ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЧӢ САБАБ МЕШАВАД, КИ ЗАНУ ШАВҲАР МУНОҚИША МЕКУНАНД?

Ситорахои Точикистон

Ситорахои Точикистон

Ба андешаи шумо сабаби сар задани низоҳои оилавӣ чист. Чӣ сабаб мешавад, ки зану шавҳар муноқиша мекунанд. Рашк, нофаҳмӣ, шубҳаву гумон, гаправӣ, беҳурматӣ. Ҷавоби ин суолро аз ситораҳои саҳнаи тоҷик ҷӯё шудем.

Файзигул Юсуфова: Хиёнат дидам

Ба андешаи ман ду чиз рашку хиёнат муноқишаро ба миён меорад. Ҳама чизро бахшида мешавад, вале хиёнати бо рашк олударо не! Рашк ин ҳиссиёти ногувори зану мард аст, ки дар ботинҳояшон тавлид ёфтааст. Ягона роҳи раҳидан аз рашк- рӯй овардан ба китоби муқаддаси «Қуръон» ба ҳукмҳои Худованд аст. Рашк аст, ки оилаҳо вайрону фарзандон сарсону саргардон мегарданд. Бале, ин кори рашки синасӯз аст. Шахсан худи ман зани бениҳоят бадрашкам. Аммо бо сабру тоқат ин мӯъҷизаи илоҳиро дар ботини хеш нигоҳ медорам.

Мехоҳам аз ин бало ба осонӣ халос шавам. Зеро ният дорам, ки ба «Қуръон»-хонӣ шурӯъ намуда, пурра ин амали номатлубро хотима бахшам. Банда 22 сол аст, ки рӯи саҳнаам. Аз мардони худ ҷуз хиёнату бевафоӣ чизи дигар надидаам. Ҳаволаашонро ба Худо супоридаам. (бо алам посух дод ситораи санъат).

Файзалӣ Фозилов: Рашк мояи низоъ аст

Сабабҳои номбурда низоҳои оилавӣ шуда метавонанд. Оҳ, ин рашки занҳо. Баъзан аз он ба куҷо паноҳ барӣ намедонӣ. Кай занҳо аз ин беморӣ раҳоӣ меёбанд? Дар бисёр оилаҳо, бинобар ҳамдигарнофаҳмӣ –байни зану шавҳар муноқишаҳо ба амал меоянд. Занҳоро гунаҳкор карданӣ нестам, вале мардҳое ҳастанд, ки аз рӯи рашк инқилоб накардаанд.

Баъзан дӯстдории зиёд ҳам дар байни оилаҳо ченаки рашкро кашф месозад. Чун мегӯянд «Рашк намаки ишқ аст». Вақте ин намак зиёд гардид, гумонҳо пайдо шуд, рашк ба амал меояд ва хоҳ нохоҳ низоъ бармехезад. Шукри Худо, аз рашки бемаврид ва низоҳои хонаводагӣ бар канорем. Боре аз ҳамсарам сухани ноҷое нашунидаам. Ӯ бонуи тарбияи баланд дошта аст, ҳурмату эҳтиромро медонад ва ин аст, ки зиндагиям бомаром ҷараён дорад.

Нигина Амонқулова: Рашки мардон зиёд аст!

Сабабҳои зиёде боиси ҷангу ҷидолҳои оилавӣ шуда метавонанд. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёде дорад. Ба ҳама гиру дорҳои зиндагӣ бояд омода буд. Агар ҳамин пастиҳо, гармиву сардиҳо набошанд, ба қадри зиндагӣ расидану дарк кардани маънии он ғайри имкон мегардад. Худ қазоват кунед: то бемор нашавед, дарди дигаронро эҳсос карда наметавонед.

Низоъ ҳам яке аз омилҳоест, ки имкони ширин кардани зиндагиро дорад, вале ҳадди онро нигоҳ доштан даркор. Агар дар хӯрок намак зиёд ояд, таъмаш шӯр мешавад, аз меъёр зиёд шудани моҷаро ҳам оқибати хуб надорад. Ба фикри банда рашки мардон зиёдтар аст. Мо-занҳо ба бисёр чизҳо чашм мепӯшем. Гарчанде ба рафтору кирдори азизи дили худ аҳамият дода, шубҳаро ба дил роҳ медиҳем, аммо мустаҳкамии оила, бахти фарзандонро фикр карда, истодагарӣ менамоем. Бояд чунин ҳам бошад.

Сӯҳроби Маҳмуд: Бе рашк ҳам намешавад

Ба андешаи ман рашки дутарафаи зану мард сабаби низоҳои оилавӣ мегардад. Рашк як чизест, ки инсонро ба ҳар кор маҷбур месозад ва дар асоси ин вожаи зебо яъне, рашк нофаҳмиву шубҳаву беҳурматӣ ба амал меояд. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки рашк ин намаки зиндагӣ аст. Рашк натанҳо дар оилаи мо –санъаткорон, инчунин, новобаста ба аслу насаб, миллату маҳал табақа… вуҷуд дорад. Ба фикри ман пешгирии низоъ аз имкон дур аст, низоъ чун як навъи беморист табобатнашаванда! «Худо ба ҳар бандааш тавфиқ диҳад», -гуфта худро тасаллӣ медиҳам.

Қобилҷон Зарифов: Ба оилаҳои ҷавон ҳайронам!

Агар инсон дар муҳити солиму тарбияи волидони пуртаҷриба ба воя расида бошад, масъулияти зиндагиро хубтар дарк мекунад. Ҳастанд оилаҳое, ки нофаҳмиҳои зиёд ва шубҳаву гумонҳои беасосро дар майнаи худ ҷой сохта, сабаби реша давонидани низоъ дар байни оилаҳо мегардад. Бобоҳои мо мегуфтанд, ки як нафар, ки сабукӣ кард, бояд нафари дигар вазнин шавад.

Низоҳо ҷабҳаҳои манфиву мусбӣ доранд. Имрӯз оилаҳои ҷавонеро мебинем, ки дар онҳо нофаҳмиву ҷангу ҷанҷол зиёд ба назар мерасад. Ҳол он ки дар замони пешин ин тавр набуд. Дар оилаҳо эҳтирому эътибор ба назар мерасид. Ҳозир бошад, ҷавонони мо «ошиқӣ» гуфта дунёяшонро фаромӯш кардаанд. «Забон яку вуҷуд дигар хел»,- гуфтани бузургони мо бесабаб нест. Аз ҷавонон хоҳиш мекунам, ки аввал якдигарро нағз омӯхта баъдан ба баргузории оила иқдом намоянд, то дунёи зиндагияшон рангин гардад.

Сайёди Субҳон: Рашки зан бемории ӯст

Сарчашмаи асосии низоҳо ҳама чизи номатлуб шуда метавонад. Мо ҳамарӯза дучори хушунати оилавӣ, ҷангу ҷидолҳо ва низоҳои оилавӣ шуда метавонем. Вазниниҳои рӯзгор ба ҳама маълум аст. Бисёре аз мардон, ки вазифаашон пеш бурдани зиндагии хонаводагӣ аст, аз кор хастаҳол бармегарданд. Албатта рӯзгор бе камбудӣ намешавад ва маҳз ҳаминро баҳона карда, занон бо гапҳои беҳуда ба асаби мард нохун мезананд, ки боиси низои ҷиддӣ мегардад.

Баъзан айнан чунин ҳолат байни ману ҳамсарам ҳам дида мешавад. Дар ин гуна ҳолатҳо қаҳру ғазабам меояд. Аммо ин ҳамаро шарри шайтон ҳисобида худро ба оромӣ талқин мекунам. Дар бисёр маврид рашки зиёди занон боиси дар ниҳоди мо –мардон аланга гирифтани оташи қаҳру ғазаб мегардад. Дар чунин мавридҳо баъзе мардон худро ба даст гирифта натавониста, ба сари зан мушт фароварданӣ мешаванд. Худо тавфиқи занонро зиёдтар гардонад, то аз ин беморӣ ба зуддӣ раҳо ёбанд.

Зиёвиддин Нурзод: Низоъ дар оилаҳои санъаткорон зиёдтар аст

Моҷароро якчанд сабаб ба вуҷуд меорад. Дар бисёр ҳолатҳо занон бо рашки бемавриди худ, гапҳои беҳудаашон моҷаро ба миён меоранд. Мардон ҳам, ки саробони оилаанд, имкон намедиҳанд, ки ҳамсарашон ба онҳо зӯрии худро нишон диҳанд. Ҳастанд занҳое, ки ҳуқуқи худро ҳифз карданӣ шуда бо шавҳар гапгузаронӣ мекунанд ва ё бе маслиҳати тарафайн кореро анҷом доданӣ мешаванд, ки аз он қаҳри мард меояд ва хоҳ нохоҳ низоъ ба амал меояд.

Фикр мекунам на ҳама занҳо ба қадри меҳнати мардон мерасанд ва на ҳама мардон ба қадри бедорхобиҳои занон мерасад. Сабаби дигар он аст, ки зан бо шавҳар дар бистар хоб кардан намехоҳаду нозу нуз карда, чун чӯби хушк худро аз мардаш дур мегирад, ки ин ҳам ба ҷангу ҷанҷол оварда мерасонад.

Айб дар худи занон аст, зеро ки айби худро намедонанду муноқишаро ба вуҷуд меоранд. Як чизи дигарро бояд қайд кунам, ки нисбат ба дигар табақаи ҷамъият дар оилаи ҳунармандон низову хархашаҳо зиёдтар ба чашм мерасад, чунки кори санъаткор бисёр паҳлӯҳои мушкилро дар худ дорад ва мутаассифона занҳо инро дарк карда наметавонанд!

Ҳафтаномаи «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!