ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОЁ ХУБ АСТ БО ТАРОНАИ ДИГАР САРОЯНДА БА САҲНА БАРОМАД?

Ситорахои Точикистон

Ситорахои Точикистон

Рӯз аз рӯз дар саҳнаи тоҷик пайдо шудани як чеҳраи нав гувоҳи он аст, ки таваҷҷӯҳи ҷавонон аз пештара дида бештар ба савту наво, суруду мусиқӣ ва санъати овозхонӣ зиёд шуда истодааст.

Албатта ин хуб аст, аммо гап сари он меравад, ки на ҳама ҳунармандон заҳмат кашидаю тарона эҷод карда, бо суруди тозаи хеш рӯи саҳна меоянд. Солҳои охир аксар овозхонон бо сурудҳои дигар ҳунармандон, аниқтараш овозхонони хориҷи кишвар фаъолиятро оғоз мекунанд, ки то андозае онҳоро танбал мегардонад, чаро?

Ба он хотир, ки вақте инсон чизи тайёр одат мекунад, дигар намехоҳад, ки худро ранҷ диҳад, баъзе ҳунармандони мо бошанд, ба ин кайҳо одат кардаю бо меҳнати дигарон дар осмони санъат ҷилванамоӣ доранд.

Хуб, назари ҳунармандони касбӣ, онҳое, ки солҳои сол рӯи саҳна ҳастанду ҳунари асил доранд, дар ин маврид чӣ гуна бошад? Оё хуб аст бо таронаи дигар сароянда ба саҳна баромада, даъвои овозхонӣ кард, ё худро «ситора» унвон дод? Ҳунармандон бояд бо маънои томаш ҳунарманд бошад ва ё…?

МОЛИ ХУДАТ ДИГАР АСТ

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди маъруфи тоҷик мегӯяд: Ҳар фарде, ки нияти овозхон шудан дорад, ӯ бояд пеш аз ҳама садои хуб дошта, суруду мусиқиро бо маънои томаш бифаҳмад, шеърдону шеършинос бошад, ақаллан дар ягон мактаби мусиқӣ таҳсил намудаю нозукиҳои ин касбро аз худ карда бошад. Бо суруди дигар овозхон рӯи саҳна омадан ин сарояндагӣ ва ҳунар нест.

Вақте инсон по ба ҷодае мегузорад, хоҳ санъат бошад, хоҳ на, ӯ бояд аз худ як чизи наве тавлид созад ва исбот намояд, ки аз ӯҳдаи касбаш мебарояд. Мутаассифона, имрӯз саҳнаи тоҷик пур аз овозхононе шудааст, ки аз рӯи ҳавою ҳавас ин роҳро интихоб карда, ҳар чӣ ки пеш омад, хуш омад гӯён месароянд, аммо набояд фаромӯш кард, ки чунин суруд дер давом намекунад. Дар урфият мегӯянд, ки:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,

Дур натвон парид бо пару боли дигарон.

Бинобар ин, ҳар ҳунармандро зарур аст, ки пеш аз ҳама бо моли худ, бо суруду оҳанги эҷоднамудаи хеш рӯи саҳна биёяд, на меҳнати каси дигар. Вақте бо маҳсули эҷоди худ миёни мардум маҳбубият пайдо намуда, чун овозхон ном баровард, дар он сурат метавонад аз таронаҳои ҳунармандони хориҷи кишвар низ бихонад, ин ҳеҷ бадӣ надорад!

«ХОВАР» ТАРҒИБРО КАМ КУНАД…

Ҷамшед Низомов овозхони дигари саҳнаи тоҷик, ки аз солҳои… инҷониб рӯи саҳнаи ҳунар аст, андешаи хешро дар ин маврид чунин иброз дошт: Ин ҷо ҷавонон, яъне ҳунармандоне, ки бо сурудҳои афғонию эронӣ по ба ҷодаи санъат мегузоранд, гуноҳ надоранд, гунаҳгор шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳо мебошанд. Охир, як гӯш ба радио диҳед,бахусус радиои «Ховар» ва «Имрӯз», аз субҳ то шом гаштаю баргашта сурудҳои хориҷиро пахш мекунанд, гӯё дар Тоҷикистон ҳунарманд набошад.

Пас аз ин, албатта таваҷҷӯҳи ҳунармандони ҷавон ё ба ибораи дигар навкор, ки аз нозукиҳои санъат бехабаранд, ба таронаҳои хориҷӣ зиёд гашта, гумон мекунанд, ки тариқи сурудани суруди ин ё он овозхони хориҷи кишвар метавонанд дар саҳнаи ҳунар мавқеъи хешро пайдо созанд, бехабар аз он ки сароянда бояд шеъру оҳанги шахсии худро дошта бошад.

Ягона радиоҳое, ки каму беш таронаҳои ҳунармандони тоҷикро пахш мекунанд, радиои Тоҷикистон ва «Садои Душанбе» аст, ки гоҳ- гоҳе садои ширину марғуладори шодравон Кароматуллои Қурбон, Тоҷиддин Муҳиддин, Зафар Нозим, Муқаддас Набиева, Нигина Рауфова, Одина Ҳошим ва дигар овозхононе, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, ба гӯш мерасад.

Дигар радиоҳо шабу рӯз тарғиби ҳунармандони ғарбро доранд, ки ин албатта ба насли ҷавон бетаъсир намемонад. Барои аз байн бурдани ин камбудӣ пеш аз ҳама бояд тарғиби ҳунармандони дигар давлатҳоро тариқи садою симо камтар созем, дар ин сурат, ҳам санъати тоҷик арзишашро гум намесозаду ҳам ҳунармандони ҷавон молдуздӣ намекунанд.

ҲАРГИЗ ИН ТАВР НЕСТ!

Чун ба радиои «Ховар» занг зада, сабаби инро пурсон шудем, хабарнигори он Музаффари Рустам андешаҳои Ҷамшед Низомовро рад карда, ёдовар шуд, ки на танҳо таронаҳои афғонию эронию арабӣ, балки аз шеъру оҳангҳои ҳунармандони тоҷик низ зиёд истифода мекунанд. Агар дар даҳ дақиқа ду таронаи хориҷӣ пахш созем, пас ду ва зиёдтар аз ин аз сурудҳои сарояндагони худамон пешниҳоди шунаванда мегардонем, вале ваъда медиҳем, ки минбаъд пахши таронаҳои тоҷикиро зиёдтар месозем, аз ҷумла сурудҳои сарояндагонеро, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, — гуфт номбурда.

АГАР ДИГАРГУНӢ ВОРИД СОЗАНД…

— Дар ёд дошта бошед, худи ман ҳам на бо таронаи эҷодкардаи хеш, балки моли дигар ҳунармандон по ба ҷодаи санъат гузоштам, вале баъдтар дар баробари он ки аз эҷодиёти дигарон истифода барам, боз ҳаракат намудам, то як қатор таронаҳои хешро омодаю пешкаши бинандаю шунаванда ва дӯстдорони савту наво гардонам, зеро ҳар як овозхон бояд сурудҳои худро дошта бошад. Аммо фикр мекунам, ки сурудҳои дигар ҳунармандонро бо сабку услуби худ ва каме дигаргунӣ сароидан ҳам ҳеҷ зараре надорад. Бигзор ҳар ҳунарманде, ки аз ӯҳдаи хондани таронаҳои ин ё он ҳунарманди тоҷику хориҷ мебарояд, бихонад, ба шарте, ки дар он тағйирот ворид созад, — мегӯяд Нигина Амонқулова.

Аз миёни ҳунармандони тоҷик бештар Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Фирӯза Ҳафизова, Садриддини Наҷмиддин ва чанд нафари дигар таронаҳои хориҷиро тараннум мекунанд, ки эшон дар баробари ин сурудои зиёди худро доранд. Сарояндагони ҷавон чӣ? Онҳоро лозим аст, то аввал маҳсули эҷоди худро пешниҳоди шунаванда гардонанд, баъдан…

Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!