ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШӮҲРАТ САЙНАКОВ САРОЯНДАИ ДАРБОРӢ АСТ?

Шухрат Сайнаков

Шухрат Сайнаков

Шӯҳрат Сайнаков иҷрокунандаи сурудҳои халқӣ-эстрадӣ, 17-уми сентябри соли 1974 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рушони вилояти мухтори кӯҳистон Бадахшон, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.

Соли 1991 мактаби миёнаи №8-и деҳаи мазкурро хатм намуда, ҳуҷҷатаҳояшро ба факултети мусиқӣ ва суруди донишгоҳи омӯзгорӣ супурда, бинобар сабабҳои нооромӣ дар кишвар донишгоҳро соли 1998 хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ тӯли 10 сол дар худи ҳамин даргоҳ ҳамчун муаллим кор кардааст.

Айни замон, дар ансамбли давлатии «Фалак» фаъолият намуда, миёни мардум бо сароидани таронаҳои ватандӯстиву ватанпарварӣ маҳбубият пайдо кардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

— Тавре маълум аст, мавзӯи асосии эҷодиёти бештари сарояндаҳоро ишқу муҳаббат ташкил медиҳад, вале шумо рӯ овардаед ба мавзӯи ватандӯстию ватанпарварӣ. Чаро?

— Дуруст қайд кардед. Сабаби асосии интихоби мавзӯи мазкур ин муҳаббати беандоза доштан нисбати ватан мебошад.

— Мегӯянд, ки Шӯҳрат Сайнаков сабки худро дорад, ба касе тақлид намекунад ва дар ҳамин ҷода муваффақ ҳам ҳаст. Сирри муваффақияти шумо дар чист?

— Воқеан ҳам чунин аст. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ба касе тақлид накунам ва сабки худро дошта бошам. Баъдан, умри инсонӣ ниҳоят кӯтоҳ аст ва мо бояд аз худ як ному нишоне гузорем. Кӯшиш мекунам, ки миёни дигар ҳунармандон фарқ карда истам. Барои ҳамин, пайваста талош менамоям, ки сирф тоҷикӣ сароям. Яъне на бадахшонӣ, на хатлонӣ ва на зарафшонӣ. Пурра тоҷикӣ. Ин мақсади ман аст.

— Ҳадафи аксари сарояндаҳои ҷавон дарёфти маблағ аст, мақсади шумо танҳо аз худ чизе боқӣ мондан асту халос?

— Дар ҳақиқат, қисме аз ҷавонон танҳо ба хотири дарёфти маблағ ва ё шӯҳрат ин ҷодаро интихоб мекунанд. Шояд онҳо аз рӯйи шавқу завқ ба ин кор даст зананд. Ба фикри ман, вақте онҳо мебинанд, ки нафаре суруд мехонад, дар онҳо низ шавқи сурудхонӣ пайдо мешавад. Вале бояд чунин набошад.

Шавқи сурудхонӣ дар дили одам бояд аз хурдсолӣ ҷой гирад. Баъдан ҳар як сароянда бояд равияи ба худ хос дошта бошад. Он сарояндаҳое, ки аз рӯйи шавқу завқ рӯйи саҳна меоянд, мисли барф тез об мешаванд. Пирях шудан бисёр душвор аст.

— Аз бармадҳоятон маълум мешавад, ки ҳамеша либосҳои бадахшонӣ ба бар мекунед, ки инро бархе ҳамчун нишони маҳалгароӣ мепазиранд…

— Ман либосҳои бадахшониро ба хотири маҳалгароӣ намепӯшам, балки ба хотири либоси миллӣ буданаш ба бар менамоям ва фикр мекунам, ин ифтихори миллати мост. Вақте ба хориҷа меравию дар саҳна баромад мекунӣ, касе намегӯяд, ки ин либоси мардуми Бадахшон аст, балки либоси тоҷикӣ аст, мегӯянд.

Масалан, вақте ба Туркия, Эрон, Белоруссия, Украина ва дигар кишварҳо рафтем, ман бо ҳамин гуна либос баромад карда будам, ки мардуми хориҷа онро ҳамчун либоси миллии тоҷикӣ пазируфтанд. Азбаски либоси мо ба либоси миллии мардуми Белоруссия монанд аст, онҳо ба ман гуфтанд, ки чаро чунин либос пӯшидам. Ман гуфтам, ки ин либоси миллии мо аст.

— Дар тӯю маъракаҳо баъзе нафароне пайдо мешаванд, ки баъд аз сархуш шуданашон аз сарояндаҳо иҷрои сурудҳои махсусро талаб мекунанд. Дар маъракаҳое, ки шумо ширкат меварзед, аз ҷониби мардум ҳамин гуна дархостҳо мешаванд? Агар ҳа, онҳо бештар кадом сурудро талаб мекунанд?

— Ман манзури шуморо фаҳмидам. Хайр, мешаванд ин гуна таклифҳо, вале ман чунин дархостҳоро қабул надорам, чунки вақте онҳо Шӯҳрат Сайнаков гуфта, ба тӯяшон даъват мекунанд, аллакай медонанд ва дидаанд, ки ӯ чӣ ҳунар дораду чӣ гуна месарояд. Ман ҳамеша мегӯям, ки аз роҳи худам бероҳа намешавам ва он сурудҳоеро, ки бароям писанд нестанд, ҳеҷ гоҳ аз ёд намекунам.

Мухлисон бештар суруди «Тоҷикистон»-ро зиёдтар талаб мекунанд. Қариб, дар тамоми тӯйҳо ин сурудро талаб мекунанд, ҳарчанд ин суруди тӯёна нест.

— Мардум шуморо ҳамчун сарояндаи дарборӣ мепазиранд. Андешаи худи шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

— Агар мардум ҳамин гуна қабул дошта бошанд, пас бигзор чунин бошад. Лекин ман боз мегӯям, ки таронаҳои ватандӯстиву ватанпарвариро ман ба хотири муҳаббати зиёд доштанам нисбати Тоҷикистон месароям. Ва ман дар васфи Тоҷикистон боз эҷод мекунаму месароям. Аз ин ман хушбахт ҳастам.

— Мегӯянд, ки Шӯҳрат Сайнаков дар тамоми тӯю маъракаҳои Ҳасан Асадуллозода ширкат меварзад. Рост аст?

— Аслан онҳо маъракаҳое мебошанд, ки тамоми тарафдорони сиёсати Ҷаноби Олӣ иштирок мекунанд ва мо ҳам аз ин дур нестем. Онҳо низ моро хеле дастгирӣ мекунанд. Сиёсати сарвари давлат бениҳоят баланд аст ва ҳамаро ба ватандорӣ даъват менамояд. Фикр мекунам, сиёсати роҳбари давлат бояд чунин бошад. Ман ҳам хато намекунам, ки ин сиёсатро тарафдорӣ мекунам.

— То ҷое медонем, қаблан омӯзгор будед, сабаб чӣ шуд, ки сарояндагиро интихоб намудед? Ё сарояндагӣ аз омӯзгорӣ авлотар аст?

— Сарояндагӣ аз хурдӣ касби ман буд. Агар хато накунам, ҳангоми дар синфи 5 ё 6 хонданам, навохтанро омӯхтам ва ин шавқи аввалини ман буд. То синфи 4-5 бо баҳои аъло мехондам, аммо вақте дилбастагиям ба санъат зиёд шуд, оҳиста-оҳиста нисбати мактаб камаҳамият шудам.

Таваҷҷӯҳам нисбати сурудхонию навохтан бештар буд. Дар оилаи мо ғайр аз ман дигар ҳама омӯзгор ҳастанд. Ман низ омӯзгор ҳастам, ҳаргиз аз ин касб ба пуррагӣ даст накашидаам. Пас аз хатми факултети суруд ва мусиқии донишгоҳи омӯзгорӣ, тӯли 10 сол ба донишҷӯёнин даргоҳ дарс мегуфтам.

Ин роҳе, ки ман айни замон интихоб кардаам, бароям ниҳоят муҳим аст. Бояд ба як нуқтаи ниҳоӣ расаму ному нишони худро дар ин самт гузорам. Гумон мекунам, агар ман омӯзгор мемондам, шояд аз ин роҳ оҳиста-оҳиста дур мешудам.

— Вақте шумо касби омӯзгориро тарк гуфтед, падару модаратон наранҷиданд?

— Авлоди мо ҳама коммунист ҳастанд. Вақте хатмкунандаи мактаб будам, аз хона пурсиданд, ки нияти идомаи таҳсилро дорам ё не. «Албатта, ният дорам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба донишкадаи санъат супорам», — гуфта ҷавоб додам. Вале аҳли оила зид баромад. Баъдан ҳуҷҷатҳоямро ба факултети суруд ва мусиқии донишгоҳи омӯзгорӣ супурдам.

Замони мактабхонӣ вақте аккордеон навохта, суруд мехондам, ба аҳли оила чандон писанд набуд. Барои ҳамин, асбобҳои мусиқиро аз онҳо пинҳонӣ менавохтам. Вале чун дилам ба Худованд наздик аст, ба мақсад расидам. Агар ба хости хонангиҳоямон мекардам, мумкин ман имрӯз ҳеҷ чиз намешудам.

— Оё боре шудааст, ки Шӯҳрат Сайнаков аз ягон кори кардааш сахт пушаймон шуда бошад?

— Аз замоне, ки ҷон дар тан дорам, аз ягон қадами мондагии худ пушаймон нашудаам. Аз ҳар як қадами гузоштаам хурсанд ҳастам. Он чизҳое, ки баъзан вақт ба мо писанд намеоянд, як хубии худро доранд. Дар ҳамон лаҳза каме пушаймон ҳам шавӣ, баъди ду-се рӯз маълум мегардад, ки он ба манфиати кор будааст. Масалан, баъзан ҳангоми сабти сурудҳо ҳолатҳое мешаванд, ки ягон мисраъ маъқул намешаваду зиёд фикр мекунам, вале баъдан маълум мегардад, ки хато накардаам.

— Тавре қайд кардед, бо сабабҳои нооромӣ дар кишвар донишгоҳро дертар хатм намудед. Аз ҳамон солҳо ягон воқеаеро гуфта метавонед, ки шуморо сахт такон дода бошад?

— Моҳи марти солҳои 1998 буд, дар маҳаллаи Воданассоси пойтахт як рӯз пеш аз консертамон, хамроҳи гурӯҳи навозандагон, ки тамоми асбобҳои мусиқӣ дар дастамон буд, як гурӯҳи номаълуме омада, гитараамонро аз дастамон ситонданд. Гапамон бо онҳо гурехту баъдан рафтем. Ана ҳамин боис гашт, ки то ҳол ман ҳудуди маҳаллаи мазкурро дӯст намедорам ва дар назарам сиёҳ менамояд.

— Баъдан консерт чӣ шуд?

— Мо пагоҳаш аз дигар ҷо гитар пайдо карда, 6-уми март консерти калон баргузор кардем. Лекин гирифтани асбобро ҳеҷ гоҳ аз ёд бароварда наметавонам ва он рӯзро ҳамчун рӯзи бад ба хотир меорам.

— Ташаккур барои сӯҳбат.

Сӯҳбати Г. ГАНҶОВА, «Ману Ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Салом акаи Шухрат ман мухлиси ашадии шумохастам номиманхам Шухрат аз истаравшан хечгох овозатон хастанабошад

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!