ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МУҲАРРАМА ШАРИФОВА: МАРО “ХАЗИНАИ АПАИ НИГИНА” МЕГУФТАНД…

Мухаррама Шарифова

Мухаррама Шарифова

Ростӣ, чандин маротиба бо апаи Муҳаррама телефонӣ тамосҳои кӯтоҳе доштем. Ҳар дафъае, ки мехостам, мусоҳибае ороем, сертараддудиҳояш садди ин иқдом мегардиданд. Ва ваъда медод, ки рақами телефонамро гузорам, худаш занг мезанад, аммо боре ҳам занг назад.

Дафъаи охироне, ки рақамҳояшро дар телефон чидам, апаи Муҳаррама бисёр бомулоиматӣ барои он ҳама ваъдахилофиҳои кардааш маъзарат хоста, қавл дод, ки баъди як соат ба идораи мо ҳозир мешавад ва аз наздик сӯҳбат мекунем. Ҳарчанд бовар надоштам, аммо фурсате нагузашта, апаи Муҳаррама занг зада гуфтанд, ки алъон дар толори “Чархи гардун” қарор доранд…

— Бо дӯстон дар ҳама маврид сӯҳбат мекунед ё чизхое ҳастанд, ки дар дил нигоҳ медоред ва аз ифшои он худдорӣ мекунед?

— Вақте ягон кас ба шумо сирри дилашро мекушояд, шумо набояд хурсанд шавед, ки “ана, ӯ бо боварӣ ба ман дари дилашро кушод”. Балки ҳар як сир, ҳар як роз боз ба худ ҷавобгарӣ дорад. Бояд сирри он нафари наздикро бениҳоят эҳтиёт карду ба касе нагуфт. Он нафар дилашро холӣ мекунаду дардаш сабук мешавад, аммо шумо он дардро ду тақсим карда ба худ мегиред. Вақте ӯ гуфт, дилаш холӣ мегардаду бар дӯши шумо як санги вазнин бор мешавад. Бинобар ин, дӯстӣ кардан низ масъулияти баландро талаб мекунад ва бинобар ҳамин, на ҳар кас то ба охир дӯсти вафодор боқӣ мемонад.

-Ҳастанд нафароне, ки аз рӯи тамаъ ё манфиат бо нафаре дӯстӣ мекунанд. Фикри шумо дар бораи чунин шахсон чист?

— Бале, чунин нафарон ҳастанд ва аз онҳо дурӣ ҷустан даркор, ба чунин одамон рози дил гуфтан ҳам мумкин нест. Аммо ман аз аввал то ба имрӯз дар интихоби дӯст хато накардаам. Ҳамаи дӯстонам шахсони дилпуру бовариноканд. Инчунин, байни баъзе одамон ақидаи хатое вуҷуд дорад, ки одамони синну солашон гуногун дӯстӣ карда наметавонанд. Гӯё нафаре, ки 40 – сола аст, ҷавони 20 — соларо фаҳмида наметавониста бошад. Аммо ман дар миёни намояндагони ҳама синну сол дӯстони хубе дорам. Ин аз сатҳи таффакуру фаҳмиши ҳар як шахс вобастагӣ дорад.

— Кай ва чӣ гуна вориди олами мусиқӣ гардидед?

-Дар вақти мактабхониам тамоми сурудҳои апаи Нигинаро азёд медонистам ва бо сурудҳои апаи Нигина Донишкадаи ҳунарҳои зеборо хатм намудам. Ба суруду мусиқӣ шавқу рағбати зиёд доштам. Вақте аз радиё ё телевизион суруди апаи Нигина ва ё устод Одина садо медод, ман зуд дафтару қаламамро гирифта, сурудҳои онҳоро менавиштам.

Ин ду нафарро бе ниҳоят дӯст медоштам ва сурудҳояшонро азёд медонистам. Азбаски фарзанди хурдии хона будам, бисёр ба падарам эркагӣ мекардам ва он кас хама хоҳишҳоямро иҷро менамуданд. Боре аз падарам хоҳиши харидани як аккордеони хурдакакеро бо номи “Малыш” намудам. Пас аз ин тамоми бозиҳои кӯдаконаро бо ҳамин асбоб ва мусиқӣ иваз кардам.

— Биёед, аз овони ҷавониатон қисса кунед.

— Вақте барои таҳсил аз ноҳияи Файзобод ба Донишкадаи санъат омадам, падарам фақат як бор маро насиҳат кард ва гуфт:

— «Ман туро ба умед равон мекунам, сари маро баланд кун ва ҳамеша дар тарғиби суруду оҳангҳои халқии тоҷикӣ ҳиссагузор бош. Хунарманде шав, ки ҳама бар падарат раҳмат гӯянд”.

Фақат нангу номус ва боварии падар буд, ки дар ин пайроҳа бо дуои некаш дилпурона қадам ниҳодам. Соли 1985 мактабро тамом карда, ба Донишкадаи санъат омадам. Дар он ҷо маро устоди ҳамин даргоҳ — Абдукаримов роҳнамоӣ кард. Он кас чун садои маро шуниду овозамро санҷид, пурсид, ки:

-Моҳрухсор Сафиева ва Ҳаётой Мӯъминоваро мешиносӣ?

Ман бо аломати тасдиқ сар чунбонидам, чунки он давра замони авҷи шӯҳрати ин ду нафар буд. Ҳамон сол соли сеюми таъсисёбии факултаи санъати мусиқӣ- шӯъбаи мусиқии шарқ ба шумор мерафт. Ва ман ба шогирдии устоди шодравон Ҳаким Маҳмудов пазируфта шудам.

— Мо медонем, ки имрӯз шумо дар Консерваторияи Миллӣ низ дарс мегӯед. Ҷавонони санъаткори имрӯзаро чӣ куна баҳо медиҳед?

— Ростӣ, бо бархе ҷавонони имрӯза кор кардан хеле ва хеле душвор аст, чунки мусиқии асилро пурра дарк карда наметавонанд ва кам гӯш мекунанд. Устод Саидқул Билолов доим ба мо таъкид менамоянд, ки як овозхон бояд на камтар аз 300 — 400 суруд азёд донад, он гаҳ вай метавонад ягон оҳанг эҷод намояд. Дар ин ҷода ман таҳкурсии мустаҳкам доштам. Хаёл мекунам, ки мактаби аввалини мусиқие, ки ман гузаштам, мактаби апаи Нигина буд. Ва вақте ба “Дарё” ҳам омадам, маро “хазинаи апаи Нигина” ном мебурданд. Шукр аз он менамоям, ки аз аввал интихоби дуруст намудам. Дар ҳақиқат, сурудҳои апаи Нигина ва меҳри он кас маро ба роҳи санъат раҳнамоӣ намуд.

— Пас, барои чӣ бо ин ҳама ҳунару истеъдод консерти шумо танҳо баъди 21 сол сурат гирифт?

— Ин саволест мушкил, чунки сабабҳояш зиёд ва гуногунанд. То ин дам ман фақат дар телевизион видеофилми «Муҳаррама» -ро, ки соли 1999 шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба навор гирифта буд, дар хазина доштаму халос. Дигар барномаҳои мукаммал надоштам, аз ин рӯ, ҳамин консерт бо мухлисонро бесаброна интизор будам. Хушбахтона, ин консерт рӯзи 11 июни соли 2011 дар Кохи «Ҷомӣ» баргузор гардид.

— Консерт дар кадом сатҳ сурат гирифт ва мухлисони худро баъди ин қадар солҳои интизории дучониба чӣ гуна дарёфтед?

— Ғайри чашмдошт толор пуропури мухлисон буд ва аз ин ҳолати барои ҳунарманд гуворо ман илҳоми тоза гирифтам… Дарк кардам, ки аз ҳад зиёд хоксорӣ карда, мухлисонамро дар интизории тӯлонӣ нигоҳ доштаам.

— Ҳаяҷон надоштед?

Рости гап, вакте толори пурро дидам, маро тарсу ҳаяҷон фаро гирифт. Ба ақидаи устоди зиндаёд Барно Исҳоқова: «Он ҳунарманде, ки мегӯяд, вақти дар рӯ ба рӯи мухлисонаш қарор гирифтан ӯро ҳеҷ гуна ҳаяҷон фаро намегирад, вай ҳунарманд нест». Охир, ҳаяҷон як чизи табиист ва дарки масъулият дар назди мухлис мебошад…

Як-ду суруди аввалро бо каме ҳаяҷон сароидам. Ин ҳиссиёти онвақтаи ман аст. Аз тарс қариб ҳамаи чизро фаромӯш мекардам. Охир, яку якбора ба саҳнаи калон баромадан ва ба шакли зинда сароидан, албатта, осон набуд. Дар ҳамин вақт садое дар қалбам ба ҷӯш омад: «-Муҳаррама! Охир, ту ин рӯзро солҳои зиёде интизор будӣ. Доимо мегуфтӣ, ки кош, дар рӯ ба рӯи мухлисонам қарор гирам. Пас, ин тарсу ҳаячон чӣ маъно дорад. Худро ба даст гиру исбот кун, ки ту чӣ гуна санъат дорӣ».

Ана, баъди ҳамин суханҳо ба худ омадаму он гуна сароидам, ки ҳатто имрӯз агар хоҳам, дубора он гуна хонаму сабт намоям, наметавонам. Дар консерт устодон Саидкул Билолов, Нигина Рауфова ва Муродбек Насриддинов низ иштирок доштанд. Устод Саидқул Билолов гуфтанд, ки: «-Муҳаррама имрӯз исбот намуд, ки унвони Ҳунарманди шоистаро арзанда аст».

— Бо апаи Нигина (рӯҳашон шод бод) риштаи ҳам дӯстиву рафоқат ва ҳам устодию шогирдӣ доштед. Даргузашти он кас ба рӯҳияи эҷодии шумо чӣ таъсире гузошт?

— Баъди марги апаи Нигина ҳеҷ илҳоми сурудхониям намеояд. Он кас бароям ҳам модар, ҳам устоди раҳнамо ва ҳам дӯст буданд. Ёд дорам, вақте ба Донишкадаи санъат дохил шудаму чор сол хондам, моро барои таҷрибаомӯзӣ ба Кумитаи телевизион ва радио равон карданд. Ман ин рӯзро чор сол интизор будам, то апаи Нигинаро аз пеш бубинам.

Он муҳаббати беандозаеро, ки нисбаташон дар дил мепарваридам, онро пинҳон медоштам. Хирагиро дӯст намедоштам… Вале имрӯз маро як андешае водор мекунад, ки дилшикаста набошам, яъне шогирди ҳамин устоди ҳунар будан. Ман худамро давомдиҳандаи равия ва мактаби эҷодии Нигина Рауфова меҳисобам. Ин буд, ки баъди чанде танаффуси эҷодӣ сурудхониро дубора аз рубоии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (оҳанг аз устод С. Билолов) бо ёди устод сар кардам:

Дар ҳаҷри ту то кай мани бемор бигирям,

Дар ҳар сари роҳу паси девор бигирям.

То сели сиришкам бирасад бар гузари ту,

Чун абри ҳамал дар сари кӯҳсор бигирям.

Ва дар идомаи он аз шоираи маҳбуб — Гулрухсор:

Чун тори гусаста бесадо хомӯшам,

Аз ҷоми шикаста ашки ғам менӯшам.

Аз нолаи булбули чамангумкарда,

Овози Нигина мерасад бар гӯшам.

…Ҳамон соли таҷрибаомӯзӣ барои ансамбли «Дарё» озмун эълон карданд. Ҳатто дар гӯшаи хаёлам намеомад, ки худро дар ин озмун номнавис кунам. Панҷ руз то оғози озмун монда буд, ки апаи Нигина маро нохост пурсид:

— «Муҳаррама, ту худро барои озмун номнавис кардӣ?

— Не, — гуфтам дар ҷавоб.

— Зуд худатро номнавис кун. Ман хуб гуфтаму рафтам. Баъд ӯ аз навозандагон хоҳиш намуд, ки бо ман ду сурудро машқ кунанд. Як суруди худашонро бо номи «Рози дил» бо рубоиёти Муҳаммад Ғоиб, ҳарду оҳанг аз шодравон Ҳаким Маҳмудов:

— Шинам лаби чашмае, ки бар ёд расид,

Бар ёд чу умри рафта барбод расид.

Як умр агарчӣ дурӣ аз дидани ман,

Як умр ба гӯши ман чу фарёд расид.

Ва як суруди маро аз рубоиҳои халқӣ бо номи «Доғи дил»:

Дил аз ғами ту ниҳон – ниҳон мегиряд,

Аз фурқати ту замон – замон мегиряд.

Чун шамъи мазори ошиқони ноком,

Бар мурдаи ишқу ормон мегиряд.

Аз озмун гузаштам, вале боз меомадаму апаамро тамошо мекардам, на барои кор. Баъд рӯзе апаи Нигина маро даъват карду гуфт:

— «Бачам, ҳамин рӯзҳо меоӣ, ягон чиз хонда истодаӣ?»

Гуфтам, ки: — Не, апаҷон.

Гуфт: -Пас, барои чӣ меоӣ?

Гуфтам, ки: -Чи хел? Охир, ба дидори шумо меоям апаҷон ва оҳиста хандидам.

— Ту тамошои ман наё, бачам, суруд хон, ки ман дида хурсанд шавам. Ана ин мешавад, мукофоти ман. Ту як суруди хуб хонӣ, мешавад обрӯям. Баъд пайдо шуд суруди аввалинам – «Домани ишқ»:

Илоҳӣ, оҳ кашам, дар гирӣ,

Домани ишқи ман аз сар гирӣ

31 декабри соли 1989 буд ва шодравон Мақсудшо Имматшоев ин сурудро сабт намуду он дар рӯзи аввалини Соли Нав ба эфир баромад. Азбаски ман чеҳраи нав будам, як кадрро ҷое буд, ки то даҳ маротиба аз сари нав сабт мекард. Барои машҳур шудани ҳунарманд коргардонҳо ва наворбардорон нақши калон доранд.

Ҳамчун коргардон, агар аз як тараф шояд суруди хуб будан ва ё иҷроиши хуби он муҳим бошад, аз тарафи дигар, заҳматҳои шодравон Мақсудшо Имматшоев буд, ки ин суруд маро ба мухлисон муаррифӣ намуд. Вале то имрӯз ман ҳамингуна наворбардориро надидам .

— Шахсияти худро чӣ гуна баҳо медихед?

— Ба ин саволи Шумо бигзор мухлисон, ҳамкорон, дӯстон ва онҳое, ки маро аз наздик мешиносанд, посух диҳанд. Ба ҳар ҳол, доимо мекӯшам, ки шахси ботамкину дурандеш бошам ва заррае ҳам бошад, саҳми худро дар тарғибу пешрафти мусиқии асили халқии тоҷик гузорам.

Мусоҳиб: Гулҷаҳон Қодирова, «Чархи гардун»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!