ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

«ДУОИ ИШҚ»-И ФАРИДАИ БАХТИЁР

Фаридаи Бахтиёр

Фаридаи Бахтиёр

Фаридаи Бахтиёр 4 майи соли 1988 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 65-и пойтахтро хатм намуда, алҳол дар Консерваторияи миллӣ сабақи ҳунар меомӯзад. Муҷаррад. Фасли дӯстдоштааш баҳор. Мардони зиёде волаю шайдои ҳусну ҷамоли Фарида ҳастанд, вале ҳанӯз касе дили ин бонуи ошиқи ҳунарро ба даст наовардааст.

Фарида дар ҷодаи ҳунар навроҳ аст, вале устуворона қадам мезанад. Дар қатори ҳунармандони шӯҳратёр – ситораи эстрадаи афғон Валӣ, ситораҳои тоҷик Баҳроми Ғафурӣ ва Шабнами Тоҷиддин дар консерти санаи 21 март ба ифтихори ҷашни Наврӯз барпошаванда ҷой гирифтани номи Фарида аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳунармандони касбӣ аллакай ҳунари ин бонуро этироф намуда, аз Фарида умедҳои калон доранд. Инак, фишурдаи сӯҳбати мо бо Фаридабонуи Бахтиёр.
-Фаридабону, имрӯз ба дунёи шоу-бизнес ворид гаштан хеле душвор аст, чӣ гуна ҷуръати по ба саҳнаи калон ниҳодан кардед?
— Ман аз хурдӣ ошиқи суруду мусиқӣ будам ва зиндагиамро бидуни рақсу тарона тасаввур намекардам. Шояд ҳамин шавқи бо хун омада қувватам медиҳад, ки ҷасурона баробари ҳунармандони касбӣ дар саҳна ҳунарнамоӣ кунам.


-Аз рақобати шадид наметарсед?
-Рақобат ва душворӣ маро ба бештар кор кардан, ҳунарамро такмил додан, омӯхтану омӯхтан водор месозад. Иродаи маро мустаҳкамтар ва шавқу завқамро афзунтар месозанд ин душвориҳо, аз ин хотир дӯст медорам рақобатҳои дунёи ҳунарро.
-Таронае, ки дари олами ҳунарро ба рӯи Фарида боз кард?
-«Дуои ишқ» -ин тарона аслан ба забони бадахшонӣ буду ман онро ба шеваи тоҷикӣ дароварда сурудам. Хушбахтона мардум гарм қабулаш карданд.
-Таронаи бадахшӣ?! Пас забони мардуми Бадахшонро ҳам медонед?
-Ман аслан духтари бадахшонӣ ҳастам, вале азбаски дар Душанбе ба дунё омада, ҳамин ҷо ба камол расидаам, лаҳни бадахшиам пайхас намешавад.
-Мегӯянд, ки барои духтарон ба саҳна роҳ ёфтан осонтар аст?
-Баръакс, барои ҷинси зан санъаткор шудан душвортар аст, махсусан барои бонувони тоҷик.
-Чаро?
-Барои он, ки бархе дар бораи занҳои санъаткор ҳар гуна овозаю ҳангомаҳои бардурӯғ паҳн карданро дӯст медоранд. Намедонам аз ҳасад бошад ё аз бекорӣ дар бораи ҳунармандон қиссаҳои ошиқонаи дурӯғин панҳ намуда, обрӯи бонувони сарояндаро рехтан мехоҳанд. Гурӯҳи дигар ба либосу ороишоти духтарони ҳунарманд баҳудаю беҳуда эрод мегиранд.
Ман ҳайронам, ҳунармандони хориҷиро бо завқ тамошо мекунанду ҳамин ки як тоҷикдухтар бо либоси аврупоӣ ба саҳна баромад, гӯё қиёмат қоим мешавад. Аз ҳамин сабаб барои занҳои тоҷик санъаткор шудан душвортар аст. Хушбахтона имрӯз бонувони тоҷик натанҳо дар санъат, балки дар тамоми соҳаҳо пеш рафтаанд.
— Ба Фарида барои дар ҷодаи ҳунар комёб гаштан кӣ кӯмак мерасонад?
-Албатта дар паси ҳар инсони муваффақ сояи фарди такягоҳе ниҳон аст. Имрӯз бидуни кӯмак наметавон дар шоу-бизнес муваффақ гашт. Дӯсте дорам, ки маро раҳнамоӣ мекунад, мадад мерасонад.
-Кист он фарди хайрхоҳ?
-Ин сирри махфист. Дар баробари он дӯстам модарҷонам ҳам бо маслиҳату дастгириҳояшон маро мададгоранд. Нозукиҳои ҳунарро бошад дар консераватория аз устодон меомӯзам.
-Назари худи Фарида ба таронаҳояш чи гуна аст?
-Ман ҳамеша аз худ норозиам. Аз ҳар таронаам ҷиҳатҳои мисбӣ не, камбудиҳояшро меҷӯям ва мекӯшам, ки ҳунарамро пайваста такмил диҳам. Феълан шабу рӯз кор мекунам, то мавқеи худро дар саҳна пайдо намоям.
-Чанд таронаатонро клип кардаед?
-Се таронаамро клип кардам. Сенарияи клипи аввалинамро Орзу Исоев омода намуда буду дуюмашро Бахтовар. Рӯзҳои наздик клипҳоям ба дасти мухлисон мерасанд ва умед дорам, ки мардум самари заҳматҳои маро хуб қабул мекунанд.
-Бо ҳунармандони хориҷӣ ҳам ҳамкорӣ доред?
-Бо дастгирии ширкати «Қиём-интертейман» рӯзи 21 март дар толори Сирк ҳамроҳи ҳунарманди машҳури афғон Валӣ, ситораҳои тоҷик Баҳроми Ғафурӣ ва Шабнами Тоҷиддину Моҳирабону як барномаи рангини наврӯзӣ дорем.
Ман ифтихор дорам, ки дар қатори чунин санъаткорони шинохта ҳунарнамоӣ мекунам. Аз « Қиём-интертейман» миннатдорам, ки мо, санъаткорони ҷавони тоҷикро дастгирӣ менамояд. Ин базм аз тамоми консертҳо фарқ мекунад ва ман ошиқони таронаҳои асилро ба ин маҳфили зебо даъват менамоям, то ҳамроҳ сароему бирақсем.
-Ошиқони Фарида бисёр будагистанд?
-Ҳастанд, вале ҳанӯз марде пайдо нашудааст, ки дили маро батамом ба даст оварда бошад.
-Агар ҷавони зебо, меҳрубон, ҳунардӯст ва ошиқе пайдо шаваду сарват надошта бошад, дасту дилатонро ба ӯ мебахшед?
-Чаро не?! Хушбахтӣ дар боигарӣ нест, бахт дар муҳаббати асил ва ҳурмату эҳтиром аст. Агар маро самимона дӯст дорад ва санъатамро қадру қабул намояд, мепазирам.
-Дар ин фасли шукуфтанҳову рустанҳо ба мардуми шарифи кишвар чӣ таманно доред?
-Ҳамеша сарсабз, тансиҳат ва ошиқ бошанд!
Ф. Сатторӣ, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. FYGJGFH:

    рута сиёх кунум ту харома!

  2. Ташриф:

    Маймун ту умуман мухлис надори! ДАФЪ ШАВ АЗ САХНА!!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!