ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҲАЁТ БО Ӯ ЗЕБО БУД, ВАЛЕ…

Зулфикори Азиз

Зулфикори Азиз

Ҳар гоҳе баҳор меояд, аз марги ту соле сипарӣ мешавад ва доғи дили мо тоза мегардад. Куҷоӣ, эй ҳунарманди нотакрору азизе, ки бо лаҳни ширини ба худ хос ва садои меҳрбор кошонаи қалби мухлисонатро марҳаме будӣ. Ту рафтиву аз ту таронаҳоят ва оҳангҳоят монд.

Ту дар лавҳи хотири мо ҳамон ҷавони чилусесолаи ғазалхон то абад боқӣ хоҳӣ монд. Сад афсӯс, ки мо наметавонем бо амри тақдир чеҳраи аз ин ҳам баркамолтаратро бубинем. Вале дар симои фарзандонат, бародару бародарзодаҳои ҳунармандат ва ҷияни хурдакакат, ки баъди сари ту ӯро Зулфиқори Остон номгузорӣ кардаанд, ёди ту ҷилваҳои рӯшан доранд. Ва тасаллӣ меёбем, ки ҷойгоҳи холии туро бо ҳузури хеш пур хоҳанд кард

Ҳар баҳорон сабзаҳо аз зери хок сар бурун месозанд ва аз эҳёи хеш ба аҳли олам дарак медиҳанд. Ба ин сабзаҳои навруста нигариста, беихтиёр нидое аз дилҳо бармеояд, ки эй кош, умри инсон ҳам чун ин сабзаҳо будӣ! Баъди рафтан, яъне баъди хазони умри одамӣ боз аз нав сабз гардидӣ ва ба дилҳои афсурдаву ғамзадаи ёрон сурур бахшидӣ.

Аммо сад афсӯс, ки умри одамӣ бебозгашт аст. Аз инсони рафта танҳо номи нек, кори нек ва ёди нек боқӣ мемонаду бас. Ин умри инсон мавҷи оберо мемонад, ки бо рафтан ба пеш ҳалқа-ҳалқа кам мешавад. Зулфиқор низ баъди сафар аз дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ аз худ номи нек, фарзандони солеҳ ва таронаҳои нотакрору оҳангҳои марғубашро боқӣ гузошт.

Ба пирӣ мерасад хори биёбон,

Вале гул чун ҷавон гардад бимирад.

Садои ӯ ба гӯш мерасад, садое аз дурӣ дур аз ҷовидон. Симои нурониаш низ пеши назар падидор мешавад. Оне, ки ошиқи ҳарфи ноб ва савти дилошӯб буд. Ҳоло бошад ин савти пуршӯраш хазин ба гӯш мерасад. Ӯ бирафт ба олами боқӣ. Рафт чун парастуе. Рафт, аммо чӣ сон осон, чӣ сон ногаҳон ба падруди малеҳе сӯйи абадият роҳсипор шуд. Гӯё ситорае буд, ки дурахшиду хомӯш гардид. Дар осмони ҳунар ситораи тобноке буд, ки ҷилои нотакрор дошт, аз назар пинҳон шуд, вале акси шуъои ӯ дар умқи дидаҳои ҳаводоронаш то ҷовидон боқӣ мемонад.

Меҳринисо – шоира: -Зулфиқор ҷавонмарде буд бо садо, симо ва салобаташ чеҳраи як ҷавонмарди тоҷикро инъикос мекард. Ӯ дорои тамоми хислатҳои ҷавонмардӣ — ахлоқу одоби беҳтарин, эҳтиром ба мардум ва саховатпешагӣ буд. Як умр либоси сафед мепӯшид, ҳамеша ороставу тоза буд ва атри беҳтарин ва гароннархтаринро истифода мекард. Агар ҷое биравад, накҳати атраш то дер боқӣ мемонд. Барои гурӯҳи ҳунарии “Анис” ӯ мисли сутуни пойбарҷо, чеҳраи тобон ва ситораи дурахшон буд. Аммо тулӯъи истеъдоди ӯ дар даврае буд, ки замонаи зиндагисоз набуд.

Барои ӯ муҳити созгор пайдо нашуд. Бо вуҷуди ин, ӯ байни мардум як нафар ҳунарманди маҳбуби дилҳо гардид. Мутаассифона ӯ натавонист дар ин муддати кӯтоҳи умри хеш тамоми истеъдоди худро барои мо мерос гузорад. Тӯли солҳои зиёд давраи парвози эҷодиаш буд. Ман дар маҷаллаи собиқ “Занони Тоҷикистон” фаъолият доштам ва ҳар рӯз номаҳои зиёде ба номи Зулфиқори Азиз меомаданд ва мухлисони ҳунараш маро водор карданд, ки ба ҷустуҷӯяш биравам ва он солҳо шиносоии мо оғоз гардида буд.

Садои марғубу истеъдоди нотакрораш ҳама хурду калонро мафтуни худ гардонда буд. Ҳеҷ кас ба дараҷаи Зулфиқор суруди Аҳмад Зоҳирро намехонд. Сад афсӯс, ки мо танҳо хеле ками кам тавонистем аз маҳорати худододааш баҳра бибарем. Дунё ба муроди дили зебояш начархид ва ӯ як сина пур аз сафову ҳавас ва ҳунару истеъдоди нодир ва ҳайратзадаи чархи фиребо аз мо бирафт.

Муҳаммад Эгамзод, журналист аз шаҳри Маскав:

— Файласуфе фармуда, ки «Агар марг аз байни мо беҳтарин инсонҳоро намерабуд, дунё дар назар ин қадар хушк, холӣ ва урён набуд…». Аз Зулфиқори Азиз, аз ин ҳунарманди хубу ошнои тоҷик хотираҳои неке дорам. Ҳамон замоне, ки Зулфиқор бо сабку услуби нав бо гурӯҳи “Анис” рӯйи саҳнаи ҳунар омад, як падидаи тозаеро мемонд дар ҷаҳони суруду оҳангҳои тоҷикӣ. «Анис» дар кӯтоҳтарин фурсат маҳбуби ҳамагону Зулфиқори Азиз дар дилу дидаҳо ҷой гирифтанд.

Бо Зулфикори азиз мо иртиботи дӯстона ҳам доштем. Медонед, банда замоне муовини сармуҳаррири идораи мусиқии телевизон будам, хонум Гавҳар Умарова-сармуҳаррирамон. Сарфарозам, ки якҷо бо ин инсони бузург ҳамкор будам ва якҷоя барномаҳои хубу дилнишин мекардем. Яке аз онҳо, барномае буд бо ширкати Зулфиқор ва ман, ғайричашмдошти коргардон ва берун аз сенария аз Зулфиқор хостам озод, бидуни микрафон ва мусиқӣ бихонад… Хонд. Ва садои ширини ӯ ҳамаи аҳли эҷоди студияи 1-умро моту маҳбут кард…

Шаҳроми Абӯбакр: — Танҳо дар ин фосилаи кӯтоҳе имкон доштам, ки аз устодам- амаки меҳрубонам сабақҳои зиёде бардорам. Муносибат бо оҳанг, интихоби маъниҳои баланд, шинохти қадри инсон, одоби олии муошират бо мардум — ин ҳама хислатҳои амакам буд, ки моро низ ба ин сӯй ҳидоят мекард. Ҳар бор агар таронаи наверо рӯйи кор меовардем, он кас мисли кӯдак изҳори шодмонӣ мекарданд.

Абӯбакри Азиз: — Таҳаммул кардани фоҷиаи бохти як нафар фарди азизтарин, марги инсони наздики дил хеле зиёд гарон аст, ба он дараҷа гарон аст, ки дар тасвираш сухан нест. Аммо ёди неки ӯ ва таронаву оҳангҳои ҷовидонааш дар дили мо таскин мебахшанд, зеро ҳунараш ӯро зинда медорад. Оини ҳаёт чунон аст, ки то мижа барҳам мезанӣ, ки аз азизе ба ҷуз ёде намемонад.

Замоне ӯ дар барам ва қуввати дилу нури чашмонам буд. Ҳаёт бо ӯ зебо буд, ӯ гурӯҳи моро ҳусну сафо мебахшид ва ҳамаи зебоиву малоҳат, меҳру садоқат дар қабои ёдҳо розҳо мемондаанд. Асосан аз рӯйи садои Зулфиқор гурӯҳи мо байни мардум маҳбубият пайдо кард. Ҳамаи мо овозхон будем, аммо дар садои ӯ ҳама ғаму дарду ранҷу эҳсосоти қалби мардум бо як нозукӣ ва ҳиссиёти баланд иброз мегардид.

Шаҳрбону Тошева, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!