ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗУЛАЙХО: «ҲАР КАС МИСЛИ МАНИЖА ШУДА НАМЕТАВОНАД»

Зулайхо Махмадшоева

Зулайхо Махмадшоева

Зулайхо Маҳмадшоева — яке аз сарояндаҳои ҷавони эстрадаи тоҷик, 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, соли 2011 мактаби №1-и ноҳияро хатм намудааст. Новобаста аз он ки ӯ сарояндаи навқадам аст, аллакай дар байни мардум шӯҳрати хосса дорад ва ӯро хурду калон эътироф мекунанд.

— Мегӯянд, ки барои омода кардани як клип на камтар аз 10 000 доллари ИМА лозим аст. Шумо, ки сарояндаи навқадам ҳастед, ин қадар маблағро аз куҷо пайдо мекунед?

— Ман ҳанӯз клипи 10 000 доллара сабт накардаам. Барои клипҳоям 3500-4000 доллар сарф кардаам, сарпараст надорам. Лекин занҳои сарватманде, ки мухлиси ашадиам ҳастанд, бароям пул ҷудо намуда, хоҳиш мекунанд, ки дар васфи модар ё мавзӯе суруд хонам.

Ҳамин гуна нафароне ҳастанд, ки кӯмак мекунанд, лекин бештари маблағро аз ҳисоби тӯю маъракаҳо ба даст меорам ва онҳоро танҳо барои сабти суруду тарона ва клипҳоям сарф мекунам.

— Дар як сӯҳбат Манижа Давлатоваро устоди худ хондаед. Дар ҳоле ки Манижа чанд сол мешавад, ки аз саҳна дур аст, ӯ чӣ гуна устод буда метавонад?

— Рости гапро гӯям, замоне ки Манижаро пайдо кардаму ӯ маро ба шогирдӣ қабул кард, мардум маро чандон хуб намешниохтанд. Он замон суруди «Ватан»-ро хонда будам. Манижа касеро шогирд гирифтанӣ набуд ва нест. Бинобар ин, ман ҳам нагуфта будам, ки маро шогирд бигир, вале мардум овоза карданд, ки монанди Манижа мехонам. Ман пештар ӯро дӯст медоштам ва таронаҳояшро пайваста гӯш мекардам. Баъд аз оне ки ӯро пайдо кардам, бароям суруду оҳанг тақдим намуда, роҳу равиши корро меомӯхт.

Вақте суруд мехонам, Манижа баробарам зам-зама мекунад. Вақте ягон ҷоро нодуруст хондам, зуд ислоҳ мекунад. Эҳсос мекунам, ки ӯ ҳам бисёр майли суруд хондан дорад. Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки ҳар кас мисли Манижа шуда наметавонад. Новобаста аз он ки ӯ аз саҳна дур асту суруд намехонад, вале ба дигарон нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзонад. Оҳанг менависаду матн интихоб мекунад.

— Гуфта метавонед, ки Манижа кадом сурудҳоро ба шумо тақдим намудааст?

— Масалан, як таронаи нав дорам, ки ӯро ҳанӯз насароидаам. Оҳанги он моли Манижа буда, матнашро ҳам худи ӯ интихоб кардааст, ки ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дорад. Ин сурудро нав клип карда истодаем. Баъдан суруде, ки дар Соли нав хонда будам, интихоби Манижа буд, ки муаллифи оҳанг акои Даврон мебошад.

— Тавре иброз доштед, Манижа бисёр суруд хондан мехоҳад. Оё ӯ нияти дубора рӯйи саҳна баромадан дорад ё не?

— Вақте ба ӯ пешниҳод менамоям, ки якҷоя суруд хонем, дар аввал розӣ мешавад, вале бо сабабҳои номаълум боз рад мекунад. Масалан, чанде пеш клипе ба навор гирифтем, ки бояд Манижа ҳамроҳам нақш меофарид, лекин аз сабаби он ки ӯ инсони гаправ аст, аз фикраш гашт.

Касе ба ӯ гуфтааст, ки «Ту ин қадар сол суруд нахондӣ, акнун ҳамроҳи шогирдат клип сабт мекунӣ?» Барои ҳамин гап, ӯ аз иштирок дар клипи ман даст кашид. Дӯстро аз душманаш фарқ карда наметавонад. Бинобар ин, маҷбур шудам, ки танҳо дар клип нақш офарам. Сенарияи клипро худи Манижа пешниҳод кард.

Дар хусуси ба саҳна баромадан ё набаромаданаш чизе гуфта наметавонам, зеро то ҷое ки ба ман маълум аст, алҳол нияти ба саҳна баромадан надорад.

— Барои чӣ сабки Манижаро интихоб кардед? Аксарият бар он назаранд, ки ҳар як сароянда бояд сабки худро дошта бошад…

— Охир ҳеҷ як нафар якуякбора сабки худро пайдо карда наметавонад. Манижа ҳам дар аввал ба Лайло тақлид мекард. Ман бошам, Манижа гуфта ба саҳна баромадам. Шояд бо мурури замон боз нафаре пайдо шавад, ки Зулайхо гуфта, ба саҳна барояд. Ин тақозои замона аст.

Бояд қайд намоям, ки ҳангоми ба саҳна баромадан ман махсусан сабки Манижаро интихоб накарда будам. Овозам, ки ба ӯ бисёр монанд аст, аксарият гуфтанд, ки ман ба ин бонуи ҳунар тақлид мекунам. Ҳангоми сурудани тарона худам намедонистам, ки ба вай тақлид мекунам. Ҳатто бовар ҳам надоштам, ки садоям ба садои ӯ монанд аст. Ростӣ, садояшро бисёр дӯст медоштам, лекин ҳаргиз кӯшиш намекардам, ки ба ӯ тақлид намоям.

Баъдан ҳанӯз соли аввал аст, ки ба саҳна қадам монда истодаам, Худо хоҳад, боз сабки худро ҳам пайдо мекунам.

— Манижаро дар авҷи шӯҳрат гӯё аз саҳна дур карданд. Шумо, ки бо сабки ӯ суруд мехонеду худро шогирди вай муаррифӣ мекунед, бовар доред, ки шуморо ҳам шикаст намедиҳанд? Наметарсед, ки муносибататон бо Манижа сабаби шикастатон мегардад?

— Бовар кунед, ин саволро ба ман бисёриҳо медиҳанд. Одамон зиёд мепурсанд, ки «Аз ҳамкорӣ бо Манижа наметарсӣ?» Лекин ман ҳамеша мегӯям, ки дигарҳо мондагӣ, наход маро бубинанд? Баъдан ҳама чизро Худованд худаш медонад. Дар тақдири мо ҳар чизеро, ки навиштааст, ҳамон мешавад. Хайр агар ин корро кунанд, ҳам аз дасти ман чӣ меояд? Манижа, ки Манижа буд, ӯро аз саҳна дур карда тавонистанд, пас маро наметавонанд?

— Агар рафту барномаи консертиатонро ташкил кунед, ҳамчун шогирд гуфта метавонед, ки устодатонро дуюмбора ба саҳна мебароред? Манзурам дар консертатон Манижа ҳам суруд мехонад?

— Манижа ба ман ваъда додааст, ки ё дар тӯям суруд мехонад ё дар консертам. Акнун маро лозим меояд, ки то баргузор кардани консертам фикр кунам, ки Манижа дар тӯям суруд хонад беҳтар аст ё дар консертам. Агар наояд, ҳамон рӯз ман худро мурда меҳисобам.

— Пӯшида нест, ки аксарият Манижаро ба хотири дур буданаш аз саҳна «Ситораи гунг» мегӯянд. Агар нафаре ба шумо ишора карда «Шогирди ситораи гунгро бубинед» гӯяд, инро чӣ гуна мепазиред?

— Намедонам ба ин савол чӣ посух диҳам. Охир диққат диҳед, кам нестанд сарояндаҳое, ки ба Манижа тақлид мекунанд, гарчанде дар байни халқ бо сабки Манижа шинохта нашудаанд. Зиёданд нафароне, ки худро ба вай монанд кардан мехоҳанд, бахусус ба монанди ӯ мерақсанду ҳаракат мекунанд, ҳарчанд аксари онҳо аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ баромада наметавонанд. Ҳатто писарҳое ҳастанд, ки лаппишакҳои овозашонро ба Манижа монанд мекунанд. Ман инро медонам. Вале мардум ба ман гуфт, ки «Ту ба Манижа монанд шуда тавонистӣ». Дигар намедонам чӣ бигӯям.

— Таманниёти шумо ба мухлисон…

— Ман ҳамаи онҳоро дӯст медорам ва аз онҳо барои дастгирияшон миннатдорам. Ба тамоми мардуми тоҷик пеш аз ҳама сари баланд хоҳонам. Таманно дорам, ки ҳама орзуву ҳавасҳояшон ҷомаи амал пӯшанд!

— Ташаккур барои сӯҳбат. Мо ҳам ба шумо фатҳи баландтарин қуллаҳои санъатро таманно дорем!

Сӯҳбати Ганҷина ГАНҶОВА, «Ману Ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. zarina:

    эээээ ту ки худатро ба Манижа монанд кардести гаранг беобру таклид нкун ба вай харгиз наметони фамиди дигар сурудхондагиатро набенум фахмо ай сахна буро шармандаааааааааааааааааааааааааааааааааааааа

  2. чи шармадаяй кани хдт бро як суруд хон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!