ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНА: «ДУХТАРИ ХОКСОРАМУ ДИЛИ ҲАССОСУ НОЗУК ДОРАМ»

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Нигина дар ҳақиқат нигини саҳнаи тоҷик гашта атри ҳунари хешро ба дӯстдорони савту наво чун накҳати ишқ ҳадя менамояд. Дар олами ҳунар аллакай чеҳраи намоён гаштааст, вале бо ин ҳама шӯҳрату маҳбубият пайваста талош меварзад, то мавқеашро мустаҳкам намуда, ҳунарашро мисли гавҳари гаронбаҳое бештару бештар суфта намояду ҷилои тоза бубахшад.

Инак, фишурдаи сӯҳбатамонро бо зебосанами андалебово ба шумоён хонандагони азиз тақдим медорем.
-Нигинабону, барои комёб гаштан дар ҷодаи ҳунар бештар кадом омилҳо нақш бозида метавонанд?
-Ҳунарманд бояд дониши мустаҳкам, заковату маърифат ва иродаи қавӣ дошта бошад. Ба дарки сухани баланд бирасад ва завқи мардумро донад. Дар сурати чунин сифатҳоро доро будан пешравӣ ва комёбӣ дар ҷодаи ҳунар ба санъаткор муяссар мегардад.
-Шумо ҳангоми интихоби матн ба чӣ такя мекунед?
-Ман бештар ба ашъори шоирон рӯй меорам. Ба мазмуну мӯҳтавои матн диққати зиёд медиҳам, то тарона писанди мухлисон гардад.


-Кадом сурудатон ба худи шумо бештар писанд аст?
-Ҳоло суруди писандидаам тавлид нашудааст. Таронаҳои сурудаамро бигзор мухлисон баҳогузорӣ кунанд.
-Фасли баҳор бо омаданаш табиатро зинда мегардонад. Ин фаслро фасли эҷоду пешравии сарояндаҳо мегӯянд. Нигина бо омадани ин фасл чи эҳсосоте дар вуҷудаш дорад ва мурғи илҳомаш то куҷо парвозист?
-Баҳорро зиёд дӯст медорам ва худоро шукр мегӯям, ки боз моро ба баҳор расонд. Албатта пешравию муваффақият маҳз дар ҳамин фасли илҳомбахш, ки Баҳор номаш мебарем, бештар ба кас муяссар мегардад. Баҳор илҳоми эҷодро дар қалби ман шӯълаи тоза мебахшад ва таронаҳои тозаро тавлид месозад.
-Омодагии Нигина ба маҳфилҳои «Наврӯз» чи гуна аст?
-Наврӯзи имсоларо, ки иди байналхалқӣ эътироф намудаанд, бо шукӯҳу шаҳомати хосса мегузарад ва ман ҳам ҷиддӣ омодагӣ дида истодаам ба таҷлили ин ҷашн. Ансамбли «Дарё» ҳамасола дар ҷашни Наврӯз мавқеи хосса дорад. «Дарё» тараннумгари Наврӯз асту ман як шохобаш.
-Аксари ҳунармандон ба қавле бо бинияшон осмонро мехарошанд. Нигина ҳам бо ҳунараш ифтихор намуда, ҳавобаландӣ мекунад?
-Шояд одамоне, ки маро аз наздик намешиносанд чунин андеша дошта бошанд, дар асл мағруру худхоҳ нестам. Духтари хоксораму дили ҳассосу нозук дорам. Бо шиносу ношинос бо муҳаббат рафтор мекунам, вале зиёд серкорам.


-Нигинаро сурудани чи гуна тарона хуш меояд?
-Сурудҳои лирикиро меписандам. Аксари дӯстонам ҳам мегӯянд, ки Нигина, сурудҳои лирикӣ мутобиқати кашиши садои тӯянд.
-Суруде доред бо номи «Оҳ бевафоӣ», бо шунидани ин тарона кас ба хаёл меравад. Орзуи дар хориҷи кишвар клип кардан надоред?
-Не, чунки табиати зеботарин дар ватани азизи худамон мавҷуд аст ва метавонам озодона сурудҳоямро клип намуда, пешниҳоди мухлисон гардонам.
-Кадом хислатҳо ба фикри шумо шаъну шараф ва эътибори ҳунарманд, хусусан занонро паст менамояд?
-Дурӯғгӯӣ ва ҳавобаландӣ хислатҳое ҳастанд, ки зани тоҷик бояд аз онҳо дурӣ ҷӯяд. Ин хислатҳо на танҳо шарафи занони сарояндаро коҳиш медиҳанд, балки аслан ба зоти одамӣ зебанда нестанд.
-Духтарони зиёде ба ҳусни Нигина ҳасад мебаранд. Сирри зебогиатонро донистан мехостем. Аз ороишоти косметикӣ истифода мебаред?
-На онқадар зиёд аз ороишот истифода мебарам. Ҳусни занони тоҷик ҳадяи Худост.
-Чаро то имрӯз албоми сурудҳои Нигина ба дасти мухлисон нарасидааст?
-Сабабаш дар беназоратист. Сароянда мехоҳад, ки сурудҳояшро ҷамъ намуда ба мардум пешкаш намояд, вале пешдастии «пират»-ҳо сабаб мешаваду самари заҳмати кас барбод меравад.
-Бо рӯзноманигорон муносибати Нигина чи гуна аст? Шудааст, ки аз рӯзноманигорон ранҷида бошед?
-Боиси малоли хотир нагардад, вале ҳастанд рӯзноманигороне, ки нав ба кор шурӯъ намудаанду бо саволҳои пучу бемаънияшон ба асаби сароянда нохун мезананд. Ин боиси ранҷиши хотирамон мегардад.
-Дар иди Наврӯз ба мухлисонатон чӣ таманно доред?
-Аввалан, Наврӯзашон хуҷаста бод! Барояшон саломатию бурдборӣ ва рӯзгори хуш таманно менамоям.
Ҳафтаномаи «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

5 комментариев

  1. gulru:

    нн

    Нигина номаш ба худаш зебанда,Нигинаи зеботприни руйи Замини ки дар калби Замири чи кадар инсонхо чой шудаи бо хусни зебову овози махинат,Офарин Нигиначон ахсан,Як чахон ташаккур мегуям ба падару модарат ки чунин духтари боододобро тарбия карданд,

  2. hello:

    ранги лакаёйайку хушруй МАНИЖА ДАВЛАТОВАРА меган

  3. рауф:

    хайр охи ин лакайоя хушруяш ира ба МАНИЖА баробар накнен

  4. Ташриф:

    “НИГИНА: «ДУХТАРИ ХОКСОРАМУ ДИЛИ ҲАССОСУ НОЗУК ДОРАМ»”- ДИГАР ХУДАТРО ДУХТАР МАГУ! ТУ АЛЛАКАЙ ЗАН ШУДАИ,МЕФАХМИ, ЗАН!!!
    БАЧАТА АЗ НОМИ МАН САЛОМ ГУЙ. Длинг длинг

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!