ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАҲРОМИ АБӮБАКР: «ХУШБАХТАМ, КИ БА ОРЗУЯМ РАСИДАМ»

Шахроми Абубакр

Шахроми Абубакр

Шаҳром ба хониши булбуле шабоҳат дорад. Таронаҳояшро шунида кас аз чи гуна моил шудани худ бехабар мемонад. Сурудаш дар дил лона мегузораду одамро хаёлан ба дунёи ширину рангини орзу мебарад.

Як ҷаҳон роз дорад таронаҳояш ва ҳамин хислати сурудҳояш дунёи ҳунармандро низ мармуз гардонида боиси паҳн гаштани овозаю ҳангомаҳо атрофи номаш мегарданд. Бо нияти бардоштани парда аз рӯи асрори зиндагиаш мо бо ин марди ҳунар муҳоварае доштем ва инак, фишурдаи сӯҳбатамонро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

-Шодам, ки ин лаҳза бо Шаҳромҷон дар гуфтугӯем.

-Ташаккур, лутфи шумо зиёд аст.

-Дар оилаи ҳунарманд тавлид шудану бузург гаштан хоҳу нохоҳ инсонро ба эҷоду ҳунар мекашад, маҳз ҳамин чиз боис гашт, ки Шаҳром ин ҷодаро интихоб кунад ё асрори дигаре ҳам дорад овозхон шуданатон?

-Санъати амакҳоям вуҷудамро аз ишқи овозхонӣ саршор намуда билохира маро сароянда намуд. Хушбахтам, ки ба орзуям расидам ва маро дар ин пайроҳа чун як ҳунарманди ҷавони замони истиқлол мешиносанд.

-Барои муваффақ шудан барои санъаткор чӣ муҳим аст?

-Ҳунари воло ва содиқона меҳнат намудан ду боли қавие ҳастанд, ки санъаткорро ба қуллаҳои баланди ҳунар мерасонанд.

-Дар кадом мавзӯъ сурудан ба худи Шаҳром бештар писанд аст?

-Дар ҳама мавзӯҳо, зеро матну оҳанги хуб зуд ба дил менишинад. Санъаткор бояд ба мазмуну муҳтавои матн зиёд диққат диҳад. Он вақт ҳам худаш ва ҳам мардум аз сурудаш лаззат мебаранд.

-Дар хусуси суруди «Лайлӣ» мехоҳам қисса кунед, чунки ба мухлисон зиёд писанд омадааст.

-Ин таронаро аввалин маротиба Фарҳоди Дарё сурудааст. Падарам 22 сол пеш онро хондаанд. «Лайлӣ» аз кӯдакӣ ба ман хело писанд буд ва билохира ин сурудро бо оҳанги мувофиқ дар рӯзи Соли Нав сурудам.

-Шаҳром, овозае ба гӯшамон расид, ки оиладор шудаед?

-Ин хабар овозае беш нест, вақташ, ки расид «Оила»-ро албатта ба тӯям хабар мекунам.

-Чи гуна духтарро меписандад Шаҳром?

-Худотарс ва поквиҷдон бошад. Барои ман фарқ надорад, ки духтар маълумот дорад ё на.

-Агар шуморо ба ягон филм даъват кунанд, розӣ мешавед?

-Дар филми «Убури Сангин» бо Таҳмина Раҷабова нақш офаридам. Акнун мехоҳам дар ягон филми ҷаддидтар нақш офарам.

-Баҳор мерасаду эҷодкоронро боли илҳом мебахшад…

-Ман аз ҳозир ба баҳор омодагӣ дорам, зеро дар дилам баҳор шукуфтааст. Албоми навамро омода кардам ва нақша дорам, ки рӯзҳои наздик бо як барномаи консертӣ хотири мухлисонамро шод гардонам.

-Таронаи «Танини Зулфиқор» хеле самимӣ баромадааст. Эҷоди худи Шаҳром аст?

-Оҳангаш моли бародар Аскар аст, суханонаш аз устод Назри Яздон. Бо кӯшиши бародарам Остон ва дасгирии падарам ин суруд тавлид гашт.

-Зиёд мехоҳам хислати шуморо дар муҳити хонавода донам.

-Ростӣ, чӣ ҷавоб диҳам, намедонам (механдад, беҳтараш худамро таъриф мекунам). Ҳар чи чеҳраам дар саҳна ба мухлисон мегӯяд, дар хона ҳам ҳамон гуна ҳастам.

-Шаҳром низ мисли баъзе ҳофизон мағрур аст?

-Кибру ғурур хислатест, ки обрӯи инсонро дар ҷомеа паст мекунад. Хушбахтона аз ин пироҳан вуҷуди ман орист.

-Муносибати Шаҳром бо хурналистон чӣ гуна аст?

-Чигунае, ки онҳо бо ман муносибат кунанд, ман ҳам ҳамон хел муносибат мекунам. Шукри Худо то имрӯз рӯзноманигорон маро ба рӯйхати сиёҳ дохил накардаанд.

-Ҳофизон гоҳо гила мекунанд, ки овозаҳоро журналистон аз пеши худ паҳн мекунанд…?

-Дар ҳақиқат баъзе журналистон аз пеши худ чизе рост ояд, менависанд ва ин ба иззати нафси мо, ҳофизон мерасад. Фикр мекунам, ки ҳайати эҷодии шумо чунин нест, чунки то имрӯз дар хусуси ман чизе, ки ҳаст, ҳамонро навиштаанд.

-Муваффақ бошед, Шаҳромҷон!

Мусоҳиб: Рустам Азимов, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!