ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҲАСАНИ ҲАЙДАР: «САНЪАТ ҲАМ ҚУРБОНӢ МЕХОҲАД…»

Хасан Хайдар

Хасан Хайдар

Ҳасани Ҳайдар, овозхони маъруфи тоҷик, вақтҳои ахир, ба қавли мардум, хеле камнамо шудааст. Хабарнигори мо дар як мусоҳиба бо ин овозхони тоҷик, аз ӯ пурсид, ки ҳоло дар куҷост ва чаро бештар дар маҳфилу ҷашнҳои низомӣ таронасароӣ мекунад?

Ҳасани Ҳайдар: «Ҳоло дар гурӯҳи созу овозии «Ватан»-и вазорати мудофиа кор мекунам. Чанд бор бо ин гурӯҳ дар озмунҳои байнулмилалӣ ҳам баромад кардем. Муваффақ ҳам шудем. Дар ҷашнҳои Артиши милливу Иди ғалаба ҳам барномаҳо омода мекунем.»

-Бубинед, мо Ҳасани Ҳайдарро асосан сарояндаи таронаҳои ошиқонаву ҳикматдор мешиносем. Чаро рӯ ба таронаҳои низомӣ овардед?

-Эҷодиёти санъаткор бояд гуногунранг бошад. Мо ҳамеша дар як равиш намеистем, зеро ба назари мо, сурудҳои ватандӯстиву ҳарбӣ, ошиқонаву баҳоронаву пандомӯз бояд омехта бошанд.

-То ба ҳол кадом таронаҳои низомиро иҷро кардаед?

-Лашкари тоҷикон» ном як таронаро соли 2008 омода карда будам, ки чанд бор дар садову симо пахш шудааст. Соли гузашта як таронаро таҳти унвони «Аскари тоҷик», бар матни Мирзо Файзалӣ омода кардам, ки на фақат дар Тоҷикистон, балки дар озмуни байнулмилалии «Виват, победа!» дар Маскав ҳам садо дод.

-Қаблан бо Шумо хонуматон Ноҳид Зайнулпур ҳам баромад мекарданд, ки он касро як скрипканавози беҳтарини Тоҷикистон мешинохтем. Он кас ҳоло бо чӣ кор машғуланд?

-Ин ҳолат хоси навозандагони касбӣ аст. Соли гузашта мо дар Маскав будем. Он ҷо як гурӯҳе ташкил шуд бо номи «Мерос». Ин гурӯҳ таронаҳои шарқиро менавозаду мехонад. Ноҳид бар асоси озмун ба ин гурӯҳ гузашт. Виолон — скрипка менавозад. Кораш шартномавӣ аст. То моҳи майи соли равон дар ин гурӯҳ мебошад. Хурсандиовар аст, ки аз номи Тоҷикистон Ноҳид баромад мекунад.

-Боз киҳо дар он гурӯҳ ҳастанд?

-Бештарашон аз Эрону Ҳиндустону Афғонистонанд. Як гиторнавози узбак ҳам ҳаст, ки дар гурӯҳи Юлдуз Усмонова буд. Муассиси гурӯҳ як афғонистонӣ бо номи Фарид Қаюмӣ аст, ки худаш ҳам навозанда аст. Онҳо чанд консерти бузург дар Маскаву хориҷ аз он доштанд. Раҳбарияти шаҳри Маскав ҳам дар ин консертҳо ширкат кардааст.

-Оё набудани ҳамсаратон барои Шумо мушкил нест?

-Мегӯянд, ки «санъат қурбонӣ мехоҳад». Аз ҳамдигар дурем, лекин пайваста дар тамос ҳастем. Моҳи январ дар Русия ҳамроҳ чанд консерт ҳам доштем. Албатта, набудани ӯ ҳис мешавад. Дар ҳама баромадҳо, ки якҷо будем, ҳоло набудани ӯро эҳсос мекунам. Аммо барои пешрафти кор, сайқал додани ҳунару маҳорат ин қурбониҳо ногузиранд.

-Аз овозхонҳои ҷавони имрӯза ягон нафаре ҳаст, ки писандида бошед?

-Ҳамаро ном ба ном гуфта наметавонам. Аммо кӯшишҳоеро, ки писари устод Ҷӯрабеки Мурод – Ҷонибеки Мурод ҳоло барои муаррифии суруди тоҷикӣ дар хориҷ – Русияву Амрико мекунад, шоистаи таҳсин аст. Хуб аст, ки ҳунару маҳорати худро дар он ҷойҳо такмил медиҳад.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!