан хоҳед, пас ба вазорат биёед ва бевосита аз худи роҳбарони дастаҳои рақсии он ҷавоб гиред, телефонӣ ҷавоб гуфтанро роҳбарият манъ кардааст.

БДА ЧӢ МЕГӮЯД?

Раҳматуллоев Назаралӣ, сардори шӯъбаи ташкили нозиротчии БДА мегӯяд, ки: Аз рӯи қонунгузории ҶТ назди ронанда, яъне ҷойи оинае, ки ӯ бояд пуштро нигоҳ кунад, телевизион гузоштан тамоман манъ шудааст, зеро ин ронандаро парешонхотир намуда, нисбат ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ бетаваҷҷӯҳ мекунад, ки дар натиҷа ба садама дучор шуданаш мумкин аст.

Ғайр аз ин, на танҳо ронанда, балки ҳар нафаре, ки тариқи пешниҳод, фурӯш ва ба намоиш гузоштани фиттаҳое, ки тарғибгари фаҳшу фуҷур ҳастанду ҷомеаро ба роҳи носолим равона месозанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ҳама нақлиётҳое, ки дар пойтахт ҳаракат мекунанд, таҳти назорати мо, кормандони БДА қарор доранд ва дар сурати ба хатогӣ роҳ додан ё риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шояд он нақлиёте, ки шумо ин манзараи шармоварро дидаед, мусофирбар набошад? Вале бо вуҷуди ин, агар ҳама мусофирон барои риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ ва пешгирӣ аз садамаҳо кӯшиш кунанду ба мо шикоят намонд, мо ҳатман пайгири ин мушкилот мешавем ва ҳатман роҳи ҳалли онро меёбем.

АЗ МАН НАРАНҶАНД, ВАЛЕ…

Меҳринигори Рустам, сарояндаи ҷавон, вале муваффақи санъати тоҷик андешаашро чунин иброз намуд: Гарчанде сарояндаам, вале бояд бигӯям, ки ба тӯю маъракаҳо намеравам, чунки қабул надорам инро. Вале бо вуҷуди ин, дӯст намедорам раққосаҳои тӯйгардро, зеро онҳо дар асл раққоса ҳам нестанд ва аз кӯчаи санъат нагузаштаанд. Бигзор аз ман наранҷанд, аммо мақсадашон танҳо тариқи ҷунбондану ҳаракатҳои нафратовари хеш диққати тамошобинонро ба худ ҷалб сохтану ба ин васила пул ба даст овардан аст.

…ТӮЙРО ДЕВОНА МЕГАРДОНАНД

Сарояндае, ки номашро гуфтан нахост, фикрашро чунин баён намуд: Мо, ҳунармандон, аз ҳисоби ҳамин раққосаҳои ба гуфти шумо думбаҷунбон «заказ» — и зиёд мегирему маблағ ба даст меорем ва роҳи зиндагиамонро меёбем. Вақте ба тӯй бе раққоса меравам, тамоми мардону ҷавонони масте, ки иштирокчии маъракаанд, раққоса пурсон мешаванд.

Барои ҳамин ҳам, ҳамеша ҳаракат мекунам, ки дар тамоми тӯйҳо, агар як лаҳза бошад ҳам, бо худ ягон раққоса барам, зеро вай диққати ҳамаро ба худаш ҷалб намуда, саҳнаро гарм месозад. Албатта, баъзан аз пушти раққоса ҷангу ҷанҷол шуда, маърака ба вайронӣ мерасад, аммо бо вуҷуди ин, раққоса бурдан ба тӯй хуб аст.

Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

АЗ ИДОРА: Хонандаи азиз! Ту чӣ андеша дорӣ? Шояд фикру ақидаҳои ҳамсӯҳбатони моро рад месозӣ, ё шояд тарафдорӣ мекунӣ? Хоҳиш мекунем, ки фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намоед.

Filed under: Хабар,

4 комментария

  1. идимо нуричонова:

    бовар кунед хамин гапхо хамааш дуруст аст масалан хозир Шабнами Сураё Фируза Хафизоваро нигаред дар сахна читавр думбачунбони мекунанд чун ки инхо аслаш ракосаи туйгарди думбачунбон будан ё Шабнами Собири инхам ракосаи думбачунбон буд хато запсхош хаст бо Фарзонаи Х ДАР МАСКАВ бовар кунед санъати Точик ба хамин думбачунбонон монд хаминхел хамин Ш СОБИРИ бехаё буд ….

    • карим:

      ДУРУСТ ГУФТЕД ИН БЕХАЁХО САНЪАТИ ТОЧИКРО ХАРОМ КАРДАН АКНУН МЕГУЯНД КИ ДАР ТУЙ БЕОДОБХО ДАР САХНА ЧИ ШУМО ФИРУЗАРО БИНЕД ШАБНАМУ ФАРЗОНА ЧИ ИНХО БА САНЪАТКОР МОНАНДАНД НЕ! ИНХО БИСЁР ТАР БА ……. МОНАНДАН ХАЙР АКНУН ФИРУЗА ШАБНАМИ СОБИРИ ИНХО РАКОСАХОИ КУЧАГИ БУДАНД БИСЁР АХМАКИХОШОНРО МАРДУМ ДАР ТУЙХО ДИДАГИАНД Ё ИНКИ ЛАФЗИ БЕОДОБОНА ДОРАН БА ФИКРИ МАН ИНХО БОЯД БА ЯГОН ДАВЛАТХОИ ЕВРОПА РАФТА ЯГОН КОР КУНАНД!!!

  2. идимо нуричонова:

    тавба гунохашон сарашона хурад баъзан асаби мешавам менависам баъд пушаймон ба ман чи бошад

  3. Хуршед:

    Коргарони вазорати фарханг «мурдаанд», яъне чисми берух, вагарна чаро масъулияташонро ба гардан намегиранд. Кормандони БДА бошанд барои амру маъруфхои мардумро ба одобу ахлоки хамида даъват мекардаги чандин ронандаи бечораро чарима карда дискхояшонро мусодира карданд, вале аз ин чизи фахшо чашм мепушанд, худамон хам бошем нангу номусу чурати точикию мусулмониамон ба дарачае заиф шудааст ки дар мукобили хамаи ин бемаданиятиву бадахлоки ки тахкир ба арзишхо ва мукаддасоти миллию фарханги ва диннии мост, хомуш меистем. Мо бояд якчоя хам хукумат ва хам мардум бо ин хама бесарусомонихо мубориза барем.

  4. Rohi in girftan dushvor ast, lekin ya chizro guftani astam ki Tojikiston nav 20 — sol istiklolyat dorad badi 20 soli digar bined kadom korho dar sahnai tojik ba vjud meoyand, az in tars nakuned. Xub meshavad ki in balohoro dida va tectar guzashtan darkor ast charo mamlakathoi GARB allakay az in guzashta raftand, baroi tojikiston ham…
    Lekin dar tavajju naagted

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!