ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

CАДРИДДИН НАҶМИДДИН: «БО ОРАШ «ГОҲЕ — ГОҲЕ» — РО ТАҚДИМ МЕКУНЕМ»

Садриддин Начмиддин

Садриддин Начмиддин

Яке аз ситораҳои тобони эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин имрӯз бо садову навози шевояш мухлисони зиёдеро на танҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Афғонистону, Ӯзбекистон ва Аврупову Амрико пайдо намудааст.

Мо бо воситаи шабакаи интернет бо ин сароянда сӯҳбатеро доир намудем, ки онро пешкаши хонандагони хеш мегардонем.

— Акаи Садриддин, аввалан шуморо бо иди Артиши миллӣ табрик мегӯем. Баъдан, чун аксари мухлисон шуморо бо суруди «Чил-чил садои борон» мешиносанд, мехоҳем бидонем, ки оё ин суруди аввалини шумо буд, ки муаррифгари шумо гардид?

-Не, суруди аввалини ман «Ҷудоӣ» ном дорад. Вале маҳз тавассути суруди «Чил-чил садои борон» ман мухлисони зиёде пайдо кардам.

— То имрӯз чанд албоми худро баровардед?

— Панҷ албоми худро пешкаши мухлисон гардонидам. Ба наздикӣ барои омодасозии клип ва баровардани албоми нав нияти ба Амрико рафтан дорам. Мехоҳам, ки бо сурудҳои навэҷодгардида мухлисонамро шод гардонам.

— Вақте шумо қаблан дар Амрико будед, бо сарояндаи эронӣ — Мансур ҳамкориҳо доштед. Алъон, сатҳи ин ҳамкориҳои эҷодиятон дар кадом поя қарор доранд?

-Бале Мансур аз лаҳзаи аввали шиносоӣ моро хуш пазируфт. Ва дар вақти корҳои эҷодӣ ба ман бисёр маслихатҳои хуб дод. Барои он, ки мо ҳамзабонем. Ман Мансурро ҳамчун устоди хеш ҳурмат мекунам. Умуман, вақте ман ба Амрико сафар намудам, бисёр чизҳоро омӯхтам. Беҳуда нагуфтаанд, ки сафар кардан ҷаҳонбиниро васеъ мекунад. Саъдии Шерозӣ нисфи умри худашро дар сафар гузаронидааст.

— Ҳадаф аз ин сафаратон ба Амрико чист?

— Чун ҳамешагӣ омода сохтани клипҳои нави эҷодӣ.

-Махфӣ набошад, мегуфтед, ки барои як клипро ба навор гирифтан чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

-Чаро нагӯям. Масалан клипи «Девонаам» дар штати Калифорнияи шаҳри Лос-Анҷелос ба навор гирифта шуд, ки барои он 5 ҳазору 800 доллар маблағ сарф шуд. Умуман, вақте мо ба Амрико сафар мекунем, то 22 ҳазор доллар маблағ сарф мешавад.

— Айни ҳол ба эҷоди кадом сурудҳои нав саргарм ҳастед?

-Баҳри мухлисонам 2-3 суруди нав омода сохта истодаем. Худо хоҳад, баъди як моҳ хамроҳи Ораш суруди «Гоҳе-гоҳе»-ро ба мухлисон пешкаш мекунем.

— Акаи Садриддин, ҳоло, ки мо сӯҳбат дорем, аллакай ин сурудатон дар гӯши ман садо дода истодааст. Ва умедамон комил, ки дар ҳамовозӣ бо Ораш ин суруд ҳусни тозае гирифта, баъди чанде дар фазои диёр танинандоз мегардад. Барои интихоби матни суруд ва оҳанг ба шумо ки ёрӣ мерасонад?

-Албатта, бе дастгирӣ кор пеш намеравад. Маро дар ҷодаи санъат Ҳасан Чиллаев, Ёқубҷон Абдуллоев, ки бастакор ҳастанд, дастгирӣ менамоянд.

-Зиндагӣ барои шумо чӣ маъно дорад? Шумо ҳатто чунин суруд ҳам доред: -Зиндагӣ чист? Хуни дил хӯрдан…

-Зиндагӣ барои ман ин осудаҳолии фарзандонам мебошад. Умуман, вақте кас соҳиби фарзанд мешавад, барои беҳ кардани шароити онҳо, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам моддӣ кӯшиш мекунад. Тарбият мекунад, ба вай роҳ нишон медиҳад, чуноне, ки волидонам ба ман роҳ нишон доданд. Охир, фарзанд меваи умри инсон аст. Аз ҳама рӯзҳои хушбахттарини ман ин рӯзи таваллуди фарзандонам мебошад.

— Чун шумо дар бораи фарзанд сухан кардед, мехостам бидонам, ки чанд фарзанд доред? Мехоҳед, ки онҳо ҳам мисли шумо сароянда шаванд?

-Худованд ба ман се фарзанд ато намудааст. Ду духтар ва як писар. Ва ману ҳамсарам имрӯз, барои он ки онҳо инсони нек шуда ба воя расанд, талош меварзем. Албатта мехоҳам, ки онҳо сарояндаи асил шаванд.

— Бисёр мухлисон чунин мегӯянд, ки Валиҷон Азизов ба шумо тақлид намуда суруд мехонад. Оё ҳамин гап рост аст?

— Ин миш-мишҳо нодурустанд. Валиҷон додари маънавии ман аст ва мо ҳамроҳ кор мекунем, ҳамроҳ эҷод мекунем. Чуноне ки мегӯянд, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

— Шумо ба онҳое, ки ҳофиз шуданиянд, чӣ маслиҳат доданиед? Ва нақшаҳои шумо дар оянда.

-Онҳое, ки истеъдоди сурудхонӣ доранд, истеъдоди худро сайқал диҳанд. Дар оянда мехоҳам, барои мухлисонам сурудҳои беҳтаринро сароям. Ва барои ба ин мақсад расиданам айни ҳол кӯшиш ба харҷ дода истодаам.

Нилуфар Умарова, «Чархи гардун»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. abdullo:

    садриддин бехтарин сарояндаи точик ва хамчунин дар байни форсизабонхо хеле машхур хаст ман барои садриддин дар корхои эчодияш бурдборихоро таманно мекунам

  2. Хадиса:

    Ман мехохам,ки як бори дигар дар ин маколаи шумо бо бародарам Садриддин ба саволхои худ чавоб гирам.Махфи набошад кай хабардор мекунед.

  3. Хадиса:

    Агар ман бо акаи Садриддин мусохиба мекардам аз шумо миннатдор мешудам.Саволхоямро кай фиристам.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!