ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҲАБИБА ДАВЛАТОВА: «СӮҲРОБ НАШЪАМАНД НАБУД!»

Хабиба Давлатова

Хабиба Давлатова

— Сабаби санъаткор шудани Ҳабиба дар чист: Ҳавою ҳавас ё орзуи дерина?

— Ҳам ину ҳам он. Ман аз хурдӣ ин касбро дӯст медоштам ва ҳаваси санъаткор шуданро дар дил мепарваридам. Хушбахтона ин орзую ҳавасам ҷомаи амал пӯшид.

Баъзеҳо сарояндагиро шуғл мегӯянд на касб. Ман ба ин ақида зид ҳастам. Сарояндагӣ касб аст, на шуғл. Ин касби бисёр заҳматталаб аст ва аз соҳибкасб иродаи қавӣ ва ҷидду ҷаҳди зиёдеро талаб мекунад.

— Пӯшида нест, ки Ҳабиба ҳамкор ва дӯсти беҳтарини сарояндаи хушовози эстрадаи тоҷик шодравон Сӯҳроби Сафарзод буданд. Чӣ хотираҳои неке аз Сӯҳроби Сафарзод дар ёди Ҳабиба нақш бастааст?

— Ростӣ, дар бораи Сӯҳробҷон бароям гап задан душвор аст. Ӯ бениҳоят инсони наҷиб буд. Фақат мехост, ки ба атрофиён дасти кӯмак дароз кунад. Мо бо ӯ ҳамкор будем ва тӯли солҳои бо ҳам фаъолият доштан аз ӯ сухани носазое нашунидам. Лаҳзаҳои якҷо суруд хондану дар консертҳо ҳамроҳ буданҳо як умр дар хотири ман нақш хоҳад баст. Рӯҳаш шод бод ва хонаи охираташ обод.

— Дар фиттаҳои рӯзи ҷанозаи Сӯҳроб марги ӯро дар аз меъёр зиёд истеъмол кардани нашъа арзёбӣ намуданд. Оё Ҳабиба ба нашъамандии Сӯҳроб боварӣ дорад?

— Не, Сӯҳроб ин хел одам набуд. Ман ба ин ҳеҷ гоҳ бовар намекунам, ки дӯсти ман ба ин кор қодир буд. Ӯ аз маводи тамокудор умуман истифода намебурд. Ростӣ, ин суханҳои он мулло ба тамоми ёру дӯстон ва аҳли оилаи Сӯҳроб сахт расид ва ба ман низ. Шояд ман исломи муборакро чун домулло дарк накунам, аммо то ҷое медонам, аз паси майит ҳеҷ кас ҳуқуқи бад кардани ӯро надорад,чунки майит аллакай одами Худо аст. Он мулло чӣ хел тавонист, ки ин сухани бедалелро гӯяд?! Ба фикрам ин аз доираи одамгарӣ берун аст.

— Хуб, шумо марги Сӯҳробро дар чӣ мебинед?

— Ман марги Сӯҳробро дар рӯзи будшудааш мебинам, инҳо ҳама суханони беҳудаанд, ки фалонӣ аз ину фалонии дигар аз он мурд. Рӯзат, ки буд шуд мемирӣ. Мурдан амри Ҳақ аст. Аз марг ҷойи гурез нест. Ман фақат аз даргоҳи Худованд ба арвоҳи Сӯҳробҷон оромӣ ва ба аҳли оилаи ӯ сабри ҷалилро хоҳонам.

— Мегӯянд, ки Сӯҳроб пеш аз маргаш ба нақшофарӣ дар филме омодагӣ медидаасту марги бармаҳал ба ӯ имкон надодааст, ки ин кор ба анҷом расонад…

— Не, ин гап дурӯғ аст, то ҷое, ки ман медонам Сӯҳроб таҳо як нақша дошт: Пас аз сафари Ҳиндустон барпо намудани як консерти калон дар «Кохи Борбад». Аммо мутаасифона умр ба ӯ вафо накард, то ӯ ин орзуяшро ҷомаи амал пӯшонад.

— Бар мегардем ба моҷарои шумо бо ҳафтаномаи “Муҳаббат ва оила”…

— Бовар кунед, ин кори «Муҳаббат ва оила» ҷонамро ба лаб овард. Тӯҳмати аввалаашон бас набуд, ки боз дубора тӯҳматам карданд. Ин ҳафтанома бисёр гапҳои дурӯғу беасос менависад. Ҳар вақте ки бо ман сӯҳбат мекарданд, ҳатман аз пеши худ ягон гапи дурӯғро менавиштанд. Вақте ки ман ба идораашон телефон карда мепурсидам, ки чаро чунин гапҳои дурӯғ навиштед?

Онҳо дар ҷавоб мегуфтанд, ки мо ин корро барои он кардем, ки диққати хонанда ҷалб карда шавад. Шояд ман вокуниш нишон намедодаму фикр мекардам, ки онҳо касбашонро аз ман хубтар медонанд, аммо ман бовар надоштам, ки рӯзе онҳо маро чунин тӯҳмати беасос мекунанд. Ман дигар ҳеҷ гоҳ ба ин рӯзнома сӯҳбат намекунам.

— Шумо бовар доред, ки он мактуб дар ҳақиқат аз номи мухлиси шумост?

— Не ман ба ин бовар надорам, ки мухлиси ман ин суханро навишта бошад. Ман итминони комил дорам, ки онҳо ин гапро аз пеши худашон навиштаанд. Ман айни ҳол дар Кӯлоб қарор дорам, вале ҳамин ки ба Душанбе баргаштам, ҳатман дар пайи ҷустуҷӯи ҳамон «МУХЛИСАМ» мешавам. Ман ин корро ҳамин хел намегузорам. Ман намегузорам, ки маро беасос тӯҳмат кунанд. Ман ҳатман он бачаи мактубнавиштаро аз донишгоҳ меёбам, ба шарте ки ҳамон бача дар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад.

— Сабаби чунин тӯҳматро дар чӣ мебинед?

— Ман ба онҳо чӣ бадӣ кардаам, ки маро ин қадар бад дида монданд ва ин қадар тӯҳмат мекунанд. Як бор навишта буданд, ки Ҳабиба бо Фирӯза душманӣ дораду ҷанг кардааст. Бори дигар навиштанд, ки Ҳабиба нашъаманд шудааст ва ин бор аз номи ким-кадом мухлисам навиштаанд, ки Ҳабиба бо либоси нимбараҳна баромад кардааст. О, тӯҳмат ҳам ба эбаш будагист! Ман фақат мехоҳам бифаҳмам, ки онҳо барои чӣ ин қадар гапҳои дурӯғ менависанд?

— Аз суҳбататон маълум, ки шумо дурӯғро инамеписандед. Оё худи шумо боре дурӯғ гуфтаед?

— Ба гумонам дурӯғ гуфтаам, вале ба ин дараҷа не, ки касе аз дурӯғи ман назди мардум шармсор шуда бошад ё он кас аз дурӯғи ман ангуштнамо. Шӯхиҳо буд, аммо дурӯғи беасосу тӯҳматангез не.

— Чаро мо вақтҳои охир Ҳабибаро кам дар саҳна мебинем ё шумо низ тарки саҳна кардаед?

— Не, ман тарки саҳна накардаам. Сабаби вақтҳои охир кам ба саҳна баромаданам дар он аст, ки духтарчаам Оминаҷон хурдсол асту ман ба нигоҳубини ӯ машғулам. Наметавонам, ки кӯдаки хурдсоламро партофта ба саҳна бароям. Кӯшиш мекунам, ки рӯзҳои наздик ба саҳна бароям ва якчанд сурудҳои навамро пешкаши мухлисони азиз гардонам.

— Магар Ҳабиба дар оила бонуи хушбахт ҳаст?

— Фикр мекунам, ки бале. Ман соҳиби шавҳари меҳрубон ва се фарзанди дустрӯяк ҳастам. Муҳаббати самимии фарзандон ва шавҳарам кошонаи ишқи маро гарм кардааст. Магар ин хушбахтии оилавӣ нест?

— Ҳабиба дар зиндагӣ аз чӣ меҳаросад?

— Аз дурӯғ ва ана ҳамин тӯҳмати ногаҳон. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Худо одама ба тӯҳмати ноҳақ гирифтор накунад, ки ҳолаш аз зиндониён бадтар мешавад». Тӯҳмати ноҳақаш ҳамин-да!

— Шиори шумо дар зиндагӣ?

— Шиори ман дар зиндагӣ ба касе тӯҳмат накардан ва ҳамеша ба пеш ҳаракат намудану дар ҷодаи санъат ба қуллаҳои мурод расидан.

— Барои чунин як сӯҳбати самимӣ ба шумо ташаккур мегӯем.

Сӯҳбати Фарангиси Фамон, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Хабиба!!! Агар у нашъаман набуд, пас сабаби марги у дар чист??

    • FYGJGFH:

      танхо нашъамандон мемуранд мурдан фарз аст баъде ки марг омад намепурсад ки ту чавони ё пир!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!