ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ИШҚ ОМАДУ ДУНЁИ ФАЙЗИГУЛРО БАТАМОМ ДИГАРГУН НАМУД

Файзигули Юсуф

Файзигули Юсуф

Файзигули Юсуф дар оилаи санъаткор ба дунё омада духтараки эркаю нозпарвардаи падару модар буд. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расонида, худи ҳамон сол ба ансамбли фолклории «Ганҷина» ба кор омад. Аз устодон Зафар Нозимов, Муродбек Насриддинов, Чилахон Холов, Ҳайётой Мўъминова дарси ҳунар омўхтааст.

Духтари мубориз

Рӯйи саҳна омадани Файзигул хотираҳои сангин дорад, зеро бародаронаш зидди ба саҳна баромаданаш буданд. Иродаи оҳанини Файзигули ҷасур, ки бо ҳунари сарояндагияш ҳанӯз айёми наврасӣ дар кружокҳои мактабӣ дили мардумро мафтун намуда буд, мададгораш гашт ва ин бонуи ҳунар тавонист ғолиб ояд.

Падар аз ҳунари ниҳоли боғи умраш рӯзе ба ваҷд омада ниҳоят даст ба дуо бардошт ва ба ҷигаргӯшааш роҳи сафед хост дар пайроҳаи пурпечутоби санъат. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо мушкилиҳои хунин дучор гашта бошад ҳам, Файзигул аз роҳи интихобкардааш даст накашид.

Бар рағми бадхоҳонаш мавқеи худро мустаҳкамтар намуд Файзигул. Суруди «Модар» аз ҳунари волои сароянда дарак медод, вале буданд нафароне, ки Файзигул ва санъати варо эътироф намудан намехостанд. Беҳуда «ганҷ пинҳон намемонад» нагуфтаанд, гавҳари ҳунари Файзигули Юсуф низ аз назарҳо пинҳон намонд.

Суруди «Бахт»-и Файзигул инқилобе шуд дар олами ҳунари тоҷик. Ин тарона аз субҳ то шом дар раставу бозор, дар радиову телевизион, дар ҳар хонадон, дар саросари Тоҷикистон садо медоду садо медод.

Ин тарона Файзигулро азизи дилҳо ва гули сари сабад гардонд. Мурғи шӯҳрат рӯйи китфаш нишаст. Шӯҳрате, ки ҳамон солҳо Файзигули Юсуф дошт, машҳуртарин ситораҳои минбаъда, ҳатто Манижаю Шабнам ҳам натавонистанд ба ҳамон поя бирасанд. Оре, хеле баланд буд боли парвози мурғи шӯҳрати Файзигули Юсуф, вале…

Набарди бахт ва шӯҳрат

Ишқ омаду дунёи Файзигулро батамом дигаргун намуд. Дар Филармонияи давлатӣ кор мекард ҳамон вақт, як рӯзи баҳорӣ ҷавоне дил рӯйи каф ҳадя овард ба ин бонуи шӯҳратманд. Ғалабаи ишқ буд ё тақдири илоҳӣ, ки ин шиносоӣ Файзигули шӯҳратёрро зери чодари арӯсӣ бурд ва зиндагиашро ранги нав бахшид. Ширин буд бо ҳамсар рӯзгораш. Худованд ба онҳо 3 писари дӯстрӯй ва 2 духтари нозпарвардаро ҳадя намуд. Кабӯтари бахт ҷои мурғи шӯҳратро гирифт, вале…

Шикасти бахти аввал

Тири рашк кабӯтари бахтро дар авҷи парвозаш кушт ва риштаи ишқу муҳаббатро канда кард. Ҳамроҳи бахти аввал Файзигул бовариро ҳам аз даст дод. Хиёнати шавҳару шикасти зиндагии оилавӣ ситораро дилсард гардонд аз кулли мардон. Дигар ба касе бовар намекард Файзигул.

Куҷоӣ, ситораи иқбол?

Файзигул шомгоҳон ҳамеша болои боми манзилаш баромада аз навозиши насими фораму тамошои ситораҳои осмон лаззат мебарад. Шуғли дӯстдоштааш гаштааст ситорашуморӣ имрӯз. Гулпарварӣ бошад дили зебопарасташро навозиш мекунад. Шукуфтани гулҳоро дида ғунчаҳои орзу дар қалбаш мешукуфанд ва дар лабонаш ханда гул мекунад. Вориди манзилаш мегардию худро гӯё дар биҳишт мебинӣ, роҳатбахш аст фазои кошонааш.

«Беназир» -рози сарнавишти кист?

Файзигули Юсуфро ба филми «Беназир» аз рӯи асари Аброри Зоҳир коргардони варзида Валӣ Назаров даъват намуд. Ҳаяҷон фаро гирифта буд Файзигулро, саволҳои беҷавоб «ман чи гуна мегирям?» ва «чи хел зиндагии пуразобро рӯйи навор меоварда бошам?» дар сараш чарх мезаданд. Иродаи қавии Файзигул ғолиб омад бар ҳисси тарсу ҳаяҷон ва имконаш дод, ки либоси муборизаро дар бар намуда, роҳи нақшофариро бигирад. Аз ӯҳдаи нақш ба хубӣ баромад ва сазовори аҳсану кафкӯбиҳои мухлисон гашт.

Зиндагияш ба зиндагии Беназире, ки дар филм офарид, хеле ва хеле шабеҳ буд, зеро Файзигул ҳам дар ҳаёт монеаҳои сангинеро гузашта ба авҷи шӯҳрат расид ва шояд ҳамин шабеҳият ба Файзигул имкони табиӣ бозидани нақшро фароҳам оварду нақши бозидааш ҳам мисли сурудҳояш шӯҳрат ёфт.

Оре, баландпарвоз буд мурғи шӯҳрат, вале мисли баъзеҳо пояш аз замин канда нашуд. Ба авҷи шӯҳрат расида бошад ҳам, аз худ нарафт, одамгариро аз даст надод. Хоксор монд, зеро медонад, ки бандаи хокӣ ба авҷи сурайё барояд ҳам, оқибат рӯзе боз ба хокдонаш бармегардад. Файзигулро мухлисонаш вақтҳои охир хеле кам рӯйи саҳна дида ранҷ мекашанд.

«Аз муҳаббати самими ҳаводорони санъатам хурсандам ва ваъда медиҳам, ки онҳоро бо суруду таронаҳои тоза шод хоҳам кард» -мегӯяд Файзигул.

Агар худи сароянда аз таронааш маънӣ набардорад, суруд ҳеҷ гоҳ ба дили шунаванда роҳ намеёбад. Бурди Файзигул дар он аст, ки ҳар таронааш аз сарчашмаи дили меҳрполояш об мехӯрад. Ба интихоби матну оҳанги суруд диққати ҷиддӣ медиҳад ва танҳо ҳамон таронаҳоеро месарояд, ки дарди дили мардумро дармон гашта тавонанд.

Сурудҳои олудаи дарду ғами Файзигул, аз дидаҳо ашкро ҷорӣ месозанд, зеро ин ҳама дардномаҳо аз эҳсоси дили сароянда маншаъ мегиранд.

«Агар дар зиндагият эҳсосот набошад, ҳеҷ гоҳ онро дарк карда наметавонӣ. Сурудҳои ман аз ҳаёти худам ва аз рӯзгори мардуми бечора тавлид гашта рӯйи оҳанг меоянд. Шояд сабаби зуд ба дилҳо роҳ ёфтанаш ҳамин бошад», -мегӯяд ҳунарманд.

Зани софдил ва меҳрубонест Файзигул, бечораю бенавоеро бубинад дилаш об мешавад. Дасти хайр дорад ва ҳамин хайрхоҳиаш зиндагиашро пурбаракат намудааст. Худованд барои ҳар хайри намудаашон ба бандагонаш 10 маротиба бештар баракат медиҳад ва самари ҳамин файзу баракат аст зиндагии осудаи Файзигул.

«Ба ҷуз санъат ягон пешаву машғулият надорам, вале рӯзгорам шукри Худованд серу пур аст. Агар одам меҳнати ҳалол кунад, Офаридгор ӯро аз чизе камбуд намесозад. Зани зиёд заҳматкашам, шабу рӯз аз рӯи ҳунарам кор мекунам. Шояд худованд заҳмати талошҳоямро дида зиндагиамро файз бахшидааст», -мегӯяд Файзигул.

Файзигул то имрӯз хеле зиёд ба тӯйҳо даъват мешавад, чунки содиқона хизмат намуда тамоми ҳанарашро барои ободии саҳна сарф менамояд, то нони ҳалол хӯрад. Дар муҳити оила, байни фарзандон худро хушбахт эҳсос мекунаду дар саҳна аз муҳаббати мухлисонаш меболад Файзигул.

Набера – мағзи бодом

Мурғи бахт дар фазои кошонааш парвозист ва ҳар рӯз тӯҳфаи наверо барояш ҳадя месозад. Чанде пеш дар хонадонаш тифлаки зебояке ба дунё омад. Наберадор шуд Файзигул. Писараш Азизҷон хушбахт аст аз тавлиди фарзанд. «Набераамро чун гавҳараки чашмам эҳтиёт намуда худам нигоҳубин мекунам, худро бибии ҷавонтарин шуморида хурсанд мешавам», -мегӯяд Файзигул.

Шарораи хотираҳо

Якҷоя бо ансамбли «Ганҷина» ба давлати Галандия ҳамроҳи устодони зиндаёд Зафар Нозимов, ки роҳбарии гурӯҳро ба ӯҳда доштанд, сафар карданашонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Байни 15 давлати ҷаҳон соҳиби ҷоиза гашта буданд дар он фестивали фолклорӣ.

Дар баробари лаҳзаҳои бахту шодӣ дарду ғами зиёде дорад сарнавишташ ва Файзигул ҳанӯз ҳам бо ёд овардани он нокомиҳо гирён мешавад. Ёди марги азизонаш дилхунаш месозад, вале инсон пеши сарнавишт оҷиз асту шоду ношод бояд зист. Оре, бояд зист бар рағми маргу бар рағми душманон.

«Даргузашти апаи Нигина Раупова, Зафар Нозимов, Абдуллои Султон ва Сӯҳроби Сафарзод зиёд андӯҳгинам намуд. Хайёл мекунам дирӯзакак дар рӯйи саҳна буданд, вале акнун ҷояшон холист»,- мегӯяд Файзигул ва меафзояд: «худро бо андешаи ҷои ҳамаамон ҳамон ҷост тасаллӣ медиҳам!»

Алами хиёнатҳои ёрон

Файзигул дар зиндагӣ зиёд хиёнат дидааст, аз шавҳар, аз дӯст, аз дугона, аз шогирдон…

Бо сад азоб дасташро гирифта ба ҷавоне дарси санъат омӯхт. Шабҳоро бо бехобӣ рӯз намуда нозукиҳои ҳунарро ёд дод ба шогирдаш, вале вақте рӯйи саҳна омаду мурғаки парончак шуд, ёде аз устод накард шогирди беинсоф.

Борҳо хиёнат дида бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ ба бадкарда бо бадӣ ҷавоб намегӯяд Файзигул, қазовати амалу рафтори бадкоронро ба Худованд ҳавола намуда ҳамеша мекӯшад некӣ кунад. Шод аст, ки имрӯз соҳиби шавҳари меҳрубону фарзандони солеҳ буда дасти ниёз сӯйи касе дароз намекунад.

Бигзор мурғи бахт ҳамеша болои сараш парвоз намояд. Омин!

Рустам Азимов, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. shukrona:

    Файзигул Юсупрва чанд сола бошад ки сохиби наберадор шудааст инка ёш метобад дар хонадонашон саломати орзумандам бигзор то охири умраш хамин хел биби ёш бимонад!!!!!!!!!!!!!!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!